Яъқуби Ясно: Бояд иттиҳодияи кишварҳои порсизабонро барпо дошт

Яъқуби Ясно: Диди мо ба Эрони имрӯз, охирин сангари забонӣ ва фарҳангии мост ва мехоҳем сокинони ин сангар ин хатарро дарк кунанд. Забони форсӣ ва фарҳанги Эрон дар канори Эрони имрӯз ва ба таъбири мо бехи гӯши Эрон, яъне Афғонистон, дучор чунин сарнивиште шудааст, аммо дар Эрон касе эҳсоси нигаронӣ намекунад. Афғонистон охирин ҷуғрофиёи берун аз Эрони имрӯз аст, ки забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ аз онҷо зудуда ва ҳазф мешавад. Ман мутмаъин астам пас аз ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Афғонистон, баҳси ҳазфи забони форсӣ ба дохили Эрони имрӯз кашонда мешавад.

Дигарсонии забон, гӯиш, лаҳҷа

Куруши Ҷаннатӣ: Он чи ба думбола меояд, нивиштори кӯтоҳ аст барои бозшиносии забон, гӯиш ва лаҳҷа. Ин нивиштор бар пояи суханронии дуктур Муҳаммади Дабирмуқаддам фароҳам шудааст.

Гӯронӣ ё ҳавромӣ ва курдӣ

Порсӣ Анҷуман: гӯронӣ/ ҳуромӣ гунае курдӣ нест, ки забоне ҷудосон, аз они шохаи дӯшастарӣ-абохтарӣ(ғарбӣ-шимолӣ)-и забонҳои эронист, ки худ чандин гӯиш дорад. Ончи мояи он шуда, ки гӯронӣ/ ҳуромӣ забоне курдӣ дар шумор ояд, эвоз (сирфан) зисти забонварони он дар миёни курдзбонон ва наздикиҳои забонии миёни онҳо, ба вижа вожагонӣ ва сохтвожӣ аз баҳри дароиш (таъсир)-и гӯронӣ/ ҳуромӣ бар забонҳои курдист. Ҳамчунин, гӯронӣ/ ҳуромӣ ва курдӣ дорои дигарсониҳои бунёдин дар зинаҳои гуногуни забонианд то он ҷой, ки миёни гӯишварони онҳо дарёфти суханони якдигар нашуданист.

«Якпорчагии сарзаминӣ» ҳамон «тамомияти арзӣ»-ст

Куруши Ҷаннатӣ: «Якпорчагии сарзаминӣ» баробари порсии тамомияти арзист. Агар имрӯз бар сари забонҳо афтода ҳосили чанд даҳа кӯшиши порсигароён аст. Ҳамчунин ба нигар мерасад, ки якпорчагии сарзаминӣ вожаи дархуртаре аз тамомияти арзист; зеро ҳам порсист ва ҳам дақиқ. Вожаи «сарзамин» обҳо ва кӯҳҳо ва хокро якҷо дарбар мегирад, дар ҳоле ки вожаи «арз» эвоз(сирфан) расонандаи маънои замин аст ва кӯҳу дарё ва …ро бояд маҷозӣ бар он бор кард.