«Якпорчагии сарзаминӣ» ҳамон «тамомияти арзӣ»-ст

Куруши Ҷаннатӣ: Чандест бар сари ин ки оё якпорчагии сарзаминӣ ҳамон тамомияти арзист, баҳс даргирифтааст. Ман аз касоне, ки муддаъӣ буданд якпорчагии сарзаминӣ бо тамомияти арзӣ дигарсонӣ (тафовут) дорад хостам то барои иддаои худ далел биёваранд, вале то кунун ҳеч далели забоншиносона ё сазгононаӣ (ҳуқуқӣ) дарёфт накардаам.

 Воқеъият ин аст, ки маънои вожа маҳсули қарордоде миёни одамиён аст. Агар мардумоне, ки барои номидани як пармона(мафҳум)-и мушаххас аз вожае баҳра мебаранд, тасмим бигиранд, ки ин пармонаро бар вожаи дигаре бор кунанд, он вожа дақиқан ҳамон маъноеро хоҳад дошт, ки вожаи пешин. Ба дигар сухан, то замоне, ки ду ё чанд вожаи дигарсон бар мадлули яксон далолат кунанд, ҳамаи онҳо маънои яксоне хоҳанд дошт. Барои намуна ҳар се вожаи болгард, чархбол ва ҳеликуптер бар пармонае яксон далолат доранд ва то замоне, ки порсизабонон ин се вожаро дар як маъно мефаҳманд, ин вожаҳо ҳаммаъно ҳастанд.

 Аз сӯи дигар мо вожаҳое дорем, ки аз як решаанд, вале маъноҳои дигарсоне бар онҳо бор шудааст; чунонки вожаҳои «ҷаҳон» (world), «гетӣ» (universe) ва «кайҳон» (cosmos) бо он ки аз як реша сарчашма гирифтаанд, маънои яксоне надоранд.

 Аз онҷо ки бар ҳар як аз ин вожаҳо маъное ҷудосон (мутамоиз) бор шуда наметавонем бигӯем, ки ин вожаҳо ҳаммаъно ҳастанд.

 Ҳар се вожаи «тамомияти арзӣ», «тамомияти сарзаминӣ» (баробари мусавваби Фарҳангистон) ва «якпорчагии сарзаминӣ» ҳамарзи territorial integrity қарордод шудаанд, бино бар ин ҳар се ҳаммаъно ва расонандаи як маънои мушаххас ҳастанд.

 «Якпорчагии сарзаминӣ» баробари порсии тамомияти арзист. Агар имрӯз бар сари забонҳо афтода ҳосили чанд даҳа кӯшиши порсигароён аст. Ҳамчунин ба нигар мерасад, ки якпорчагии сарзаминӣ вожаи дархуртаре аз тамомияти арзист; зеро ҳам порсист ва ҳам дақиқ. Вожаи «сарзамин» обҳо ва кӯҳҳо ва хокро якҷо дарбар мегирад, дар ҳоле ки вожаи «арз» эвоз(сирфан) расонандаи маънои замин аст ва кӯҳу дарё ва …ро бояд маҷозӣ бар он бор кард.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*