Зебономҳо

Зебономҳои ориёии «Порсӣ анҷуман»-ро дар чаҳорсаду шасту нӯҳ (469) рӯя аз инҷо боргузорӣ фармоед.

نامهای ایرانشهر به دبیره‌ی پارسی را از «این جای» بارگیرید

 

Порсӣ анҷуман

Номи бегона ҷойи пойи бегона аст.

Пойи бегона бар ин марзу бум ҳаргиз мабод.

Гузиниши вожагони бегона пазириши осеб бар пайкараи забону фарҳанг аст.

Газанду осеб аз фарҳанги ориёӣ дур бод.

Бо дуруд ба Яздони додор, ки нури меҳри ҷонфурӯзашро дар колбади одамиён дамиду ин сарзамини пургуҳарро, ки ба номи Эрон бар афсари гетӣ медурахшад, ба эрониёни покнажод арзонӣ бахшид ва бо сипос аз аҳуровашоне, ки бо зеботарин вожагон, фарзандони ин марзу буми ориёиро номгузорӣ карданд.

Бар мост, ки бо нигарише жарф, гавҳари беҳамтои вожагонро аз кони фарҳанги пурбору куҳансоламон бурун оварда ва намоён созем, то ояндагону ҷӯяндагони номи нек баҳраҳо баранд ва роҳ бад-ин фурӯғ рӯшан доранд.

Сипосгузорем аз ононе, ки дар ин роҳи пурпечухам партави андешаи тобнокашон шаҳчароғ шуду бозувони тавонмандашон ёригар. Бар ин умедем, ки зиндагонияшон чун ҳур, поё ва номашон ҳамеша ҷовидон бод.

Номи некӯ гар бимонад з-одамӣ,

Беҳ к-аз ӯ монад сарои зарнигор.

М. Пошанг

Фарҳанг ҳамаи огоҳиҳо ва донишу хиради мардуми як сарзамин ё кишвар дар дарозои замон аст ва забон гузоришгари он фарҳанг дар замон буда ва чигунагии он огоҳиҳоро гузориш мекунад. Ҳар забон аз гурӯҳи анбӯҳе таквожи решаӣ ва вожагони пояӣ ё ҳастаӣ пайкар ёфта ва дар дарозои замон, баста ба пешрафти фарҳангии гӯишварони он забон, бар гурӯҳи он вожагон афзуда мешавад. Номҳо вожагоне бархоста, ки аз дили забону фарҳанг буда ва гӯё огоҳианд. Номҳо нишонгари нажод, фарҳанг, манишу ҳунари мардуми як сарзамин ё кишваранд ва шиносномаи фарзандони ҳар марзу бум хонда мешаванд.

Ҳангоме ки номи бегона бар фарзандони ин марзу бум гузошта мешавад, онҳо бо шиносномае дигар ва фарҳанге дигар ба мардуми ин ҷаҳон шиносонда ва аз фарҳангу мардуми худ дур шуда ва бегона хонда мешаванд. Зеро ном шиносномаи он фарзандон буда ва нишонгари он аст, ки дар кадом сарзамин чашм ба ҷаҳон гушудаанд.

Бегона аз ҳар куҷо, ки омада бошад, бегона аст ва чун номҳо ҳам бахше аз вожагони як забон ҳастанд, бо гузоштани номи бегона бар фарзанди худ як вожаи бегонаро дар дили фарҳанги худ ҷой дода ва ба гунае ноогоҳона ё зиракона бегонапарастӣ мешавад ва ин фарҳанги чандҳазорсоларо олуда месозад. Бо нигоҳе ба жарфсохти номҳои ориёӣ ва эронӣ дар ин фарҳанги номҳо (Зебономҳои ориёӣ ва зебономҳои бозаргонӣ) рози сухан бештар ошкор хоҳад шуд. Зеро номҳое, ки чаму ораши онҳо дам аз зебоӣ,меҳрубонӣ, дӯстӣ, ёрӣ, бахшишу родмардӣ, дурахшониву рӯшанӣ, покӣ, дурустиву ростӣ, ситоишу ниёиш, лабханду шодӣ, диловариву тавонмандӣ мезананд, шоистагӣ ва дурахшиши ин мардуми нажодаро гузориш мекунанд.

Ба умеди ин ки эронӣ ва ориёӣ номе ориёӣ бар фарзанди худ бигзорад.

3+

Бифирист

.


*