
Нигоҳе ба нақши Фирдавсӣ дар боландагии забони порсӣ
Ду қарн пас аз Фирдавсӣ Зиёуддин ибн-ал-Асир мегӯяд: ‘Эрониён дар шеър бар ъарабҳо пешӣ гирифтаанд. Шоъири эронӣ бо шӯру балоғати бисёр ин ҳама достон ва саргузаштро ба шеър даровардааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ Қуръони форсӣ ва балеғтарин асар дар забони форсӣ аст. Монанди Шоҳнома дар ъарабӣ падид наёмадааст.’