Боргирии Фарҳанги Фидоӣ (бархе вожагони сараи порсӣ)

Дар ин фарҳанг шуморе вожаҳои сода ва омехтаи сара ҳастанд, ки метавонанд ба кори порсинивисони имрӯз оянд. Барои намуна, вожаҳое ҳамчун “потоба” ба ҳамтоии “кафш” “потоба гушудан” ба ҳамтоии “истироҳат кардан”, “поандоз” ба ҳамтоии “фарш”, ки дар ин фарҳанг омадаанд.

Боргирии «Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон»

Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон намоёнгари бахше аз кӯшишҳои ин ду ниҳод аст, ки ҳарду дар шинохти жарфтари забони порсӣ ва посдорию полоиши он гомҳои устуворе бардоштанд ва корҳои арзишманде низ аз худ барои ояндагон ба ёдгор ниҳоданд.

Боргирии фарҳанги панҷпӯшинаи ‘Бурҳони қотеъ’

“Бурҳони қотеъ”-ро Муҳаммадҳусейн бин Халафи Табрезӣ, номдор ба Бурҳон, дар 1062-и исломӣ дар Ҳайдарободи Дакан бо афзун бар 20 ҳазор дароя [=мадхал] нивишта ва ба поён бурдааст. Нивисанда кӯшида, ки фарҳанге ҳамасӯя фароҳамад ва з-инрӯ, пояи фарҳанги хешро бар вожаномаҳо ва фарҳангҳои гуногуне ниҳодааст.

Боргирии ‘Луғати фурс’-и Асадии Тусӣ

“Луғати фурс”, гирдовардаи Асадии Тусӣ, аз нивисандагони садаи панҷуми кӯчии маҳӣ аст. Фарҷомоҳанги Асадӣ он буд, ки чомасароён (шуъаро)-и аронӣ ва озарбойҷониро, ки ба порсӣ ва паҳлавии озарӣ (забоне, ки пеш аз туркӣ забони мардуми Озарбойҷон буд) чома месураданд, бо вожаҳои порсии гӯиши хуросонӣ низ ошно кунад ва гӯё ин фарҳанг ба хоҳиши яке аз ҳамин чомасароёни озарбойҷонӣ, Ардашер пури Дайламсапори Наҷмӣ гирдоварӣ шудааст.

Забони паҳлавӣ, адабиёт ва дастури он

“Забони паҳлавӣ, адабиёт ва дастури он” нивиштаи Жолаи Омӯзгор ва зиндаёд Аҳмади Тафаззулӣ аст, ки зиндаёд Эраҷи Вомиқӣ ин модаён (=китоб)-ро дар ҷустори зер баррасида ва банекӣ шиносондааст.

Вожагузинӣ дар даврони сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ

Даврони Сосониён даврони пуршукӯҳи шаҳройинии эронӣ аст. Фарҳанг дар рӯзгори Сосониён ба чунон шукуфоӣ расида буд, ки агар бажарфӣ ба андешаҳои андешакорони даврони исломӣ, ки бештари онон эронӣ буданд, бингарем, дармеёбем, ки решаҳои ҳамаи ононе, ки хираде рӯшан ва сухане барои гуфтан доранд, ба ин рӯзгор мерасад.

Боргирии “Вожагони иқтисодӣ”-и дуктур Ҳусейни Ваҳидӣ

Забони порсӣ аз гаронбортарин, равонтарин, гӯётарин, зеботарин ва барои густариш аз тавонотарин забонҳои ҷаҳон аст. Бадбахтона ин забони бузург ва зебо монанди сарзамини бархостгоҳи он дар дарознои замон гирифтори тозиши фаровон гардида ва ба гӯёӣ ва вижагию зебоии он газанди бисёр расидааст ва имрӯза ин забон бо сахттарин ва пургазандтарин тозишҳо рӯбарӯ шуда ва он тозиш забонҳои бохтарӣ аст.

Боргирии “Роҳнамои решаи феълҳои эронӣ”-и дуктур Муҳаммади Муқаддам

Роҳнамои решаи феълҳои эронӣ (дар забонҳои авесто ва форсии бостон ва форсии кунунӣ) аз устоди зиндаёд Муҳаммади Муқаддам, забоншиноси барҷастаи эронӣ ва вижакор дар забонҳои Эрони Бостон ва ҳамванди Фарҳангистони дувум, аст. Бунёди ин роҳнамо бар “Вожаномаи эронии бостон”-и Бортулуме ва “Вожаномаи авесто-инглис ӣ”-и Конго гузошта шудааст.

1 3 4 5 6 7 9