Боргирии ‘Шумор ва миқдор дар забони форсӣ’-и Нишот

“Бахши бисёр васеъе аз забонро ъадад ва таркиботу мафоҳими ъададӣ фаро гирифтааст ва корбурдҳои он ба қадре зиёд, васеъ ва ъазим аст, ки асарот ва намунаҳои мустақиму ғайримустақими он дар тамоми умури рӯзмарраи зиндагии башар ва ъулуму фунуни ъаср ба ҳадди вуфур ба чашм мехӯрад. “

Баррасии решашинохтии чанд вожаи пизишкӣ аз Эрони бостон

‘Авесто’ куҳантарин нивиштаи барҷоймонда аз забонҳои эронии бостон ба шумор меояд, ки дарбардорандаи ҳазорон вожа дар заминаи ойину фарҳанг ва дониши эрониёни бостон аст. Будани вожаҳое дар заминаҳои гуногуни донишӣ ҳамчун фарзонагӣ, ахтаршиносӣ, пизишкӣ ва… нишон медиҳад, ки забони авестоӣ аз тавоноиҳо ва вижагиҳои як забони донишӣ бархурдор будааст.

Боргирии ‘Вожаҳои эронӣ дар нивиштаҳои бостонӣ’

‘Вожаҳои эронӣ дар нивиштаҳои бостонӣ’ нивиштаи Шаҳроми Ҳидоят, забоншинос ва устоди пешини донишгоҳ, ва дастоварди пажӯҳишҳои вай дар заминаи вожаҳои эронӣ дар 39 нивиштаи куҳан ба забонҳои ъибрӣ – оромӣ – калдонӣ аст.

Бунёдҳои донишии вожасозию вожагузинӣ

Ҷустори ‘Мабонии ъилмии вожасозию вожагузинӣ’, нивиштаи Ъалии Кофӣ, ба ‘вожагузинӣ ба масобаи дониш’, ‘таърифҳо’, ‘чанд асли мавзӯъи ъилми вожагузинӣ’, ‘равишҳои муҳимми вожагузинӣ’ ва ‘завобити вожагузинӣ’ мепардозад, ки ба кори нивисандагону пажӯҳишгарон ва гардонишгарон (мутарҷимон) ва вожасозону санҷишгарон меояд.

Додихудои Саймиддин ва омӯзиши осори паҳлавӣ

Устод Саймиддин осори гаронсанге аз худ ба ҷо гузоштааст, ки аз ҷумлаи муҳиммтарини онҳо ‘Вожашиносии забони форсии миёна’, ‘Фарҳангномаи форсии миёна’, ‘Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ’, ‘Истилоҳоти идории замони Сосониён’, ‘Адабиёти паҳлавӣ’, ‘Форсии бостон’, ‘Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ’ ва ‘Шарҳи матнҳои забони форсии миёна’ аст.