Додихудои Саймиддин ва омӯзиши осори паҳлавӣ

Окодемисиян Додихудои Саймиддин, пажӯҳишгари забонҳои бостонӣ ва ъузви пайвастаи Фарҳангистон забон ва адаби форсии Эрон, шаби 11 урдибиҳишти 1396 (аввали майи 2017) дар синни 68-солагӣ дар асари бемории саратони мағз дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Маросими ташйеъи ҷанозаи ӯ субҳи рӯзи 12 урдибиҳишт (мусодиф бо 2 май) дар маҳаллаи “Бинокорон”-и шаҳри Душанбе бо ширкати аҳолии фарҳангу адаби Тоҷикистон ва намояндагоне аз Эрон баргузор ва ҷанозааш дар гӯристони “Сариосиё” ба хок супурда шуд.

Додихудои Саймиддин (Саидмуҳиддин) пажӯҳишҳои арзишманде дар заминаи забонҳои эронии куҳан анҷом дода ва кутубу мақолоти зиёде дар бораи осори паҳлавӣ ё форсии миёна, форсии бостон ва Авесто ва раванди такомули забони форсии дарӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он мунташир кардааст.

Ӯ солҳои зиёде муъовин ва раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон буд ва муддати мадиде ҳам риёсати Кумитеи забон ва истилоҳоти вобаста ба риёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ъуҳда дошт.

Вай дар соли 2011-и милодӣ ъузви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон шуд. Китобҳое аз ӯ дар Эрон ҳам ба хатти форсӣ мунташир шудаанд. Ӯ аз нахустин пажӯҳишгароне буд, ки мардуми Тоҷикистонро бо осори бозмонда ба забони порсии миёна ошно кардаанд.

Муҳиммтарин ъунсури худогоҳӣ

Дар маросими сӯгвории Додихудои Саймиддин шуморе аз фарҳангиёни тоҷик суханронӣ карданд ва даргузашти ӯро зоеъае бузург барои миллати тоҷик хонданд. Фарҳоди Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон, ҳам гуфт, ки устод Саймиддин беш аз 100 асари ъилмӣ аз худ ба ёдгор гузошта ва беш аз 20 шогирд тарбият кардааст.

Оқои Раҳимӣ гуфт: “Устод Саймиддинуф дар заминаи торихи забон, пажӯҳишҳои арзишманде анҷом дод, ки дорои аҳаммияти байналмилалӣ буда ва миллати моро муъаррифӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон касе беҳтар аз ишон забонҳои куҳанро намедонист ва китобҳои ишон бояд осори рӯимизии ҳар тоҷикистонӣ бошанд, зеро моро бо торихи забонамон ва бо гузаштаи миллатамон ошно мекунанд.”

Ба гуфтаи оқои Раҳимӣ, ӯ қаблан бо устод Саймиддинов дар бораи барномае суҳбат карда буданд, ки тибқи он, Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки гурӯҳе аз пажӯҳишгарони ҷавонро пас аз анҷоми як давраи омӯзишӣ дар заминаи забонҳои бостонӣ барои анҷоми пажӯҳишҳои тоза ба Фаронса, Русия ва Чин бифристад.

Кароматуллоҳи Ъолим, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон, ҳам дар ин маросим гуфт: “Додихудо дӯсти наздики ман буд, мо дар масоили забон зиёд суҳбат мекардем, дар масоили ъилмӣ хеле сахтгир ва ҷиддӣ буд. Барои забон дилаш месӯхт ва забонро муҳиммтарин ъунсури худогоҳии миллӣ медонист. Ба ҳамин далел, раиси ҷумҳур низ ба ӯ эҳтироми вижа дошт.”

Танҳо донандаи забонҳои бостонӣ

Мусо Диноршоев, донишманди фалсафа ва аз аъзои Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон, даргузашти Додихудои Саймиддинро талафоте бузург ва ҷуброннопазир хонд, зеро ба гуфтаи ӯ, дигар чунин мутахассиси забонҳои бостонӣ дар ин кишвар вуҷуд надорад.

Окодемисиян Диноршоев афзуд: “Ишон дар заминаи торихи забон, ки муҳиммтарин бахши забоншиносӣ аст, мутахассиси дараҷаи аввал буданд. Бо даргузашти ишон мумкин аст ин бахши ъилм дар Тоҷикистон аз пешрафт бозмонад, аммо умедворам, ки риёсати Фарҳангистон дар ин замина тадбире бияндешад ва афроди пайрави Додхудои Саймиддин тарбият шаванд.”

Мусо Диноршоев, ки дар ҳамсоягии окодемисиян Саймиддин мезист, афзуд, ки ӯ дар рафоқат ва дӯстиву ҳамсоягӣ ҳам камназир буд ва ҳаққи ҳамсоягиро хуб ба ҷо меовард ва дар миёни ҳамсоягон низ аз эҳтироми вижае бархурдор буд.

Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори тоҷик ва аз дӯстони Додихудои Саймиддин гуфт: “Мо дар як деҳ бузург шудем, ва дар як мактаб (мадраса) таҳсил кардем. Дар донишгоҳ ҳам якҷо будем. Бисёр сахткӯш буд ва бо таҳқиқу ҷустуҷӯ ба ҳар ҳадафе, ки дошт, мерасид.Дар дӯстиву рафоқат ҳам бисёр самимӣ буд. Ман ифтихор мекунам, вақте медидам, ки дар номаҳое аз забоншиносон, ки аз Маскав  ва Сан-Питерзбург ва Олмон меомад, мактаби вижаи забоншиносии ӯро эътироф мекарданд.”

Тасвиби қонуни забон

Додихудои Саймиддин мутаваллиди соли 1949-и милодӣ дар минтақаи рашт, дар шарқи Тоҷикистон аст. Ӯ баъд аз фориғ шудан аз мадрасаи зодгоҳаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи забон ва адабиёт таҳсил кард ва то соли 1973 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон ба фаъъолиятҳои ъилмӣ ва пажӯҳишӣ пардохт.

Вай аз соли 1995 то 2000-и милодӣ муъовин ва аз он замон то соли 2005 раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон буд. Дар ҳамин даврон буд, ки ъузви порлумон шуд ва то соли 2009 риёсати Кумитеи ъилму маъориф ва фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистонро ба ъуҳда дошт.

Дар фосилаи солҳои 2009 то 2013-и милодӣ Додихудои Саймиддин риёсати Кумитеи забон ва истилоҳоти вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ъуҳда дошт. Дар ин давра буд, ки тарҳи тозае аз қонуни забони Тоҷикистон ба тасвиб расид. Тибқи ин қонун мақомот дар ҳамаи сутӯҳи давлатӣ муваззаф ба донистани забони расмӣ, яъне форсии тоҷикӣ, шуданд.

Ба гуфтаи Фарҳоди Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон, Додихудои Саймиддин дар замони ъузвияташ дар порлумон дар беҳтар кардани забони қонунгузорӣии ин кишвар хадамоти арзандае анҷом дод. Вай дар замони риёсаташ дар Кумитеи забон ва истилоҳот низ дар тасвиби қонуни ҷадиди забон ва таҳияи имлои тозаи забон нақши боризе доштааст.

Ъузви Фарҳангистони Эрон

Додихудои Саймиддин дар соли 2011-и милодӣ (1389-и хуршедӣ) се сол пас аз даргузашти Ъабдулқодир Маниёзов, донишманди адабиёт, ъузви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон шуд. Пас аз Ъабдулқодир Маниёзов ва Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ӯ севумин фарди тоҷик буд, ки ба ъузвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуд.

Устод Саймиддин осори гаронсанге аз худ ба ҷо гузоштааст, ки аз ҷумлаи муҳиммтарини онҳо “Вожашиносии забони форсии миёна”, “Фарҳангномаи форсии миёна”, “Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ”, “Истилоҳоти идории замони Сосониён”, “Адабиёти паҳлавӣ”, “Форсии бостон”, “Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ” ва “Шарҳи матнҳои забони форсии миёна” аст.

Бархе китобҳои ӯ, аз ҷумла “Вожашиносии забони форсии миёна”, “пажӯҳишҳои забоншиносӣ” ва “Истилоҳоти идории замони Сосониён” дар Эрон ба хатти форсӣ мунташир шудаанд. Китоби ӯ зери ъунвони “Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ” дар Эрон яке аз беҳтарин осори таҳқиқотӣ дар эроншиносии хориҷӣ шинохта шудааст.

Додихудои Саймиддин барои китобҳои “Истилоҳоти идории замони Сосониён” ва “Фарҳангномаи форсии миёна” ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ-форсӣ ва барои пажӯҳишҳои арзишмандаш дар заминаи забонҳои куҳани эронӣ ҷоизаи Бунёди манучеҳри Фарҳангӣ дар Порисро дарёфт кардааст.

* Ин матлаб бори нахуст дар сойти форсии Би-би-сӣ ба хатти порсӣ мунташир шудааст.

ҷусторҳои вобаста

1+

1 Comment Posted

Бифирист

.


*