Манофзода: Ба ҳар қимате бояд ба хатти худамон баргардем

Мо бояд ба хатти хеш баргардем. Ба ҳар қимате, ки бошад. Ин ъузри бадтар аз гуноҳи моро бибинед, ки ҳатто аз забони шоъирони мо, аз забони рӯшанфикрони мо чунин суханоне бармеояд, ки бозгашт ба хатти порсӣ ҳазина дорад! Оқо, яъне шумо ҳозир нестед, ки барои бозгашт ба асли худ, барои пойдории ҷойгоҳи торихии худ ва билохира барои пешрафти фарзандони худ моя гузоред?

Сухане бо ҳамзабонон

Ман ва ҳамзабононам ҷое дар торихи Афғонистон гум шудем. Ман аз қиссаи пурғуссаи порсии дарӣ бо шумо сухан мегӯям. Аз марсияҳое, ки чашмро гирён мекунад ва дилро бирён. Ин сӯзи ҷигарро магар метавон дар пайкари вожаҳо рехт? Вожаҳо медаранду пора мешаванд ва пероҳан бар тани худ хок мекунанд. Вожаҳо лабу даҳонамро месӯзонанд ва гӯё тиккаҳои гудохтаи оташанд дар миёни ангуштонам.