Масрури Манофзода*: Чиро дар Тоҷикистон ҳозир нестанд забонашонро порсӣ биноманд ва расмулхатти порсиро бипазиранд?
Аз оғоз биёем. Ин нуктаро, ки тоҷикон аз ҳамон аҳди бузургустод Рӯдакӣ то омадани Шӯравӣ хатташон порсӣ буд ва порсӣ менивиштанду мегуфтанд, касе аз мухолифу мувофиқ инкор намекунад. Хуб, Шӯравӣ, ки омад, нахост ин хатт ба ҷойи худ бимонад. Чиро? Чун хатти порсӣ, воқеъан, барои аҳдофи ғоратгарона ва сиёсати манқуртсозии сусиёлисм як душмани пурқудрат буд. Пас аз тамоми абзор кор гирифт ва билохира тавонист ин хаттро аз минтақаи таҳти султаи худ пок кунад.
Бибинед, аз ҳамон оғоз баҳси забони порсӣ сиёсӣ будааст. Яъне, аз ҳамон оғоз хатт ва забони порсӣ дар минтақаи мо фақат барои ҳукуматдорон мушкилсоз будааст, на барои миллати мо. Ин хатт ва забон ҳеҷ гоҳ сабаби бесаводӣ ва ё қафомондагӣ, ки шӯравӣ ин шиъорҳоро барои худ сипар қарор дода буд, набуду нест!
Оё хатте, ки шукӯҳу ҷалоли фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи на фақат миллати тоҷик (эронӣ) ва Эрони Бузург, балки ҳамсояқавмҳои ӯро дар тӯли беш аз ҳазор сол ойинадорӣ мекунад, сабаби бесаводӣ ва вопасмондагӣ мешавад? Ин шиъори маккоронае буд, ки Шӯравӣ ба кор гирифту дар мағзҳои андешагурези мо ҷойгир кард.
Имрӯз ҳам ба назар мерасад, ки зимомдорон дар Тоҷикистон намехоҳанд аз ин сиёсат даст кашанд. Ҳанӯз ҳам дар симои хатт ва забони порсӣ душмани худро мебинанд. Ҳанӯз ҳам бар ин боваранд, ки ин хатту забон метавонад пояҳои давлатдории моро ба ҳам пошад (ки ин андеша баёнгари заъфест, ки баҳсаш ин ҷо нест). Аммо имрӯз инҳо чиро чунин меандешанд? Ҳадди аққал инҳо, ки хостори дуртар нигоҳ доштани миллати тоҷик аз фарҳанг ва тамаддуни ӯ нестанд.
Гунаҳкор аз назари онҳо Эрони имрӯзист. Эрони исломӣ. Чиро? Чун расмулхатти Эрон порсист ва ин забонро ба ҳамон дастуру дарунмояи худ нигаҳ доштааст. Ва бархе аз мақомот ҳар гуна ҳаракат ва майли бозгашт ба ин расмулхатро ё тавтеаи Эрон ва эронхоҳон тафсир мекунад ё дар ин ҳаракат нишонаи исломхоҳӣ ва амсоли инҳоро мебинанд. Ва чунонки замоне Шӯравӣ бо ин хатт ва забон сари ситез дошт, ъиддае аз мақомоти Тоҷикистон ҳам талош мекунанд ин сиёсатро зинда нигоҳ доранд…
Аммо нуқтаи дард ҳатто ин навъ сиёсати нобихрадона нест. Балки асафбортарин воқеъият дар ин баҳс ҳимоят аз ин сиёсати хештансӯз аз тарафи аксари адибону донишмандон ва рӯшанфикрони Ватанамон аст, ки андаруни инҳо шахсиятҳои воқеъан муҳтараме ҳам кам нестанд. Бояд таъкид кунам, ки ангушти мо ба ҷониби тӯдаи чандинҳазораи бехирадону худбохтагон ва сифлагону тамаъхоҳоне нест, ки ба ҳар даъвати кӯр-кӯронаи аҳли сиёсат бо ҳазор овоз лаббайк мегӯянд…
Балки гилояи мо аз онҳоест, ки медонанд, тоҷик забонаш барои ҳамеша порсӣ будааст ва хатташ порсӣ ва чизе ҷуз ин набуда. Инҳо ъиддае аз тарс, ъиддае тамаъҷӯёна болои ин ҳақиқатро мехоҳанд бо ҳазор-ҳазор чодари дурӯғ бипӯшонанд, ки ҳар бор аз сар меуфтад ва расвотарашон мекунад.
Аммо ъиддаи дигар, ки китобхонаашон анбошта фақат аз китобҳои таҳрифхӯрда ва ҳақиқатпӯшонаи чопи Шӯравист ва чизе фаротар аз инҳоро нахондаанд, ҳанӯз таҳти таъсири ин адабиёт бар ин боваранд, ки тоҷик забонаш «тоҷикӣ» аст ва хатташ бояд то абад пириллик** бимонад ва аз ин мушт ёваҳо.
Дӯстон бояд бидонанд, ки ба якояки иддиъоҳо ва далелҳои пучи инҳо дар гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” ҷавобҳои қотеъ гуфтаанд. Аз ин хотир, ман аз ин пораи баҳс гузар мекунам ва мехоҳам ба ин суол посух бидиҳам, ки чӣ зарурат аст, ки мо бояд ба расмулхатти порсӣ баргардем? (Агарчи ин суолро ҳам борҳо посух гуфтаанд, аммо такрорашро зарурӣ медонам).
Ҷавоб ба ҳамин содагист: хатти мо порсист ва пириллик бароямон бегона аст. Таваҷҷуҳ кунед, вақте мегӯем хатти мо порсист, яъне торихи моро ба ҳамин хатту забон нивиштаанд, фарҳангу тамаддуни моро ҳамин забон аз як тараф рушду тавсеъа додаву аз тарафи дигар ба ҷаҳониён ба намоиш гузоштааст.
Мо тоҷикияти (эроният)-и худро бо ҳамин хатту забон шакл додаем. Аз ҳазрати Рӯдакӣ бигирем то абарустод Айнӣ, аз Ибни Сино то Юсуфи Хуҷандӣ, инҳо якоякашон хатту забонашон порсӣ будааст. Вақте мо аз хатти порсӣ рӯ мегардонем ва забони худро ҳам ба расми шӯравӣ «тоҷикӣ» меномем, яъне ба ҳамин содагӣ пушт ба асли худ мекунем, фарҳангу адаб ва торихи зебои худро инкор мекунем…
Аммо шуморо ба ҳақиқат савганд, магар ҳамин ҳоло мо дар ин вартаи ҳалокат нестем??? Имрӯз ҷавони мо нангаш меояд, ки порсӣ суҳбат кунад (чун порсии мо на танҳо номашро, ки асолаташро ҳам аз даст додааст!). Имрӯз донишмандони мо осори бузургони торихамонро намехонанд ва агар мехонанд, тарҷумаи онҳоро мехонанд, ва боз ҳам баҳрае аз он намебаранд. Чун хатти пириллик надорад он ҳама осорро.
Имрӯз ба ҷое расидаем, ки вазорати ъилму маъорифи мо ба ин қарор меояд, ки забони мо забони ъилм нест ва намешавад ба ин забон чизе аз ъилм нивишт ва тасмим мегирад, ки пажӯҳишҳо ва корҳои ъилмӣ ба забони русӣ нивишта шаванд. Имрӯз ба ҷое расидаем, ки шоъири мо, оре шоъири мо, мегӯяд, тоҷикон «аз эрониҳо дида, ба русҳо» ва забонашон ба забони онҳо наздиктар аст!..
Боз ҳам мехоҳед идома бидиҳам? Ман, ки дигар тоқаташро надорам. Вой бар мо! Ин мусибатҳоро, ки гуфтам, баёнгари ҳоли мост. Яъне ба дур аз ъилму дониш ва хираду озодагӣ мондани мо. Мо вақте ба хатти худ бозмегардем, дубора торихи худро мурур мекунем, дубора ба ганҷинаҳои ъилму фарҳанги худ даст меёбем, дубора бар бузург ва ъазим будани забони худ имон меорем, дубора иззату ҳайсияти худро бозмеёбем, ва, изофа бар инҳо, аз дастовардҳои ъилм ва фанноварии имрӯз баҳравар мешавем…
Мо бояд ба хатту забони хеш баргардем. Ба ҳар қимате, ки бошад. Ин ъузри бадтар аз гуноҳи моро бибинед, ки ҳатто аз забони шоъирони мо, аз забони рӯшанфикрони мо чунин суханоне бармеояд, ки бозгашт ба хатти порсӣ ҳазина дорад!
Оқо, яъне шумо ҳозир нестед, ки барои бозгашт ба асли худ, барои пойдории ҷойгоҳи торихии худ ва билохира барои пешрафти фарзандони худ моя гузоред? Шуморо фақат ҳазинаи ин иқдом нигарон карда? Пас нигарон набошед, чун ҳатто фалсе ҳам аз кисаи шумо сарфи ин кор нахоҳад шуд. Агар ҳам шавад, аз кисаи ҳукумат, яъне аз байтулмоли миллат, ҳазина хоҳад шуд.
Аммо агар нигаронии шумо аз холӣ будани кисаи ҳукумат аст, боз ҳам худро ройгон ба дасти ғам додаед. Ҳукумате, ки барои таҷлил аз истиқлол, ваҳдат, Наврӯз ва ҷашнҳову маросими зиёди дигар маблағ дорад, ҳатман барои ин иқдоми зарурӣ ҳам ҳазина меёбад. Ин қарзи ҳукумат аст дар баробари мардумаш.
Мо бояд ба хатти худ бозгардем. Ба ҳар қимате, ки бошад. Кофист, ки дигар бузургонамон хомӯш нанишинанд, ҳақиқатҳоро ба ҳамин содагӣ дурӯғпеч насозанд, номусу нангро ба ёд оранд. Кофист, ки мо худамон майл бар ин иқдом дошта бошем.
Бояд корро аз худамон шурӯъ кунем. Ҳатто мешавад бе ҳеч ҳазинае ҳам ба хатти худ баргардем. Чи басо, ки суди молии ин кор шояд бамаротиб бештар аз харҷаш бошад! Пас, ба умеди он рӯз, ки барои порсӣ гуфтану нивиштан ва аз нивиштаҳои якдигарамон баҳра бурдан аз пириллик кор нагирем, балки порсӣ бигӯему порсӣ бинвисем.
*Масрури Манофзода пажӯҳишгари фарҳанг ва адаби порсӣ аст.
** Пириллик – яъне порсии сириллик.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
дуруд, Манофзда, аз ростӣ, суханҳоят пучу бебору бемағз аст, зеро имрӯз мо на бояд дар андешидани дигаргун кардан ё баргаштан ба дабираи ниёконамон бошем, балки, дар ороставу пероста ва беолоиш кардани забони имрузаамон бошем ва ҳам дур андохтани вожаву вомвожаҳои арабӣ бошем. Азбас, бештар аз 50дарсади вожаҳои забонамонро вожаҳои бурунмарзиву бегона, ва, ба вижа, вожаҳову вомвожаҳои забони арабӣ дарбар гирифтаасту олоиш додааст. дар ин ҷо ту меойӣ дар бори дигаргун кардан ва баргаштан ба дабираи ниёконӣ сухан мегуӣ? донишу хирад пешрафт карда истодааст, вале, мо, дареғ ки ҳанузам, дар бораи гузашта меандешему пайравӣ мекунем, аз ин руст, ки ҳиҷ дигаргуние дар хираду ҷаҳондиниамон ба ҳастӣ намепайвандад. мо, чӣ ниёзе ба дабираи порсӣ дорем, ки бояд баргардем. ту бояд, дар бори полоишу вироиш додани забонамон аз вожахои арабӣ бош, на др бораи бозгашт ба дабираи арабибунёди порсӣ, зеро дабираи порсӣ ҳам аз забони арабӣ мояву поя мегирад. хоҳиш мекунам, фарохтару равшантар ва дуртару жарфтар дар гузаргоҳи андеша гузар кун. бар гузашта андешидан ва пайравӣ кардану побанд будан ба он, монанди ба бунболи бод давидан аст, ки ҳиҷ ба ҷое нахоҳӣ расид. Артур