Чиро дар Ҳинду Покистон забони порсӣ ҷояшро ба инглисӣ дод?

Вақте Ъумрон Хон, нахуствазири Покистон, дар бораи забони форсӣ дар шибҳиқорра дар сафари ахираш ба Теҳрон суҳбат кард ва гуфт “агар инглисиҳо дар қарни нуздаҳум ба Ҳинд наомада буданд, ниёзе ба мутарҷим надоштем, ҳамаи мо ба форсӣ суҳбат мекардем. Форсӣ барои 600 сол забони расмӣ дар Ҳинд буд”, хелеҳо дар Эрон ибрози ҳайрат карданд.

Андарзи устод Шакурӣ ба манкуртон

Устод Шакурӣ: “Истилоҳи «адабиёти тоҷикӣ» аз нимаи солҳои бистуми садаи бистум ба вуҷуд омад. Истилоҳи «забони тоҷикӣ» низ ҳамон вақт ба тақозои замон пазируфта шуд. Пайдоиши истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» низ ба сабабҳои ҷиддии торихӣ вобастагӣ дошт. Имрӯз вазъи торихӣ дигар аст ва имконе ба миён омадааст, ки ъадолати торихӣ барқарор шавад ва ба номи [ростини] забону адабиёти тоҷикон баргардем ва боз забони онҳоро забони ФОРСӢ ва адабиёташонро АДАБИЁТИ ФОРСӢ биномем.”

Тозизадагӣ дар гузориш ва воковии адаби порсӣ

Аз дер боз, порае аз пажӯҳандагон бар ин бовари дурӯғ будаанд, ки чомасароён ва гӯяндгони эронӣ дарунаи корҳои хешро вомдори чомагуёни ъараб буданд, то онҷо ки адаби порсиро резахору дарюзагари адаби ъарабӣ баршумурдаанд! Дар ин ҷустор Ваҳиди Сабзиёнпур, устоди забону адабиёти ъарабии Донишгоҳи Розӣ дар Эрон, барменумояд, ки бисёре аз амсолу ҳикам ва мазоминеро, ки ин пажӯҳандагон банораво ъарабӣ донистаанд, худ баргирифта аз фарҳанги эрониёни пеш аз ислом будааст.