Порсӣ Анҷуман: Аз дер боз, порае аз пажӯҳандагон бар ин бовари дурӯғ будаанд, ки чомасароён ва гӯяндгони эронӣ дарунаи корҳои хешро вомдори чомагуёни ъараб буданд, то онҷо ки адаби порсиро резахору дарюзагари адаби ъарабӣ баршумурдаанд!
Дар ин ҷустор Ваҳиди Сабзиёнпур, устоди забону адабиёти ъарабии Донишгоҳи Розӣ, барменумояд, ки ончи ин пажӯҳандагон банораво ъарабӣ донистаанд, худ баргирифта аз фарҳанги эрониёни пеш аз ислом будааст.
Сабзиёнпур барӯшанӣ нишон медиҳад, ки чи гуна фарзонагии эронии барҷоймонда дар фарҳангу адаби порсӣ аз нигоҳи борикбини пажӯҳишгарон пӯшида монда ва ба ҷои нишон додани он, забонзадҳо ва чомаҳои ъарабиро чунон дар гузориши онҳо ҷосозӣ кардаанд, ки танҳо як роҳ пеши рӯи хонандаи нигунбахт боз гузоштаанд: инҳо баргирифта аз фарҳанги ъарабӣ аст!
***
Ъарабизадагӣ дар шарҳу таҳлили мутуни адаби форсӣ
Ваҳиди Сабзиёнпур[1]: Аз офатҳои бузург дар шарҳу таҳлили мутуни адаби форсӣ истиноди бисёр ба амсолу ашъори ъарабӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба фарҳангу адаби бостонии эрониён аст, ки пас аз дифоъи Ҳусейнъалии Маҳфуз аз поённомаи худ бо номи Мутанаббӣ ва Саъдӣ ва чопи он шиддати бештаре ёфт. Кофист нигоҳе ба феҳристи ашъор ва амсоли ъарабии марбут ба шарҳҳои мутуни форсӣ бияндозем, то ҳузури сангини онҳоро дар ин осор дарёбем.
Дар ин миён, чизе ки мавриди ғафлат қарор гирифта, андеша ва фарҳанги Эрони Бостон аст, ки бадбахтона, дар шарҳи мутуни адаби форсӣ ҷойгоҳи муносибе надорад. Бо он ки бахши бузурге аз осори паҳлавӣ ва эронӣ аз даст рафта, дар мутуни адаби ъарабӣ дар бораи эрониён ва фарҳанги бостонии ин марзу бум он қадр матлаб ба шакли пароканда, вале мутанаввеъ ва ғанӣ ҳаст, ки метавонад ҷои холии мутуни паҳлавии азмиёнрафтаро пур кунад. Ҳатто метавон иддиъо кард, ки муҳимтарин манбаъи фарҳанги Эрони Бостон манобеъи ъарабӣ аст.
Дар ин мақола нишон медиҳем, ки на фақат сарчашмаи бисёре аз мазомини эронӣ ъарабӣ нест, балки ҳамин мазомини ъарабӣ дар бисёре аз маворид вомдори забону адаби Эрони Бостон ҳастанд ва лозим аст адибону соҳибназарон ба ин рӯйкард таваҷҷуҳ кунанд.
Муқаддима
Аз дербоз бархе соҳибназарон муътақид будаанд, ки шоъирону гӯяндагони эронӣ дар мазомини худ вомдори шоъирони ъараб, бавежа Мутанаббӣ буданд. Чунонки Рашиди Ватвот, муаллифи «Ҳадоиқуссеҳр», мегӯяд: «Дар иқтибос ва дақоиқ ва матонат ҷамеъи шуъарои исломия ъиёли Мутанаббиянд».[2] (Нақл аз Давлатшоҳ, 1338: 21). Ба назар мерасад пас аз интишори китоби «Саъдӣ ва Мутанаббӣ»[3] ин фикр назди соҳибназарони адаби форсӣ қуввати бештаре гирифт, ки адаби форсӣ резахору дарюзагари адаби ъарабӣ аст.[4] Чунончи ба шарҳу таълиқи мутуни (манзуму мансури) адаби форсӣ ва феҳристи амсолу ҳиками ъарабии онҳо нигоҳе бияндозем, бо анбӯҳе аз ривоёт, абёт ва амсоли ъарабӣ рӯбарӯ хоҳем шуд. Барои мисол, Хазоилӣ дар шарҳи «Бӯстон» бо истинод ба 50 ривоят 39 байти ъарабӣ ва 20 зарбулмасали ъарабӣ ҳамон роҳеро рафтааст, ки Маҳфузи ъироқӣ рафта буд. Ин шева дар дигар мутуни адаби форсӣ низ бо шиддату заъф дида мешавад. Шояд ба ъиллати вуҷуди таъбирҳо ва ъиборатҳои ъарабӣ ва низ ривоҷу шуюъи ин шева дар таҳлили андешаҳои мавҷуд дар «Шоҳнома», «Маснавӣ», «Гулистон» ва ғайра тарҳи ин масъала аҷиб намояд. Вале бо итминон иддиъо мекунем, агарчи дар пӯстаи «Гулистон» ва «Маснавӣ» рагаҳое аз алфозу таъбирҳои ъарабӣ дида мешавад, бисёре аз ҳамин таъобири ъарабӣ баргирифта аз фарҳанги эронӣ аст ва ё дасти кам метавон иддиъо кард, ки дар фарҳанги эрониёни қабл аз ислом роиҷ будааст. Дарвоқеъ, нивисандаи мақола дар пайи исботи ҳамин иддиъост.
Дар ин мақола саъй кардаем сайри андеша аз Эрони Бостон ва ъубур аз фарҳангу адаби ъарабиро нишон диҳем, ки чигуна рангу бӯи ъарабӣ мегирад ва бо либоси ба зоҳир ъарабӣ вориди фарҳанги эронӣ мешавад.[5] Аз сӯи дигар, ҳамин андешаҳо гоҳ аз роҳи фарҳанги шифоҳӣ ва суннатӣ ва гоҳ ба василаи фарҳанги ъарабӣ дар лояҳои фикрии гӯяндагони эронӣ нуфуз мекунад ва саранҷом ин тафаккур шакл мегирад, ки фарҳанги эронӣ вомдори фарҳанги ъарабӣ аст.
Ба эътиқоди нивисанда, андеша ва фарҳанги эронӣ ва ъарабӣ чунон дар ҳам омехта шуда, ки на фақат барои адибон, балки назди шоъирону нивисандагони бузурге монанди Фирдавсӣ, Ъунсурулмаъолӣ, Саъдӣ ва ғайра ҳам ҳадду марзи он маълум набудааст. Саъдӣ бо ҳамаи дониши густарда ва фарогири худ эҳтимолан ин дағдағаро надошта, ки фулон ҷумла аз ҳакимони ъараб аст ё эронӣ. Ъунсурулмаъолӣ низ баяқин ин васвосро надошта, ки соҳибони аслии суханро муъаррифӣ кунад. Зеро бисёре аз пандҳои эрониро ба ҳакимон нисбат додааст.[6] Албатта, мо муддаъӣ нестем, ки ҳамаи ончи ки дар Эрони Бостон омада, ба таври мустақим вориди фарҳанги ъарабӣ ва сипас эронӣ шудааст. Зеро бархе аз ин мазомини муштарак дар қолаби ваҳйу таълимоти анбиё, таворуд, ъақли башарӣ, таҷрубаи миллатҳои куҳан ва решадор ва ғайра тафсир меёбад. Аммо таъкиди фаровон дорем, замоне ки аслу маншаъи андешае дар Эрони Бостон вуҷуд дошта (ба мисдоқи: Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон/ Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон), дар мутуни ъарабӣ ба эронӣ будани онҳо ишора шудааст. Дарвоқеъ, ҳаққи мусаллами мардуми ин сарзамини куҳан аст, ки аз андешаҳои буланди ниёкони худ ва аз таъсири шигарфи он дар адаби ъарабӣ ва сипас эронӣ огоҳ бошанд. Ин вазифа бар уҳдаи парчамдорони ъилму адаб аст ва барои нодида гирифтани ин нуктаи муҳим ҳеҷ тавҷеҳе пазируфтанӣ нест.
Дар ин мақола бо такя бар шарҳу таҳлили осори адаби эронӣ, ки аз сӯи соҳибназарон ва муҳаққиқони адаби форсӣ анҷом шудааст, нишон медиҳем, ки чигуна мазомини ъақлӣ ва ҳукмии эронии мавҷуд дар фарҳангу адаби форсӣ аз нигоҳи борикбини пажӯҳишгарон пӯшида монда ва ба ҷои нишон додани ин мафоҳими эронӣ, амсолу ашъори ъарабиро чунон дар шарҳи онҳо ҷосозӣ кардаанд, ки фақат як роҳ дар муқобили хонанда боз гузоштаанд: ин мазомин баргирифта аз фарҳанги ъарабӣ аст. (Ончи худ дошт, зи бегона таманно мекард).
Дар ин бахш аз нуҳ муҳаққиқи барҷаста ва соҳибном, – ки осори арзишманде дар шарҳи манобеъи адаби форсӣ доранд – дувоздаҳ манбаъи адаби форсиро баррасӣ кардаем. Дар ин маҷоли андак баночор аз ҳар як ба ду намуна басанда кардаем, то ъилова бар ишора ба 24 мазмуни эронӣ дар адаби ъарабӣ, аз боби «мушт намунаи харвор» ҳаҷми ъазими андешаҳои эрониро дар мутуни ъарабӣ нишон диҳем. Зимни ин ки пешниҳод медиҳем лозим аст муҳаққиқони ҷавон бо пайгирии сарнахҳои мавҷуд даричаҳои ҷадиде аз фарҳанги Эрон Бостон ва таъсири онро дар адаби форсӣ ва ъарабӣ ба рӯи хонанда бигушоянд, то ҷойгоҳи воқеъии ду фарҳанги ъарабӣ ва эронӣ ошкор шавад.
- Ъалиакбари Деҳхудо
Нивисандаи ин нивиштор дар мақолае нишон додааст, ки чигуна Деҳхудо бо ҳамаи эрондӯстии ифротии худ дасти кам сӣ зарбулмасали ъарабиро, ки адибони ъараб бар эронӣ будани онҳо таъкид доранд – дар китоби «Амсолу ҳикам» бидуни ишора ба ҳувияти эронии онҳо нақл кардааст (нк. Сабзиёнпур, 1384: 55-69). Дар инҷо ба ду намунаи дигар ғайр аз ончи дар мақолаи ёдшуда омадааст, ишора мекунем:
- Миннати фурӯмоя
Ҷоҳиз (1983: 41) масали зерро аз ҳикматҳои Бузургмеҳр донистааст:[7] «أشَدُّ منَ الحَاجَه أن تَکوُنَ الَی غَیر أهلهَا» Деҳхудо (1353: 2 /1104) онро бе шарҳу тавзеҳ нақл кардааст. Ин мазмун дар пандҳои мансуб ба Анӯшервон дар «Қобуснома» низ дида мешавад: «Аз гуруснагӣ бимурдан беҳ аз он ки ба нони фурӯмоягон сер шудан» ва «Ба хешовандони кам аз хеш муҳтоҷ будан мусибати ъазим дон, ки дар об мурдан беҳ, ки аз фазаъ зинҳор хостан». (Унсуралмаъолӣ, 1364: 52).
- Имтиҳон, меъёри ташхис
Саъолиби (2003: 39) ин зарбулмасалро аз амсоли эрониён донистааст: «عندَ الامتحَانُ یُکرَمُ الَمرءُ او یُهَانُ». Деҳхудо (1353: 2 /1118) ҳам онро дар «Амсолу ҳикам» бидуни ишора ба маншаъи эронии он нақл кардааст (барои огоҳии бештар аз ин мазмун дар ашъори Абтаммом, Саъдӣ ва Носири Хусрав ба тартиб нк. Маҳфуз, 1366: 176 -175; Юсуфӣ, 1381: 290; Муҳаққиқ, 1263: 234).
- Бадеъуззамони Фурӯзонфар
- Фирори бамавқеъ
Фурӯзонфар (1358: 531) дар шарҳи ин байти “Маснавӣ», «Чун набошад қуввате, парҳез баҳ/ Дар фирори лоятоқ осон биҷаҳ» ъиборати ъарабии «الفرار مما لایطاق من سنن المرسلین»-ро овардааст. Дар ҳикматҳои мансуб ба Парвез омадааст: «الهَربُ فی وَقته ظَفَرُ»: Фирори бамавқеъ пирӯзӣ аст (Саъолибӣ, Бито: 59, барои огоҳии бештар нк. Деҳхудо, 1353: 1 /264; Сабзиёнпур, 1384: 65).
- Талош ва ёфтан
Фурӯзонфар (1358: 70) байти зер аз «Маснавӣ»-ро бо як зарбулмасали ъарабӣ муқоиса кардааст: Сояи ҳақ бар сари банда бувад/ Ъоқибат ҷӯянда ёбанда бувад. «من طلب وجد و من طلب شئیا ناله أو بعضه» (Ибни Қутайба, Бито: 2 /134). Майдонӣ (2003: 2 /341) «من جالَ نالَ»-ро аз амсоли мувалдад (ғайри ъарабӣ) донистааст. Ҳарирӣ (1398: 407) «من جالَ نالَ» (Ҳар кас биравад, мерасад)-ро аз пандҳои мактуб бар ъасои Сосон шумурдааст. Домодӣ (1379: 301) ҳамон байти «Маснавӣ»-ро бо ъибороте аз «Наҳҷулбалоға» муқоиса кардааст: «من طلب شیئاً ناله أو بعضه».
- Меҳдии Муҳаққиқ ва шарҳи девони Носири Хусрав
- Ташбеҳи нопойдории дунё ба соя
Муҳаққиқ (1340: 68) ин ду байти Носири Хусравро, ки яке «Эй сипаси молу оз монда шабу рӯз/ Нестӣ илло, ки сояе мутамоил» ва дигар «Ҷаҳонро ба соя дарахте заданд/ Ҳакимони ҳушёри дономасал» бо ин ъибороти мансуб ба ҳазрати Ъалӣ (ъ), «انما الدنیا کظل زائل» ва ашъоре аз Абулъатоҳия ва Туғроӣ муқоиса кардааст:
«ترجو البَقاءَ بدار لاثَباتَ لها/ فهل سَمعتَ بظلٍّ غیر منتقل» (Туғроӣ).
Тарҷума: Умед ба хонае дорӣ, ки истеҳкоме надорад? Оё шунидаӣ сояе ҷобаҷо нашавад?
«إنَّما الدُنیا کَفَیءٍ تَوَلّی/ أو کَما عایَنتَ فیه الضَبابا» (Абулъатоҳия)
Тарҷума: Дунё монанди сояест, ки бозмегардад ва ё меҳ аст, ки онро дидаӣ.
Дар Эрони Бостон нопойдори дунё ба соя ташбеҳ шудааст: «Афредун: الدنیا أشبه شیء بظل الغمام و حلم النیام». (Саъолибӣ, Бито: 39) Тарҷума: Фаридун гуфтааст: Дунё шабеҳтарин чиз ба сояи абр ва хоб аст.
- По аз ҳадди гилем берун ниҳодан
Меҳдии Муҳаққиқ (1340: 69 ва 1363: 88) зарбулмасали «مد رجلک علی قدر الکساء» (Поятро то онҷо, ки либосат мерасад, дароз кун) («Маҷмаъ-ул-амсол»-и Майдонӣ)-ро бо ин байт аз Носири Хусрав муқоиса карда, вале дар бораи пешинаи он тавзеҳе надодааст: Ман шудам соъате ба истиқбол/ Пой кардам бурун зи ҳадди гилем.
Дар ҳоле ки Ъаскарӣ (Бито: 1 /117) зарбулмасали «مد رجلک حیث تنال ثوبک»-ро аз амсоли эрониён донистааст. Роғиби Исфаҳонӣ ҳам (1420: 2 /763-764) ду байти зерро аз шоъире ба номи Муҳаммад ал-Умавӣ тарҷумаи зарбулмасалҳои эронӣ донистааст:
«إذا ما کنت فی طرفی کساء/ ولم یکن الکساء یعم کلک»
«فلا تبسطن فیه ولکن/ علی قدر الکساء فمد رجلک»[8]
Тарҷума: Агар дар яке аз ду тараф болопӯш будӣ ва ҳамаи бадани туро напӯшонад, худатро паҳн накун ва ба андозаи болопӯш (гилем) поятро дароз кун.
Майдонӣ низ (2003: 1 /470) зарбулмасали «مد رجلک علی قدر الکساء»-ро аз амсоли ъомма донистааст. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ ҳам дар «Торихи гузида» нивиштааст: «Анӯшервонро тоҷе буд, ин [пандиёт] бар онҷо нивишта. Рӯзи бор мунодигаре нидо кардӣ, ки ин пандиёт кор бандед:… Пой ба андозаи гилем [фарокашед]. Ва ҳазина ба андозаи хазина кунед, то аз ниёз бираҳед»[9] (117у 119).
Тасреҳи Абӯҳилол ва Роғиб бар эронӣ будани ин зарбулмасал ва ҳамчунин панди тоҷи Анӯшервон ҷои ҳар гуна тардид ва шакро дар эронӣ будани ин мазмун бартараф мекунад ва бо ин қарина метавон фаҳмид, ки манзури Майдонӣ аз «ъомма» эрониёни кӯчаву бозор аст, ки фарҳангу адаби эрониро ба ашколи мухталиф, аз ҷумла ба шакли шифоҳӣ ва ғайримактуб ба адаби ъарабӣ мунтақил кардаанд.[10]
- Абдулҳусейни Зарринкӯб
- Мӯр ҳамон беҳ, ки набошад параш
Зарринкӯб (1384: 215) байти зер аз «Гулистон»-и Саъдиро, ки «Он нашунидӣ, ки ҳакиме чи гуфт?/ Мӯр ҳамон беҳ, ки набошад параш»[11] бо ин зарбулмасали ъарабӣ муқоиса кардааст: «اذا اراد ا… اهلاک النمله انبت لها جناحین». (Майдонӣ, 2003: 77).
Саъолибӣ дар «Алмуҳозира вал-тамсил» абёте оварда, ки дар онҳо шоъир ошкоро зарбулмасали «اذا جاء أجل البعیر حام حول البئر»-ро эронӣ донистааст. Роғиби Исфаҳонӣ (1420: 2 /763) байти зерро тарҷумаи ашъори форсӣ донистааст:
«و إذا استوت للنمل أجنحهً/ حتی یطیر فقد دنا عطبه»
Тарҷума: Ҳаргоҳ барои мӯр боле фароҳам ояд, ки парвоз кунад, замони маргаш фаро расидааст.
Ҳарчанд сухани Роғиб аз ҳар ҷиҳат итминонбахш аст, назари Майдонӣ (2003: 1 /105), ки зарбулмасали «إذا أراد الله هلاک النمله أنبت لها جناحین»-ро аз амсоли муваллад (ғайри ъарабӣ ва тозаворид ба забони ъарабӣ) дониста, ҳар гуна тардидро дар эронӣ будани ин мазмун аз миён мебарад.
- Адаб омӯхтан аз беадабон
Зарринкӯб мафҳуми адаб омӯхтан дар «Гулистон»-и Саъдиро баргирифта аз «Наҳҷулбалоға» донистааст: Луқмонро гуфтанд адаб аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт аз беадабон, ҳарчи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз феъли он парҳез кардам. Назири: «کفاک ادبا لنفسک اجتناب ما تکرهه من غیرک». (Наҳҷулбалоға) Айзан…: Ки дониш низ аз нодонон бибояд омӯхт, аз баҳри он ки ҳаргоҳ ба чашми дил дар нодон нигарӣ ва басорати ъақл бар вай гуморӣ, ончи туро аз вай нописандида ояд, донӣ, ки набояд кард. (Зарринкӯб, 1384: 213).
Баростӣ, барои нивисандаи ин мақола душвор аст, ки эҳтимол диҳад Зарринкӯб аз ҳикматҳои эронӣ бехабар будааст; аммо ин ки чиро ба онҳо бетаваҷҷуҳ буда, суолест, ки посухи он душвор аст.
«انوشروان لبزرجمهر: من أدبک؟ قال قریحتی، نظرت إلی ما استحسنت من غیری فاستعملته و ما استقبحته اجتنبته و لقد تفقدت من کل شیء محاسنه، فأخذت من الخنزیر قناعته، و من الکلب محافظته، و من القرد مساعدته، و من الحمار صبره، و من الغراب بکوره، و من السنور لطافه المسأله عند الخوان» (Қуртубӣ, Бито: 2 /200).
Анӯшервон ба Бузургмеҳр гуфт: Чи касе туро тарбият кард? Гуфт: Истеъдодам, ҳар чиро аз дигарон писандидам, ба кор бастам ва ҳар чиро зишт ёфтам, аз он дӯрӣ кардам, аз ҳар чиз хубиҳояшро ҷустуҷӯ кардам: аз хук қаноъат, аз саг муҳофизат, аз маймун ёрӣ, аз улоғ сабр, аз калоғ саҳархезӣ, аз гурба нармиш ва латофат дар муқобили суфра (Ибни Қутайба, Бито, 2 /139; Нк. Сабзиёнпур, 1388: Алиф/103).
- Хазоилӣ ва «Бӯстон»
- Оби истода ва гандидан
Хазоилӣ (1363: 307) дар шарҳи ин байт аз «Бӯстон»: «Зи неъмат ниҳодан буландӣ маҷӯй/, Ки нохуш кунад оби истода бӯӣ», онро назири ин ду байти ъарабӣ донистааст:
«لقد هُنتُ من طُول المقام و مَن یُقم/ طویلاً یهُن منَ بَعد ما کانَ مُکرَما»
«طولُ جمام الماء فی مُستَقَرّه/ یُغَیّرُهُ لَوناً و ریحاً و مَطعَما».[12]
Аммо Саъолибӣ (2003: 162) ин зарбулмасалро эронӣ донистааст:
«المرء المقیم بمکانٍ واحدٍ، کالماء الزّلال، إذا طالت به الأیام أسن».[13]
Тарҷума: Инсони мондагор дар як макон монанди оби зулол аст, агар замон бар ӯ бигзарад, бадбӯ мешавад.
- Марг, дарди бедармон
Хазоилӣ (1363: 349 ва 124) дар шарҳи ин байт аз «Бӯстон»: Асал хуш кунад зиндагонро мизоҷ/ Вале дарди мурдан надорад ъилоҷ, нивиштааст: «Мутанаббӣ гӯяд: «وَاعیا دَواءُ المَوت کُلَّ طَبیب» (Мутанаббӣ, 1407: 1 /175)». Аммо бо нигоҳе ба манобеъи ъарабӣ, баосонӣ метавон ба собиқаи ин мазмун дар адабу фарҳанги эрониён пай бурд. Абшиҳӣ (1421: 2 /501) ва Замахшарӣ (1412: 5 /137) аз шахсе ба номи Ъамр ибни Маймун нақл кардаанд:
Шаҳреро дар Форс фатҳ кардем, ба ғоре ворид шудем, ки дар он тахте аз тило буд, марде рӯи тахт нишаста ва болои сараш ин нивишта буд:
«أنا بهرام ملک فارس، کنت أغناهم بطشا، و أقساهم قلباً، و أطولهم أملا، و أحرصهم علی الدنیا، قد ملکت البلاد، و قتلت الملوک، و هزمت الجیوش و أذللت الجبابره و جمعت من الأموال ما لم یجمعه أحد قبلی، و لم أستطع أن أفتدی به من الموت إذ نزل بی».
Тарҷумаи бахши ъарабии ин нақли қавл ба ин шарҳ аст: Ман Баҳром, шоҳи Эрон, ҳастам. Ман ғанитарин, хашинтарин, орзумандтарин ва ҳаристарини шоҳон дар дунё будам. Ҳоким бар кишвар шудам, подшоҳонро куштам, сипоҳиёнро шикаст додам, бузургонро залил кардам ва амволе ба даст овардам, ки ҳеҷ кас ба даст наёвурда буд. Вале ҳангоме ки марг ба ман наздик шуд, натавонистам онро бо молу сарват бихарам.
Ин сухан аз Ибни Қутайба (Бито: 1/395) таъйидест барои суханони ёдшуда аз Абшиҳӣ ва Замахшарӣ:
«سئل أنوشروان: ما الذی لاتعلم له، و ما الذی لاتغیر له، و ما الذی لا مدفع له، و ما الذی لا حیله له؟ فقال: تعلم العقل، و تغیر العنصر، و دفع القدر، و حیله الموت».
Тарҷумаи сухани Ибни Қутайба ба ин шарҳ аст: Аз Анӯшервон пурсида шуд: Он чист, ки ёд гирифтанӣ нест? Чист, ки тағйир намекунад? Чист, ки монеъе дар муқобили он нест? Чист, ки гурезе аз он нест? Гуфт: Ёдгирии ъақл, тағйири моҳият, дафъи қазову қадар ва гурез аз марг.
Муставфӣ (1339: 111) мазмуни болоро чунин нақл кардааст:
Бар гӯри Баҳром писари Шопур нивиштае ҳикматомез ва адабӣ мушоҳида шуд, ки аз чӯби обнӯс фароҳам шуда буд: Мо донистем, ки бад-ин ҷойгоҳ сар биниҳем ва меҳри ҳеҷ меҳрубон моро суд накунад ва кини ҳеҷ бадгумон моро пеш аз ваъда инҷо нафиристад, ҳаззи худ аз ҷаҳон бардоштем ва ҷаҳон ба дигарон бигзоштем.[14]
Деҳхудо (1353: 150-157) зайли «Аз марг худ чора нест» бидуни ишора ба пешинаи эронии ин мазмун беш аз дивист ъиборати ъарабӣ ва форсӣ овардааст. Дар «Ниҳоят-ал-араб» (ба нақл аз Тафаззулӣ, 1375: 212) низ аз панде ҳакимона бар дахмаи фарде эронӣ бо ҳамин мазмун сухан рафтааст.
- Хазоилӣ ва «Гулистон»
- Сабр ва натиҷаи ширини он
Хазоилӣ (1368: 272) дар шарҳи ин байт аз «Гулистон»-и Саъдӣ: Маншин туруш аз гардиши айём, ки сабр / Талх аст, валикин бари ширин дорад», ба ин байти ъарабӣ истинод кардааст:
«الصبر مثل اسمه فی کل نائبه/ لکن عواقبه احلی من العسل»
Дар ҳоле ки Роғиби Исфаҳонӣ (1420: 1 /525) аз Анӯшервон нақл кардааст: «الصَّبر کَاسمه و عَاقَبتُهُ العَسَلُ». Мовардӣ низ (1407: 251) аз Ибни Муқаффаъ нақл кардааст, ки дар қасри Ардашер нивишта шуда буд: «الصبَّرُ مفتَاحُ الدَّرَک» (Сабр калиди даст ёфтан аст).
Ба яқин агар Хазоилӣ ъиборати ёдшуда аз Анӯшервонро дида буд, байти Саъдиро бо ашъори ъарабӣ муқоиса намекард. Зеро дар шарҳи «Бӯстон» ва «Гулистон» дар чанд маврид ба суханони ҳакимони эронии қабл аз ислом ишора кардааст (барои намуна нк. Хазоилӣ, 1363: 117 ва 155 ва 1368: 249 ва 671).
- Шонс муҳимтар аз талош
Хазоилӣ (1363: 285) дар шарҳи ин байт аз «Бӯстон»: Аз ин булъаҷабтар ҳадисе шунав/, Ки бе бахт кӯшиш наярзад ду ҷав, шоҳиде аз Мутанаббӣ овардааст:
«وَ ما ینَصرُ الفَضل المُبینُ علَی العدا/ إذا لَم یَکُن فَضلَ السَعید المُوَفَّق» (Алмутанаббӣ, 1407: 3 /59)
Дар ҳоле ки дар манобеъи ъарабӣ аз суханони мансуб ба эрониён аст: «التَّوفیقُ خَیرُ قائدٍ» (Тавфиқ беҳтарин роҳнамост) (Ибни Қутайба, Бито: 3 /29, Исфаҳонӣ, 1972: 2 /455; ҳамчунин нк. Домодӣ, 1379: 222).
- Ғуломҳусейни Юсуфӣ ва «Қобуснома»
- Аз ту ҳаракат
«Ҳакимон гуфтаанд: Кӯшо бошед, то ободон бошед» ва низ «Бибояд чамид, ар бихоҳӣ чарид».[15] (Унсуралмаъолӣ, 1366: 104 ва 102). Юсуфӣ дар «Таълиқ» бар ин ҷумла нивиштааст: «Ёдовари калимоте аз ин қабил аст: «الحرکه برکه».[16] (Ҳамон, 339). Ҷоҳиз дар китоби «Алмаҳосин в-ал аздод» ҷумлаи форсии «Ҳар ки равад, чарад ва ҳар ки хусбад, хоб бинад»-ро аз тавқеъоти Анӯшервон дониста ва муъодили онро ба шакли «من سعی رعی و من لزم المنام رأی الاحلام» нақл кардааст (141). Диққати назари Майдонӣ (2003: 2 /341) аз инҷо маълум мешавад, ки масали болоро аз амсоли муваллад донистааст.
Аз рӯи инсоф, кудом ҷумла муносибтар аст? Оё дар адаби ъарабӣ манбаъе асилтар ва устувортар аз Ҷоҳиз вуҷуд дорад, ки ъайни ҷумлаи форсиро аз тавқеъоти Анӯшервон нақл кардааст? Оё феъли «чаридан» дар ҳар ду ҷумла қобили тааммул нест. Оё баростӣ метавон эҳтимол дод, ки Юсуфӣ ин ҷумлаи манқул аз Анӯшервонро дар манобеъи ъарабӣ дида ва ба ҷои он «الحرکه برکه»-ро тарҷеҳ додааст?[17]
- Омӯхтан аз рӯзгор
Юсуфӣ (1366: 300) дар шарҳу таълиқи ин ҷумла аз «Қобуснома»: «Ҳар касеро, ки рӯзгор ӯро доно накунад, ҳеҷ доноро дар омӯзиши ӯ ранҷ набояд бурдан, ки ранҷи ӯ зойеъ бувад» чунин нивиштааст: «نظیر نعم المؤدب الدهر» (Маҷмаъ-ал-амсол). Дар пандҳои эрониён мебинем: «الدهر أفصح المؤدبین» (Рӯзгор беҳтарин мураббӣ аст) (Ибни Мускӯя, Бито: 78)».
Аз пандҳои эрониён:
«بحسبک مثقفا لعقلک و مهذبا لرأیک وهادیا الی مراشدک ما تراه فی غیرک من سیره حسنه یغبط بها و قبیح یذم علیه. فمن فهم عن الایام أورث زیاده، و سطع نور عمله، و لم یفتقر الی غیر نفسه». (Ибни Мускӯя, Бито: 79).
Тарҷумаи ин ъиборати ъарабӣ ба ин шарҳ аст: Барои рӯшании ъақл ва андешаи дуруст ва роҳёбӣ ба аҳдофи дурустат кофист, ки дар вуҷуди дигарон рафторҳои хуберо бибинӣ, ки мардум орзуи онро доранд ва низ корҳои баде, ки мавриди сарзаниш қарор мегиранд. Ҳар кас аз рӯзгор ёд бигирад, мӯҷиби камоли ӯ мешавад, нури донишаш зиёд мешавад ва ба касе ҷуз худаш муҳтоҷ намешавад.[18]
- Юсуфӣ ва «Гулистон»
- Панд гирифтан, на панд шудан
«Некбахтон ба ҳикоят ва амсоли пешиниён панд гиранд:[19] Наравад мурғ сӯи дона фароз/ Чу бибинад дигарӣ мурғ ба банд, Панд гир аз масоиби дигарон/ То нагиранд дигарон ба ту панд».[20] (Юсуфӣ, 1381: 594-595). Юсуфӣ (1381: 550) аз «Муҳозирот»-и Роғиб ба нақл аз Маҳфуз овардааст: «من لم یتعظ وعظ الله به غیره». Кофист ба пандҳои эронӣ назаре бияфиканем, то ошкор шавад «ончи худ дошт, зи бегона таманно мекард»:
«فما الادب النافع؟ قال (انوشروان): أن تتعظ بغیرک و لا یتعظ غیرک بک» (Ибни Мускӯя, Бито: 52). Тарҷумаи ъиборат: Адаби муфид чист? Гуфт: Ин ки аз дигаре панд бигирӣ ва дигарон аз ту панд нагиранд.
«Чиро мардумон аз коре пушаймонӣ хӯранд, ки аз он кор дигаре пушаймонӣ хӯрда бошад». (Унсуралмаъолӣ, 1366: 51).
- Саломат дар танҳоӣ
Юсуфӣ (1381: 325) ин ъиборати ъарабии «Гулистон»: «السلامه فی الوحده»-ро ба нақл аз «Кашф-ал-маҳҷуб» ба Увайси Қаранӣ нисбат додааст. Ӯ ҳамчунин дар шарҳи «Қобуснома» ин ҷумлаи ъарабиро ба «Маҷмаъ-ал-амсол»-и Майдонӣ ирҷоъ дода ва бо назоире аз ашъори Носири Хусрав ва Мавлавӣ муқоиса кардааст (Юсуфӣ, 1366: 307 ва 374); Ҳол он ки дар манобеъи ъарабӣ аз пандҳои Ҳушанг баршумурда шудааст: «والسلامه فی العزله».[21] (Ибни Мускӯя, Бито: 7).
- Юсуфӣ ва «Бӯстон»
- Тааммул дар ъуқубат
Чу хашм оядат бар гуноҳи касе / Тааммул кунаш дар ъуқубат басе.
Ки саҳл аст лаъли Бадахшон шикаст / Шикаста нашояд дигарбора баст (Бӯстон, 46)
Юсуфӣ (1368: 232) дар шарҳи мазмуни боло байт ъарабии зерро аз Маҳфуз нақл кардааст:
«ان القلوب اذا تنافر ودها/ مثل الزجاجه کسرها لا یجبر»
Дар ҳоле ки дар пандҳои эрониён чунин омадааст:
«بهرام: و سُرعَه العقوبه من أفعال العامه». (Қайравонӣ, 1372: 2 /577). Тарҷума: Шитоб дар муҷозот аз шеваҳои кории авомуннос аст.
«علی الملک أن یعمل بثلاث خصال: تأخیر العقوبه عند سلطان الغضب». (Ибни Мускӯя, Бито: 13).
Тарҷума: Доштани се сифат бар шоҳ воҷиб аст: ъақаб андохтани муҷозот дар замони ҳокимияти хашм…
Чунонки мулоҳиза мешавад, Саъдӣ дар байти дувум ҷуброни ъуқубатро ба пайванди пораҳои лаъли шикаста ташбеҳ карда, ки ҳаргиз ба шакли аввал барнамегардад. Аммо шоъири ъараб дилгирӣ ва нафрати одамиёнро аз якдигар ба шишае шикаста ташбеҳ карда, ки тармими он имконпазир нест. Бино бар ин, мавзӯъи байти Саъдӣ ва шоъири ъараб яке нест, вале мушбеҳ (таҳбеҳшаванда) ба он ду якест.
Дар ҳикматҳои мансуб ба Бузургмеҳр ҷудоӣ байни дӯстони бадкор ба зарфи сафолин ташбеҳ шуда, ки пас аз шикастан тармимпазир нест. Агар қарор бар пайдо кардани шабоҳат бошад, бояд гуфт бар асоси тақаддуми торихӣ, шоъири ъараб мазмун ва ъунсури ташбеҳсози худро аз суханони Бузургмеҳр баргирифтааст.
«والموده بین الصالحین بطیء انقطائها سریع اتصالها و مثل ذلک مثل کوز الذهب الذی هو بطیء الانکسار سریع الاعاده و الاصلاح ان أصابه ثلم أو وهن و الموده بین الأشرار سریع انقطاعها بطیء اتصالها کالاناء من الفخار یکسره أدنی شیء ثم لا وصل له أبدا» (Ибни Муқаффаъ, 1416: 213 ва 1407: 54; Ибни Мускӯя, Бито: 36 мансуб ба Бузургмеҳр.[22])
Тарҷумаи сухани мансуб ба Бузургмеҳр: Ҷудоӣ байни дӯстони солеҳ бисёр дер иттифоқ меуфтад; вале пайванди онҳо басуръат сурат мегирад; монанди кӯзае аз ҷинси тило, ки басахтӣ мешиканад ва тармими он дар сурате ки дучори сӯрох ва ё нақсе гардад, бароҳатӣ сурат мегирад. Ҷудоӣ байни дӯстони шарир басуръат сурат мегирад ва басахтӣ пайванд меёбад; мисли зарфи сафолин, ки камтарин чизе онро мешиканад ва ҳаргиз пайванд намеёбад.
- Талош ва расидан ба ҳадаф
Юсуфӣ (1368: 307) дар шарҳи байти зер аз «Бӯстон»:
Таваққуъ мадор, эй писар гар касӣ / Ки бе саъй ҳаргиз ба манзил расӣ.
мазмуни ин байти Бустиро мушоҳида кардааст:
«علیکَ بالجدّ إنّی لم أجد أحداً/ حَوی نصیبَ العُلا من غیر ما نَصَب» (Бустӣ, 1980: 220)
Маҳфуз (1336: 197) барои нишон додани таъсирпазирии Саъдӣ аз адаби ъарабӣ байти боло аз Бустиро маншаъи илҳоми Саъдӣ дар ин байт донистааст:
Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад / Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.
Ин мазмун дар суханони Анӯшервон дида мешавад: «انوشروان: ثمره التوانی الفاقه و الضر» (Ибни Мускӯя, Бито, 54). Тарҷума: Натиҷаи танбалӣ фақр ва зиён аст. Аз пандҳои мактуб бар ъасои Сосон низ метавон ба ин маврид ишора кард: «و ما اشتار العسل من اختار الکسل ([23]) و لا ملأ الراحه من استوطأ الراحه» (Обӣ, 1987: 5 /324). Тарҷума: Касе, ки танбалиро баргузинад, ъасал бардошт намекунад ва касе, ки роҳатиро биталабад, ба роҳатӣ намерасад.
- Ҳусейнъалии Маҳфуз
- Некӣ ба фурӯмоя
Шамшери нек аз оҳан бад чун кунад касе? / Нокас ба тарбият нишавад, эй ҳаким, кас.
Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест / Дар боғ лола рӯяду дар шӯразор хас. (“Гулистон”, 1368: 65)
Маҳфуз (1336: 264) ин мазмуни Саъдиро баргирифта аз шеъри Мутанаббӣ донистааст:
«إذا أنتَ اکرَمتَ الکَریمَ مَلکَتهُ/ وَإن انتَ اکرَمتَ اللَئیمَ تَمَردَّا» (Мутанаббӣ, 1407: 1 /307)
Тарҷума: Агар озодаро эҳтиром гузорӣ, молики ӯ мешавӣ ва агар ба фурӯмоя икром кунӣ, ъосӣ мешавад. Аммо Бузургмеҳр қарнҳо пеш аз Мутанаббӣ гуфтааст:
«المصطنع إلی اللئیم طوق الخنزیر تبراً، وقرط الکلب دراً، و ألبس الحمار و شیاً؛ و ألقم الحیه شهداً» (Роғиби Исфаҳонӣ, 1420: 1 /685).
Тарҷума: Касе, ки ба фурӯмоя кумак мекунад, монанди касест, ки гарданбанди тило ба гардани хук, гӯшвораи мурворид ба гӯши саг бияндозад; либоси фохир ба тани улоғ кунад ва ъасал ба даҳони мор гузорад.
- Нишонаи марг[24]
Маҳфуз (1336: 107) барои нишон додани иқтибоси Саъдӣ аз адаби ъарабӣ ин гуна шоҳид овардааст:
Кабутаре, ки дигар ошён нахоҳад дид, / Қазо ҳамебарадаш то ба сӯи донаи дом. (Саъдӣ)
«اذا ما حمام المرأ کان ببلده/ دعته الیها حاجه فیطیر» (Равз-ал-ахбор)
Cаъолибӣ (2003: 203) дар абёте, ки аз шоъире гумном нақл кардааст, мегӯяд:
اشَارَت الفُرسُ فی اجنَادهَا مثلاً/ وَ للاعَاجم فی ایَامها مُثُل
قالوا: إذَا جَمَلُ حَانَت مَنیَّتُهُ/ اطَافَ بالبیر حَتَّی یَهلکَ الجَمَلُ
Тарҷума: Эрониён дар миёни лашкариён худ зарбулмасалҳое доранд, ки дар рӯзгори худ роиҷ будааст. Гуфтаанд: Ҳангоме ки марги шутур фаро мерасад, дар атрофи чоҳ мегардад.[25]
- Сайидмуҳаммади Домодӣ
Сайидмуҳаммади Домодӣ дар китоби «Мазомини муштарак дар адаби форсӣ ва ъарабӣ» ба ҳазор мадхали муштарак дар адаби форсӣ ва ъарабӣ ишора кардааст. Дар ин китоб ҷои посух барои ду суол холист: Оё забону фарҳанги форсӣ дар ъарабӣ таъсир дошта ё баръакс ва ё ҳарду? Оё метавон маншаъи қадимтари як мазмунро дар ин ду фарҳанг пайдо кард? Инҳо суолҳоест, ки дар ин китоб хонанда посухе барои онҳо намеёбад. Аз эродҳои асосии китоб илқои нохостаи ин матлаб аст, ки забону адабиёти форсӣ вомдору дарюзагари забону фарҳанги ъарабӣ аст; равише, ки мутаассифона дар китобҳои форсии мо роиҷ аст. Мо бо овардани ду намуна нишон медиҳем, ки нуфузи фарҳанги бостонии Эрон дар адаби ъарабӣ аз масоили бисёр қобили тааммул аст ва дар китобе бо ҳазор мадхали форсӣ ва ъарабӣ ҷо дорад дасти кам ба хостгоҳи он даста аз амсолу ҳиками эроние ишора кунем, ки манобеъи ъарабӣ онҳоро эронӣ донистаанд. Дар ин китоб ашъор ва абёте ба чашм мехӯрад, ки эронӣ аст; вале муаллиф бо ҳамаи ишрофе, ки бар мутуни форсӣ ва ъарабӣ дорад, ба онҳо ишора накардааст. Аз ҷумла:
- Хок аз сари тали буланд бар сар кардан
«إذا کنت لابد مستتربا/ فمن أعظم التل فاستترب» (Домодӣ, 1379: 186ш 309)
Муаллиф бидуни зикри манбаъ барои ин байти ъарабӣ, «Об аз ям ҷӯ, маҷӯ аз хушк ҷуй»-ро барои он ба ъунвони мазмуни муштарак овардааст. Мазмуни «хок аз сари тали буланд бар сар кардан» мазмуни эронии асил аст; зеро Саъолибӣ байти зерро, – ки аз тарҷумаҳои ашъори форсӣ аст, – аз шоъире ба номи Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Язид нақл кардааст:
«إذا وضعتَ علی الرأس التُّراب/ فضَع من أعظَم التَّل إن التلَّ فیه نفع» (нк. Саъолибӣ, 1403: 4 /100; Муҳиббӣ, 1968: 3 /231)
- Ъоқибати ситам
«الملک یبقی مع الکفر و لایبقی مع الظلم.» از رعیت شهی که مایه ربود/ بن دیوار کند و بام اندود» (Домодӣ, 1379: 92 ш 150)
Ин таъбир, ки ситами шоҳ монанди буни хона кандан ва андӯд кардани бом аст, аз Анӯшервон нақл шуда:
«مثل الذی یعمر خزائنه بأموال رعیته کمثل من یطین سطح بیته بالتراب الذی یقتلعه من أساسه». (Саъолибӣ, Бито: 57).
Тарҷума: Подшоҳе, ки хизонаашро бо моли мардум обод мекунад, монанди касест, ки боми хонаашро бо гиле андӯд мекунад, ки онро аз реша вайрон мекунад. (нк. Дабошӣ, 1370: 94; Раҷабзода, 1372: 192).
Дар «Гулистон» низ омадааст:
Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,
Пойи девори мулки хеш биканд. (Хазоилӣ, 1368: 71; Нк. Сабзиёнпур: 1389 алиф: 68-78)
- Шафеъии Кадканӣ
- Ончи барои худ меписандӣ…
Ӯ накӯӣ карду ту бад мекунӣ / Бо касон он кун, ки бо худ мекунӣ.
Шафеъии Кадканӣ (1383: 384) дар шарҳи байти боло ривояти «لا یؤمن أحدکم حتی یحب لأخیه ما یحب لنفسه» (Шарти имони мард он аст, ки ончи барои худ мехоҳад, аз барои бародари хеш низ бихоҳад)-ро овардааст. Хуб буд агар ӯ ба пешинаи ин мазмун дар Эрони Бостон ишора мекард. Дар пандҳои Озарбод омадааст:
«Дар ъаҳдномаи яке аз подшоҳони эронӣ ба фарзандаш омадааст: «ولا ترضین للناس الا ما ترضاه لنفسک». (Ибни Мускӯя, Бито: 64). Тарҷума: Барои мардум ҷуз ончи барои худат мехоҳӣ, махоҳ.
Қубод низ дар васиятномааш ба Кисро нивиштааст: «فاکره للرعیه ما تکره لنفسک». (Ибни Тиқтақӣ, 1894: 91). Тарҷума: Ончи барои худат намеписандӣ, барои мардум маписанд.
«Ончи бар худ нек надонӣ, ба дигарон нек машумор». (Озарбод, 1379: 77; Диншоҳ, 1361: 98).
Маҳфуз (1336: 130) се байти зер аз мавоъизи Саъдиро баргирифта аз ривояти «احب للناس ما تحب لنفسک» медонад:
Ҳарчи бар нафси хеш напсандӣ / Низ бар нафси дигаре маписанд,
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ / Бо кас макун, эй бародари ман.
Чист, донӣ, сари диндорию донишмандӣ / Он раво дор, ки гар бар ту равад, бипсандӣ
Муҳаққиқ (1340: 47 ва 46) низ бар он аст, ки ду байти зер аз Носири Хусрав баргирифта аз ривояти «احب للناس ما تحب لنفسک» аст:
Он деҳу он гӯй моро, к-ат писанд ояд ба дил / Гар бибояд з-он-т хӯрду гар бибояд-т он шунид.
Чунки биҷӯӣ ҳаме озори ман / Гар написандӣ зи ман озори хеш.
Дар «Шоҳнома» низ омадааст:
Ҳар он чиз к-онат наёяд писанд / Тани дӯсту душман бад-он дармабанд.
Хазоилӣ низ (1368: 109) ин мазмунро дар «Бӯстон» бо ъиборате аз «Наҳҷулбалоға» муқоиса кардааст.[26]
- Гуҳар аз ҳалқи хук овехтан[27]
Бас ки мо дар деги рӯған рехтем / Бас гуҳар, к-аз ҳалқи хук овехтем.
Шафеъии Кадканӣ (1383: 429) дар шарҳи байти боло «гуҳар аз ҳалқи хук овехтан»-ро аз кинояҳои мансуб ба ҳазрати Масеҳ донистааст:[28] «لا تطرحوا الدر تحت أرجل الخنازیر» (муқоиса кунед бо Муҳаққиқ, 1363: 39). Ин киноя дар калимоти ҳакимонаи Бузургмеҳр дида мешавад: «Бузургмеҳр гуфтааст: «المصطنع إلی اللئیم طوق الخنزیر تبراً، و قرط الکلب دراً، و ألبس الحمار و شیاً؛ و ألقم الحیه شهداً» (Роғиби Исфаҳонӣ, 1420: 1 /685; Обӣ, 1990: 7 /66). Тарҷума: Касе, ки ба фурӯмоя некӣ мекунад, гарданбанди тило ба гардани хук ва гӯшвораи мурворид ба гӯши саг андохта, либоси гаронбаҳо ба тани улоғ карда ва ъасал ба даҳони мор гузоштааст.
Дар қасоиди Носири Хусрав низ омадааст:
Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам / Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.
Муҳаққиқ (1369: 176) ин кинояро фақат бо як масали инглисӣ муқоиса мекунад: «To throw pearls before swine». Ӯ дар шарҳи понздаҳ қасида аз Носири Хусрав дар бораи ин байт мегӯяд: «Ин ташбеҳ дар шеъри Абуъалӣ Ҳасан ибни Муҳаммади Домғонӣ дида мешавад: «قالوا مدحت اناساً لا خلاق لهم/ مدحاً یناسب أنواع الأزاهیر/ فقلت لا تعذرونی إننی رجل/ أقلد الدر أعناق الخنازیر». (1340: 46). Муҳаққиқ (1363: 39) дар таҳлили ашъори Носири Хусрав ъиборати ёдшударо ба Ъисо нисбат медиҳад. Домодӣ (1379: 322) низ ъайни матолиби болоро дар шарҳи байти Носири Хусрав бидуни ирҷоъ ба Муҳаққиқ бе каму кост нақл кардааст.
Натиҷагирӣ
Ъодат ва равиши муҳаққиқони мо муқоисаи мазомини адаби форсӣ ва ъарабӣ аст ва натиҷаи ин пажӯҳишҳо вомдорӣ ва овехтагии адаби форсӣ ба адаби ъарабӣ аст; ҳол он ки мазомини ҳикамии эронӣ дар манобеъи ъарабӣ он қадр зиёдӣ аст, ки бо пажӯҳишҳои муфассал ва густарда метавон бисёре аз онҳоро, – ки дар лояҳои ситабри мутун ва манобеъи ъарабӣ мадфун шудаанд, – истихроҷ кард ва нишон дод, ки ба лиҳози тақаддуми торихӣ, агар иқтибосе сурат гирифта, – бар хилофи тасаввури ъумумӣ, – аз адабу фарҳанги эронӣ ва форсӣ ба адаби ъарабӣ сироят кардааст.
Пайнивиштҳо:
[1] Донишёри Донишгоҳи Розӣ.
[2] Дар ҳоле ки Ибни Тайфур (1908: 157) дар китоби «Бағдод» аз Абӯъамри Ъаттобӣ ёд мекунад, ки аз китобҳои форсӣ, ки дар китобхонаҳои Марву Нишопур буда, истинсох мекарда ва вақте аз ӯ пурсида мешавад, ки чиро ин кутубро менивисӣ, посух медиҳад: «هل المعانی الا فی لغه العجم و البلاغه، اللغه لنا و المعانی لهم» Маъонӣ ва балоғат ҷуз дар забони форсӣ нест, забон аз мост ва маъонӣ аз эшон аст». (ҳамчунин нк. Муҳаққиқ, 1366: 179).
[3] Ҳусейнъалии Маҳфуз, донишҷӯи ъироқӣ, дар соли 1336 аз поённомаи дуктурои адабиёти форсии худ бо номи «Мутанаббӣ ва Саъдӣ» дифоъ кард ва шавоҳиди қобили таваҷҷуҳе аз ахзу иқтибоси Саъдӣ аз Мутанаббӣ ироа кард. Ин поённома бо бозтобҳои мутафовите рӯбарӯ шуд ва бо ҳамин ном ба чоп расид.
[4] Давлатшоҳи Самарқандӣ (1338: 17) нивиштааст: «Иштибоҳ нест дар он ки фасоҳат ва балоғат ҳаққи аъроб аст ва аҳли ъаҷам дар ин қисм мутобеъи ъарабанд».
[5] Ин иддиъо бо сухани Соҳиб ибни Ъаббод таъйид мешавад, ки бо дидани китоби “Ъақдулфарид” гуфтааст: «هذه بضاعتنا ردت الینا». (Ёқути Ҳамавӣ, 1411: 1 /612).
[6] Саъдӣ мазмуни «мӯр ҳамон беҳ, ки набошад параш»-ро ба ҳакиме нисбат додааст, ҳол ин ки аз пандҳои эронӣ аст (нк. Сабзиёнпур, 1388б: 14-17). Шояд барои Саъдӣ аҳаммият надошта, ки соҳиби сухан кист ва ё ҳадду марзи фарҳанги эронӣ ва ъарабӣ чунон дар ҳам омехта шуда, ки зеҳни Саъдӣ ёрӣ намекардааст, ки соҳиби сухан чи касест (барои огоҳӣ аз намунаҳои мутаъаддид дар “Гулистон” нк. Сабзиёнпур, 1388 алиф: 90-124).
Ду намуна аз “Қобуснома”:
«Ҳакимеро пурсиданд, ки дӯст беҳтар ё бародар? Гуфт: Бародари ҳам дӯст беҳ». (Ъунсурулмаъолӣ, 1366: 139). Дар ҳоле ки ин ҳаким ҳамон Бузургмеҳр аст: «قیل لبُزرجمهر: مَن أحب إلیک: أخوک أم صدیقک؟ فقال: ما أحِبّ أخی إلا إذا کان لی صدیقاً». (Ибни Ъабдираббеҳ, 1999: 2 /50; Ибни Қутайба, Бито: 3 /9). Тарҷумаи сухани Бузургмеҳр: Ба Бузургмеҳр гуфта шуд: Чи касеро бештар дӯст медорӣ? Бародарат ва ё дӯстатро? Гуфт: Бародарамро дӯст надорам, магар ин ки дӯсти ман бошад.
«Чунон ки он пир гуфт: Чандин сол хира ғам хӯрдам, ки чун пир шудам, хубрӯён маро нахоҳанд; акнун, ки пир шудам, худ эшонро намехоҳам». (Ъунсурулмаъолӣ, 1366: 56). Ин пир ҳамон Анӯшервон аст: «قال أنوشروان: کنت أخاف إذا أنا شخت لا تریدی النساء، فاذا انا لا أریدهنّ». (Ибни Қутайба, Бито: 4 /50). Тарҷумаи сухани Анӯшервон: Метарсидам, ки дар замони пирӣ занон маро нахоҳанд; дар ҳоле ки (дар пирӣ) ман онҳоро намехоҳам.
Бесабаб нест, ки Ду Фушекур (1377: 20) мегӯяд: «Бадушворӣ метавон миёни як андарзи мансуб ба Афлотун ва як андарзи мансуб ба Анӯшервон ва ё Ъалӣ (ъ) фарқ ниҳод». Забеҳуллоҳи Сафо (1368: 383) изҳор мекунад:
Вақте аз адаби паҳлавӣ, ки андарзномаҳои он машҳур аст, ба адаби форсӣ бирасем, як бори дигар ба наҳви ҷадид аз кайфияти идомаи андешаҳо ва мавзӯъоти қадим дар осори форсии ъаҳди исломӣ бозмехӯрем, бо ин тафовут, ки дар адаби форсӣ ин мавзӯъи хос аз ҳудуди рисолаҳои кӯтоҳ бо дастурҳои мӯҷаз таҷовуз карда ва тавсеъаи вофире хоҳ ба назм ва хоҳ ба наср ҳосил намудааст.
[7] Барои огоҳӣ аз ин мазмун дар «Гулистон»-и Саъдӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва манобеъи Эрони қадими он нк. Сабзиёнпур, 1388 алиф: 104. Барои муқоисаи ин мазмун дар ашъори Носири Хусрав, Фахруддин Асъади Гургонӣ, Саноӣ, Пажмони Бахтиёрӣ ва ғайра бо адаби ъарабӣ нк. Муҳаққиқ, 1363: 88; Домодӣ, 1379: 13, 257, 546 ва 639; Зарринкӯб, 1384: 214.
[8] Деҳхудо (1352: 1 /449) ин абётро аз Муҳаммад ал-Умавӣ нақл карда; вале ба эронӣ будани он ишорае накардааст.
[9] Шафеъии Кадканӣ (1383: 305 ва 388) дар шарҳу тавзеҳи “Мантиқ-ут-тайр” ҳар ҷо лозим будааст, ба суханони ҳакимона ва соҳибони онҳо ишора кардааст. Ӯ дар шарҳи абёти зер аз Ъаттор:
Сар баровар аз гилемат, эй карим / Пас фурӯ кун пой бар қадри гилим.
Ту, кӣ бошӣ, то дар он кори ъазим / Як нафас берун кунӣ пой аз гилим.
маънои киноии «по аз гилеми худ дароз кардан»-ро тавзеҳ дода; вале ба хостгоҳи эронии он ишора накардааст.
Маҳфуз (1336: 152) ин байт аз «Бӯстон»-м Саъдиро:
Ба андозаи буд бояд намуд / Хиҷолат набурд он, ки нанмуду буд.
баргирифта аз зарбулмасали ъарабии «مد رجلک علی قدر الکساء» медонад.
Ирвонизода (1384: 59) бо зикри зарбулмасали «علی قدر بساطک…» ва шавоҳиде аз Ҳофиз, Ъаттор ва Носири Хусрав ва як зарбулмасали инглисӣ (Dont bite off more then you can chew) бидуни ишора ба маншаъи эронии ин мазмун, ин иштирокро дар ъиборатҳои боло аз навъи таворуд донистааст (барои огоҳӣ достоне бо ҳамин ъунвон дар рӯзгори Шоҳ Ъаббоси Сафавӣ нк. Анҷавӣ, 1352: 1 /35).
[10] Барои огоҳӣ аз беш аз бист мавриди дигар аз ин даст, дар шарҳу таҳлили Муҳаққиқ бар Носири Хусрав нк. Сабзиёнпур, 1389 б: 1 -20.
[11] Барои тафсили бештар ва баҳсе дар бораи тафовути ҳакиме бо Фалотун дар ин байти “Гулистон”, ки дар бархе нусхаҳо омадааст нк. Сабзиёнпур, 1388 б: 14-17.
[12] Хазоилӣ ба номи шоъир ишора накардааст. Ин ду байт аз Абулфатҳи Бустӣ аст (Бустӣ, 1980: 367). Гуфтанист, ки Абулфатҳи Бустӣ аз шоъирони дузабонаи аҳли Буст дар ҷануби Афғонистони кунунӣ аст, ки девоне ҳам ба забони форсӣ доштааст. Вожаҳои форсӣ дар шеъри ӯ бисёр аст ва яке аз ноқилони фарҳанги эронӣ ба ъарабӣ аст. (нк. Озарнуш, 1383: 95-99).
[13] Муҳаққиқ (1363: 41) дар шарҳи ин байти Носири Хусрав: Ҳамвора ҳамерав сипаси дониш азерок / Ганда бувад он об, ки истода бувад ҳож, ба сухани Саъолибӣ ва байти ъарабӣ ишора кардааст.
[14] Нуктаи муҳим ин аст, ки эътиқод ба ногузирӣ аз марг чизе нест, ки ба миллати хоссе ихтисос дошта бошад. Ончи муҳим аст, таъкид бар натиҷаи ахлоқии ин сухан аст, ки эрониён сахт ба он пойбанд будаанд. Дар дунёи нопойдор шоиста нест, ки одамӣ бо худхоҳӣ ва худмеҳварӣ ба дигарон ситам кунад ва дигаронро аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум намояд.
[15] Намунаҳое аз ин мазмун дар адаби форсӣ:
Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад / Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард. (Саъдӣ)
Сояи ҳақ бар сари банда бувад / Ъоқибат ҷӯянда ёбанда бувад (Мавлавӣ, 1382: 808)
Гарчи Яздон офаринад модару пистону шир / Кӯдаконро шири модар худ ҳамебояд макид. (Носири Хусрав)
Наёбад мурод он ки ҷӯянда нест / Ки ҷӯяндагӣ ъайни ёбандагист. (Хоҷу)
Боз, к-аз ошёни худ напарад / Бар шикоре куҷо зафар ёбад? (Ибни Ямин)
Барои огоҳии бештар нк. Деҳхудо, 1353: 114 зайли «аз ту ҳаракат»…
[16] Дар мутуни адаби ъарабӣ омадааст: «Ъиборати “алҳаракату барака” аз пандҳои мактуб бар ъасои Сосон будааст». (Обӣ, 1987: 5 /324; Замахшарӣ, 1412: 3 /399).
[17] Барои огоҳӣ аз ин мазмун дар адаби форсӣ ва ашъори Носири Хусрав нк. Деҳхудо, 1353: 1 /114-120 зайли “аз ту ҳаракат…”; Сабзиёнпур, 1387 б: 174; Муҳаққиқ 1363: 40.
[18] Барои огоҳии бештар аз дидгоҳи эрониёни бостон дар ин бора нк. Сабзиёнпур, 1387 алиф: 813-816; Марзбони Род, 2536: 178.
[19] Маҳфуз ин ъиборати Саъдиро мутаассир аз ин байти Мутанаббӣ донистааст: «….. و فی الماضی لمن بقی اعتبار». (1336: 265).
[20] Хатиби Раҳбар (1368: 595) ва Хазоилӣ (740) ҳеҷ тавзеҳе наёвардаанд.
[21] Деҳхудо (1353: 1 /252) бо нақл аз “Кашфулмаҳҷуб” аз Увайси Қаранӣ нақл кардааст.
[22] Ин намуна аз нишонаҳои эронӣ будани бисёре аз мазомини ҳиками “Калила ва Димна” ва “Адаб-ул-сағир” аст. Барои огоҳии бештар нк. Сабзиёнпур, 1387 алиф: 77-104.
[23] Деҳхудо (1353: 1 /1741) ин масалро бидуни ишора ба ъасои Сосон нақл кардааст.
[24] Барои иттилоъи бештар нк. Сабзиёнпур, 1388 алиф: 98 ва 1388б: 15.
[25] Барои огоҳӣ аз ашъори шоъирони ъараб, ки ба пандҳои эронӣ тасреҳ кардаанд, нк. Сабзиёнпур, 1389: алиф: 69-96.
[26] Барои огоҳӣ аз ин мазмун дар ашъори Муҳаммадтақии Баҳор нк. Сабзиёнпур, 1386: 88.
[27] Киноя аз кори беҳуда ва лағв (Мирзониё, 1378: 995).
[28] Оё баростӣ бар мо эрониён боиста нест, ки дар канори сухани Масеҳ суханони ҳакимони эрониро ҳам биёварем?
Феҳристи манобеъи таҳқиқ:
– Обӣ, Абусаъд Мансур бин ал-Ҳусейн (1987). Насруддур. Таҳқиқи Муҳаммад Иброҳими Ъабдурраҳмон ва Ъалимуҳаммадм ал-Баҷовӣ, Илоҳиа ал-Мисрийя ал-ъома ал-китоб.
– Озарбоди Меҳраспандон (1379). Раҳом Аша. Шаҳини Сироҷ. Муассисаи интишоротӣ- фарҳангии Фурӯҳар.
– Озарнуш, Озартош (1383). «Абулфатҳ ал-Бустӣ» дар «Доиратулмаъорифи бузурги исломӣ». ҷ4. С95-99.
– Абшиҳӣ, Шиҳобуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Абулфатҳ (1421). «Ал-мустатраф фӣ кулли фанни мустазраф». Муроҷеъа ва таълиқи Муҳаммади Саъид. Дорулфикр лил-табоъа вал-нашр вал-тавзеъ.
– Ибни Тиқтақӣ. Муҳаммад бин Ъалӣ бин Таботабо (1894). «الفخری فی آداب السلطانیه و الدول الاسلامیه. و قد ثنی بتصحیحه بعد العالم العلامهالغریفزولدی أهاوردت هرتویغ درنبرغ. شالون علی نهر سون. مطبع مرسو»
– Ибни Тайфур. (1908). «الجزء السادس من کتاب بغداد». Нусхаи ъаксӣ ба ҳиммати Ҳанс Клур. Суис.
– Ибни Ъабдираббеҳ, Шиҳобуддини Аҳмад (1999). «العقد الفرید. بیروت: دار و مکتبه الهلال للطباعه و النشر»
– Ибни Қутайба, Абӯмуҳаммади Ъабдуллоҳ ибни Муслим ал-Динаварӣ (Бито). Ъуюналахбор. Бейрут: Дорулкутуби Алъилмия.
– Ибни Мускӯя, Абуъалӣ Аҳмад бин Муҳаммад (Бито). Ал-ҳикмат ал-холида. Таҳқиқи Ъабдурраҳмони Бадавӣ, Бейрут. Доруландалус.
– Ибни Муқаффаъ. Ъабдуллоҳ (1407). «الأدب الصغیر و الأدب الکبیر. دار بیروت للطباعه و النشر»
– ____ (1416). Калила вал-димна. «دقق فیها و علق علیها و نسقها الشیخ الیاس خلیل زخریا. دار الأندلس للطباعه و النشر و التوزیع.»
– Исфаҳонӣ, Ҳамза (1972). Ал-дуррат ал-фохира. Таҳқиқи Ъабдулмаҷиди Қатомиш. Доролмъорф.
– Анҷавии Шерозӣ, Абулқосим (1352). Тамсилу масал. Теҳрон: АмирКабир.
– Эронӣ, Диншоҳ (1361). Ахлоқи Эрони Бостон. Ч5. Теҳрон: Фурӯҳар.
– Ирвонизода, Ъабдулғанӣ (1384). «Нигоҳе ҷадид ба амсолу ҳикам». Маҷаллаи ъилмию пажӯҳишии Анҷумани эронии забон ва адабиёти ъарабӣ. Ш2. Сс 47-75.
– Бустӣ, Абулфатҳ (1980). «الدکتور محمد مرسی الخولی. حیاته و شعره. دار الأندلس للطباعه و النشر و التوضیع.»
– Тафаззулӣ, Аҳмад (1375). Торихи адабиёти Эрон пеш аз ислом. Теҳрон: Маҳорат.
– Саъолибӣ, Абӯмансур (1403). «یتیمه الدهر فی محاسن أهل العصر. شرح و تحقیق الدکتور مفید محمد قمیحه. بیروت: دارالکتاب العلمیه».
– ____ (2003). التمثیل و المحاضره. تحقیق و شرح و فهرسه الدکتور قصی الحسین. بیروت: دار و مکتبه الهلال..
– ____ (Бито). Ал-эъҷоз в-ал-иҷоз. Бағдод: мактабати Дорулбаён.
– Ҷоҳиз, Абӯъусмон Ъамр бин Баҳр (1426). «المحاسن و الأضداد، قدم له و شرحه و وضع فهارسه صلاح الدین الحواری، بیروت: المکتبه العصریه»
– ____ (1983). الأمل و المأمول. تحقیق محمدرضا ششن. الطبعه الثانیه. دارالکتاب الجدید.
– Ҳарирӣ (1398 ҳ/1987м). Мақомот ал-Ҳарирӣ. Дору Бейрут лилтабоъа вал нашр.
– Хазоилӣ, Муҳаммад (1363). Шарҳи “Бӯстон”-и Саъдӣ. Ч5. Теҳрон: Ҷовидон.
– ____ (1368). Шарҳи “Гулистон”. Ч7. Теҳрон: Ҷовидон.
– Домодӣ, Сайид Муҳаммад (1379). Мазомини муштарак дар адаби форсӣ ва ъарабӣ. Ч2. Интишороти донишгоҳи Теҳрон.
– Дабошӣ, Ҳамид (1370). «Анӯшервон ва Бузарҷмеҳр дар “Гулистон”-и Саъдӣ». Маҷаллаи Эроншиносӣ. С3. Ш1. Сс 85-97.
– Ду Фушекур, Шорл Ҳонрӣ (1377). Ахлоқиёт. Мафоҳими ахлоқӣ дар адабиёти форсӣ аз садаи севум то садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ. Тарҷумаи Муҳаммадъалии Амир Муъиззӣ ва Ъабдулмуҳаммади Рӯҳбахшон. Теҳрон: Маркази нашри донишгоҳӣ.
– Давлатшоҳи Самарқандӣ (1338). «Тазкират-уш-шуъаро». Ба ҳиммати Муҳаммади Рамазонӣ. Теҳрон: Кулолаи Ховар.
– Деҳхудо, Ъалиакбар (1353). Амсолу ҳикам, ч3. Теҳрон. АмирКабир.
– Роғиби Исфаҳонӣ, Абилқосим Ҳусейн ибни Муҳаммад (1420). محاضرات الأدباء و محاورات الشعراء و البلغاء. حققه و ضبط نصوصه و علق حواشیه عمر الطباع. بیروت: شرکه دار الارقم.
– Раҷабзода, Ҳошим (1372). Бархе аз масалҳо ва таъбироти форсӣ. Теҳрон: Остони Қудс.
– Зарринкӯб, Ъабдулҳусейн (1384). На шарқӣ, на ғарбӣ, инсонӣ. Теҳрон: АмирКабир.
– Замахшарӣ, Абулқосим Маҳмуд бин Ъумар (1412а). ربیع الابرار و نصوص الاخبار. تحقیق عبدالامیر مهنا. بیروت: مؤسسه الاعلمیللمطبوعات.
– Сабзиёнпур, Ваҳид (1384). Бозшиносии манобеъи ҳикматҳои ъарабии китоби «Амсолу ҳиками Деҳхудо». Маҷаллаи Анҷумани эронии забону адабиёти ъарабӣ. Ш3. Сс 55-69.
– ____ (1386). Решаҳои эронии амсолу ҳиками ъарабӣ дар шеъри Баҳор. Номаи Фарҳангистон, давраи 9, ш1. Сс 74-96.
– ____ (1387алиф). Тааммуле дар андешаҳои бостонии Эрон ва таъсири он дар «Шоҳнома», адаби форсӣ ва адаби ъарабӣ. Дар маҷмӯъаи мақолоти ҳамоиши минтақаии Пайванди порсиён ва аъроб: Донишгоҳи озоди исломии Бобул. Сс 807-819.
– ____ (1387б). Мазомини шеъру адаби ъарабӣ дар девони Эраҷи Мирзо. Фаслномаи ъилмию пажӯҳишии Ковишнома. С9. Ш17. Сс 154-208.
– ____ (1388алиф). Таъсири пандҳои Анӯшервон ва Бузургмеҳр дар “Гулистон”-и Саъдӣ. Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва ъулуми инсонии Донишгоҳи тарбияти муъаллим. С17. Ш 64. Сс 91-124.
– ____ (1388б). Дар бораи байте аз “Гулистон”. Гузориши Мерос. Давраи 2. С3. Ш 34. Сс 14-17.
– ____ (1389алиф). Нақбе ба рӯшноӣ дар ҷустуҷӯи амсоли эронӣ дар назми ъарабӣ. Маҷаллаи ъилмию пажӯҳишии Донишкадаи адабиёт ва ъулуми инсонии Донишгоҳ Шаҳид Боҳунари Кирмон. Давраи ҷадид. С1. Ш2. Сс 69-96.
– ____ (1389б). Нақде бар шарҳу таҳлили Меҳдии Муҳаққиқ бар ашъори Носири Хусрав, дар панҷумин гирдиҳамоии Анҷумани тарвиҷи забон ва адаби форсӣ (нишасти байналамилалӣ) Донишгоҳи Язд. Сс 1-20.
– ____ (1384). Бозшиносии манобеъи ҳикматҳои ъарабии китоби «Амсолу ҳиками Деҳхудо». Маҷаллаи Анҷумани эронии забону адабиёти ъарабӣ. Ш 3. Сс 55-69.
– Сабзиёнпур, Ваҳид ва Насрини Ъазизӣ. (1389). Нигоҳе ба китоби «Мазомини муштарак дар адабиёти форсӣ, ъарабӣ». Китоби Моҳ. С3. Ш 36. Сс 68-78.
– Шафеъии Кадканӣ, Муҳаммадризо (1383). Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқот бар «Мантиқ-ут-тайр». Теҳрон: Сухан.
– Сафо, Забеҳуллоҳ (1368). «Андарз». Эроннома, с7. Ш3. Сс 383 -404.
– Ъаскарӣ. Абӯҳилол (Бито). Ҷамҳарат-ал-амсол. Таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим ва Ъабдулмаҷиди Қутомиш. Бейрут: Дорулҷил.
– Ъунсурулмаъолӣ, Кайковус ибни Искандар (1366). Қобуснома. Ба эҳтимоми Ғуломҳусейни Юсуфӣ. Ч3. Теҳрон: Ъилмию фарҳангӣ.
– Фурӯзонфар, Бадеъуззамон (1358). Аҳодис ва қисаси «Маснавӣ». Тарҷума ва танзими Ҳусейни Довудӣ. Теҳрон: АмирКабир.
– Қуртубӣ, ал-Имом Абӯюсуф ибни Ъабдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Ъабдулбир ан-Намарӣ. (Бито). بهجه المجالس و أنس المجالس و شحذ الذاهن و الهاجس. تحقیق محمد مرسی الخولی.
– Қайравонӣ, Абӯисҳоқ ибни Ъалӣ ал-Ҳусрӣ (1372). Заҳр-ал-одоб ва самар-ал-албоб. Муфассал ва мазбуту машрӯҳ ба қалами дуктур Закӣ Муборак. ал-Табъа-аc-сония. ал-Миср: Матбаъат ал-Саъода.
– Мовардӣ, Абулҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳабиб ал-Басрӣ. (1407 ҳ). Адаб-уд-дунё ва-д-дин. Бейрут: Дорулкутуб ал-ъилмия.
– Мутанаббӣ, Абуаттиб (1407). الدیوان، شرح العلامه اللغوی عبدالرحمن البرقوقی. شرکه دار الارقم بن ابی الارقم للطباعه و النشر.
– Муҳиббӣ, Муҳаммадамин ибни Фазлуллоҳ ибни Муҳибуддин ибни Муҳаммад (1968). نفحه الریحانه و رشحه طلاء الحانه. تحقیق عبدالفتاح محمد الحلو. دار احیاء الکتب العربیه.
– Маҳфуз, Ҳусейнъалӣ (1336). Мутанаббӣ ва Саъдӣ. Теҳрон: Чопхонаи Ҳайдарӣ.
– Муҳаққиқ, Меҳдӣ (1340). Дар ҷустуҷӯи мазомин ва таъбироти Носири Хусрав дар аҳодис ва амсолу ашъори ъараб. Маҷаллаи Донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон. С9. Ш1. Сс 33-93.
– ____ (1363). Таҳлили ашъори Носири Хусрав. Интишороти Донишгоҳи Теҳрон.
– ____ (1366). Мизони таъсири Саъдӣ аз Мутанаббӣ, дар Зикри ҷамили Саъдӣ (маҷмӯъаи мақолот ва ашъор ба муносибати бузургдошти ҳаштсадумин солгарди таваллуди Саъдӣ). Ҷ3. Вазорати иршоди исломӣ. Сс 177-184.
– ____ (1369). Шарҳи сӣ қасида аз Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Теҳрон: Тӯс.
– ____ (1388). Шарҳи бузурги девони Носири Хусрав. Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ.
– Марзбон Род, Ъалӣ (2536). Хусрави Анӯшервон дар адаби форсӣ. Интишороти Донишгоҳи миллии Эрон.
– Муставфӣ, Ҳамдуллоҳ (1339). Торихи гузида, ба эҳтимоми Ъабдулҳусейни Навоӣ. Теҳрон: АмирКабир.
– Майдонӣ. Абулфазл Аҳмад бин Муҳаммад ибни Аҳмад бин Иброҳим ал-Нишобурӣ. (2003). Маҷмаъ-ал-амсол. Таҳқиқ ва шарҳу фаҳрасаи Қусӣ ал-Ҳусейн. Бейрут: Дор ва мактаба ал-Ҳилол.
– Ватвот, Абӯисҳоқ Бурҳонуддин ал-катби-ал-маъруф би-л-Ватвот. (Бито). غررالخصائص الواضحه و النقائص الفاضحه. بیروت: دارالصعب.
– Ёқут ал-Ҳамавӣ (1411). Муъҷам-ал-удабо. Бейрут: Дор ал-кутуб ал-исломия.
– Юсуфӣ, Ғуломҳусейн (1366). Шарҳу таълиқ бар Қобусномаи Амир Ъунсурулмаъолии Кайковус ибни Искандар, ч3. Теҳрон: Ъилмию фарҳангӣ.
– ____ (1368). Тасҳеҳу тавзеҳи “Бӯстон”-и Саъдӣ. Ч3. Теҳрон: Хоразмӣ.
– ____ (1381). Тасҳеҳу тавзеҳи «Гулистон»-и Саъдӣ. Ч6. Теҳрон: Хоразмӣ.
_____________________________
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист