Аллома Қазвинӣ ва дурустнивисӣ

Аббос Салимии Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Аллома Қазвинӣ аз нахустин пижӯҳишгароне буд, ки дар пероиши матнҳои куҳан ва шиносондани зиндагӣ ва офаридаҳои сарояндагон ва нивисандагони қанди порсӣ, корашро бо равиши илмӣ оғоз кард. Қазвинӣ, ба сабаби омӯзишҳои суннатӣ ва ҳавзавӣ, насри охундӣ дошт. Бо ин ҳол, зиндаёд Иброҳими Пурдовуд, ки гироиши сарагароёна дошт, ҷилди нахусти мақолоти эшон (“Бист мақола”)-ро гирд овард, чиро ки қадри зар заргар шиносад.

Торихи ҳузури туркон дар Эрон

Шаҳрбароз: Ҳамон гуна, ки аз истилоҳи «понтурк» бармеояд, ин касон бо чашм пӯшидан аз воқеъиятҳои торихӣ ва пазируфтаи ҳамагонӣ, ҳама касро турк медонанд ва ҳамаи дастовардҳоро ба туркон нисбат медиҳанд. Барои онон пазируфтанӣ нест, ки туркон дар нуқтае хосс аз замон бар паҳнаи торих пайдо шуданд ва пеш аз он нақше надоштаанд ва ҳатто пас аз пайдоиш бар паҳнаи торих, ба далели шеваи зиндагии кӯчнишинӣ ва фарҳанги содаи хеш, то чандин сада танҳо дар бахши хоссе (ҷанбаи лашкарӣ ва низомӣ) нақш доштаанд ва танҳо пас аз ҳамнишинӣ бо дигар миллатҳо ва дар миёни мардумони якҷонишин ва дорои фарҳанги печидатар ва пешрафтатар (монанди эрониён, ҳиндиён ва чиниён) бо ҷанбаҳои пешрафтатари зиндагии иҷтимоъӣ ва фарҳанг монанди адабиёт ва фалсафа ва ҷуз он ошно шуданд ва бо улгӯгирӣ аз ин мардумон ва дар пеш гирифтани шеваи онон ва тағйири бархе чизҳо ба мазоқи худ, дорои фарҳанг шуданд.

Ҳувийятхоҳии эрониён: Шоҳномаи Абӯмансурӣ

Куруши Ҷаннатӣ: Пас аз тозиши тозиён ба сарзамини Эрон, зиндагии мардуми Эрон дастхуши дигаргуниҳои жарфе шуд. Аздоҳои фаровоне дар бораи ду садаи нахусти ҳиҷрӣ надорем. Ончи ҳаст, ҷанг буда ва шӯришҳои эътирозии гоҳбагоҳ ва дар фитодҳои (мавориде) дисагирии (шаклгирии) ҷунбишҳои эронгароёна барои рӯдаррӯӣ бо ситами фармонсолорони тоза.