Ҳувийятхоҳии эрониён: Шоҳномаи Абӯмансурӣ

Куруши Ҷаннатӣ: Пас аз тозиши тозиён ба сарзамини Эрон, зиндагии мардуми Эрон дастхуши дигаргуниҳои жарфе шуд. Аздоҳои фаровоне дар бораи ду садаи нахусти ҳиҷрӣ надорем. Ончи ҳаст, ҷанг буда ва шӯришҳои эътирозии гоҳбагоҳ ва дар фитодҳои (мавориде) дисагирии (шаклгирии) ҷунбишҳои эронгароёна барои рӯдаррӯӣ бо ситами фармонсолорони тоза.

 Аз садаи севум ба ин сӯ эрониён тавонистанд фармонсолориҳои (ҳукуматҳои) худоисто (мустақил) барпо созанд. Дар ин замон бахше аз эрониёни дин ва ойини тозаро пазируфта буданд; вале намехостанд ҳувийяти эронии худро фаромӯш кунанд; аз ҳамин рӯ кӯшиданд то дар сояи ин худоистоиҳои бадастомада аз ҳувийяти торихӣ, фарҳангӣ ва забонии худ падофанд (дифоъ) кунанд.

 Дар садаҳои севум ва чаҳорум дар ҳар ҷо, ки худоистоие диса мегирад, кинокҳои меҳандӯстона ва ҳувийятхоҳона рух менамояд. Яъқуби Саффорӣ дастур ба порсисароӣ медиҳад ва Мардовиҷ камар ба боззивондан (эҳё)-и ҷашнҳои эронӣ мебандад. Бо ин ҳама, муҳимтарин кинокҳои ҳувийятгароёна дар рӯзгори фармонсолории Сомониён анҷом пазируфт. Дар ин замон бо ҳамдилии подшоҳон ва пайгирии вазирон ва фармонравоёни эрондӯст, торихи Эрон ва достонҳои асотирии он гирдоварӣ ва ба забони порсии дарӣ нивишта шуд. Шинохташудатарин набиг дар ин замина “Шоҳномаи Абӯмансурӣ” аст. Ҷуз ин, дар ҳамин замон кори бузурги дигаре низ анҷом гирифт ва он тарзабониш (тарҷумаи) “Торихи Табарӣ” ва “Тафсири Табарӣ” буд то эрониёни мусулмон дин ва торихи дини ҷадидро низ бо забони порсӣ биёмӯзанд. Дар зер андаке бештар бо “Шоҳномаи Абӯмансурӣ” ошно мешавем.

 “Шоҳномаи Абӯмансурӣ”-и шоҳномаест ба наср, ки дар рӯзгори Сомониён ба дастур ва сармояи Абӯмансури Абдурразоқи Тӯсӣ, фармонравои Тӯс, ва ба дасти Абӯмансури Маъмарӣ, вазири ӯ, нивишта шуд. Ин шоҳнома яке аз муҳимтарин бунхонҳо (манобеъ)-и Фирдавсӣ дар саройиши шоҳнома будааст.

 Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурразоқ, дастур дод то торихи Эронро, ки баъд аз фурӯпошии Соcониён, дар ошуфтабозори гиру бандҳо дигар ба дисаи якҷо ва аспур дар дастрас набуд, аз бунхонҳои нивишторӣ ва гуфторӣ гирд оваранд. Ба ин шаванд (далел), ки дар даврони Соcониён, чунон торихеро “Худойномаг” меномиданд ва дар даврони исломӣ вожаи «худой» аз маънии шоҳ ба маънии парвардгори дигараш маъное ёфта буд, ин набигро «Шоҳнома» номиданд.

 Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и худ, аз “Шоҳномаи Абӯмансурӣ” чунин ёд мекунад:

 Яке нома буд аз гаҳи бостон,

 Фаровон бад-ӯ андарун достон.

 Пароганда дар дасти ҳар мӯбаде,

 Аз-ӯ баҳрае назди ҳар бихраде.

 Яке паҳлавон буд деҳқоннажод,

 Далеру бузургу хирадманду род.

 Пижӯҳандаи рӯзгори нахуст,

 Гузашта суханҳо ҳама бозҷуст.

 Зи ҳар кишваре мӯбади солх(в)ард,

 Биёвард, к-ин номаро гирд кард.

 Бипурсидашон аз киёни ҷаҳон,

 В-аз он номдорону фаррухмеҳон,

 Ки гетӣ ба оғоз чун доштанд,

 Ки эйдун ба мо хор бигзоштанд.

 Чи гуна саромад ба некахтарӣ,

 Бар эшон бар он рӯзи гундоварӣ.

 Бигуфтанд пешаш якояк меҳон,

 Суханҳои шоҳону гашти ҷаҳон,

 Чу бишнид аз эшон сипаҳбуд сухун,

 Яке номварнома афганд бун.

 Чунин ёдгоре шуд андар ҷаҳон,

 Бар ӯ офарин аз кеҳону меҳон.

 «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» аз миён рафтааст, аммо дебочаи он ки ҳудуди понздаҳ сафҳа мешавад, солҳо ба фарноми дебочае дар оғози нусхаҳои хаттии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оварда мешуда ва аз ҳамин раҳгузар барҷой мондааст.

***

 Барои огоҳии бештар дар бораи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» бингаред ба: «Шоҳномаи Абӯмансурӣ»-и Муҳаммади Деҳқонӣ.

——————————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*