Исфандиёри Одина: Чиро раҷазхонӣ дар ҷанг муҳим аст?
Исфандиёри Одина: Шояд бисёре аз Шумо мусобиқоти куштии каҷи амрикоиро тамошо карда, мумкин аст, аз шеваҳои зӯрозмоии паҳлавонони ғӯлпайкар дар он лаззат бурда бошед. Ман ҳам ба ин мусобиқот, ки таркибе аз саргармию варзиш аст, алоқа дорам. Бавижа ҳангоме, ки баъзе аз мавориди пирӯзии адолат бар зулмро дар он мебинам, аз фароянди расидан ба ин пирӯзӣ ҳаяҷонзада мешавам. Аз вижагиҳои умдаи ин мусобиқот он аст, ки паҳлавоне рӯи саҳна меравад ва бо гуфтани суханоне таҳрикомез ҳамтоёнашро ба набард мехонад. Ба ин навъ лаффозӣ ва каломи таҳрикомез дар забон ва адаби мо “раҷазхонӣ” мегӯянд.