Ҷовиди Ашконӣ: Яке аз бунпояҳои кистии (ҳувияти) бошандагони ҳар сарзамин номҳоест, ки аз ҳазораҳои торих бар ҷой монда ва дарбардорандаи нишони мардумони он сарзамин аст, ки ниёгони гузаштаи онон пай афкандаанд. Равшан аст, ки номи сарзаминҳо, шаҳрҳо ва ҷойномҳо барои ҳар пижӯҳанда калиде арзишманд аст; зеро ин номҳо бозгӯкунандаи зистбум ё сарзамин ва нишондиҳандаи забон, фарҳанг, маниш ва шеваҳои шаҳройинии онон аст. Бар ин бунёд, номи «Эроншаҳр» яке аз он калидвожаҳои барҷоймондаи торих аст, ки ному нишон ё шиносномаи худро дар сангнибиштаҳо, нибигҳо ва донгҳо (сиккаҳо) бозмегӯяд.
Вожаи «Эроншаҳр», (паҳлавӣ: Ērān-šahr), ба чими шаҳри Эрон (šahr ī ērēn), сарзамин ё кишвари Эрон аст ва вожаи «эроншаҳрӣ» ҳам ба чими бошандаи Эрон, мондагори Эрон, моништаи Эрон аст. [1] Худи вожаи Ērān аз ārya- порса ё порсии бостон барояд.[2] Ошкор аст, ки гувоҳҳои барҷоймонда аз номи Эроншаҳр ҳамхондии номи шоҳаншоҳии Эрон, ба вежа ба рӯзгори Соcониён, будааст.
Яке аз гувоҳҳои арзишманде, ки дар бораи андарёфти (мафҳуми) Эроншаҳр дар дастрас аст, сангнибиштаи Шопури якум, дар худойхонаи Зартушт, садаи севуми мелодист, ки устонҳои гуногуни шоҳашоҳии соcониро ингун баршуморад:
Ērān-šahr xwadāw ahēm ud dārām šahr: Pārs, Pahlaw, Xūzestān, Mēšān, Asōrestān, Nōdšīragān, Arabestān, Ādūrbādagān, Armen, Wiruzān, Segān, Alān, Balāsagān, yad frāš ō kōf ud Alānān bar, ud hamāg Padišxwār kōf, Mād Wurgān Marg Harēw, ud hamāg Abršahr, Kermān, Sagastān, Tūrān, Markān, Pāradān, Hindestān, Kūšānšahr yad frāš ō Paškābūr, ud yad ō Kāš, Sugd Čāčestān marz, ud az hō ārag zrēh Mazūn šahr.
«Ман худовандгори Эроншаҳр ҳастам ва ин шаҳрҳоро дорам: Порс, Порт, Хузистон, Мешон, Асуристон, Нудширагон, Арабистон, Озарбойҷон, Арманистон, Вирӯзон, Сегон, Олон, Палосагон, то ба кӯҳҳои Қафқоз, ва дарвозаҳои Албониё, ва ҳамаи кӯҳҳои Падишхор, Мод, Гургон, Марв, Ҳирот, ва ҳама Абршаҳр, Кирмон, Систон, Турон, Макрон, Парадана, Ҳинд, Кӯшоншаҳр, то ба Пешовар ва то ба Кашгар, Суғд, ва ба кӯҳҳои Тошканд ва дар он сӯи дарёи Уммон» .[3]
Ин шиносаи «Эроншаҳр» ба рӯзгори Соcониён дар шаҳрёрии Шопури якум аст. Дар садаи шашум, подшоҳии Хусрави дувум, бори дигаре паҳнаи сарзамини Эроншаҳр басе афзун шуд. Бо инҳама густурдагӣ, барои дарёфти беҳтари дарунмояи «Эроншаҳр» ба бувади андаке дуртар рафт. Дориюши бузург дар садаи шашуми пеш аз зодани Масеҳ дар сангнавиштаи Бесутун сарзаминҳои шоҳаншоҳии хешро з-ингун баршумурад:
«Дориюши шоҳ гӯяд: Ин сарзаминҳоест, ки аз они ман шудааст ба хости Аҳуромаздо ман подшоҳи онҳо шудам: Форс ва Илом ва Бобил ва Ошур ва Арабистон ва Миср ва онҳо, ки дар каронаи дарё ҳастанд, Сорд ва Аюниё ва Мод ва Арманистон ва Кодукиё ва Порт ва Дирангиён ва Ориё ва Хоразм ва Бохтар ва Суғд ва Қандаҳор ва сарзамини сакоҳо ва Сотогидиё ва Орохузӣ ва Мако. Бар рӯй ҳам бисту се сарзамин» .[4]
Ба нигари Ҳертсфилд вожаи «Эроншаҳр» офаринише дар давраи Ҳахоманишиён буд, ки барои номи кишвари шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён падид омад. Аз ин рӯ, андарёфти [сарзамини] Эроншаҳр як минаи (идеи) садаи севуми мелодӣ ва паёмади огаҳрасонии сиёсӣ ва динӣ дар подшоҳии Ардашери якум (240-224 м.) будааст. Сарзамини Эроншаҳр (zamīg ī Ērān-šahr) бисёр бузургтар аз паҳнаест, ки Соcониён бар он фармонравоӣ мекарданд.[5]
Бар пояи гуфтори Ҳертсфилд, сарзаминҳои «Эроншаҳр» боистӣ фузунтар буда бошад. Ба сухани дигар, дар рӯзгори бостон, танҳо «чанд» кишвар дар ҷаҳон буданд ва «Эроншаҳр» яке аз онон буд.
Огоҳӣ дар бораи каронмандӣ ва ё акронмандии паҳнаи «Эроншаҳр» бо дигарсониҳое ҳамроҳ будааст, ба гунае ки дар чаҳорсӯи ҷаҳон чанд сарзамин ва Эроншаҳр дар миёнагоҳи он будааст. Дар «Муқаддимаи қадими Шоҳнома» чунин омадааст: «Ҳар куҷо оромгоҳи мардумон буз (буд) ба чаҳор сӯи ҷаҳон аз карон то карони ин заминро бибахшиданд ва ба ҳафт баҳр карданд ва ҳар баҳреро яке кишвар хонданд, нахустинро Арза (arzah) хонданд, дувумро Шаба (savsh), севумро Фрададафш (fradadafš) хонданд ва чаҳорумро Видадафш (vidadafš) хонданд, панҷумро Вурубарст (vōrūbarst) хонданд, шашумро Вурҷарст (vō(u)rūgarst) хонданд, ҳафтумро, ки миёни ҷаҳон аст, Хванурас Бомӣ (xvanūras bami) хонданд ва Хванурас Бомӣ ин аст, ки мо баз-ӯ (бад-ӯ) андарем ва шоҳон ӯро Эроншаҳр хондандӣ».[6]
Барои ин, ки беҳтар бо сарзаминҳои канории Эроншаҳр ошно шавем, чунонки дар боло бад-он пардохта шуд, марзҳои ховар ва бохтар ва нимрӯз ва абохтарро з-ингун барменамояд: «Гӯшаи ростро Амаст хонанд ва Ончин ва Фаро(мо)чин аст ва Ҳиндустон ва Барбар ва Рум ва Хазар ва Рус ва Сақлоб ва Самандар ва Бартос ва он ки берун аз ӯст, сакана хонданд ва офтоб баромаданро бохтар хонданд ва фурӯшуданро ховар хонданд ва Шоми Яманро Мозандарон хонданд ва Ироқ ва Кӯҳистонро шӯристон хонданд». Дар думбола ба густурдагии марзҳои Эроншаҳр мепардозад: «Эроншаҳр аз рӯзи (рӯди) Омӯй аст то рӯзи (рӯди) Миср ва ин кишварҳои дигар перомуни ӯянд ва аз ин ҳафт кишвар Эроншаҳр бузургвортар аст баҳри ҳунарӣ ва он ки аз сӯи бохтар аст чиниён доранд ва он ки сӯи рости ӯст ҳиндувон доранд ва он ки сӯи чапи ӯст туркон доранд ва дигар хазариён доранд ва он ки аз ростар барбариён доранд ва аз чап Рум ва ховариён ва мозандарониён доранд ва Миср гӯянд аз Мозандарон аст ва ин дигар ҳама Эронзамин аст аз баҳри он ки Эрон бештар ин аст, ки ёд кардем» .[7]
Ҳамчунин, барои нишон додани нигораи «Эроншаҳр», Абурайҳони Берунӣ дар нибиги «Ат-тафҳим», ҳафт парҳун (доира)-ро канори якдигар мениҳад то ҳафт кишварро барнамояд. Нахустин кишвари «ҳиндувон», дувумин кишвари «тозиён», севумин кишвари «барбариён», чаҳорумин кишвари «Эроншаҳр» дар миёна, панҷумин кишвари «Руму Сақлоб», шашумин кишвари «Хазару Турк», ҳафтумин кишвари «Чину Табат» аст[8]. Низ ёдовар мешавад, ки бахшбандии ҳафт кишвар, аз сӯи Абурайҳон бар пояи гувоҳҳои Авесто ва Бундаҳиш устувор аст: Эроншаҳр дар миёна, ду кишвар дар нимрӯз (ҷануб), ду кишвар дар абохтар (шимол), яке дар ховар ва яке дар бохтар, ва ҳар якро бо гувоҳҳо овардааст[9].
Дар бахши нуҳуми Бундаҳиш «Дар бораи чигунагии заминҳо» ҳамин бахшбандӣ дида мешавад. Кишвари «Арза» дар хуросон, кишвари «Сава» дар ховарон, кишвари Фирададфаш ва Видадафаш дар нимрӯз, кишвари Вурубаршан ва Вуруҷаришан дар абохтар, онро ки дар миён аст ва ба андозаи эшон аст «Хванирас» хонанд. [10]
Бахши шонздаҳуми Бундаҳиш аз «Шаҳрҳои номии Эроншаҳр ва хонаи Киён» шуморе аз шаҳрҳои номварро баршуморад: «Агар ман намеофаридам менуии бум ва сарзаминро, ҳамаи мардум сӯи Эронвиҷ мешуданд, дигар беҳтарин сарзамин Сурӣ, ки бад-он суриён мондагоранд, Бағдоди худоён офарида аст, се дигар Марви кирдорофарида, чаҳорум Балхи беҳтарин сарзамини офарида, панҷум Нисой миёни Марв ва Балх, шашум Ҳаро (Ҳирот), ҳафтум Кобул, ҳаштум Меҳана, нуҳум Ханин (Монашти Гургониён аст бо чашма ва рӯди бисёр), даҳуми Арман, ёздаҳ Ҳирманд, дувоздаҳ Рай, сездаҳ Чахр, чаҳордаҳ Варии (varəna) чаҳоргӯш, понздаҳ Ҳиндугон, шонздаҳ Авдои Аранг (Дашти Тозиён). [Ҳабдаҳ] он (сарзамин, ки) некӯ ба дидор ва жарф ба кори додситон ва шоиста аст… онро Порс хонанд. Ин шаҳристонҳо [ки ёд шуд] дар Эроншаҳр номвартаранд[11].»
Раҳоми Аша дар «Эрон ва Эроншаҳр» гӯяд: «Панҷ кишвари эронӣ чунинанд: airya”ориёӣ/эронӣ”, tūirya “тӯронӣ”, sairima “сарматӣ”, sāini “соинӣ” ва dāhi” доҳӣ”. Ин эрониён, яксара аз они сарзаминҳо ва кишварҳои ориёӣ низ буданд ва ориёӣ хонда мешуданд; ҷудо аз сарзаминҳои ноориёӣ». Чунин менамояд, ки дар давраҳои пасинтар, «вожаи pārs[ig] “порс” барои ҳама мардумон ва сарзаминҳои ориёӣ гуфта мешуда, то ҷое ки номи Порс ҳамтои номи «Эроншаҳр» шуд» .[12]
Бунпорҳои Эроншаҳр
«Бунпораҳои Эроншаҳр инонанд: доди ориёӣ ва оини дини маздоӣ, меҳмондори менуи нек аст; ва ҳар он чи аз они <минувии> бад аст аз он ҷо фароронда хоҳад шуд; Эроншаҳр ороста ва вироста ва пок ва некӯчеҳр ва хушбӯй ва пур аз шодмонӣ шавад…
Ҳар гоҳ ки бунпораҳои бегонаро доро бошад, ки инонанд: ҳамаи сардаҳои хӯи анэронӣ ва <бад>иинӣ ва кеши задор ва меҳмондори минуви бад аст; ва ҳар ончи аз они <минуви> нек аст аз онҷо тароронда хоҳад шуд, Эроншаҳр осебдида ва ошуфтакор ва бадбахт ва риман ва ганданок ва зиштчеҳр ва пурандуҳ шавад…» [13].
Равоги душхоҳӣ ва душдинӣ дар Эроншаҳр мояи табоҳии «сухани чимӣ» (čim saxwan) (= сухани мантиқӣ) гардид: «Бо омадани тозикон ба Эроншаҳр ва ривоҷ бахшидани эшон душдинӣ ва душхоҳиро, аз киён некӯдинӣ ва аз динбурдорон озарм фаро бурда ва гурезон шуда ва шавад. Суханони гоҳон жарф нобуд, ва равиши некӯии чизҳо – андешаи некӯ, кирдори рост ва суханчимӣ – аз ёд ва дониши мардум бадар шавад» .[14]
Хиради эроншаҳрӣ
Дар фарҳанги эроншаҳрӣ хирад ончунон ҷойгоҳе дорад, ки Фирдавсӣ дар дебочаи «Шоҳнома» ба фаровонӣ аз он сухан гуфтааст:
Кунун то чи дорӣ биёр аз хирад,
Ки гӯши суроянда з-ӯ бархурад.
Хиради тираву марди равшанравон
Набошад ҳаме шодмон як замон.
Хирад чашми ҷон аст чун бингарӣ,
Ту бе чашми шодон ҷаҳон наспарӣ. [15]
Вожаи хирад аз «харасва» ба чими хирад ва дониш бувад. Дар Авесто аз ду хирад сухан ба миён омада: «осну харсу» ва «гӯшусуруд харсу» .[16]
Шояд битавон хирадро бо гавҳари одамӣ, ки танҳо вежаи ӯст, санҷид. Бо хирад корҳои ҷаҳон пардохта ояд: «Дигар ин ки ҷаҳон бо хирад сохта ва роҳбарӣ мешавад, ҳамчун чашми ҷон, ки ҳар чанд кӯр бувад, эй (яъне) аз тавоноии дидани ҳама чиз бебаҳра бошад. Танҳо аз роҳи ин [хирад] равшан ва равшанбин мешавад ва бад-ин гуна аз ҳазорон ҳазор чашми тан беҳтар аст» .[17] Андар равшангарии (тавзеҳ) хирад нивисад: «Нерӯи биноии мардум аз оснхирадмандӣ (хиради гавҳарӣ/ хиради дарунзод) бувад, он ки худ чашми ҷон аст, ва сомонёбиаш аз зӯри ваҳу мана бар аҳво бошад.» [18]
Гиромидошти замин ва об
Яке дигар аз бунпорҳои бунёдини эроншаҳрӣ, накӯдошти замин бувад, ки ба номи амшоспанди «Сепандормаз» аст. Сепандормаз дар ҷаҳони менувӣ намоди бурдборӣ, дӯстдорӣ ва фурӯтании Аҳуромаздо ба сони фариштаест, ки дар ҷаҳони астуманд пуштибони замин бошад, з-ин рӯ, онро модина ва духти Аҳуро Маздо донистаанд, ки ҳамора заминро хуррам ва обод ва пок ва борвар нигаҳ дорад то дар он кишту кор пардозанд. [19]
«Обоняшт» дар арҷмандӣ ва ситоиши об аст: «Хушнудии оби беолоиши ашаван ардвӣ ва ҳамаи гиёҳони Маздо офаридаро «… «ардависур оноҳито» ро – ки дар ҳамаҷо доман густурда, дармонбахш ва девситез ва аҳуроикеш аст – ба хости ман биситой! Ӯст ашаване, ки ҷон афзояд ва гала ва рама ва дороӣ ва кишварро афзунӣ бахшад.» [20]
Ҳерудут нависад, эрониён ба хуршед ва моҳ ва замин ва оташ ва об ва бод ситоиш кунанд ва барои онҳо яшт (yašt) ва ниёз оваранд… эрониён дар миёни рӯд гумез(бавл) накунанд ва туф дар он наяндозанд ва даст нашӯянд, зерок обро олуда ва нопок накунанд[21]. Бенвенист (benveniste) дар пижӯҳиши «Дини эронӣ бар пояи нивиштагони юнонӣ» нивисад, ки оини ниҳодани пайкари мурдагон пеши ҷонварон ва парандагон як оин (расм)-и модист, ки решаи абохтарӣ (шимолӣ) дорад ва воруни он ба хок сипурдани мурдагон як оини порсист, ки сипасҳо аз миён рафтааст. Дар ин бора, гувоҳии бисёр гиро аз тиккаи кӯтоҳ дар бораи бардаи эронӣ ба номи «Еуфротес» (euphrates) ин гун нивишта шудааст: «Маро масӯзон, эй Филунимус, оташро аз бархурди тани ман маёлой, ман порсиам, ниёгонам низ порсӣ буданд ва гуноҳи олудани оташ ба назди мо гаронтар аз марг аст. Маро ба хок биспор, сарварам, вале бар танам оби пок мафишон, чун ман обҳоро низ гиромӣ медорам» .[22]
Понивишт:
[1] Покравон, Муҳсин (1393). Фарҳанги порсии сара. Исфаҳон. Нақши Моно. Рӯяи 568٫
[2] Муъин, Муҳаммад (1342) .«Бурҳони қотеъ». Теҳрон . Ибни Сино. П. 1٫ рӯяи 194; Дӯстхоҳ. Авесто. П. дувум. рӯяи 937٫
[3]Дарёӣ, Тӯраҷ (1388). Шаҳристонҳои Эроншаҳр. Баргардон: Шаҳрони Ҷалилиён. Теҳрон. Тӯс. Рӯяҳои 15 ва 16٫ низ бингаред ба: Фрой, Ричорд (1380). Баргардони Масъуди Раҷабниё. Теҳрон. Интишороти илмӣ-фарҳангӣ. Рӯяи 591.
[4] Фрой, Ричорд (1380). Торихи бостонии Эрон. Теҳрон, Илмӣ-фарҳангӣ. Рӯяи 576٫
[5] Шаҳристонҳои Эроншаҳр. Рӯяи 45٫
[6]Қазвинӣ, Абдулваҳоб (1391). Бист мақола. Ба кӯшиши Иброҳими Пурдовуд ва Аббос Иқболи Оштиёнӣ. Теҳрон. Тӯс. Пӯшинаи ду. Рӯяҳои 30 ва 31 ва 32 (бо андаг дигариш дар овонивисӣ).
[7] Ҳамон. Рӯяҳои 32 то 37٫
[8] Ҳамон. Рӯяи 34٫
[9] Ҳамон. Рӯяи 33 ва 34.
[10] Баҳор, Меҳрдод (1390). Бундаҳиш. Теҳрон. Тӯс. Рӯяи 75.
[11] Ҳамон. Рӯяҳои 133 то 135
[12] Аша, Раҳом. Эрон ва Эроншаҳр. Порсӣ аз Маздо Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон. Баргирифта аз торнамои loghman.org.
[13] Фазилат, Фаридан (1381). Динкарди севум. Теҳрон. Интишороти фарҳанги Деҳхудо. Баргаи 53. Ҳамчунин н.к. ҳамин нибиг ва ҳамин гардонишгар: нашри Барсам (1399). Чопи нахуст. Рӯяи 114٫
[14] Баҳор, Меҳрдод (1390). Бундаҳиш. Теҳрон. Тӯс. Рӯяи 36٫
[15] Беҳфар, Меҳрӣ (1391). «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. Дафтари якум. Теҳрон: Нашри Нав. Рӯяи 9 ва бад-онсӯ.
[16] Ушидрӣ, Ҷаҳонгир(1394). Донишномаи Мазда Ясно. Теҳрон: Нашри марказ. Рӯяи 253
[17] Порсӣ, Повел (1395). Гӯёии Арасту. Гардониш ба инглисӣ ва порсиг аз Раҳом Аша. Порсигардон: Бузургмеҳри Луқмон. Теҳрон. Шӯрофарин. Рӯяи 44 ва 45٫
[18] Ҳамон. Рӯяи 45٫ низ бингаред ба Динкарди севум, шумораи 397, 266٫
[19] Пурдовуд, Иброҳим (1377). Яштҳо. П. 1. Теҳрон. Асотир. Рӯяи 94٫
[20] Дӯстхоҳ, Ҷалил (1391). Авесто. Теҳрон. Марворид, Рӯяи 297٫
[21] Пурдовуд (пешгуфта). Рӯяи 160٫
[22] Бенвенист, Амил (1401). Дини эронӣ бар пояи матнҳои муътабари юнонӣ. Баргардони Баҳмани Саркоронӣ. Табрез: Ойдин. Рӯяи 32
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист