
Чаро бояд вожагони порсиро ба кор бибарем?
Ба бовари гурӯҳе, ҷойгузинии наввожаҳо бо вожаҳои ҷоуфтодаи бегона дар ҳамситезӣ бо адабиёти суннатии мо қарор мегираду мояи он мешавад, ки мо пайвандамонро бо забони Ҳофизу Саъдӣ аз даст бидиҳем. Эшон, ки дилсӯзона аз ҷойгоҳи посдорони забони порсӣ сухан мегӯянд, гӯё фаромӯш кардаанд, ки омехтагии ҳаштоддарсадии забони порсӣ бо вожагони тозӣ боровард (натиҷа)-и талошҳои эшон ва ҳамандешонашон дар гузашта будааст.