
Дар падофанд аз вожаи «дуруд»
Куруши Ҷаннатӣ: поксозӣ ва полоиши забон дорои далоили бисёри забонӣ ва бурунзабонист. Барои намуна ҳангоме, ки ба ҷойи «ҷазр» ва «мад» мегӯем: «фурӯкишанд» ва «фарокишанд», омӯзиши ин пармонаҳо(мафоҳим)-ро содатар кардаем, зеро сохтмони ин ду вожаи форсӣ ба гунаест, ки маъноро беҳтар ва дақиқтар мерасонад ва донишомӯзро аз ҳифз кардани тӯтивори вожаҳои «ҷазр» ва «мад» мераҳонад.