Чанд вожа ва иборат дар гӯиши мардуми Дойкундӣ

Аббос Салимии Онгил: Гоҳе дар гӯишҳои гуногуни забони форсӣ вожаҳо ва иборатҳое ёфт мешавад, ки шунидан ва шинохтанашон хушоянди завқҳои сухансанҷ аст. Афзун бар ин, яъне афзун бар нигоҳи зебоишинохтӣ, ҷӯри дигар ҳам метавон ба ин вожаҳо ва иборатҳо нигарист: метавон ба ҷойи бархе аз вомвожаҳо азашон баҳра бурд; дар пижӯҳишҳои адабӣ ва забонӣ ҳам роҳгушоянд.
То кунун ҳеч фарҳанг ва вожаномае натавониста ҳамаи вожаҳои роиҷи забони форсӣ дар Эрону Афғонистону Фарорӯду Туркия ва Покистон ва …ро дар як маҷмӯае чандҷилдӣ гирд оварад. Дар кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ҳам чунон будҷаҳое барои чунин корҳое дар миён нест. Бимонад, ки акнун Афғонистон дар чанголи гурӯҳи Толиб ва ҳамполикиҳои бунёдгаро ва аҳриманиаш аст ва ин гурӯҳи даҳшатафкан ва нофарҳехта ошкоро мекӯшад забони форсӣ, забони бештаринаи мардуми Афғонистонро дар зодгоҳи Носири Хусраву Саноӣ ва Мавлоно ва … нобуд кунад.
Ин чанд вожаро аз забони дӯсти аҳли вилояти Дойкундии Афғонистон шунидаам:
Сиханбар: уд (моддаи хушбӯ)
Лабтарсак: табхол
Яхмолак: ончи дар Эрон ба он сурсурабозӣ мегӯяанд, гурӯҳе аз форсизабонони Афғонистон ба он яхмолак ва гурӯҳе дигар ба он лахшакбозӣ (лағзишакбозӣ?) мегӯянд.
Яхакмор: навъе мормулак
Мулогак: навъе суск
Ширинак/ қандулак: малус ва дӯстдоштанӣ (сифати гурба ва кӯдак)
Дастзӯракон/ дастчапакон/ куштидаст: мучандозӣ
Фишоргармӣ: гармозадагӣ (фишоргармӣ задан: гармозада шудан)
Пуф ва патанг: лоф (лофу газоф)
ва…

* Думпуштак: каждум
Ин вожа дар забони курдии суронӣ «дупишк» талаффуз мешавад. Решаи вожаи «дупишк» бароям ноошно буд, то ин ки бо «думпуштак» ошно шудам. Мебинем, ки забонҳои эронӣ бисёр ба ҳам наздиканд ва гоҳе барои дарёфтани маънои вожае дар як забон метавон аз забони дигар ёрӣ ҷуст.

* Ҳунар
Маънои имрӯзии вожаи «ҳунар» барои забонварон камубеш равшан аст. Яке дигар аз маъноҳои он, ки дар баробари гавҳар ва нижод ва мурдарег ва … ба кор меравад, дар бархе гӯишҳо ҳанӯз боқист. Мардуми Дойкундӣ мегӯянд: «Ҳунар беҳтар аз моли падар». Ҳунар дар инҷо ҳамон маънои куҳани худро дорад ва ин масал суратбандии омиёнаест аз «Ҳунар бартар аз гавҳар омад падид».

* Ҷаҳон хӯрдан ва ҷаҳонхорӣ
Ҳамин мардум забонзади дигаре доранд: «Аз ҷаҳон хӯрдан карда, ҷаҳон дидан беҳтар аст» (дар ситоиши сафар ва ҷаҳонгардӣ ва таҷрибаандӯзӣ ба кор меравад). Ин масалро пештар ба шакли «Ҷаҳон дидан беҳ аз ҷаҳон хӯрдан» шунида будам. Дар маҷмӯъ, «ҷаҳонхорӣ» ва «ҷаҳон хӯрдан» ба маънои баҳраманд будан аз дунё ва фармонравоист. Чунин менамояд, ки дар гузашта маънои манфӣ надоштааст: «Ҷаҳон хӯрдам ва корҳо рондам ва оқибати кори одамӣ марг аст» (Торихи Байҳақӣ, Зикри бар дор кардани Ҳасанаки вазир). Ончи пас аз инқилоби 57 аз ин вожа, дар иборати «Омрикои ҷаҳонхор», фаҳмида мешавад маънои тозаест, ки дар гуфтумони навбунёд по гирифтааст. Ин масал дар Хуросон ва Систон ва манотиқи дигар ҳам ба шакли «Дунё гаштан беҳтар аз дунё хӯрдан аст» ривоҷ дорад.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*