Наврӯзонаи Порсӣ Анҷуман: Овонибеги “Калила ва Димна”

Порсӣ Анҷуман ба фархундагии фаро расиданни ҷашни шукӯҳманди “Наврӯз”, овонибеги (китоби савтии) “Калила ва Димна”-ро ба хонандагони арҷмандаш, наврӯзона, пешкаш мекунад. Бошад, ки соли пеши рӯ соле фархунда дар паҳнаи Эроншаҳр ва саршор аз шодӣ барои эрониён ва эронитаборон дар ҳар куҷои ин гетии паҳновар бошанд.

Ҷашнҳои эронӣ

Масъуди Луқмон: «Ҷашн» вожае эронист аз решаи «яз-», ба чами «парастидан, сутудан ва ниёиш кардан». Ҷашн дар оғоз ба чами «анҷоми ойинҳои динӣ» буда, вале андак-андак густариши чамӣ пайдо карда ва ба базму меҳмонӣ ва сур ҳам гуфта шудааст; чиро ки дар фарҳанги Эрон, анҷоми ойини динӣ ва ниёишу ситоиши эзад ҳамон ҷашну базму шодӣ ва шодхорӣ буда ва шигифт ин, ки «ҷашн» бо вожаҳои «язд» ва «эзад» ҳам ҳамреша аст ва ба дигар сухан, ҷашну эзад ҳар ду аз як решаанд. Чунин, дар фарҳанги зиндагиситои Эрони бостон ҷашн коре аҳуроӣ ва равише барои мубориза бо Аҳриман буда ва дар баробар, сӯгу андӯҳ куниши аҳриманӣ ва сахт накӯҳида будааст.

Ёде аз устод Пир Лукук

Порсӣ Анҷуман: Устод Пир Лукук (pierre lecoq) пижӯҳишҳои гуногун ва гаронбаҳо дар бораи забон ва фарҳанги Эрон ба ёдгор ниҳодааст.

Густараи пажӯҳишҳои ӯ аз забони порса (порсии бостон) ва сангнибиштаҳои ҳахоманишӣ, забони авестоӣ ва наскҳои Авесто, забонҳои паҳлавонӣ/портӣ ва порсиг (паҳлавӣ), то гӯишҳои имрӯзи порсӣ ва низ гардониши оҳангини «Шоҳнома» ба забони фаронса ва ҷусторҳои гуногун дар заминаи забон ва фарҳанги Эрони бостонро дарбар мегирад.

Забони порсӣ дар остонаи тозиш ва се сада пас аз он

Порсӣ Анҷуман: Алиашраф Содиқӣ, забоншинос, дар нишасти “Забони порсӣ дар се даҳаи нахусти пас аз тозиш” дар оғоз ба номи забони порсӣ ва хостгоҳи он пардохт ва гуфт, ки хостгоҳи забони форсии дарӣ устони Хуросони куҳан нест. Номи ин забон порсӣ аст ва ҳамон гуна, ки аз ин ном барояд, хостгоҳи порсӣ устони Порс аст.

1 8 9 10