Вожагузинӣ дар даврони Сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ

Даврони Сосониён даврони пуршукӯҳи шаҳройинии эронӣ аст. Фарҳанг дар рӯзгори Сосониён ба чунон шукуфоӣ расида буд, ки агар ба жарфӣ ба андешаҳои андешакорони даврони исломӣ, ки бештари онон эронӣ буданд, бингарем, дармеёбем, ки решаҳои ҳамаи ононе, ки хираде рӯшан ва сухане барои гуфтан доранд, ба ин рӯзгор мерасад.

Баррасии сохтори корвожаҳои барсохта дар порсиг ва порсӣ

Забони порсӣ бо ҳамаи зояндагӣ ва зоёӣ метавонад аз шеваҳо ва намунаҳои вожасозӣ, бавижа дар корвожа (феъл), аз порсиг (порсии миёна) пайравӣ ва баҳраҷӯӣ кунад ва тавоноии худро дар баробари ниёзҳои рӯзона, бавижа дар паҳнаи дониш ва киругӣ (саноъат) бияфзояд. Ин шева метавонад яке аз роҳҳои дурусту баҳинҷори вожасозӣ бошад.

Забони хоразмӣ

Забони хоразмӣ монанди забони суғдӣ ва паҳлавӣ (порсии миёна) аз шохаҳои забонҳои эронии миёна аст ва аз нигари гетишиносӣ низ дар густарае миёни сухангӯёни забони порсии миёна ва суғдӣ ҷой гирифтааст.

Бо балучӣ ошно шавем

Забони балучӣ агарчи бахше аз забонҳои эронист, монанди гӯишҳои дигари эронӣ, дар ҳазорон сол ва дар додуситади қавмӣ ва решаҳои забонӣ дучори дигаргуниҳое гашта ва имрӯза бо вожаҳои форсӣ, ки ин худ ҳамон сарнивиштро доштааст, дигаргуниҳое пайдо карда, бавижа он ки бунёдҳои дастурии вижаи худро низ нигаҳ доштааст.

Чопи Фарҳанги дусӯяи порсӣ-балучӣ аз сӯи Порсӣ Анҷуман

Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ ганҷинаи арзишманду пуштвонае сутург барои забони порсиянд, ки бо баррасии онҳо бисёре аз ношинохтаҳои забоншинохтӣ зудуда ва бо воковии ин конҳои пургавҳар бахшҳои ношинохтае аз фарҳанги Эроншаҳр бозшиносӣ мешавад.

Боргирии ‘Забони Озарбойҷон ва ваҳдати миллии Эрон’

Носеҳи Нотиқ фарзанди Мирзо Ҷаводи Нотиқи Табрезӣ (аз машрутахоҳон ва нахустин вакилони додгустарии Табрез) ва аз эронхоҳони озарбойҷонӣ буд. Нотиқ пас аз фарогирии омӯзишҳои нахустин дар Табрез ба Фаронса рафт ва дар онҷо муҳандисии роҳ ва сохтмон хонд ва пас аз бозгашт ба меҳан беш аз ҳашт сол мудири кулли сохтмони роҳи оҳан буд.

Пурдовуд ва вожасозии донишики порсӣ

Ниёзмандиҳои порсии нав бояд ба дастёрии порсии миёна (паҳлавӣ) барканор шавад, агар нашуд, ба порсии бостон рӯй оварем, ҳарчанд ки аз ин забон беш аз понсад-шашсад вожа дар сангнибиштаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ ба ҷой намондааст.

Оё порсиг (паҳлавӣ) забоне мурда аст?

Забони порсии миёна забонест, ки ба муддати 800 сол (аз 200-и пеш аз милод ва замони Ашкониён то 600-и милодӣ, дар поёни даврони Сосониён) дар Эрон ривоҷ дошта ва дар тӯли замон тағйирҳое кардааст. Аммо ҳамон гуна, ки мебинед, ин забон бисёр ба забони имрӯзии мо наздик аст. Ҳатто бархе аз сохторҳои дастурӣ ва гунаҳои паҳлавии вожаҳо дар бархе забонҳои дигари эронӣ (лурӣ, курдӣ, гелакӣ, мозандаронӣ ва …) ва гӯишҳои шаҳрҳои Эронзамин барҷо мондааст.

‘Даргилмодак’: Нашри нахустин тазкираи адабӣ ба забони рӯшонӣ

Китоби “Даргилмодак” аз чаҳор бахш иборат аст: бахши аввал иборат аз суханон ва осори афроди солманд аст, ки қаблан ҳаргиз мунташир нашудаанд; бахши дувум ба ашъори ғиноӣ бахшида шудааст; бахши севум аз намунахои наср (ҳикоёт) иборат аст ва бахши чаҳорум иборат аз зарбулмасалу мақол ва чистонҳост.

1 3 4 5 6 7