Пешинаи забони порсӣ ва мушкили номи расмии он дар Тоҷикистон

Сомониён порсиро бар курсии заррине нишонданду ба забони дуюми ҷаҳони ислом табдил доданд ва забони адабиёти мондагори ҷаҳон карданд! Ҳоло чигуна мешавад, ки Исмоъили Сомониро бунёдгузори давлати мутамаркази тоҷикон дар ҳудуди 1200 сол пеш бидонему муҷассамаи ӯро ҳамчун намоди давлатдории миллии худ дар маркази пойтахти имрӯзиямон бунёд кунем, аммо забонеро, ки худи Сомониён ПОРСӢ номидаанд, напазирем?

Ҷашни Наврӯз, ёдгори хусравон, хуҷаста бод!

Ҳаким Ъумари Хайём дар оғози «Наврӯзнома» ба порсӣ нивиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке онки ҳар 365 рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввалдақиқаи ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад, ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард, ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Нарм-нармак мерасад инак баҳор…

Бӯи борон, бӯи сабза, бӯи хок,
Шохаҳои шуста, боронхӯрда, пок.
Осмони обию абри сапед, Баргҳои сабзи бед,
Атри наргис, рақси бод, Нағмаву бонги парастуҳои шод.
Хилвати гарми кабӯтарҳои маст –
Нарм-нармак мерасад, инак, баҳор,
Хуш ба ҳоли рӯзгор…

‘Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ’ чоп шуд

“Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ”, нивиштаи Раҳоми Аша ва гардониши Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон ба порсии сара чоп шуд. Нивисанда худи забони порсигро пояи кори хеш ниҳода, бад-он чунон забоне зинда ва пӯё дарнигариста, сарчашмаҳоро борикбинона ва санҷишгарона баррасида ва намунаҳое бисёр аз камобеш ҳамаи нивиштаҳои порсиг фародасти омӯзанда гузордааст.

Нигоҳе ба корномаи устод Ядуллоҳи Самара

Самара дар соли 1347, дар гурӯҳи забоншиносии Донишгоҳи Теҳрон оғоз ба кор кард. Ӯ гурӯҳи забоншиносиро аз гурӯҳи фарҳанг ва забонҳои бостонӣ ҷудо кард ва барномаҳояшро аз нав нивишт ва нахустин мудири гурӯҳи забоншиносии ҳамагонӣ буд ва бо панҷ сол кӯшиши шабонарӯзӣ аз ин гурӯҳ гурӯҳе пӯё ва намуна сохт. Яке аз корҳои арзандаи Самара нивиштани нибегҳое барои омӯзиши забони порсӣ ба бегонагон будааст. Дар ин росто, пеш аз инқилоб, нибеги “Омӯзиши забони муҳовараӣ ба хориҷиён”-ро нивишт.