‘Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ’ чоп шуд

Порсӣ Анҷуман: “Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ”, нивиштаи Раҳоми Аша ва гардониши Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон ба порсии сара чоп шуд.

Нивисанда худи забони порсигро пояи кори хеш ниҳода, бад-он чунон забоне зинда ва пӯё дарнигариста, сарчашмаҳоро борикбинона ва санҷишгарона баррасида ва намунаҳое бисёр аз камобеш ҳамаи нивиштаҳои порсиг фародасти омӯзанда гузордааст.

Бар пояи ин кор, ҳар кас хоҳад тавонист дастури порсигро банекӣ омӯзад, бо вожасозӣ андар ин забон ошно шавад, порсигро бо дигар забонҳои эронӣ санҷад, беш аз чаҳор ҳазор вожаи порсигро решашиносона баррасад, ва воҷшиносии ин забонро низ фарогирад.

Гуфтанист, ки забони порсиг, пас аз “Гӯёии Арасту” аз Повели Порсӣ (файласуфи Эрони Бостон) ва “Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон”, севумин нома аз гирдоварди “Хирадномаг” аст.

Чопи нахусти “Забони порсиг”-ро Китоби Сада (дурово:  021-66862143, ҳамроҳ: 09122472838) дар 628 рӯя, бо пӯшинаи сахт ва баҳои 95 ҳазор тумон дар дастраси устодон, пажӯҳандагон, донишҷӯён ва дӯстдорони фарҳанг ва забонҳои эронӣ ниҳодааст.

Нибегшинохт: Аша, Раҳом. Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ, порсӣ аз Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон, Хирадномаги 3, чопи нахуст. Теҳрон: Китоби Сада, зимистони 1397, 628 рӯя. Шобак*: 978-600-8968-21-4.

*Шобак – Шумораи истондорди байналмилалии китоб (ش آ ب ک)

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*