Нарм-нармак мерасад инак баҳор…

«Ҳафтсин», нигоргар ва перанггар: Марями Тоҷбахш (Сарпарасти ҳунарии Порсӣ Анҷуман)

Фаридуни Муширӣ

Бӯи борон, бӯи сабза, бӯи хок,
Шохаҳои шуста, боронхӯрда, пок.
Осмони обию абри сапед,
Баргҳои сабзи бед,
Ъатри наргис, рақси бод,
Нағмаву бонги парастуҳои шод.
Хилвати гарми кабӯтарҳои маст –
Нарм-нармак мерасад, инак, баҳор,
Хуш ба ҳоли рӯзгор…
Хуш ба ҳоли чашмаҳову даштҳо,
Хуш ба ҳоли донаҳову сабзаҳо,
Хуш ба ҳоли ғунчаҳои нимабоз,
Хуш ба ҳоли духтари мехак, ки механдад ба ноз.
Хуш ба ҳоли ҷони лабрез аз шароб,
Хуш ба ҳоли офтоб…
Эй дили ман, гарчи дар ин рӯзгор
Ҷомаи рангин намепӯшӣ ба ком,
Бодаи рангин наменӯшӣ зи ҷом,
Нуқлу сабза дар миёни суфра нест,
Ҷомат аз он май, ки мебояд, тиҳист,
Эй дареғ аз ту, агар чун гул нарақсӣ бо насим,
Эй дареғ аз ман, агар мастам насозад офтоб,
Эй дареғ аз мо, агар коме нагирам аз баҳор…
Гар накӯбӣ шишаи ғамро ба санг,
Ҳафт рангаш мешавад ҳафтод ранг…

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*