Ғафуруф: Бархеҳо аз номи ‘Эрон’ ҳарос доранд…
Бархе аз вожаи “эронӣ” ҳарос доранд ва даркашон аз ин вожа фақат аҳолии имрӯза кишвари Эрон аст. Аммо ин афрод бакуллӣ фаромуш мекунанд, ки Эрон қаблан ба ду бахши шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешуд ва мардумони шарқи Эрон барои тавсеъаи фарҳанги башарӣ хадамоти бештаре анҷом додаанд. Ҳамин эрониёни шарқӣ буданд, ки мабно ё шолудаи имрӯза мардумони Осиёи Миёна – тоҷикон, узбакҳо, туркманҳо, қазоқҳову қирғизҳоро – ташкил медиҳанд. Чиро мо бояд аз гузаштаи худ бигзарем?