Хайруддини Ъабдуллоҳ: Оё қарне пеш Тоҷикистон ном сарзамине вуҷуд дошт? Кишвари камзамине бо 93 дарсад кӯҳистон ва 7 дарсад замини ҳамвор дар куҷо тарҳрезӣ шуд? Тоҷикистон – чиро чунин номгузорӣ шуд?
Мардуми сарзамине бо номи Тоҷикистон оё сад сол пеш дабираашон (хат) ва номи забонашон “тоҷикӣ” буд? Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Хайём, Ҷомӣ, Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигар шоъиру нивисандагон ва мутафаккирони бузурги миллати тоҷик оё фақат зодаи Тоҷикистонанд?
Хуб, мо тоҷикем ва ин ҷои баҳс надорад. Ҳангоме ки “тоҷик” мегӯем, агар танҳо тоҷикистониёнро дар назар дошта бошем, пас тоҷиконе, ки дар Бухоро, Самарқанд, Китоб, Нахшаб, Фарғона, Шероз, Балх, Ҳирот, Кобул ба сар мебаранд, аз кудом қавманд? Сокинони ин шаҳрҳо забонашонро чӣ меномиданд ва акнун чи меноманд? Имрӯз бо чи хат ё дабирае менивисанд? Мо ба аслу насли гузашта наздикем ё ба насли фаромӯшхотири имрӯза?
Аламовар аст, ки ъиддае аз атбоъи Тоҷикистон бехабару бепарво, беғайрату нотавон ва нисбат ба ҳувияти миллии худ ва забону ториху адабу фарҳанги худ бетафовутанд. Зулму ситамҳое бар миллати мо аз сӯи душманони нажоду меҳан тарроҳӣ ва иҷборан таҳмил шуда ва бо ҳадафи нест кардани миллат ва гусастани он аз фарҳангу донишу асли хеш ҷараён дорад. Гурӯҳе аз мансабдорони марказҳои ъилмӣ манкуртона таҳрифҳои торихро ҳуҷҷату шиъори худ кардаанд. Аз ҳама хатарбортар ин аст, ки ин масхарабозони сиёсӣ на танҳо худашон ба чоҳи гумроҳиву гумномӣ сарозер мешаванд, балки дар решакан кардан, дур сохтан аз асли худ, манкурт кардани миллати ориёнажоди эронманиши тоҷик саъй ба харҷ медиҳанд. Он нақшаҳое, ки душман кашида буд, инҳо имрӯз озодона, бе кумаку зулми душманони абарқудрат иҷро мекунанд. Чунон иҷро мекунанд, ки худи душмани ҷонӣ бе фишору зулмҳои рӯйиҳамӣ ба ин муваффақият нарасида буд.
Хушбатона, тайи ҳафтод соли султаи Шӯравӣ, ин ҳукумати аҳриманкеш ба ҳадафаш нарасид. Яке аз маромҳояш ин буд, ки пас аз нест кардани хатти мо номи забонамонро ҳам аз миён бибарад, то ҳеҷ чизе аз гузашта барои мо боқӣ намонад, моро ҳамчун ҷӯҷаи сунъии инкуботурӣ кунад. Хушбахтона, натавонист номи забонамонро куллан аз ёдамон бибарад ва забони мо муваққатан он замон “тоҷикии форсӣ” ъунвон гирифт. Ин вожаи “форсӣ” метавонист далел гардад, ки забони мо форсист ва тамоми шоъирони форсизабон ҳама аз мост. Акнун ҷойи афсӯсу сад афсус аст, ки дар замони ҳукумати меҳансӯз номи забони форсӣ аз номи забони мо қайчӣ нашуда буд, вале дар замони давлатдории худӣ, соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо беғайратии тоҷикон, душман дар ниқоби тоҷик номи форсиро қайчӣ зад, нест кард, гум кард. Ҳатто душман аз шунидани номаш нафрин дорад ва ин нафраташро дар миёни тоҷикон тақсим кардааст.
Торих, роҳу расм, ҳадаф ва андешаи гузаштагони бузургу ниёконамон барои мо бояд як шиноснома ё роҳнамо бошад. Бояд ба назар бигирем, ки андеша ва нигоҳи шоҳону донишмандони бузурги миллати тоҷик нисбат ба забони хеш чӣ буда? Танҳо ин роҳро бояд дар пеш бигирем. На роҳеро, ки барои нест кардани миллат, дурафканӣ аз ҳамзабононаш, ҷудоӣ аз шаҳрҳои худ, манкурт кардани наслҳо душманон бароямон тарроҳӣ ва бар дӯшамон бор кардаанд.
Мо ба Исмоъили Сомонӣ ифтихор дорем ва пайкараи сангини ӯ рамзи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аст. Оё дар замони ҳукуматдории шоҳи бузург ҳазрати Исмоъили Сомонӣ номи забонамон “порсӣ” набуд? Мо ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ифтихор мекунем. Оё аз касе шунидаед ё хондаед, ки Фирдавсӣ забони худро “тоҷикӣ” гуфта бошад ё забони “Шоҳнома” ба ъунвони “тоҷикӣ” ёд шуда бошад? Агар “Шоҳнома”, “Бӯстон”, “Гулистон”, “Маснавии маънавӣ”, ашъори Рӯдакиву Ҳофизу Хайёмро дар ҳар гӯшае аз курраи Замин ба ҳар забоне тарҷума кардаанд, ҳама ҷо як чиз нивиштаанд, ки “аз забони порсӣ тарҷума шудааст”. Барои русгароён шояд ъиборати “перевод с персидского на русский” мафҳумтар бошад. Ҳеҷ гоҳ забон ва асари ин бузургонро касе “тоҷикӣ” ном набурдааст. Фирдавсӣ ҳам забони хешро “порсӣ” гуфтааст, на “тоҷикӣ”. Фирдавсӣ гуфтааст, ки “Ъаҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”. Ҳамаи шоъирон ва нивисандагони гузаштаи мо тоҷикон аз Фирдавсиву Рӯдакӣ то Лоиқ забони хешро “порсӣ” ё “форсӣ” гуфтаанд. Лоиқ мефармояд:
Порсӣ хондӣ намози хештан,
Дар замоне, ки ъараб ҷаррор буд!
Ҷаҳон забону адабиёти моро бо номи “порсӣ” мешиносад, на ҳеҷ номи дигаре. Агар мо забони хешро “порсӣ” надонем, хатти порсии худро дубора барқарор накунем, пас аз тамоми торихамон ва аз тамоми ин бузургонамон бебаҳра хоҳем монд. Ҳеҷ кас дар ҷаҳон ба ин ҳарфи ғалат бовар намекунад, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро ба “тоҷикӣ” ва бо хатти “сирилики тоҷикӣ” (ё пириллик) нивиштааст. Зеро ҳар инсони соҳибхирад медонад, ки забони тоҷикон забони Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Мавлоно, Хайём буда ва забони ҳамаи ин бузургонам порсист.
Аз замоне ки алифбоямонро аз дастамон гирифтанду алифбои бегона ва носозгор бо забони мо, яъне пирилликро бар дӯши мо бор карданд, яъне дар тӯли ҳудуди сад сол, оё асаре ҷовидонӣ ба ҷаҳон додаем, ки ҷаҳониён хонда ва пазируфта бошанд? Асарҳои нивисандагони пириликнивисро ба ҷуз дар Тоҷикистон ва гирду атроф дар куҷо мехонанд? Медонем, ки чунин аст. Аммо шӯрбахтона бо барномаи манкуртсозӣ, қайчӣ кардани ҳувияти мо аз торихамон, ки аз сӯи шӯравӣ тарроҳӣ шуда буд, рӯз ба рӯз хӯ мегирем ва ба он тан медиҳем. Низоми миллаткуш моро саркӯб карда буду то кунун мо ба он тан додаем ва сар буланд накардаем. Чиро бояд номи забонамонро ба асли хеш нагардонему аз ин маҳдудият ба ҷаҳони порсигӯён васл нашавем, ба уқёнуси фарҳанги куҳани порсии хеш ҷорӣ нагардем?
Ъиборатҳои “забони тоҷикӣ”, “хатти кирилӣ” ба ҳеҷ сурат наметавонанд адабиёти бузурги моро дар ъарсаи ҷаҳон муъаррифӣ кунанд. Ҳамон “забони порсӣ” ва “хати порсӣ” буда, ки тоҷик будану соҳиби мероси шигарфи маънавӣ будани моро собит мекунад. Чиро хат ва номи ростини забони давлатии Тоҷикистонро эҳё нагардонем?
Ҳанӯз дер нашудааст. Метавонем имрӯз гом бардорем, баргардем, он гавҳари аз даст рафтаамонро, ки бароямон мамнӯъ карда буданд, дубора ба даст оварем. Шиносномаи забонамонро, ки доштем, дубора соҳиб шавем. Калиди китобхонаи бузурги ҷаҳони ниёконамон хатти ниёкони мо порсӣ мебошад. Бо ин хат бо номи ростини забонамон оштӣ кунем, ҳамчун оштӣ кардан бо падару модари хеш, ки падар ва модар ҳамон сарзаминҳои Эрони куҳану фарҳанги порсист. То чунин накунем, дониста бошем, ки ормон, умед, орзуи адибон, фарҳангиён, донишмандони бузурги хешро бароварда насохтаем. То чунин накунем, масъулият, вазифа ва рисолати ҳастии худро барои нажоду фарҳангу дин, баҳри гузаштаву имрӯзаву ояндаи хеш иҷро накардаем.
Аз нигоҳи банда, имрӯз Эмомъалии Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба ихтиёроти густардааш, метавонад баосонӣ ва гом ба гом тоҷиконро ба асли хеш бипайвандад ва миллатро бо фарҳанг, торих ва тамадуни куҳанамон наздик созад ва гумкардаҳо, аздастрафтаҳоро дубора барқарор намояд. Ӯ то ҳоло талош кардааст, ки насаби тоҷиконро аз пасвандҳои русии “-ов” ва “-ович” наҷот диҳад, шаҳрҳо ва кӯчаҳоро аз номҳои барои миллати мо бегона ба номҳои куҳани ориёӣ баргардонад. Раисҷумҳур шахсан аз волидон даъват мекунад, ки ба фарзандонашон номҳои шахсиятҳои торихии миллатро гузоранд, дар номгузории фарзандон худшинос бошанд. Омӯзиши алифбои порсӣ бо номи “алифбои ниёкон” дар мактабҳои кишвар ба дастури раисҷумҳур ъамалӣ шуда буд, вале мутаассифона ин барномаро дастандаркорон ба таври боиста иҷро намекунанд. Бузургдошти бисёре аз мутафаккирони бузурги порсизабон бо баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ дар дохилу хориҷи кишвар ҳам аз ибтикороти ъумдаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Китобе ҳам барои муъарифии ториху фарҳанги куҳани ориёӣ ва забони порсӣ бо ъунвони “Тоҷикон дар ойинаи торих” ба қалами Эмомъалии Раҳмон навишта шудааст.
Аз ин рӯ, ҳадс мезанам, ҳарчанд давлатҳо ва ҳукуматҳое, ки сарзамин, номи забон ва хати моро аз мо гирифтанду моро аз онҳо бебаҳра карданд, ҳамчунон дар ин росто гом бармедоранд ва ин сиёсати худро пеш мебаранд, вале бар мост, ки мероси аздастдодаи худро фаромӯш накунем ва дар пайи эҳёи он бошем. Умед аст, ки сарфи назар аз ҳар монеъе, ки душманон мумкин аст сари роҳамон гузоранд, раҳбари ғаюри Тоҷикистон, Эмомъалии Раҳмон, номи забон ва дабираи миллии моро дубора баргардонад ва расмӣ кунад. Чун ба назари ман, фаъолиятҳое, ки эшон то кунун барои фарҳангу адаб ва забони миллиямон анҷом дода, чандон осону сода набуда, вале дар дифоъ аз миллату сарзаминаш ва дар баробари фишори душманон ба анҷоми ин корҳо иқдом карда ва муваффақ ҳам шудааст.
***
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.
Бифирист