Порсӣ, яъне забони озодагон

Адаши Истад:* Дар баҳс перомуни номи забони миллати тоҷик, ки дар Фейсбук сурат гирифт, муқобилони барқарор кардани номи аслии забони миллати тоҷик сад дарсад шармандавор шикаст хӯрданд.

Акнун ман ҳайронам, ки инҳо ин сиёсатмаъюб ё сиёсатмаобон ё сиёсатобон чӣ тавр метавонанд дар кӯчаҳои Душанбе сар боло карда гарданд? Дирӯз онҳо мушт ба сина кӯфта, худро ориёӣ мегуфтанд-ку?!

Замоне ки авоили соли 1989 лоиҳаи Қонуни забон муҳокима мегардид, ман ва шодравон Муҳаммадраҳими Сайдар мақолае нивиштем таҳти ъунвони «Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ». Ин мақолаи мо мақолаи рӯзномавӣ бошад ҳам, мо тавонистем бартарии хати форсиро бар хати сириллик ё кириллӣ (ин хатро Кирил ва Мефодий бар асоси хати лотин офаридаанд, ба ин сабаб кириллӣ мегӯянд) ба мардум фаҳмонем.

Чопи ин мақола тӯл кашид. Сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» устод Аскари Ҳаким онро барои машварат ба ъузви ҳайъати таҳририя, раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, марҳум Абдулқодири Маниёзуф доданд ва эшон мақоларо чаҳор моҳ дар сейфи худ қулф карда монда, вақте баргардонданд, ки муҳокимаи Қонуни забон ба охир расида буд. Мақолаи мо 2 ноябри соли 1989 дар «Адабиёт ва санъат» чоп шуд.

Дере нагузашта, дар ҳамин мавзӯъ донишманди барҷастаи тоҷик Сафари Абдуллоҳ дар «Адабиёт ва санъат» мақолаи пурмуҳтавое чоп карданд, ки хеле донишмандона ва муассир буд.

Як бор дар анҷумани Бунёди забон дар бораи барқарор кардани номи забони модарии мо – яъне минбаъд форсӣ номидани он – пешниҳоде кардам, аммо ин пешниҳоди каминаро Валии Самад башиддат рад карданд ва дигар касе ҷуръат накард, ки дар ин мавзӯъ даҳон кушояд.

Камина дар ин фикр будам, ки агар масъалаи ҳатман ба хати форсӣ гузаштан ҳал шавад, ном низ худ аз худ форсӣ хоҳад шуд.

Бо кашмакашу ъасаббозиҳои зиёд рӯшанфикрон ноил шуданд, ки дар Қонуни забон номи забон ба шакли «тоҷикӣ (форсӣ)» навишта шавад. Яъне тоҷикӣ намуди ҳамсанги форсӣ аст.

Мо ба ҳамин муваффақияти андак шод будем, намедонистем, ки душманони миллат, ки дар порлумон кам нестанд, ҳамин вожаи «форсӣ»-ро бо як лагад задан аз Қонун берун мекунанд.

Шумо мегӯед фарқаш чист? Дар ҳамаи кишварҳо ҳар асаре, ки аз бузургони мо тарҷума ва чоп шудааст, дар зераш нивиштаанд: Баргардон аз забони форсӣ.

Баҳс бо авардухтар

Соли 1966 буд ё 1967 мо донишҷӯёни факултаи суханшиносии Донишгоҳи Самарқандро барои таҷрибаомӯзӣ ба Ленингради собиқ фиристоданд. Ман ва ҳамсабақҳоям Маъруфи Отахонзода (рӯзноманигори машҳури тоҷики сокини Тошканд) ва Ҷумъаи Ҳамроҳ (ҳоло мудири бахши забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи Самарқанд) дар кутубхонаи ба номи Солтикуф-Шедрин ба омӯзиши осори бо хати форсӣ нивишташудаи ниёконамон машғул будем.

Маъруфи Отахонзода, ки истаравшанӣ аст, шеърҳои то ҳол номаълуми Ноили Шерзодаро аз нашрияҳои форсии солҳои бисту сии садаи 20 пайдо карда, курта-курта гӯшт мегирифт.

Ҷумъаи Ҳамроҳ низ баъди ҳамон таҷрибаомӯзӣ ба дастхатҳои бостонӣ ъошиқ шуда монд ва баъди хатми донишгоҳ дар шуъбаи дастхатҳои шарқии кутубхонаи Донишгоҳи Самарқанд ба кор пардохт.

Ман дар кутубхонаи Солтикуф-Шедрини Ленингрод (ҳоло Сан-Питерзбург) бо як аспирант (донишҷӯи фавқилисонс)-и авар вохӯрдам, ки ҳоло номаш дар ёдам нест. Вай дар даст китобе аз кадом шоъири доғистонӣ дошт.

Ман, ки аз дӯстии Мирзо Турсунзода бо Расул Ғамзатови авар хабар доштам, гуфтам, ки мо тоҷикон шеърҳои ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаем ва дӯсташ медорем. Баъд ман гуфтам, ки ин бону ягон шеърро ба аварӣ бихонад, то ки фаҳмем оҳанги шеъри аварӣ чӣ гуна аст, чун дар шеър оҳанг мақоми асосӣ дорад.

Аврдухтар як шеър аз китобе, ки дар даст дошт, хонд. Ба назарам хеле дурушт намуд, ба саҳифаи китоб нигоҳ кардаму дидам, ки ҳар калима чанд ъаломати сакта дорад. Баъд ба ӯ гуфтам:

– Шеъри форсии мо равонтар аст ва ҳам хушоҳангтар ва «Зи оби ҷӯй ҳар соъат ҳаме бӯйи гулоб ояд, / Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун»-и Рӯдакиро мисол овардам ва ъилова кардам:

– Шеърҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлоно ҳамин тур хушоҳанганд.

Аспирантдухтар хеле оташин шуд.

Ва ӯ ба сари ман дод зад: – Шумо тоҷикон чӣ ҳақ доретон, ки Фирдавсию Ҳофизу Саъдию Хайёму боз садҳо шоъирони Эронро дуздида, моли худ кунед? Онҳо шоъирони форс ҳастанд!

Ман гуфтам, ки забони тоҷикӣ ва форсӣ якест, аммо ӯ қабул намекард ва мегуфт, ки дар ъолам ягон забон ду ном надорад ва ба ман чунин сафсата нагӯед. Агар забонатон форсӣ мебуд, форсӣ мегуфтед, на тоҷикӣ.

Мани донишҷӯй дар ин баҳс мағлуб шудам ва ин алам то ҳол дар дилам боқист.

Баъди бозгашт ба Самарқанд аз мӯйсафедони дар мадрасаҳо таҳсилдида мепурсидам: Забони мо замони пеш чӣ ном дошт? Танҳо як посухро мешунидам: – Форсӣ!

Ман ба ин баҳс ҳайронам. Порсӣ будани забони модарии мо барои ҳамаи босаводон маълум аст ва ҷои баҳс низ нест. Аммо баъзе касон дидаю дониста, ширро сиёҳ гуфта истодаанд. Гӯё, ки агар забони модарии мо номи аслии худро барқарор кунад, боми хонаи дурӯғи онҳо ба сарашон фурӯ мераваду дар зери он маҷақ шуда мемуранд.

Ин гуна даъвоҳои аблаҳонаро, ки порсиситезон дар Интернет пахш карда истодаанд, торих ёд надорад!

Порсӣ порсоист!

Воқеъан ҳам ин дурӯғ, ки забони модарии мо тоҷикист, ба кӣ лозим?

Ба душманони миллати мо лозим, то ки бигӯянд, тоҷикон ғайри Рӯдакӣ, ки аз ӯ адабиёти каме боқӣ мондааст, ягон классики барҷаста надоранд, ин Фирдавсию Хайёму Ҳофизу Саъдию Ъаттору Румиҳо эрониянд. Амир Хусраву Бедил моли Ҳиндустон, Низомии Ганҷавӣ моли Озарбойҷон.

Яъне барқарор кардани номи аслии забони модариямон боъиси забондарозии мардуми тоҷик хоҳад шуд, зидди душманон.

Форсӣ шакли дигари нивишт низ дорад – порсӣ. Аммо дар тӯли торихи ҳазорсолаи ин забон майли ин забон ба ҷониби нармӣ будааст ва вожаи форсӣ нармтар аст, нисбат ба порсӣ, зеро овози ф нармтар аст нисбат ба п.

Ва вожаи форсӣ маъмултар аст нисбат ба порсӣ дар забони матбӯъоти тоҷик.

Дар замони шӯравӣ дар таъомхонаҳо порс гӯед, як портсияи таъомро мефаҳмиданд. Вақте ки ба ошхонаи кӯча ё рестурон ворид мешудем, “ба мо ним порс палав биёр” гӯён ба таъомкашон суфориш медодем. Калимаи “порс” бо ин маънои худ ба забони мардум дохил шудааст ва мо чизе наметавонем муқобили он кунем, зеро ягон муродифи тоҷикии портсияро дар матбӯъот ҷорӣ накардем.

Азбаски аз порс порсо сохта шуда ва дар забонамон ба маънои пок, покдоман, покиза, озода, накӯкор ва парҳезкору худотарс омадааст, аз ҷиҳати зарфияти маъно нисбат ба калимаи «форс» афзалияти бештар дорад, зеро далел ба покизагию софдилии мардуми мост. Агар ҳар ду шакли ин калима ҳам форсу ҳам порсро баробар кор фармоем, минбаъд бо гузашти солҳо вожаи порс ғалаба хоҳад кард. Зеро мардум дӯст хоҳанд дошт, ки таъкид ба покизадилию озодагии худ кунанд.

Дар Бухоро номи Порсо зиёд аст. Мардуми дигар минтақаро низ лозим аст, ки фарзандонашонро Порсо ва Порсогул номгузорӣ кунанд, то ки озодагии маънои порсо густариш ёбад.

Аз устод Сафари Абдуллоҳ хоҳиш мекунам, ки ҳамон мақолаашонро дар Фейсбук нашр кунанд, кори савобе хоҳад шуд. Мақолаи «Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ» дар дастраси камина нест. Хурсанд мешудам, агар касе онро низ пайдо карда дар Фейсбук мегузошт, ё ба ман мефиристод.

*Адаши Истад нивисанда, пажӯҳишгар ва устоди забону адабиёти порсӣ дар Самарқанд аст. Ӯ то авоили даҳаи 90и милодӣ дар Тоҷикистон мезист ва достонҳое дар бораи адабу торихи Эрони Бостон, бавижа Борбади Марвазӣ, мутриб ва мусиқидони маъруфи даврони Хусрави Парвиз, подшоҳи Сосонӣ, мунташир кардааст.  

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*