Боргирии «Фарҳанги решаи луғоти форсӣ»-и Нуроӣ
Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги решаи луғоти форсӣ, бо намудори муштаққот» гирдоварии дуктур Алии Нуроӣ аст. Ӯ бо пижӯҳиш дар решаҳои вожаҳои форсӣ ва ҷустуҷӯи куҳантарин дисаҳои шинохташудаи онҳо дар бунхонҳо(манобеъ)-и гуногун, додаҳое бисёр дар бораи ҷудомад(иштиқоқ) ва пайванди онҳо бо вожаҳои ҳамрешаашон дар дигар забонҳо гирдоварӣ карда ва онҳоро ба гунаи намудори дарахтӣ барои ҳар реша кашидааст то хонандагон бо як нигоҳ битавонанд ҳамаи ҷудомадҳои як решаро ба як ҷой бибинанд.