Баробарниҳодаҳое барои ду вожа: «тазоҳурот» ва «инқилоб»

 Куруши Ҷаннатӣ: Ҷунбишҳои сарагароёна ба думболи онанд, ки то онҷо ки шуданист ва дар чаҳорчӯби дониш ва санҷидорҳо(завобит)-и вожагузинӣ мегунҷад, забонро аз вомвожаҳои бегона сабукбор кунанд. Бар пояи дидгоҳҳои сарагароёна бисёре аз наввожаҳои порсӣ, ки дар оғоз ноошно ва шигифт менамоянд дар гузари замон ҷойи худро дар баданаи забон боз мекунанд. Ҳамчунин он даста аз наввожаҳо низ, ки ба фарҷом бо рӯйовариш (истиқбол)-и мардум ҳамроҳ нашаванд ин судмандиро хоҳанд дошт, ки ба пӯёӣ ва зоёии дастгоҳи вожасозии забони порсӣ ёри расондаанд.

 Вожаҳои «тазоҳурот» ва «инқилоб» ҳар ду арабианд. «Тазоҳурот» аз решаи зуҳр ба маънои нишон додан меояд ва бо вожаҳои зоҳир, мутазоҳир, изҳор, тазоҳур ҳамреша аст. Нағз он ки дар забони арабӣ дар ин маъно аз вожаи “музоҳирот” баҳра бурда мешавад, на “тазоҳурот”. Вожаи «инқилоб» низ аз масдари «қалб» меояд ва маънои он чархидан аст. Вожаи инқилоб низ назди худи аъроб ба ҳамон маъное ба кор намеравад, ки мо порсизабонон ба кор мебарем. Дар арабӣ вожаи “савра”-ро дар маънои инқилоб ва вожаи “инқилоб”-ро дар маънои кудето ба кор мебаранд.

 Барои вожагузинӣ нахуст ба суроғи ганҷинаи вожагонии забон меравем. Вожаҳое чун «роҳпаймоӣ», «гирдиҳамоӣ» агарчи порсианд, вале сояҳои маъноии мушаххасе доранд, ки корбурдашон дар маъноҳои фитоди нигар (маврид назар) мояи гунгии забон аст. Яке аз санҷидорҳои вожагузинӣ ин аст, ки вожа бояд «ҳувийяти истилоҳӣ» дошта бошад; яъне ҳангоми шунида шудан маънои вежа ва мушаххасеро ба зеҳни мухотаб биёварад. Аз ҳамин рӯ бояд аз ҳарвиниши маъноӣ (таъмими маъноӣ)-и вожаҳое, ки назди мухотаб маънои вежаеро ёдоёд (тадоъӣ) мекунанд, парҳез кард.

 «Роҳпаймоӣ» имрӯз назди порсизабонон расонандаи маънои вежаест, ки ҳама ҷо бо тазоҳурот яксон нест, чунонки наметавонем ба ҷойи «роҳпаймоии арбаъйин» бигӯем «тазоҳуроти арбаъйин». Вожаҳои «чархидан/ чархиш» ва «гардидан/ гардиш» ҳам куллитар аз он ҳастанд, ки битавонанд расонандаи маънои мушаххаси «инқилоб» бошанд.

 Ҳангоме, ки дар ганҷинаи вожагони забон баробарниҳодае наёфтем метавон ба суроғи сохти вожа биравем. Барои вожаи «тазоҳурот/ таҷаммуъҳои эътирозӣ» вожаи «падоиш» пешниҳод мешавад. Ин вожа ба қиёс аз вожаи «ҳамоиш» сохта шудааст бо ин дигарсонӣ (тафовут), ки ба ҷойи пешванди «ҳам» пешванди «пад», ки рехти дигаре аз «под» аст, ҷойгузин шудааст. Ин пешвандро, ки дар маънои зиддият ба кор меравад дар вожаи «падофанд» низ мебинем. Бар ин поя сохтвожаи падоиш чунин аст: пад (пешванд)+ ой (ситоки акнуни “омадан”)+ иш (пасванд) ва маънои онро метавон чунин қарордод кард: гирди ҳам омадан патор (алайҳ) ё зидди чизе.

 Барои «инқилоб» ҳам метавон вожаи «бунгашт»-ро* пешниҳод кард. Ин вожа аз ду бахш сохта шудааст: «бун» (шолуда ва поя) + «гашт» (ситоки гузаштаи “гаштан”) ва ба хубӣ расонандаи маънои «чархиши бунёдин» аст; яъне ҳамон маъное, ки аз инқилоб мефаҳмем.

 * Ин вожа пешниҳоди Парвиз Шоҳчироғӣ аст.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*