Боргирии «Масири иштиқоқи луғоти форсӣ»-и Нуроӣ

Нуроӣ, Алӣ (1401); Масири иштиқоқи луғоти форсӣ. Омрико. Ҷилибрис.
Нуроӣ, Алӣ (1401); Масири иштиқоқи луғоти форсӣ. Омрико. Ҷилибрис.

Порсӣ Анҷуман: «Масири иштиқоқи луғоти форсӣ» гирдоварии дуктур Алӣ Нуроӣ аст.

 Ӯ худ дар пешгуфтор дар бораи ин набигаш (китобаш) чунин навиштааст:

 «Дар солҳои гузашта, иттилоъоти нисбатан густурдае дар бораи қадимитарин решаҳои шинохташуда луғоти форсиро аз мароҷеъ ва маохизи гуногун ҷамъоварӣ карда ва дар қолаби шаҷараномаҳое барои ҳар реша тарсим ва дар чанд китоб, аз ҷумла «Фарҳанги решаи луғоти форсӣ» бо намудори муштаққот мунташир кардам. Шаҷараномаҳо кумак мекунанд то хонанда битавонад бо як нигоҳ иҷмоли куллияи муштаққоти як решаро дар форсӣ ва забонҳои дигар як ҷо мушоҳида намояд. Вале тамаркузи шаҷараномаҳо рӯйи решаи луғот аст ва иттилоъоти марбут ба луғоте, ки аз решаҳои гуногун ташкил шуда дар шаҷараномаҳои мухталиф пахш мебошад. Аз ин рӯ, дар китоби ҳозир масири иштиқоқи луғоти форсӣ изофа бар густариш ва барӯзрасонии додаҳо ва истифода аз манобеъи ҷадидтар, ба ҷойи нишон додани луғоти гуногуни муштақшуда аз ҳар реша, решаҳои гуногуни ҳар луғати форсиро дар як намудор нишон додаам, ки масири иштиқоқ ва таркиби онҳоро равшантар кунад. Дар қисмати «Феҳристи решаи луғот», дар охири китоб, куллияи луғоти форсии ҳамреша дар муқобили решаи муштаракашон нишон дода шудааст. Ҳудуди 2700 луғати форсӣ дар ин фарҳанг решаёбӣ шуда, ки аз беш аз 860 реша, ки умдатан ҳиндуурупоӣ ҳастанд, муштаққ шудаанд. Масир иштиқоқи ин луғот ҳудуди 40 забони мухталифро дарбар мегирад. Дар ин миён забонҳои арабӣ, юнонӣ ва сонскрит беш аз забонҳои ғайриэронии дигар дар муҳоҷирати луғоти форсӣ асаргузор будаанд.»

 «Масири иштиқоқи луғоти форсӣ» ро аз «ин ҷой» боргиред.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*