Забони модарӣ ва кӯдакони мо

Шамсияи Қосим: Забони модарӣ ва кӯдакони мо дардест мушкил, ки ҳамеша дар зеҳнам мечархид, аммо тайи чанд муддат бештару бештар диламро афгор кардааст, чун фарзанди хурди дар ҳоли омӯзиши забони модарӣ ва ташаккули зеҳн дорам. Бачаам сесола шуду ин мушкил ҳам ҳамроҳи писарам дар ҳоли бузург шудан аст ва бештар ҳис мешавад.

Боргирии «Фарҳанги вожаҳои форсии сара барои вожаҳои арабӣ дар форсии муосир»

Фарида Розӣ: Чи беҳтар, ки мо ҳам бикӯшем ба забони гузаштаи худ то он ҷо, ки шуданист бозгардем ва вожаҳои зебо ва содаеро, ки дархури фаҳми гурӯҳи бештаре аз мардум аст ва аз ёд рафта, аз навиштаҳои боарзиш пайдо кунем ва онҳоро зинда гардонем ва забони зебои порсиро пурбортар ва густурдатар созем. Ҳар чи вожаи бештаре дошта бошем, забон тавонотар, нивиштан .зеботар ва бозгӯ кардани мафоҳим осонтар хоҳад шуд

Боргирии «Вожаномаи гӯишии бахтиёрии чаҳорланг»

Порсӣ Анҷуман: Аз рӯзгорони дур дар сарзамини паҳновари Эрон гӯишҳои эронии фаровоне будаанд, ки имрӯза бисёре аз онҳо аз миён рафтаанд ва нишонае ҳам аз онҳо бар ҷой намондааст. Имрӯза низ, бо шитоби дигаргуниҳо, гӯишҳои эронии фаровоне дар остонаи нобудианд.

Буми бахтиёрӣ ва устони Луристон, бо кӯҳҳои сар бар осмон сойида, гузаргоҳҳои танг ва мардону занони далер, камтар тозиши душманон ва бегонагонро ба худ дида ва камубеш гӯиши онон дастнахӯрдатар мондааст.

Киё, Содиқ (1357); Вожаҳои форсии миёна дар ҳашт вожаномаи форсӣ; Фарҳангистони забони Эрон.

Боргирии «Вожаҳои форсии миёна дар ҳашт вожаномаи форсӣ»-и Киё

Порсӣ Анҷуман: Дастур(дуктур) Содиқи Киё устоди пешини забони порсиг (паҳлавӣ) дар Донишгоҳи Теҳрон ва фирнишини Фарҳангистони забони Эрон буд. Ӯ дар ин дафтар вожаҳое, ки ба ъунвони вожаи паҳлавӣ дар ҳашт вожаномаи форсӣ ёд гардида гирдоварӣ кардааст ва дар поёни он огоҳиҳое, ки дар бораи забони паҳлавӣ дар бархе аз ин вожаномаҳо омада ба гунаи пайвастӣ бо номи «Огоҳиҳои пароганда дар бораи забони паҳлавӣ» афзудааст.

Форсидӯстӣ ва бостонгароии Қоҷориён

Амир Ҳошимии Муқаддам: Фарзи ин ёддошт ин аст, ки ҳатто агар Қоҷор ҳам рӯйи кор монда буд ё ҳукумати дигар ба ҷуз Паҳлавӣ рӯйи кор меомад, боз ҳам ҳамин равиши тақвияти забони форсӣ дар пеш гирифта мешуд. Барои исботи ин фарзия, як роҳаш нигоҳ ба забони форсӣ ва бостонгароӣ дар давраи Қоҷор ва ба вежа солиёни поёнии ин давра аст.

Забони форсӣ ба гӯши як хориҷӣ чи гуна аст?

Ин пурсише буд, ки дар сойти Quora, ки як сойти пурбоздиди пурсишу посух аст, матраҳ шуд. Афрод аз кишварҳои мухталифи дунё ба ин пурсиш посух додаанд. Ба ҷуз яке ду маврид, тақрибан тамоми назарот мусбат ва албатта ҷолиб буданд. Тарҷумаи теъдоде аз назарот ба таври хулоса пешкаш мешавад.