Забони форсӣ ба гӯши як хориҷӣ чи гуна аст?

Ин пурсише буд, ки дар сойти Quora, ки як сойти пурбоздиди пурсишу посух аст, матраҳ шуд. Афрод аз кишварҳои мухталифи дунё ба ин пурсиш посух додаанд. Ба ҷуз яке ду маврид, тақрибан тамоми назарот мусбат ва албатта ҷолиб буданд. Тарҷумаи теъдоде аз назарот ба таври хулоса пешкаш мешавад.

 ‏ Лоро Нувоку, ки инглисӣ ва сербӣ суҳбат мекунад:

 Зебо ба назар меояд. Ҳамдарсе дорам, ки нима эронӣ аст ва маъмулан бо модараш форсӣ суҳбат мекунад ва ман ҳамеша он шайтоне ҳастам, ки худамро мекашам то ба суҳбатҳояшон гӯш бидиҳам, чиро ки ба назар оҳангин ва эҳсосӣ меояд.

  Усома Аҳмад (Покистон):

 Мисли мусиқӣ ба гӯши ман аст… Монанди нурест, ки аз ҷавоҳироти тоҷу тахт метобад…

 Падарбузурги модарии ман ба форсӣ суҳбат мекард ва менавишт. Ӯ форсиро «фарансавии Осиё» меномид ва ҳамчунин онро «забони шоҳон» мехонд, чиро ки форсӣ барои онҳо забоне шоҳона ба шумор мерафт.

 ‏Ҷонӣ Живогу:

 Ҳамон гуна, ки фаронсавӣ ба гӯши як эронӣ, ки фаронсавӣ намедонад, ба назар меояд… Ман инро замоне, ки суҳбат кардани форсии як духтари зебои эрониро шунидам, фаҳмидам. Форсӣ ва фаронсавӣ овоҳои шабеҳ ба ҳам доранд ва ҳар ду забонҳои зебоянд.

 ‏Ён Силво (Донишгоҳи Тегзос):

 Барои посух додан ба ин пурсиш, 30 дақиқа Бӣ-Бӣ-Сии форсиро равшан кардам то ба садои ин забон гӯш бидиҳам. Зебо ба назар меояд. Бисёр зариф, ширин ва сайёл аст. На монанди арабӣ аз гулӯ меояд ва на монанди ҳиндӣ тӯдимоғӣ аст

 Поток (ҳиндӣ медонад):

 Забони бегона ба назар намеояд.. Ошно ба назар мерасад… Забони мо ба шиддат таҳти нуфузи форсӣ буда ва теъдоди бисёр зиёде вомвожаи форсӣ дар ҳиндӣ вуҷуд дорад.

 ‏Куркмоз (туркӣ ва инглисӣ медонад):

 Воқеан форсиро дӯст дорам ва барнома дорам, ки онро ёд бигирам. Эрон барои туркҳои монанди ман муҳим аст. Нақше, ки Юнони бостон барои Урупо дорад, Эрон барои Туркия дорад. Форсӣ оҳангин ва шуста-руٌфта ба назар меояд. Ба вежа, мусиқии суннатии Эрон олист.

  Дӯрдвич (Сербистон):

 Бисёр румонтик ба назар меояд ва ман барнома дорам, ки онро дар оянда ҳамроҳ бо русӣ ва юнонӣ ёд бигирам. Фардеро дар Сербистон дидам, ки 10 забон медонист ва ба ман гуфт, ки дар миёни ҳамаи онҳо, форсиро бештар аз ҳама дӯст дорад, чиро ки бисёр шоирона аст. Ба ман гуфт бояд онро ёд бигирӣ.

 ‏Корокуш:

 Барои ман монанди забони ишқ аст. Аввалин боре, ки онро шунидам ба шиддат ғофилгир шудам чаро, ки {мутаваҷҷеҳ шудам} шабоҳатҳои бисёре байни курдӣ (забони бумии ман) ва форсӣ вуҷуд дорад… Шӯрбахтона, фақат андаке аз онро мефаҳмам, вале як рӯз онро ёд хоҳам гирифт, чунки хеле форсиро дӯст дорам.

 Гоглиёрдӣ:

 Дар як калом, ошиқона аст.

 Пероста, музикол, мосождиҳандаи тори савтӣ, замоне ки замзамааш мекунӣ.

 ‏Ҷунер (ошно ба инглисӣ, нурвежӣ, итолиёӣ ва испониёӣ):

 Гӯш кардан ба форсӣ муодили савти нӯшидани шароби сафед аст. Он қадар ширин аст, ки пас аз шунидани он дар филмҳову оҳангҳо ва мардуми атроф, шурӯъ кардам ба ёд гирифтани он.

 Тулго Ҳон:

 Посухи ман шояд барои форсизабонҳо, масхара ба назар биёяд, вале [форсӣ] барои ман ёдовари туркии усмонист. Манзурам аз туркии усмонӣ, забони девонист, ки тавассути қасрнишинон ва нухбагони порсишудаи давлати усмонӣ истифода мешуд.

 Олтун Халилуф (Ҷумҳурии Озарбойҷон):

 Барои ман ба унвони касе, ки аслан форсӣ намедонад, беназир аст… Форсӣ чизе шабеҳи фаронсавии Ховари Миёна аст… Шоирона ба назарам меояд ва дар воқеъ барои ман форсӣ шоиронатарин забонест, ки то кунун шунидаам.

Дроку Швогер (донишҷӯи Донишгоҳи Уксфурд):

 Хеле нарм аст… монанди шир ё об аст ва ба гунае равон ва сайёл ба назар меояд, ки ман дар ҷудо кардани вожаҳо аз якдигар мушкил пайдо мекунам. Ман метавонам вожаҳоро дар бештари забонҳои ҳиндуурупоӣ ба хубӣ ташхис диҳам, вале дар форсӣ ин кор бароям душвор аст.

          Сарчашма: https://telegra.ph

 ——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

 

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*