Боргирии «Вожаномаи гӯишии бахтиёрии чаҳорланг»

Сарлак, Ризо (1381); Вожаномаи гӯиши бахтиёрии чаҳорланг; Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ.

 Порсӣ Анҷуман: Аз рӯзгорони дур дар сарзамини паҳновари Эрон гӯишҳои эронии фаровоне будаанд, ки имрӯза бисёре аз онҳо аз миён рафтаанд ва нишонае ҳам аз онҳо бар ҷой намондааст. Имрӯза низ, бо шитоби дигаргуниҳо, гӯишҳои эронии фаровоне дар остонаи нобудианд.

 Буми бахтиёрӣ ва устони Луристон, бо кӯҳҳои сар бар осмон сойида, гузаргоҳҳои танг ва мардону занони далер, камтар тозиши душманон ва бегонагонро ба худ дида ва камубеш гӯиши онон дастнахӯрдатар мондааст.

 Дар ҳар як аз рустоҳои бахтиёринишин мардум ба гӯиши вежа сухан мегӯянд. Гирдоварӣ ва баррасии ҳамаи гӯишҳои бумии бахтиёрӣ кор як ё чанд тан нест, ки кори як пижӯҳишкадаи забон бо гурӯҳе гӯишвари ошно ба забонҳо ва гӯишҳои бумист.

Нигорандаи ин вожанома, Ризо Сарлак, ки худ бахтиёрист ва ба гӯиши бахтиёрии чаҳорланг ва перомун ошноӣ дорад, солҳо барои гирдоварии ин вожанома замон гузошта ва дар ин роҳ «Роҳнамои гирдоварии гӯишҳо» аз дастур(дуктур) Содиқи Киё намунае барои кори ӯ будааст.

 «Вожаномаи гӯиши бахтиёрии чаҳорланг» аз Ризо Сарлакро аз «ин ҷой» боргиред.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*