‘Диёлектик’ ва ҳамтои порсияш

Барои Дориюши Дарвешӣ

Бузургмеҳри Луқмон: Устод Миршамсуддини Адибсултонӣ, дар гардониши “Санҷиши хиради ноб” вожаи “дуӣчимгӯйик”-ро ба ҳамтоии dialektik-и олмонӣ, dialectic-и инглисӣ ва dialectique -и фаронсавӣ пеш ниҳода ва дар вожаномаи Санҷиши хиради ноб (рӯяи 43) бар пешниҳодаш чунин партав афкандааст:

Дуичимгӯйик: (dovicemguik) аз ду (2) ҳамреша бо “διά” дар юнонӣ + “-ӣ”-и нисбат + “чамгӯйӣ” (шакли паҳлавии cimgōvāgīh: нишонгари мантиқ) + “ik,īk”, пасванди сифатсози паҳлавӣ, ки метавонад ба ҷои исм биншинад.

“Дуичимгӯйик” ба ҳамтои “диёлектик” ба ангезаҳои зер хушсохт наменумояд:

Дар бораи пешванди διά: ин пешванд дар “hē dialektikē” ( διαλεκτική) бештар ба ҳамтоии “бо, аз роҳи ва барои” аст ва ончи, ки ҳамарзи “ду” аст, на “διά”, ки “δύο” аст.

Дар бораи “чимгӯйӣ”: Андар Динкарди чаҳорум (M 417) “чимгӯёӣ (cim-gōbāgīh)” омада, лек ин на нишонгари “мантиқ”, ки бештар ҳамтои “ἀποδείξεις”-и Аристу (ъарабӣ: ал-бурҳон) аст.

Андар Динкарди чаҳорум (M 412) ба ҳамтоии мантиқ ( λογική, τὸ λογικόν) гӯёӣ (gōbāgīh)-ро дорем.

šābuhr šāhān šāh ī ardaxšērān nibēgīhā-z ī az dēn bē abar bizeškīh ud stargōbišnīh, ud cannišn, ud zamān ud gyāg, ud gōhr ud jahišn, ud bavišn ud vināhišn, ud jadag-vihirīh, ud gōbāgīh, ud abārīg kirrōgīh ud abzār ī andar hindūgān ud hrōm abārīg-iz zamīgīhā pargandag būd abāz ō ham āvurd.

Дар бораи пасванди “-ик”: Наздик ба ду ҳазор сол аст, ки ҳам забони паҳлавониг (портӣ) ва ҳам забони порсиг (паҳлавӣ) аз “-ик” ба “-иг” (īg) расидаанд ва ба порсӣ низ “-г” уфтода ва “-ӣ” мондааст. Гӯем “гетӣ”, ки ояд аз “гетиг” (gētīg). Чунин рӯшан аст, ки “гетиг” ва “гӯйик” ва монанди инҳо бо фаргашти забони порсӣ ҳамоҳангӣ ва созворӣ надоранд.

Кунун гар бихоҳем бар пояи дастури забони порсӣ ва бар пояи шеваи сохтӣ, ки устод Адибсултонӣ дарандохтааст, вожае пеш ниҳем, “дугӯӣ” дархӯртар менумояд, то “дуичимгӯйик”.

Аз дуичимгӯйик, ки даргузарем, дар порсӣ ба ҷои диёлектик бештар “ҷадал”-ро ниҳодаанд, лек забони порсӣ худ дастикам ду вожа ба ҳамтоии ҷадали ъарабӣ дорад ва ниёзе ба вожасозӣ ё вомгирӣ дар ин бора нест: пайкор (порсиг: pehikār) ва сиголиш (порсиг: uskār), ки ҳар як дар ҷое дархӯр тавонад ба кор рафтан, чунон:

Чунин гуфт, к-ин хом гуфторатон,
Шунидан наярзад зи пайкоратон (Фирдавсӣ)

Кас банди худое ба сиголиш нагушояд,
Бо банди худоӣ мачаху беҳуда масгол. (Носири Хсирав)

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*