‘Забон ва қавмият’ дар Эрон дар гуфтугӯ бо пруфесур Горник Осотуриён

  • Дар Эрон танаввуъи қавмӣ вуҷуд надорад, балки мо бо гуногунии забонӣ (дар бештари маворид гӯишӣ) ва хурдафарҳангҳои бумӣ мувоҷеҳ ҳастем.
  • Қавмият дар Эрони пеш аз Ислом ба шакли феълии он вуҷуд надоштааст. Яъне дар он бурҳа аз торих, лур, курд, балуч, калҳур, лак, гӯрон ва ҳар қавми дигаре, ки акнун вуҷуд дорад, надоштаем. Дар Эрони он замон аз ду қавми шартии бузург метавон ном бурд: яке “форс” дар ҷануби Эрон, яъне мардуме, ки ба гӯишҳои ҷануби ғарбӣ суҳбат мекарданд ва дигаре “мод”, яъне касоне, ки ба гӯишҳои шимоли ғарбӣ такаллум мекарданд. Дар шарқи Эрон, яъне дар густараи Осиёи Марказӣ ва Мовароуннаҳр вазъият ба гунаи дигаре буда, ки худ мавзӯъи ҷудогонае аст.
  • Қавми бузурги «форс» баъдан тамоми ақвому хурдафарҳангҳоеро ба вуҷуд овард, ки акнун ба гӯишҳои ҷануби ғарбӣ суҳбат мекунанд ва қавми “мод”, нахуст модҳои миёна, портҳо, озариҳо ва сипас хурдафарҳангҳоеро ташкил дод, ки ба забонҳову гӯишҳои шимоли ғарбӣ суҳбат мекунанд. Масалан балучҳо, курдҳо, сивандиҳо, кошиҳо, симнониҳо, гелакҳо, мозандарониҳо, толишҳо, мардуми атрофи Исфаҳон ва… Дарвоқеъ, дар Эрони пеш аз ислом фақат ин ду падидаи қавмӣ вуҷуд доштаанд ва ин ду низ дар бештари маворид бо якдигар ҳамгун шудаву аз назари забонӣ низ қодир ба дарки якдигар будаанд.
  • Қавмномҳое, ки имрӯз дар Эрон мебинед, ҳама дар даврони пас аз Ислом ба вуҷуд омадаанд. Бино бар ин, ҳеч як аз, баистилоҳ, ақвом ё хурдафарҳангҳо ё сокинони яке аз манотиқи Эрон наметавонанд иддиъо кунанд ин сарзамин аз бадви торих мутаъаллиқ ба мост.
  • Забонро ба ҳич ваҷҳ набояд бо қавм яксон донист.
  • Гурӯҳҳои фарҳангӣ-қавмии Эрони имрӯз пас аз истилои аъроб ба вуҷуд омадаанд ва пеш аз он вуҷуди хориҷӣ надоштаанд.
  • Эрон ба шакли имрӯзии он як сохти табиъист, ки дар се ҳазор сол қабл шакл гирифтааст. Ҳеч бахше аз ин кишвар дар тӯли торих бо ҷангу лашкаркашӣ тасхир нашудааст, ки сипас ба он илҳоқ шавад.
  • Эрон як падидаи мунҳасир ба фарди табиъист ва вақте онро бо кишварҳое монанди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ муқоиса мекунем, муртакиби як иштибоҳи метудулужики фоҳиш мешавем, яъне як сохти табиъиро дар муқобили як падидаи маснуъӣ қарор медиҳем.
  • Вақте ман дар бораи Эрон фикр мекунам, дарахти тануманде дар зеҳнам муҷассам мешавад, ки танаи ситабре дорад ва аз он шохаҳои мутаъаддиде муншаъаб шудаанд ва ин шохаҳо на танҳо ба тана, балки ба якдигар низ муттасиланд. Қисмати сабзи ин дарахт ё тоҷи он мисли гунбаде якпорча танаро зинат медиҳад, ин шохаҳо чунон бо якдигар пайванд доранд ва чунон дар якдигар фурӯ рафтаанд, ки ҳатто даст бурдан байни онҳо имконпазир нест.
  • Табиъӣ будани сохти қавмӣ дар Эрон бад-ин маънист, ки қавмияти ақвоми эронизабони ъаҳди бостон – ки ахлофи сокинони аввалияи фалоти Эрон будаанд – ба таври табиъӣ дигаргун шуда ва ин ҳамгунии қавмӣ ҳосили дахолатҳои сиёсӣ набудааст.
  • Ончи дар Эрон аз он ба гурӯҳҳои қавмӣ таъбир мешавад, дарвоқеъ гурӯҳҳои забонӣ-мазҳабӣ ҳастанд, ки садаҳо дар канори якдигар зиндагии мусолиматомез доштаанд ва дорои ҳофизаи торихии муштараканд… Ҳатто метавон гуфт дар Эрон фақат гурӯҳҳои забонӣ вуҷуд дорад, на мазҳабӣ.
  • Ба таври куллӣ дар Эрон фақат ду нажод вуҷуд дорад: яке нажоди эронӣ ва дигаре нажоди турк, ки ҳамон туркманҳо ҳастанд ва ҷамъияти онҳо ҳам беш аз ним милюн нафар нест.
  • Гӯша-гӯшаи Эрон мутаъаллиқ ба ҳамаи эрониён аст. Туркизабон шудани баъзе аз мардуми Эрон ҳам, аз ҷумла дар Озарбойҷон, ҷанбаи сонавӣ дошта ва марбут ба садаҳои ахир аст ва дар бораи он таҳқиқоти бисёре анҷом шудааст.
  • Пиндораҳои “аксарият” ва “ақаллият” ба он сурате, ки дар кишварҳои дигар матраҳ аст, дар Эрон вуҷуд надорад.
  • Вақте улгуҳои хориҷиро ба таври меконикӣ дар Эрон пиёда мекунем, мушкилоти бисёре ба вуҷуд меояд ва мутаассифона бисёре аз кажфаҳмиҳо ва ҳувиятҳои козиб, ки дар ин кишвар дар ҳоли шаклгирист, ҳосили ҳамин суибардоштҳост.
  • Бархе мегӯянд 51 дарсади мардуми Эрон форс ё ҳамон аксарият ҳастанд ва 49 дарсад ақаллият ва мутаассифона дар Эрон низ бархе ин суханонро такрор мекунанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки дар Эрон аслан “форс” вуҷуд надорад.
  • Дар Эрон аслан “форс” вуҷуд надорад, форс кист?! Оё гелакҳо форс ҳастанд ё на?! Сивандиҳо чи тур? Кошӣ форс аст ё на? Чи тур метавон аҳолии Газ, Абёна, Сиванд, Симнон ё ҳатто гелакҳову мозандарониҳо ва…-ро, ки ба забони модарии худашон суҳбат мекунанд ва забонашон дасткамӣ аз курдӣ ва балучӣ надорад, “форс” пиндошт, вале курду балучро на?!
  • Забони форсӣ забони ҳеч як аз ақвому хурдафарҳангҳои эронӣ нест. Форсӣ як забони фароқавмӣ ё миёнҷӣ аст. Ин ки мегӯянд адабиёти форсӣ мутаъаллиқ ба форсҳост, комилан иштибоҳ аст.
  • Забони форсӣ мутаъаллиқ ба қавме ба номи “форс” ё аксарият (51 дарсад)-и мардуми Эрон нест ва дарвоқеъ забони муштарак ва мероси фарҳангиву тамаддунии ҳамаи мардуми Эрон ба шумор меояд ва онҳоро ба якдигар пайванд медиҳад.
  • Забони фароқавмии форсӣ мутаъаллиқ ба ҳамаи хурдафарҳангҳои Эрон аст. Ҳеч қавме дар Эрон наметавонад иддиъо кунад “ман форсам”, ҳатто худи форсҳо дар Форс.

Амири Зайғамӣ: Кишвари Эрон аз лиҳози гуногунии забонию фарҳангӣ падидаи камназирест. Албатта ин танаввуъи фарҳангӣ ба сабаби бархе суибардоштҳо, ба ихтилофоту мушкилоте низ доман задааст. Барои мисол, масъалаи “Омӯзиши забони модарӣ” ё ҳатто “Омӯзиш ба забони модарӣ” дар солҳои ахир маҳалли баҳсу муноқишаи бисёр будааст. Дар соли 1392 ъиддае аз аъзои “Фарҳангистони забону адаби форсӣ” дидгоҳи худро дар бораи масоили мазбур баён карданд, ки баъзан бо вокуниши тунди бархе аз фаъъолони сиёсию фарҳангӣ ва асҳоби расона рӯбарӯ шуд. Назароте монанди “ончи аҳаммият дорад, пажӯҳишу кори ъилмӣ рӯи ин забонҳост” ё “агар бихоҳем забонҳои модариямонро ба ъунвони забони ъилмиву омӯзишӣ ба кор бибандем, ба таври ҳатм ба гузашта хоҳем баргашт”, ки аз сӯи аъзои Фарҳангистон изҳор шуда, қатъан қобили тааммул аст ва набояд сарсарӣ аз онҳо гузашт, зеро ин суханон дидгоҳи касонест, ки дар ин замина соҳибназаранд ва фориғ аз ҳар гуна ғаразварзӣ ба масоил менигаранд. Баростӣ, агар Фарҳангистони забону адаби форсӣ салоҳияти изҳори назар дар бораи ин мавзӯъро надошта бошад, кудом марҷаъи дигаре соҳиби салоҳият аст? Назароти бархе аз мунтақидон дар бораи дидгоҳҳои мазбур нишондиҳандаи ин буд, ки аз фаъъолиятҳои ъилмӣ-пажӯҳишии Фарҳангистони забону адаби форсӣ иттилоъи кофӣ надоранд ва гӯё намедонанд дар батни ин ниҳод гурӯҳе ба номи “Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ” вуҷуд дорад, ки ба таври равишманд ба ҷамъоварии маводди забонҳо ва гӯишҳои эронӣ ва пажӯҳиш дар бораи онҳо мепардозад.

Гӯё ъиддае гумон мекунанд танҳо коре, ки дар ин ниҳод анҷом мешавад, “вожагузиниву муъодилёбӣ” аст. Бигзарем аз ин ки бархе низ бисёре аз вожаҳоеро, ки аз боби танз байни мардум ривоҷ дорад, ба Фарҳангистон нисбат медиҳанд ва ҳатто бар ин боваранд Фарҳангистон будҷеи мамлакатиро бо сохтани чунин вожаҳое ба ҳадар медиҳад. Дар ин миён, бархе дигар аз соҳибназарон ва устодони баном низ дидгоҳи хешро дар мувофиқат ё мухолифат бо омӯзиши забони модарӣ баён кардаанд, ки ҳар як дар ҷойи худ арзишманд аст ва усулан найл (дастёбӣ) ба ҳақиқат аз раҳгузари ҳамин истикоки (ба ҳам сойидани) афкор дастёфтанист. Вале нақисае (костие), ки дар инҷо ба чашм мехӯрад, ин аст, ки афроди мазбур, ки файласуф, ҷомеъашинос, равоншинос, инсоншинос ё устоди ъулуми сиёсӣ ҳастанд, ҳар як аз манзари тахассусии худ ба мавзӯъ нигаристаанд, ки комилан табиъиву иттифоқан баҷост, вале нигоҳи забоншинохтӣ ва қавмшинохтӣ ба ин масъала низ на танҳо лозим, балки воҷиб аст. Ба ҳамин далел, нигорандаи ин сутур салоҳ дид ин мавзӯъро бо як забоншиносу қавмшинос низ дар миён бигзорад ва назари вайро дар ин бора ҷӯё шавад.

Гуфтугӯе, ки дар идома меояд, дидгоҳи пруфессур Горник Осотуриён*, устоди донишгоҳи русӣ-арманӣ (исловӣ)-и кишвари Арманистон ва сардабири маҷаллаи байналмилалии «Iran and the Caucasus” (интишороти “Брил”: Лайден-Бустун), дар бораи “Забон, қавмият ва ҳаққи омӯзиш ба забони модарӣ” аст. Эшон чанд сол пеш китобе низ дар ин замина бо ъунвони “Таркиби қавмии Эрон: аз паҳнаи ориёӣ то устураи Озарбойҷон” ба забони русӣ таълиф кардаанд, ки мутаассифона ҳанӯз ба форсӣ тарҷума нашудааст. Албатта чакидаи ин китоб, дар мақолае бо ъунвони “Бофти нажодии мардуми Эрон: гуногунии қавмӣ ё гуногунии забонӣ?” дар маҷаллаи «Фарҳанги мардум» (соли даҳум, шумораҳои 37 ва 38, баҳору тобистони 90) ба чоп расидааст.

***

Бахши аввали гуфтугӯ:

– Ибтидо мехоҳам бипурсам талақӣ, таъриф ва бардошти Шумо аз қавмият чист? Зеро ҳамон тур ки медонед, қавмият аз он даст мафоҳимест, ки дар таърифи он байни соҳибназарон иҷмоъ (ҳамназарӣ) вуҷуд надорад.

– Қавмият як мафҳуми чандваҷҳӣ (multifaceted) аст, яъне ҷанбаҳои мухталиф дорад. Наметавон қавмиятро дар як ҷумла ё дар чанд сатр таъриф кард, ин падида дар ҳар ҳитаи ҷуғрофиёӣ ва дар ҳар бурҳа аз замон таърифи хосси худро дорад ва наметавон як таърифро ба замонҳо ва маконҳои мухталиф таъмим дод. Ба ҳамин далел мо акнун фақат дар бораи мафҳуми қавмият дар Эрони муъосир суҳбат хоҳем кард.

Дар робита бо Эрон, қавмият як истилоҳи шартист, чун ба назари банда, дар ин кишвар қавмият ба мафҳуми ъом вуҷуд надорад, ҳарчанд медонам, ғолибан Эронро кишваре касирулақвом (multiethnic) мепиндоранд ва ин гуфтаи банда мумкин аст бо интиқоди бархе маҳофил рӯбарӯ шавад. Ман аслан муътақидам дар Эрон танаввуъи қавмӣ вуҷуд надорад, балки мо бо гуногунии забонӣ (дар бештари маворид гӯишӣ) ва хурдафарҳангҳои бумӣ мувоҷеҳ ҳастем.

Қавмият бар чанд асли бунёдин устувор аст:
нахуст, хостгоҳи нажодӣ ва ҳофизаи торихии муштарак;
дуввум, густараи ҷуғрофиёии вижа, яъне ин ки як қавм аз куҷо ба вуҷуд омада ва аз назари торихӣ мутаъаллиқ ба чи сарзаминест;
севум, забони муштарак;
чаҳорум, фарҳанги муштарак;
ва панҷумин, ки аз ҳама муҳимтар аст, худогоҳиву ҳувияти қавмист, ки бо вуҷуди аҳаммияте, ки дорад, падидае бисёр навасонпазир аст ва баста ба яке аз ъавомили гуфташуда мумкин аст шиддату заъф пайдо кунад ва ҳатто ашколи мухталиф, аз ҷумла козиб, ба худ бигирад.

Бо ин ҳама, эълони вуҷуди як қавмият вобаста ба муаллафаи худогоҳии қавмист ва ба таври мустақим таҳти таъсири он қарор дорад. Албатта ин фоктур дар бурҳаҳои замонии мухталиф метавонад ҳатто ҳолати маҷозӣ низ дошта бошад. Агар барои ташреҳи ин падида аз истилоҳоти морксистӣ истифода кунем, метавонем бигӯем хостгоҳи нажодӣ ва ҳофизаи торихӣ, сарзамин (ethnic territory), забон ва фарҳанг ҷанбаи “зербиноӣ” доранд ва ҳувият ҷанбаи “рӯбиноӣ”. Агар қавмиятро ба як сохтмон ташбеҳ кунем, чаҳор муаллафаи аввал худи сохтмонро месозанд ва худогоҳӣ намои онро. Албатта ҷавомеъи қавмӣ-мазҳабӣ ё қавмӣ-динӣ (ethno-religious communities), яъне гурӯҳҳое, ки ҳувияти қавмии онон бар пояи як дини муъайян бино шудааст, падидае ъалоҳида ҳастанд ва онҳоро бояд ба гунаи дигаре ташреҳ кард. Дар ҷавомеъи мазкур, ҳувият баръакс ҷанбаи зербиноӣ дорад ва бақияи муаллафаҳо рубиноӣ. Дар зимн, дар ташреҳи қавмият гоҳе вижагиҳои руҳӣ ва хулқу хӯи бумӣ низ ба масобаи шохиси қавмият ба шумор мераванд, вале ба назари ман, ин мавриди ахир иктисобӣ (ба даст овардашуда, на табиъӣ) аст ва ҷанбаи сонавӣ (дувумдараҷа) дорад, ҳарчанд дар баъзе аз маворид метавонад як фоктури ҷудогона дар таърифи қавмият маҳсуб шавад.

Қавмият дар Эрони пеш аз Ислом ба шакли феълии он вуҷуд надоштааст. Яъне дар он бурҳа аз торих, лур, курд, балуч, калҳур, лак, гӯрон ва ҳар қавми дигаре, ки акнун вуҷуд дорад, надоштаем. Дар Эрони он замон аз ду қавми шартии бузург метавон ном бурд: яке “форс” дар ҷануби Эрон, яъне мардуме, ки ба гӯишҳои ҷануби ғарбӣ суҳбат мекарданд ва дигаре “мод”, яъне касоне, ки ба гӯишҳои шимоли ғарбӣ такаллум мекарданд. Дар шарқи Эрон, яъне дар густараи Осиёи Марказӣ ва Мовароуннаҳр вазъият ба гунаи дигаре будааст, ки худ мавзӯъи ҷудогонае ва аз ҳавсалаи баҳси мо хориҷ аст.

Қавми бузурги «форс» баъдан тамоми ақвому хурдафарҳангҳоеро ба вуҷуд овард, ки акнун ба гӯишҳои ҷануби ғарбӣ суҳбат мекунанд ва қавми “мод”, нахуст модҳои миёна, портҳо, озариҳо ва сипас хурдафарҳангҳоеро ташкил дод, ки ба забонҳову гӯишҳои шимоли ғарбӣ суҳбат мекунанд. Масалан балучҳо, курдҳо, сивандиҳо, кошиҳо, симнониҳо, гелакҳо, мозандарониҳо, толишҳо, мардуми атрофи Исфаҳон ва… Дарвоқеъ, дар Эрони пеш аз ислом фақат ин ду падидаи қавмӣ вуҷуд доштаанд ва ин ду низ дар бештари маворид бо якдигар ҳамгун шудаву аз назари забонӣ низ қодир ба дарки якдигар будаанд.

Қавмномҳое (ethnonym), ки имрӯз дар Эрон мебинед, ҳама дар даврони пас аз Ислом ба вуҷуд омадаанд. Бино бар ин, ҳеч як аз, баистилоҳ, ақвом ё хурдафарҳангҳо ё сокинони яке аз манотиқи Эрон наметавонанд иддиъо кунанд ин сарзамин аз бадви торих мутаъаллиқ ба мост. Номҳои нодири қавмӣ ҳам, ки дар мутуни бостон дар робита бо сарзамини “Эрони имрӯзӣ” ба чашм мехӯрад, монанди akaufachiya, ки бархе қавми балучро ба он нисбат медиҳанд, то ба ҳол бадурустӣ тавзеҳ нашудаанд. Дар бораи ақвоме, ки дар мутуни юнониву лотин аз онон ном бурда шудааст, монанди коспиҳо, тапурҳо, амардҳо, кардухҳо, кодусон ё хуриҳо, коситҳо, лулубиҳо ва…, ки дар нивишторҳои бостонии Миёнрӯдон зикр шудаанд, низ бояд гуфт ин ақвом сокинони фалоти Эрон қабл аз муҳоҷирати ориёиҳо буданд ва баъдҳо дар эрониён идғом шуданд ва дар ин мақтаъ аз торих, ки мо дар бораи онҳо суҳбат мекунем, дигар вуҷуд надоштанд. Ъеломиҳо ҳам, ки аз бошандагони куҳани фалоти Эрон будаанд ва торихи чандҳазорсола доштаанд, дар ин бурҳаи замонӣ дигар ҳамгун шуда буданд ва ба забони эронӣ суҳбат мекарданд.

Албатта, вақте мегӯям дар давраи бостон дар маҳдудаи ҷуғрофиёии имрӯзи Эрон ду қавми шартии бузург вуҷуд дошта, ки бо ду гӯиши бисёр наздик бо якдигар суҳбат мекардаанд, ба ҳеч ваҷҳ манзурам ин нест, ки дар Эрони он замон мардум комилан якпорча ва якдаст будаанд, хайр. Раванди ба вуҷуд омадани гӯишҳо ва забонҳои имрӯзӣ ба ҳамон замон бармегардад, яъне нутфаи забонҳо ва гӯишҳои имрӯзии Эрон дар даврони бостон шакл гирифтаву батадриҷ сайри такомулии худро тай карда ва ба шаклгирии вазъияти забони ҳоли ҳозири Эрон анҷомидааст.

– Пас бояд гуфт дар шаклгирии ин ду қавми бузург – ҳадди ақал дар мароҳили аввалияи он – ақвоми мутаъаддиде нақш доштаанд, ин тур нест?

– Бале! Ин назар то ҳадде дуруст аст, вале хоҳиш мекунам ин ду пиндораро бо ҳам наёмезед: нахуст “қавм” ва “қабила” ва дувум, “забон” ва “қавм”-ро.

Қабилаҳо, ъашоир ва хонаводаҳои бузург ба масобаи шакле аз зиндагии иҷтимоъӣ ҳатман вуҷуд доштаанд ва нақши муҳимме дар зиндагии сиёсии кишвар ифо мекардаанд. Магар Ҳахоманишиён қабила ё хонаводаи бузург набуданд? Хонаводаҳои даврони Ашконӣ ё Сосонӣ чи тур? Ман дар гуфтугӯ бо ҳазратъолӣ қавмро ба маънии ethnos ё нажод ба кор мебарам.

Нуктаи муҳимми дигар ин ки забонро ба ҳич ваҷҳ набояд бо қавм яксон донист. Вақте дар бораи ниёкон ва пешиниёни ақвоми имрӯзи Эрон дар даврони бостон сухан мегӯем, манзури мо ҳомилони ҳолатҳои аввалияи гӯишҳо ва забонҳои имрӯзист; масалан мегӯем гӯишварони лаҳҷаҳои курдӣ, симнонӣ, сивандӣ, марказӣ, балучӣ дар даврони Ашконӣ, Сосонӣ ва… Дар замони Ҳахоманишиён ин гӯишҳо ҳанӯз шакл нагирифта буданд. Ҳатто ман фикр мекунам дар давраи Ашкониён низ забонҳои ин мардум нахустин мароҳили шаклгириро тай мекарда ва аслан хабаре аз ақвоме бо номҳои имрӯзӣ набудааст. Бо истифода аз иможи сохтмон метавон гуфт дар он замон фақат пояи ин сохтмонҳо ва шояд деворҳои онҳо чида шуда буд ва бино бар ин, ин сохтмонҳо наметавонистанд намоҳои ҷудогона ё, ба ъиборати дигар, ҳувияти қавмӣ ё гуруҳӣ дошта бошанд.

Пас бо хаёли роҳат метавонем таъкид кунем Эрон ба шакли имрӯзии он як сохти табиъист, ки дар се ҳазор сол қабл шакл гирифтааст. Ҳеч бахше аз ин кишвар дар тӯли торих бо ҷангу лашкаркашӣ тасхир нашудааст, ки сипас ба он илҳоқ шавад.

Вақте ман дар бораи Эрон фикр мекунам, дарахти тануманде дар зеҳнам муҷассам мешавад, ки танаи ситабре дорад ва аз он шохаҳои мутаъаддиде муншаъаб шудаанд ва ин шохаҳо на танҳо ба тана, балки ба якдигар низ муттасиланд. Қисмати сабзи ин дарахт ё тоҷи он мисли гунбаде якпорча танаро зинат медиҳад, ин шохаҳо чунон бо якдигар пайванд доранд ва чунон дар якдигар фурӯ рафтаанд, ки ҳатто даст бурдан байни онҳо имконпазир нест. Ба таври бисёр шартӣ метавон ҳамлаи тозиёнро ба Эрон маҳалли иттисоли тана бо шохаҳо донист ва таъкид кард, суҳбат аз тана бидуни ишора ба шохаҳо ё ҳамон гунбад ва тавсифи гунбад бидуни суҳбат кардан аз тана аслан имконпазир нест. Ин ташбеҳ гӯёи он аст, ки гурӯҳҳои фарҳангӣ-қавмии Эрони имрӯз пас аз истилои аъроб ба вуҷуд омадаанд ва пеш аз он вуҷуди хориҷӣ надоштаанд. Иможи боғ ё гулистоне бо гулҳои рангоранг, ки бархе дар робита бо Эрони имрӯзӣ ба кор мебаранд, иможи дурусте нест, зеро боғ ё гулистон бештар ёдовари як падидаи муваққат ва маснуъист ва танаввуъи гулҳо низ ғолибан дашту саҳроро ба хотир меоварад. Бино бар ин, Эрон як падидаи мунҳасир ба фарди табиъист ва вақте онро бо кишварҳое монанди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ муқоиса мекунем, муртакиби як иштибоҳи метудулужики фоҳиш мешавем, яъне як сохти табиъиро дар муқобили як падидаи маснуъӣ қарор медиҳем.

– Агар мумкин аст, дар бораи сохтҳои табиъӣ ва маснӯъӣ дар кишварҳои касирулақвом каме бештар тавзеҳ диҳед…

– Усулан кишварҳоеро, ки танаввуъи қавмиятӣ дар онҳо бисёр барҷаста аст, аз назари сохт мешавад ба се даста тақсим кард:
1. Кишварҳое бо сохти табиъӣ, монанди Эрон ва Ҳинд,
2. Кишварҳое бо сохти маснӯъӣ ё сиёсӣ, монанди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, ки сохте бисёр нопойдор доранд ва дер ё зуд дучори фурӯпошӣ мешаванд, ҳамон тур ки дар мавриди Шӯравии собиқ ин иттифоқ уфтод. Дар инҷо лозим аст ишора кунам, бештари имперотуриҳои дунёи бостон бар пояи ҳамин сохт шакл гирифтаанд;
3. Кишварҳои дорои сохти нимамаснӯъӣ ё нимасиёсӣ, монанди Федеросиюни Русия ё Белжик, ки дар натиҷаи равандҳои табиъӣ ва то ҳудуде бо баҳрагирӣ аз қудрати сиёсӣ, ақвоми мухталиферо бо якдигар муттаҳид кардаанд. Давоми чунин сохтҳое то ҳадди зиёде бастагӣ ба сиёсатгузориҳои давлати марказӣ ва талош барои ҳамгунии ақвоми мухталиф ва идғоми онҳо дар қавми аслӣ (title-nation) дорад.

Албатта, ин радабандӣ наметавонад пояи мувассақе барои муқоиса ва натиҷагирӣ шавад. Масалан, барои ташреҳи масоили қавмӣ-забонии Эрон намешавад Ҳиндустонро мисол овард, чун Эрону Ҳиндустон дар ъайни ҳол, ки сохти табиъӣ доранд, бисёр бо якдигар мутафовитанд. Кишвари Ҳиндустон таркибест аз ақвоме бисёр ноҳамгун – ориёиҳо, дровидҳо, мундоҳо ва… – ки ҳар як чандин милюн нафар ҷамъият доранд ва тақрибан ҳама низ аз китобату фарҳанги чандҳазорсола бархурдоранд. Бино бар ин, аз ин лиҳоз Эрон ҳеч синхияте бо Ҳиндустон надорад ва улгу гирифтан аз ин кишвар барои ҳоли масоили Эрон иштибоҳе бузург аст.

Пас, табиъӣ будани сохти қавмӣ дар Эрон бад-ин маънист, ки қавмияти ақвоми эронизабони ъаҳди бостон – ки ахлофи сокинони аввалияи фалоти Эрон будаанд – ба таври табиъӣ дигаргун шуда ва ин ҳамгунии қавмӣ ҳосили дахолатҳои сиёсӣ набудааст.

Бино бар ин, метавонем бигӯем ончи дар Эрон аз он ба гурӯҳҳои қавмӣ таъбир мешавад, дарвоқеъ гурӯҳҳои забонӣ-мазҳабӣ ҳастанд, ки садаҳо дар канори якдигар зиндагии мусолиматомез доштаанд ва дорои ҳофизаи торихии муштараканд ва ба ҳамин далел муқоисаи Эрон бо кишварҳое ҳамонанди Омрикои Шимолӣ ё Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қиёсе маъалфориқ аст. Оре! Ҳатто метавон гуфт дар Эрон фақат гурӯҳҳои забонӣ вуҷуд дорад, на мазҳабӣ.

Ба таври куллӣ дар Эрон фақат ду нажод вуҷуд дорад: яке нажоди эронӣ ва дигаре нажоди турк, ки ҳамон туркманҳо ҳастанд ва ҷамъияти онҳо ҳам беш аз ним милюн нафар нест. Ҳатто ъарабҳои Эрон, чун аксари ъарабҳо бозмондагони ъеломиҳое ҳастанд, ки ибтидо эронизабон ва сипас дар даврони истилои ъарабҳо ъарабизабон шудаанд.

Ин вазъият дар Эрон аз се ҳазор сол пеш шурӯъ шудааст. Албатта, дар даврони қабл аз ҳуҷуми ориёиҳо, аз ҳошияи дарёи Хазар то Халиҷи Форс ва аз ғарб то Қандаҳор, чунонки пештар ишора шуд, ақвоми мухталифе вуҷуд доштаанд, вале ҳамагии онҳо батадриҷ аз лиҳози қавмӣ бо муҳоҷирони ориёӣ ҳамгун шуданд ва гӯё аз назари фоктурҳои онтрупулужӣ ва фарҳангӣ низ бо муҳоҷирон тафовуте надоштаанд. Зоҳиран танҳо қавми мутафовит ҳамон ъеломиҳо будаанд, ки метавон онҳоро аз лиҳози фоктурҳои онтрупулужӣ як қавми ҷудогона ба ҳисоб овард. Ҳатто ман фикр мекунам худи ҳиндуэрониҳое ҳам, ки вориди фалоти Эрон шуданд, аз назари онтрупулужӣ тафовути фоҳише бо бумиёни Эрон надоштаанд. Бино бар ин, гӯша-гӯшаи Эрон мутаъаллиқ ба ҳамаи эрониён аст. Туркизабон шудани баъзе аз мардуми Эрон ҳам, аз ҷумла дар Озарбойҷон, ҷанбаи сонавӣ дошта ва марбут ба садаҳои ахир аст ва дар бораи он таҳқиқоти бисёре анҷом шудааст.

– Бардошти Шумо аз истилоҳоти аксарият ва ақаллият дар Эрон чист? Ба назари ҷанобъолӣ, истифода аз ин истилоҳот то чи ҳад дар Эрон маънодор аст?

– Ба назари банда пиндораҳои “аксарият” ва “ақаллият” ба он сурате, ки дар кишварҳои дигар матраҳ аст, дар Эрон вуҷуд надорад. Масалан як фарди аҳли Абёна, ки ба забони бумии худ суҳбат мекунад – ки ҳеч фарқе бо курдиву балучиву… надорад ва як забони тамомъиёр аст – то замоне ки дар рустои худаш зиндагӣ мекунад, “ақаллият” аст, вале ҳамин шахс вақте ба Кошон меояд, “аксарият” мешавад. Ё касе, ки дар Мароға дар хонаи худ ба забони туркӣ суҳбат мекунад, як ақаллият аст, вале замоне ки ба донишгоҳ ё идора меравад, дигар ҷузъи “аксарият” ба шумор меояд.

Иҷоза диҳед барои рӯшан шудани ин матлаб мисоле бизанам: Эрон монанди хонақоҳест, ки ҳар касе дар онҷо зовия ва ҳуҷраи худашро дорад ва дар кунҷи хилвати хеш мунҳасир ба фард аст, вале вақте ҳамин шахс барои ширкат дар маросими самоъ аз ҳуҷраи хеш берун меояд, бо бақия ҳамранг мешавад ва наметавон ин фардро аз дигарон тамйиз дод. Ду падидаи аксарият ва ақаллият дар Эрон чунон дар ҳам танидаанд, ки наметавон барои онҳо марзе таъйин кард. Рӯйкард ба ин масъала дар Эрон бояд ин гуна бошад. Вақте улгуҳои хориҷиро ба таври меконикӣ дар Эрон пиёда мекунем, мушкилоти бисёре ба вуҷуд меояд ва мутаассифона бисёре аз кажфаҳмиҳо ва ҳувиятҳои козиб, ки дар ин кишвар дар ҳоли шаклгирист, ҳосили ҳамин суибардоштҳост.

Дар хориҷ аз Эрон бархе мегӯянд 51 дарсади мардуми Эрон форс ё ҳамон аксарият ҳастанд ва 49 дарсад ақаллият ва мутаассифона дар Эрон низ бархе ин суханонро такрор мекунанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки дар Эрон аслан “форс” вуҷуд надорад, форс кист?! Оё гелакҳо форс ҳастанд ё на?! Сивандиҳо чи тур? Кошӣ форс аст ё на? Чи тур метавон аҳолии Газ, Абёна, Сиванд, Симнон ё ҳатто гелакҳову мозандарониҳо ва…-ро, ки ба забони модарии худашон суҳбат мекунанд ва забонашон дасткамӣ аз курдӣ ва балучӣ надорад, “форс” пиндошт, вале курду балучро на?!

Бале, дар Теҳрон мардум форсӣ суҳбат мекунанд. Форс як чизи бисёр шартӣ ва як пиндораи маҷозист, ки дар ду даҳаи ахир ба вуҷуд омада ва ба василаи ҷавомеъи эрониёни хориҷ аз кишвар ривоҷ пайдо кардааст.

Албатта дар даврони Ризошоҳ, вай бо илҳом аз таблиғоти Нозӣ, истилоҳ ва ҳувияти қавмии козибе ба номи форсро тақвият мекард, ки албатта ин истилоҳ маҷоли тасбит наёфт (1), вале дар солҳои ахир муҷаддадан неруҳои хориҷ саъй мекунанд ҳувияти козиби форсро эҳёву тарвиҷ кунанд.

Забони форсӣ низ забони ҳеч як аз ақвому хурдафарҳангҳои эронӣ нест. Дарвоқеъ бояд гуфт “форс” касест, ки забон ё гӯиши маҳаллии худро фаромӯш кардааст ва ба забони меъёр сухан мегӯяд. Ҳатто мардуми Варомину Ванак низ, ки наздики Теҳрон ҳастанд, дар гузаштае начандон дур забонҳои худро доштаанд, ки зоҳиран наздик ба табарӣ будааст ё мардуми Қум, Ҷосб, Нароқ ва… ба забони роҷӣ суҳбат мекардаанд. Забони мардуми Теҳрон дар 150 ё 200 сол пеш мозанӣ ё роҷӣ будааст.

Форсӣ як забони koine аст, як забони фароқавмӣ ё миёнҷӣ аст, ки 1300 то 1400 сол ъумр дорад (2). Ин ки мегӯянд адабиёти форсӣ мутаъаллиқ ба форсҳост, комилан иштибоҳ аст.

Фирдавсӣ ҳам гӯиши худашро доштааст. Вақте забони форсӣ аз Мовароуннаҳр баргашт, дар худи Форс дигар забони форсӣ он форсии пешин набуд. Дуруст мисли ин ки модарро ҷое бифристанду ба далеле ҷавон бимонад ва вақте бармегардад, бачаҳо ё наваҳо ва набераҳои худро дар ҳоле бибинад, ки пир шудаанд. Забони форсӣ ҳам вақте ба ъунвони модар ба хонаи хеш дар Форс бозгашт, набераҳояшро дид, дигар ҳатто фарзандонаш ҳам набуданду дар худи Форс ба гӯишҳои дигаре суҳбат мекарданд. 1300 сол пеш вақте гурӯҳе аз эрониён ба Мовароуннаҳр фирор карданд ва ба дунболи он ҳангоме ки эрониёни мусалмон ба ҳамроҳи аъроб ба он минтақа рафтанд, бино бар далоили сиёсиву фарҳангӣ забони форсӣ ба дувумин забони Ислом дар он минтақа ва ба забони нурмотив (normative), яъне забони меъёри девонӣ, адабиёт ва ъилм табдил шуд ва сайри такомулии он дар ҳамин замон, яъне 1300 сол пеш, мутаваққиф шуд. Бозмондаи воқеъии забони форсӣ баъд аз ҳамлаи аъроб ҳамон гӯишҳои Қишм, Кеш, Миноб, Бандар-Ъаббос ва… аст. Забони форсии имрӯз дар қарни ҳафтум-ҳаштуми мелодӣ мутаваққиф шудааст. Баъзе аз ъазизон мегӯянд забони форсӣ падидаи ҷолибест ва дар 1300 сол ҳеч рушде накардааст. Ин ъазизон барои исботи назари худ аз забонҳои ғарбӣ шоҳид меоваранд ва масалан мегӯянд як фарди юнонии муъосир, ҳатто агар мутуни юнонии даврони Бизонсро бихонад, намефаҳмад, ҳол чи бирасад ба осори Ҳумер. Ё як олмонӣ аз хондану дарки мутуни чандсад сол қабли ин забон ъоҷиз аст. Ё як рус мутуни русии 700 ё 800 сол пешро ба таври ҷаста-гурехта дармеёбад, вале забони форсӣ дар 1300 сол ҳеч тағйире накардааст ва имрӯз як эронии таҳсилкарда баосонӣ метавонад «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ашъори Мунҷик ё тарҷумаҳои қуруни 9 ва 10-и мелодии Қуръонро – ба ҷуз баъзе вожаҳои маҳҷур – баосонӣ бихонаду бифаҳмад (3).

– Бар асари чи ъавомиле пешрафти як забон дар як бурҳаи замонии хос мутаваққиф мешавад?

– Вақте як забон ба забони як фарҳангу тамаддун табдил мешавад, яъне вазъияти ҳанҷорӣ ё нурмотив ба худ мегирад, дарзамон мутаваққиф мешавад, вале гунаи аслӣ, ки дар забони гуфтории мардум мунъакис аст, сайри такомулии худро тай мекунад. Масалан, вақте забони лотин ба забони меъёри котулисисм табдил шуд, дигар рушде накард ва ҳамакнун фақат дар мадориси ъулуми динии (seminary) котулик ба забони лотин суҳбат мекунанду менивисанд. Вале гунаҳои гуфтории забони лотин, ки “вулгор лотин” номида мешаванд, сайри такомулии худро тай карда ва ба забонҳои фаронсавӣ, испониюлӣ, румониёӣ, мулдовиёӣ ва… табдил шудаанд.

Ҳамакнун лотин ба ъунвони як забони модар бо набераҳои худаш, яъне фаронсавӣ, испониюлӣ ва… дар як бурҳаи замонӣ қарор гирифтааст, ҳарчанд густараи он бар хилофи форсӣ бисёр маҳдуд аст. Мисолҳои бисёре дар ин бора метавон овард, масалан наметавонем бигӯем он забони ъарабӣ, ки забони Қуръон аст ва имрӯз дар мадориси кишварҳои ъарабизабон тадрис мешавад, як забони табиъист. Гунаи табиъии забони ъарабӣ забони ъарабии Миср, Ъироқ, Яман ва… аст. Сайри такомулии забони ъарабӣ дар ҳамон замон, ки ба забони Қуръон ва китобати исломӣ, ё ба ъиборати дигар, ба забони дин табдил шуд, мутаваққиф шуд ва дигар тағйире накард. Барои рӯшан шудани ин мавзӯъ мисоли дигаре меоварам: мо имрӯз дар форсии муъосир ҳанӯз вожаи “биёбон”-ро дорем, дар сурате ки агар забони форсӣ сайри табиъии худашро тай карда буд, вожаи биёбон имрӯз бояд “бовон” ё “вовон” талаффуз мешуд, ки ин ном ҳамакнун дар ҷойноме байни Қуму Теҳрон вуҷуд дорад ва ба ҳамин шакл мондааст. Чун ҷойномҳо гунаҳои мухталифи забониро дар тӯли замон ҳифз мекунанд. Дар толишӣ, ки аз забонҳои шимоли ғарбист, ин вожа ба “виювун” табдил шуда ва албатта таҳаввули маъноӣ ёфтааст ва ба маънии “бадбахтӣ ва фалокат” ба кор меравад. Толишон барои мафҳуми биёбон аз ҳамон вожаи “биёбон” истифода мекунанд, ки аз форсии меъёр ба вом гирифтаанд.

Хулосаи сухан он ки вақте як забон ба забони динӣ ё парастишӣ ё тамаддунӣ табдил мешавад, ҷанбаи нурмотиви меъёрӣ ба худ мегирад ва дигар рушд намекунад ва ҳеч кас ҳам набояд онро тағйир бидиҳад. Масалан, наметавон оёти Қуръонро бо лаҳҷаи ъарабии Яман ё Ъироқ қироат кард. Мисоли дигар, забони армании бостон аст, ки дар қарни панҷуми мелодӣ нурмотив шуд ва то қарни даҳум, ки дигар касе ба ин забон суҳбат намекард, ба ҳамон шакл боқӣ монд – дуруст монанди лотин ва акнун низ забони расмии калисои арманӣ ҳамон забони армании бостон аст ва ҳеч кас иҷоза надорад мутуни мазҳабии калисои арманиро мавқеъи иҷрои маросими мазҳабӣ ҳатто дар ҳадди як калима тағйир диҳад ва аслан ин кор гуноҳи бузурге маҳсуб мешавад. Усулан ҳамаи мутуни мазҳабӣ моҳияти тағйирнопазире доранд ва наметавон дар онҳо дахлу тасарруф кард.

Албатта, форсӣ забони динӣ нест ва ҷанбаи парастишӣ надорад, вале бори тамаддуниву фарҳангии бисёр ғанӣ дорад ва дарвоқеъ забони адабу китобат аст. Забони форсӣ забонҳои бумиро таҳти таъсир қарор дода ва аз имконоти ин забонҳо барои ғанои ҳарчи бештар баҳра бурдааст. Оре! Форсӣ ҳам монанди лотин, ъарабӣ ё армании бостон мутаваққиф шудааст.

Ҳеч ҷои Эрон нест, ки битавонед нишон диҳед ва бигӯед дар 200 сол пеш забони худро надоштааст. Ҳеч кас ба форсии меъёр суҳбат намекарда, ҳатто дар Хуросон. Забони форсӣ дар нақши як lingua franca буда ва мардумро ба ҳам пайванд медодааст.

Бино бар ин, вақте шумо мегӯед ман «Шоҳнома»-ро мефаҳмам, ин бад-ин маъно нест, ки забони форсӣ рушд накардааст, хайр. Забонҳои эронӣ ҳам басуръат рушд мекунанд ва мутаҳаввил мешаванд. Бибинед, ҳатто вақте забони форсӣ ба унвони koine ё забони адабиёт ва ъилм ба худи Форс баргашт, мардум дигар ин забонро намефаҳмиданд, чун дар худи Шероз ё Форс мардум ба суратҳои пешрафтатари забони форсӣ суҳбат мекарданд, ки дар фаҳлавиёт мунъакис аст; монанди фаҳлавиёти Форс, Ҳамадон ва… Дар зимн, бояд дар инҷо як мавзӯъро хотирнишон кунам ва он ин ки забони фаҳлавиёти Форс ва Ҳамадон бино бар шохисҳои забоншиносӣ ба гурӯҳи модӣ таъаллуқ доранд, на форсӣ, ва дарвоқеъ шохисҳои шимоли ғарбиро мунъакис мекунанд. Ҳатто забони зартуштиёни Форс ва Кирмон, ки «габрӣ» номида мешавад, мутаъаллиқ ба гурӯҳи шимоли ғарбист, на ҷануби ғарбӣ. Ин масъала гӯёи ин аст, ки мардум қабл аз ҳамлаи аъроб дар худи Форс як забони омеғӣ доштаанд, албатта забони мутуни паҳлавӣ як забони тамомъиёри ҷануби ғарбӣ (порсӣ) аст, ки ба ҳеч ваҷҳ забони зиндаи мардуми Форсро дар давраи истилои тозиён мунъакис намекунад, балки вобаста ба суннати нивиштории авоили қуруни мелодист.

Ман замоне фикр мекардам чиро Ҳофиз мегӯяд:

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

Яъне чӣ? Чиро Ҳофиз, ки дар Шероз нишаста, чунин чизе мегӯяд? Магар мардуми ъасри Ҳофиз дар Шероз сухани ӯро намефаҳмидаанд? Ман барои посух ба ин суол ба нусхабадалҳои девони Ҳофиз муроҷиъа кардам ва бо баррасии онҳо мутаваҷҷеҳ шудам гӯё ин суол ба зеҳни котибони девони Ҳофиз низ хутур кардааст, зеро ҳар як саъй кардаанд ба заъми хеш ин байтро ислоҳ кунанд, ба ҳамин сабаб ин байт дар нусхаҳои мухталифи девони Ҳофиз забтҳои гуногуне дорад, масалан дар бархе нусхаҳо ба ҷои “сухан гуфтани дарӣ”, “сирри суханварӣ” омадааст. Пас воқеъан мардуми Шероз шеъри Ҳофизро намефаҳмидаанд, зеро забони дарӣ як забони мадрасаӣ буда ва фақат аҳли ъилму китобат бо он сару кор доштаанд.

Хулосаи сухан он ки забони форсӣ мутаъаллиқ ба қавме ба номи “форс” ё аксарият (51 дарсад)-и мардуми Эрон нест ва дарвоқеъ забони муштарак ва мероси фарҳангиву тамаддунии ҳамаи мардуми Эрон ба шумор меояд ва онҳоро ба якдигар пайванд медиҳад. Дар халқи мероси ъилмӣ-адаби забони форсӣ ҳамаи мардуми Эрон мушорикат доштаанд ва ин мероси фарҳангӣ мутаъаллиқ ба як қавми шартӣ ба номи форс нест. Забони фароқавмии форсӣ мутаъаллиқ ба ҳамаи хурдафарҳангҳои Эрон аст. Ҳеч қавме дар Эрон наметавонад иддиъо кунад “ман форсам”, ҳатто худи форсҳо дар Форс. Масалан, агар мо аз шоъирон, нивисандагон ва донишмандони эронӣ, ки дар заминаи адабиёт, торих ё фалсафа ва… асаре аз худ ба ҷой гузоштаанд, феҳристе таҳия кунем, мутаваҷҷеҳ хоҳем шуд ҳамаи мардуми Эрон аз гурӯҳҳои забонии мухталиф дар халқи ин осор ширкат доштаанд; аз озарбойҷониву курду балуч гирифта, то мозандаронӣ, шерозӣ, исфаҳонӣ, кошӣ ва…

Дар инҷо нуктаи дигареро ҳам бояд хотирнишон кунам; гӯишҳои лурӣ, монанди бахтиёрӣ, мамасинӣ, буираҳмадӣ ё гӯишҳои савоҳили шимолии халиҷи Форс, монанди гӯишҳои Қишм, Кеш ва… ҳама аз гӯишҳои ҷануби ғарбӣ ҳастанд ва дарвоқеъ гӯишҳои “порсӣ” ба шумор меоянд. Вале худи забони “форсӣ” низ лаҳҷаҳову гӯишҳои хосси худро дорад, монанди лаҳҷаи исфаҳонӣ ё кирмонӣ, ки бо кашидани бархе овоҳо ва наҳваи талаффуз ва… шинохта мешаванд. Агар шумо ба гӯишҳои забони форсӣ дар дохили Эрон таваҷҷуҳ кунед, хоҳед дид ҳамаи онҳо – монанди лаҳҷаи теҳронӣ, ки имрӯз асоси забони мееъёри форсиро ташкил медиҳад – ба гунаи меъёри забони форсӣ наздиканд, ки ин масъала нишон медиҳад забони форсӣ ба ъунвони як забони нурмотив дар асари иртиботи инсонӣ, омӯзиш дар мадорис ва густариши расонаҳо рӯи забони ин манотиқ таъсир гузошта ва ин мардум батадриҷ гӯишҳои асили худро фаромӯш кардаанд. Бархе аз ин гӯишҳо ҳам аслан дар зумраи гӯишҳои порсӣ набудаанд, балки ба гӯишҳои модӣ, яъне гӯишҳои шимоли ғарбӣ таъаллуқ доштаанд. Ҳатто гӯишҳои худи Форс низ, он гуна ки аз фаҳлавиёт бармеояд, бештар ба гӯишҳои модӣ шабеҳанд, то гӯишҳои порсӣ. Забони меъёр дар тӯли замон батадриҷ рӯи гӯишҳои бумии “порсӣ” таъсир гузошта ва онҳоро ба гӯишҳои “форсӣ” табдил кардааст, ки намунаи онро имрӯз дар Кирмону Кошон мебинем.

Вақте ба далоиле забони мардуми як хитта ъиваз мешавад, забони ғолиб, ҳам аз лиҳози фунетик ва ҳам аз лиҳози ъаносири луғавӣ ва ҳатто дастурӣ таҳти таъсири забони бумии он ноҳия қарор мегирад ва ъаносире аз онро ба худ ҷазб мекунад, бавижа агар ин забони ҷадид бо забони пешини мардуми он минтақа хешованд бошад, монанди забони форсии Бухоро. Барои ҳамин дар форсии Бухоро ъаносири суғдии бисёре вуҷуд дорад ва мо медонем то қарни 10 ё 11-и мелодӣ дар Бухоро ба забони суғдӣ суҳбат мекардаанд. Аз ин рӯ, вуҷуди гӯишҳои форсӣ дар як минтақа далеле бар он нест, ки мардуми онҷоро форс бипиндорем.

Гӯишҳои форсӣ дар хориҷ аз ҳитаи ҷуғрофиёии Эрон низ вазъияти хосси худро доранд. Масалан агар шумо ба Ҳирот биравед, баъид аст аз гӯиши форсии ҳиравии як фарди рустоӣ чизи зиёде мутаваҷҷеҳ шавед. Як теҳронӣ гӯиши курдии Кирмоншоҳро беҳтар дарк мекунад, то гӯиши форсии Ҳиротро. Дар Ҳирот шумо бояд хеле бодиққат гӯш кунед, ки чизе аз забони мардум бифаҳмед, вале гӯиши курдии Кирмоншоҳро то 70 дарсад мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд. Гунаҳои мухталифи забони форсӣ ё баистилоҳ дигар лаҳҷаҳои форсӣ бар пояи забонҳову гӯишҳои бумии эронӣ шакл гирифтаанд. Ъаносири қадимии бисёре аз забони куҳани Ҳирот дар гӯиши форсии ҳиравӣ вуҷуд дорад, ки масалан дар осори Хоҷа Ъабдуллоҳи Ансорӣ, монанди “Табақот-ус-суфия” мунъакис аст. Хоҷа Ъабдуллоҳ вожагони нодире ба кор мебарад, ки аз забони қадими худи Ҳирот – ки албатта аз забонҳои эронӣ буда – иқтибос шудаанд. Бино бар ин, ривоҷи гӯишҳои мухталифи забони форсӣ дар як минтақа ба ҳеч ваҷҳ нишонаи “форс” будани мардуми он ноҳия нест; наметавонем бигӯем мардуми Ҳирот ё Бухоро форс ҳастанд, чун ба гӯишҳои форсӣ суҳбат мекунанд.

Гӯишҳои форсии Афғонистон ё Тоҷикистон аз лиҳози системи фунетикӣ ва дастурӣ куҳангаротар аз забони форсии меъёри Эрон ҳастанд. Низоми мусавватҳои форсии Осиёи Марказӣ ҳолати мусавватҳои форсии миёна ва клосикро ҳифз кардааст, зеро форсии роиҷ дар Осиёи Миёна аз лиҳози замони шаклгирӣ ва пояи торихӣ куҳантар аз забони форсии кишвари Эрон аст.

Хулосаи калом, набояд тасаввур кард забони касоне, ки дар ҳоли ҳозир ба гӯишҳову лаҳҷаҳои мухталифи форсӣ суҳбат мекунанд, аз қадимулайём форсӣ буда ва ба табъи он, метавон ҳамагии онҳоро форс номид.

Баргирифта аз: Рӯзномаи Шарқ, шумораи 2785 (5 баҳмани 1395).

Пайнивиштҳои Порсӣ Анҷуман:

  1. Бар ноустувории ин сухан ҳамин бас, ки Ризошоҳ фармон дод урупоиён Эронро ба номи ростинаш – “Эрон” – бихонанд, на ба номи “Порс”.
  2. Ин гуфта шояд барои порсии нав дуруст бошад, лек рӯшан аст, ки порсӣ дунболаи порсиг (паҳлавии сосонӣ) ва он низ дунболаи ориёӣ (порсии бостон) аст ва аз ин рӯ, пешинаи нивиштории порсӣ, бар пояҳои ончи дар даст дорем, 2600-сола аст, на 1300 то 1400-сола.
  3. Забони порсӣ бузургтарин дигаргунияшро дар гузар аз забони ориёӣ (порсии бостон) ба порсиг (паҳлавии сосонӣ) ва сипас, камтар, аз порсиг ба порсии нав сипарӣ карда ва ин чизест, ки забонҳои урупоӣ бисёр дертар бад-он расиданд. Бар ин поя, чунин санҷишҳое бояд миёни забони ориёӣ ва порсии нав бошад, на порсии рӯзгори Фирдавсӣ бо порсии рӯзгори мо.

*Пруфессур Горник Осотуриён, устоди донишгоҳи русӣ-арманӣ (исловӣ)-и кишвари Арманистон ва сардабири маҷаллаи байналмилалии «Iran and the Caucasus (интишороти “Брил”: Лайден-Бустун), дар бораи “Забон, қавмият ва ҳаққи омӯзиш ба забони модарӣ” аст. Вай 7-уми марти соли 1953 дар Теҳрон ба дунё омадааст.

Барои ошноии бештар бо устод Горник Осотриён «бад-инҷо» бингаред.

Баргардон аз порсӣ ба сириллик: Исфандиёри Назар, шоъир ва пажӯҳишгари тоҷики муқими Олмон.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

این مطلب را به خط فارسی “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*