
Лоиқ сипари мухолифони порсӣ набуду нест!
Суҳбат аз ҳамон Лоиқи бузургворест, ки дар пешгуфтори “Хуросон аст инҷо”-и фарҳехтаи нодири дигаре (устод Шакурӣ) ба забони равшану беперояву пӯстканда гуфта буд, ки забонаш ҳамон форсиест, ки “забонгумкардагони худбехабар ва худобехабари манфиъатҷӯй” ба дастури “Маскав ё дигар ҷойҳо” онро ба се шоха – “форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ” таҷзия карданд.