Забони миллии мо чист ва дабираи мо кудом аст?

Оё дар замони ҳукуматдории шоҳи бузург ҳазрати Исмоъили Сомонӣ номи забонамон “порсӣ” набуд? Мо ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ифтихор мекунем. Оё аз касе шунидаед ё хондаед, ки Фирдавсӣ забони худро “тоҷикӣ” гуфта бошад ё забони “Шоҳнома” ба ъунвони “тоҷикӣ” ёд шуда бошад? Агар “Шоҳнома”, “Бӯстон”, “Гулистон”, “Маснавии маънавӣ”, ашъори Рӯдакиву Ҳофизу Хайёмро дар ҳар гӯшае аз курраи Замин ба ҳар забоне тарҷума кардаанд, ҳама ҷо як чиз нивиштаанд, ки “аз забони порсӣ тарҷума шудааст”.

Забони миллии тоҷикон дар оғози Шӯравӣ чи ном дошт?

Истилоҳи «форсӣ» дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Ъайнӣ барои таърифи аслу ҳақиқати забон ва адабиёти форсии қаламрави Осиёи Миёна дар бештар аз 60 маврид истифода шудааст: «забони форсӣ», «осори адабияи форс», «адабиёти форсӣ», «шеъри форсӣ», «ашъори форсӣ», «шоъири форсизабон», «шуъарои форсӣ», «шуъарои форс ва тоҷик», «шоъири машҳури форсиён», «девони форсӣ», «насри форсӣ», «назму насри форсӣ», «рисола(ҳо)и форсӣ», «мактаби қироати форсӣ» ва…

Чиро Тоҷикистон сӣ сол пеш форсиро забони расмӣ кард?

Тоҷикистон аз нахустин ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар поёни даҳаи 1980-и милодӣ шоҳиди ҷунбишҳои миллӣ ва мардумӣ шуд, ки аз ҳукумати вақт хостанд забони миллии мардумро ба ҷои забони русӣ бар ҷойгоҳи забони расмии ин ҷумҳурӣ биншонад. Тазоҳуроти мардумӣ комгор шуд ва рӯзи 31 тири 1368 (баробар бо 22 жуиеи 1989) забони форсӣ бо номи “тоҷикӣ (форсӣ) дар Тоҷикистон расмият ёфт.

Чиро нодурустнивисӣ дар Афғонистон ҳанҷор шудааст?

Иштибоҳоти дастуризабонӣ ва имлоӣ дар адабиёти нивишторӣ ва гуфтории форсӣ дар болотарин сутӯҳи идорӣ ва окодемик дар Афғонистон – аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва порлумону визоратхонаҳо гирифта, то ниҳодҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо – баҳсе тоза нест, ҳарчанд барои ъалоқамандон ба забони форсӣ дар Афғонистон башиддат нигаронкунанда аст.

Дар бораи корвожаҳои барсохта

Ъалиашрафи Содиқӣ, нивисандаи ин ҷустор, бад-ин гурӯҳ ҳушдор дода ва ёдовар шудааст: «Усулан набояд масдарро бо феъл хилт кард. Масдар яке аз муштаққоти феъл аст, ҳамон туре ки исми масдар ва сифати фоъилӣ ва сифати мафъулӣ чунинанд, аммо феъл шаклҳои сарфшудаест, ки дорои шахсу шумору замонанд ва дар ҷумла дар нақши гузора ба кор мераванд. Ончи дар вожагони ъилмӣ мавриди ниёз аст, муштаққоти исмӣ ва сифатии феъл аст, на шаклҳои сарфшудаи он.

Назри Яздонӣ: Ҳар зиёии тоҷик бояд хатти порсиро бидонад

Бародари гиромӣ, зиёӣ ҳастӣ, масъул ҳастӣ, ки алифбои форсиро бидонӣ. Адабиёти худро, торихи худро, бояд бидонӣ. Омӯхтани ин алифбо ҳам он қадар мушкил нест. Ман шахсан як дарси форсиву дарси алифбои арабӣ нахондаам, вале аз синфи ҳаштум ин алифборо мехонам. Дар ин таҷрибае, ки дорам, ҳатто нафаронеро дарс додам, ки дар ҳафт дарс китобхон шуданд. Яъне, диққат лозим аст, кӯшиш лозим аст.

Чолишҳои имрӯзи забони форсӣ

Дуктур Ризо Аминӣ дар ҷустори “Чолишҳои имрӯзи забони форсӣ” ба душвориҳои пеши рӯи забони порсӣ аз ду сӯяи забонӣ ва нозабонӣ пардохтааст. Ишон дар сӯяи забонӣ вогароии се гунаи порсии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро аз якдигар баррасида ва аз сӯяи нозабонӣ ё душвориҳое, ки пайванде бо худи забон надоранд, ба ҷойгоҳи порсӣ дар Эрон, Афғонистон ва ТОҷикистон пардохтааст.

Нигоҳе ба корномаи устод Ядуллоҳи Самара

Самара дар соли 1347, дар гурӯҳи забоншиносии Донишгоҳи Теҳрон оғоз ба кор кард. Ӯ гурӯҳи забоншиносиро аз гурӯҳи фарҳанг ва забонҳои бостонӣ ҷудо кард ва барномаҳояшро аз нав нивишт ва нахустин мудири гурӯҳи забоншиносии ҳамагонӣ буд ва бо панҷ сол кӯшиши шабонарӯзӣ аз ин гурӯҳ гурӯҳе пӯё ва намуна сохт. Яке аз корҳои арзандаи Самара нивиштани нибегҳое барои омӯзиши забони порсӣ ба бегонагон будааст. Дар ин росто, пеш аз инқилоб, нибеги “Омӯзиши забони муҳовараӣ ба хориҷиён”-ро нивишт.

Забони порсӣ бузургеро аз даст дод: Найсорӣ ба меҳмонии Ҳофиз рафт

Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт. Номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Нотили Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.

Забони форсӣ ва ҳукуматҳои туркон

Аз салотини ғазнавӣ, ки дарборашон маркази аҳли шеър ва ъилму адаб буд, дар дарбори дигар силсилаҳои бузургу кӯчаки туркнажод ҳам бозори шеъру адаби форсӣ гарм буд, то бад-он ҳад, ки бархе аз ин фармонравоёни туркнажод худ низ ба забони форсӣ шеър месуруданд. Чунонки аз Қарохониён Амир Бурӣ-Такин, Ҷалолуддини Қилиҷ-Тамғоҷхони Иброҳим, ва Нусратуддини Қилиҷ-Арсалон Хоқони Ъусмон на фақат забони форсиро фаро гирифта буданд, балки ба ин забон шеър низ месуруданд.

1 2 3 4 5 9