Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (4)

Яке дигар аз паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои ъарабӣ ҳамоно «бегона пиндоштани» шуморе аз вожаҳои забони порсӣ аст. Дар давраи омехтагӣ нивисандагон ва хушнивисон на аз рӯи ниёз, ки барои нозидан, ба гунае бедару пайкар, вожаҳои ъарабии бисёреро ба даруни забони порсӣ кашонданд.

‘Эҳтимолужӣ’ ва табдили вожагон дар забони порсӣ

Дар забони мо тағйири сохту шакли бархе калимаҳо ба фаҳмиши тахминӣ ва эҳтимолии маънои онҳо иртиботи мустақим дорад. Чанд вожа дар забони модарии мо ҳаст, ки бархе садсолаҳо ва бархе даҳсолаҳо ба гунаи ғалат нивишта ва гуфта мешаванд ва сабаби ин ғалатҳои ъом ҳамон шарҳи эҳтимолии маънои онҳост, гарчи мафҳумашон тағйир наёфтааст.

Чолишҳои забони форсӣ дар Осиёи Миёна ва Афғонистон

Калимоти ҳиндӣ, инглисӣ ва туркӣ, ба сурати беравия дар ҳоли истифода дар Афғонистон ҳастанд, ҳеҷ кас ҳам ҳеҷ нигаронӣ надорад, аммо ба маҳзи корбурди чанд калимаи форсии навин – масалан донишгоҳ ва донишҷӯ, — ҳаҷмае сангин алайҳи гӯяндаи он ба кор гирифта мешавад ва муттаҳам ба хиёнат ва ё ҷосусӣ барои Эрон мегардад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

Танҳо роҳи пешрафти чи фарҳангӣ ва чи иқтисодию илмӣ дар Тоҷикистон бозгашт ба хатти худӣ, яъне хатти порсӣ ва фаро гирифтани забони порсии меъёр аст. Мухотаби офаридаҳои мо ба хатти пириллик имрӯза камтар аз 10 милюн нафар аст. Дар сурати бозгашт ба хатти порсӣ ин рақам болиғ бар 200 милюн хоҳад шуд.

Боистагии гузор ба хатти порсӣ: бояд охирбин буд, на охурбин!

Имрӯз тамоми манобеъ ва маохизи мавриди ниёз дар ҳар ришта аз риштаҳои ъулуми рӯз (инсонӣ ва таҷрибӣ) ба хатти порсӣ на танҳо фароҳам ва муҳайёст, балки манобеъе дар ин риштаҳо ба порсӣ ҳаст, ки як олмонӣ ё русӣ ва ё ингилис бояд аввал порсӣ биёмӯзад, то ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад.