Боистагии гузор ба хатти порсӣ: бояд охирбин буд, на охурбин!

estaravshani300Сайидюнуси Истаравшанӣ*: Ҷумъашаб (13 фарвардини 1395) дар гурӯҳи «Забони порсӣ» (дар шабакаи Фейсбук) дар ҳошияи ёддошти «якуми апрелӣ» (сездаҳи наврӯзӣ)-и киё Дориюши Раҷабиён, баҳсе миёни корбарони мувофиқ ва мухолифи гузор ба хатти порсӣ ва низ дар мавриди номи забони мо тоҷикон сурат гирифт.

Аз лобалои изҳори назарҳои баъзе аз ъазизон равшан мешавад, бархе аз мо бо ин ки қабул доранд, ки ин гузор зарурат дорад ва ба суди ҷомеъа ва ояндаи Тоҷикистон аст, аммо дағдағаамон дар ин робита масоиле дигар будааст; назири ин ки бо ба иҷро даромадани ин тасмим мардум муддате аз замон бесавод хоҳанд монд ва ё ин ки ъолимон ва донишмандони имрӯзи ҷомеъа, ки ҳарчи андӯхтаанд, ба хатти сириллик буда ва хатти порсӣ барояшон чандон маънус нест, дар сурати гузор «бекор» хоҳанд монд ва аз ин қабил масоил… Лозим дидам, ду нуктаро дар ин робита арз кунам:

***

Нуктаи аввал ин ки: агар рӯзе аз сӯйи мақомоти кишвар  инчунин тасмиме гирифта шавад (ки бояд гирифта шавад), иҷроӣ шудани он, ки якшаба сурат намегирад. Балки дар оғоз ду хат дар кишвари мо (барои як муддати муъайян) маъмул хоҳад шуд; ҳам хатти сириллик ва ҳам хатти порсӣ. Шояд панҷ сол, шояд 10 сол, наметавон барои он як муддати замонии мушаххас таъйин кард.

Аммо банда итминони комил дорам, ки ин замон беш аз панҷ сол нахоҳад буд. Зеро ҳам инак, тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 40 дарсад (ва ё шояд бештар) аз мардумони мо бо хатти порсӣ ошноӣ доранд. Ва замоне ки ҷомеъа комилан бо хатти модарии худ ошноӣ пайдо кард, дар он сурат, муҷаддадан низоми такхаттӣ дар кишвар ҷорӣ хоҳад шуд. Бинобар ин, тасаввури бесавод мондани ҷомеъа дар як муддати муъайян (дар марҳилаи гузор) як таваҳҳум аст.

Ва ин дар ҳолест, ки ҳамин ҳоло (ва наздик ба 80 сол) дар кишвари мо як «низоми дутабақаӣ»-и нонавишта дар заминаи омӯзиш ва парвариш ҳоким аст, ки бамаротиб бадтар аз низоми духаттӣ аст.

Тавзеҳ он ки: аз он ҷо, ки мо ба хатти роиҷи имрӯз дар ҷомеъаамон (яъне забони порсӣ ба хатти сириллик) манобеъ ва маъохизи ъилмӣ дар ҳамаи риштаҳои ъулум — аъам аз ъулуми инсонӣ (мисли ҷомеъашиносӣ, равоншиносӣ, фалсафа, забоншиносӣ, ъулуми сиёсӣ ва…) ва ъулуми таҷрибӣ (мисли физик, шимӣ ва…) – надорем (ва ё ло’ақал бисёр андак дорем), як донишҷӯ, ки мехоҳад дар яке аз риштаҳои ин ъулум тахассус пайдо кунад, чорае надорад ҷуз он ки аввал бо забони русӣ (ва ё ингилисӣ) дар ҳадди тахассус ошно шавад ва баъди он тоза шурӯъ кунад ба фарогирии риштаи тахассусии мавриди ъалоқаи худ.

Феълан баҳси ман рӯйи ошноии сатҳӣ бо ин ъулум нест, ки гуфта шавад, адабиёт дар ин заминаҳо ҳаст, балки манзурам тахассус пайдо кардан дар инҳост. Ба сухани дигар, як донишҷӯи тоҷик агар бихоҳад олим ва донишманд ба маънои воқеъии он (дар ҳар риштае аз риштаҳои ъулум) гардад, бояд миқдори қобили таваҷҷуҳе аз ъумри худро сарфи омӯзиши забони русӣ ва ё ингилисӣ кунад, дар сурате ки агар ин адабиёт ба забони модарии ӯ фароҳам буд, ниёзе ба он набуд. Манзури ман омӯзиши сирфи як забон нест, то гуфта шавад, магар донистани забони русӣ ё ингилисӣ бад аст?! Балки муродам, омӯзиши забон дар ҳадди тахассус аст, ки кори бисёр шоққ ва душворест.

Ҳол, як мисол бизанам, то масъала равшан бишавад. Як олмонӣ – ки олмонӣ забони модарии ӯст – барои он ки бихоҳад бо фалсафаи Конт (ки ба забони олмонӣ нивишта шуда) ошно шавад, оё сирфи донистани забони олмонӣ барои вай кофӣ аст, то бо ин фалсафа ошноӣ пайдо кунад?

Даҳҳо сол бояд дар донишгоҳ таҳсил кунад, то огоҳ ба он шавад. Чиро ки ҳар ъилме барои худ забоне махсус дорад. Аз ҳамин ҷост, ки касоне аз мо тоҷикҳо, ки дар ин муддат (80-у анде сол) агар донишманд ва мутахассис дар яке аз риштаҳои ъулум (инсонӣ ва ё таҷрибӣ) шуда, ин ъазизон ё фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои Русия ҳастанд ва ё лоақал бо манобеъ ва маъохизи русии риштаи мавриди ъалоқаи худ дар ҳадди тахассус ошно ҳастанд.

Ҳол, агар мо ба хатти модарии худ бозгардем, ин «низоми дутабақаӣ»-и нонивишта дар кишвари мо аз миён хоҳад рафт. Зеро имрӯз тамоми манобеъ ва маохизи мавриди ниёз дар ҳар ришта аз риштаҳои ъулуми рӯз (инсонӣ ва таҷрибӣ) ба хатти порсӣ на танҳо фароҳам ва муҳайёст, балки манобеъе дар ин риштаҳо ба порсӣ ҳаст, ки як олмонӣ ё русӣ ва ё ингилис бояд аввал порсӣ биёмӯзад, то ба онҳо дастрасӣ пайдо кунад. Пас, оё беҳтар нест, мо замони кӯтоҳеро духаттӣ сипарӣ кунем, то аз ин низоми «дутабақаӣ» бакуллӣ халос шавем, то ъумри гаронбаҳои мо сарфи фарогирии худи он ъулум бишавад, на сарфи омӯзиши «забони он ъулум»?

* * *

Нуктаи дигар ин ки: гуфта мешавад, агар ба порсӣ гузарем, ъолимон ва донишмандони имрӯзи ҷомеъаамон, ки ҳарчи андӯхтаанд, ба хатти сириллик буда ва хатти порсӣ барояшон чандон маънус нест, дар сурати гузор «бекор» хоҳанд монд.

Ин «истидлол» воқеъан ъаҷибу ғариб аст. Мо агар қабул кардаем, ки гузор ба хатти модарӣ, аз тамомии ҷиҳот ба суди ҷомеъа ва ояндаи мост, дар ин сурат, оё ин ҳарф аз «охурбинӣ»-и мо (на «охарбинӣ»-ямон) ҳикоят намекунад? Оё «бекор» мондани шуморе аз мо дар як замони бисёр маҳдуд бар «бекор» мондани насли ояндаамон дар тамоми ъумр тарҷеҳ дорад? Яъне, то ба ин ҳадд «охурбин» ҳастем?

Ва ин дар ҳолест, ки тасаввури «бекор» мондани баъзеҳо дар сурати гузор низ таваҳҳуме беш нест, магар он ки ин «баъзеҳо» одамони бисёр танбал пиндошта шаванд. Яъне, агар қарор бар ин шавад, ки ҷомеъа ба хатти модарии худ бозгардад ва як муддати замоне ҳам низоми духаттӣ дар кишвари мо ҷорӣ бишавад, хуб, ин баъзеҳо ҳам бояд хатти модарии худро дар ин муддат биёмӯзанд. Оё то ба ин ҳад танбаланд, ки ҳозир нестанд ним соъате аз ъумри худ дар ҳафтаро барои омӯзиши хатти модарии худ сарф бикунанд?

Ман ъазизонеро дар кишварамон мешиносам, ки бо вуҷуди куҳулати син, дар зарфи се ҳафта бо хатти порсӣ комилан ошно шуданд. Ин кори душворе нест, фақат гумон мекунем, ки сахт аст.

*Сайидюнуси Истаравшанӣ пажӯҳишгари тоҷикест, ки солҳост дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад.

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*