Форсӣ дар Покистон: Аз суруди миллӣ то шарофати фарҳангӣ

farsi-kaistan2Ъабдулҳаййи Саҳар*: Забони форсӣ дар шибҳиқорраи Ҷануби Осиё ҳадди ақал ҳашт то нуҳ қарн собиқа дорад. Дар Покистон, ки ҳам дар ъаҳди густариши тамаддуни васеъи исломӣ дар шибҳиқорра ба вуҷуд омад, то қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, забони форсӣ ба муддати ҳафт қарн дорои савобиқи расмӣ, ъилмӣ, адабӣ ва идорӣ будааст.

Акнун, ки беш аз ним қарн аз эҷоди Покистон мегузарад, забони форсӣ мавқеъияти худро дар идороти давлатӣ ва ҳамчунон дар низоми омӯзишӣ каму беш ҳифз кардааст:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд
Сияҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.

Пеш аз он ки забони инглисӣ дар Покистон нуфуз ёбад, дар шибҳиқорра тайи қарнҳои мутамодӣ садҳо забон ва гӯиш вуҷуд дошт, ки дар ин миён форсӣ забони омӯзишӣ, ъилмӣ ва идорӣ буда, аммо пас аз султаи хориҷӣ дар қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, ин вазъ ба нафъи забони инглисӣ тағйир ёфт ва ҳамчунон идома дорад.

Ҳамакнун садҳо донишкада дар шаҳрҳо, шаҳристонҳо, бахшҳо ва блукҳои Покистон доир аст, ки дорои клосҳое то сатҳи коршиносии адабиёт, ъулуми инсонӣ, табиъӣ ва риёзӣ ҳастанд ва агар дар ҳамаи муассисаҳои омӯзишӣ дар сатҳи донишкада маъмури тадриси форсӣ шаванд, ҳазорон донишҷӯ дар бисёре аз донишкадаҳо дар шаҳрҳои мухталифи Покистон забони форсиро ба унвони як моддаи дарсӣ интихоб хоҳанд кард.

Муҳаммад Юсуф Ҳусейн, устоди забони форсӣ дар бахши форсии Донишгоҳи Пешовар, дар мавриди аҳаммияти забони форсӣ мегӯяд: “То режими низомии женерол Зиёулҳақ дар соли 1977 дар Покистон, забони форсӣ дар тамомии мадориси давлатии ин кишвар, то клломи ҳаштум тадрис мешуд. Вале мутаасифона, то ҷое ки мебинам, на танҳо тадриси забони форсӣ коҳиши ҷиддӣ ёфта, балки забони урду низ дорад ба дасти фаромӯшӣ супурда мешавад.”

Юсуф Ҳусейн мегӯяд, ки забони урдуе, ки феълан мардуми Покистон ба он такаллум мекунанд, беш аз пеш бо забони инглисӣ гиреҳ хӯрдааст.

Суруди миллии Покистон ба забон форсӣ сохта шуда ва ин забон модари забони урду маҳсуб мешавад.

Оқои Ҳусейн мегӯяд, ки забони форсиро метавон дар шибҳиқорраи Ҳинд забони аввали ислом маҳсуб кард, зеро он яке аз муҳиммтарин расонаҳои тамаддуни исломӣ дар шибҳиқорраи Ҳинд будааст.

Забони порсӣ решае бас куҳан дар Покистон ва Ҳиндустон дорад ва имрӯза низ дар бархе иёлот, ҳамчун Пешовар, Порочинор, шаҳри Кувета, форсигӯёни зиёде вуҷуд доранд.

Шеър ва хатти форсӣ ба зебоиҳои Тоҷмаҳал, яке аз ъаҷоиби дунё дар шаҳри Аграи Ҳиндустон афзудааст.

Имрӯза нивиштаҳои форсии зиёде бар девори шаҳрҳои мухталифи Покистон қобили мушоҳида аст.

Дар гӯшаву канори шаҳрҳои мухталифи Покистон катибаҳо ва сангнибишта ва лавҳаҳое ба забони форсӣ ба чашм мехӯрад, шеърхонӣ ва форсисароӣ ва бакоргирии зарбулмасалҳои форсӣ аз хисоли (хислатҳои) барҷастаи мардуми Покистон аст.

Ғолибан мардуми Покистон дар ҷараёни гуфтугӯ ба забони урду барои далели муҳкам дар гуфтори худ шеър ва ё зарбулмасале форсиро шоҳид меоваранд.

Дар ҳоли ҳозир дар анҷуманҳои адабӣ аз шаҳрҳои мухталифи Покистон маҷолиси суханронӣ ва шеърхонии форсии ҳафтагӣ ва ё моҳона баргузор мешавад, ки дар он аз кишварҳои форсизабон аз ашхосу афрод даъват ба амал меояд.

Телевизиюни ҳукуматии Покистон шабҳои ҷумъа базми ғазалхонии форсиро ба намоиш мегузорад, ки ҳунармандон дар он оҳангҳои форсӣ ва ғазалиёти форсиро мехонанд.

Тадовули забони форсӣ ва шумори фориғуттаҳсилони покистонӣ дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ бештар аз ҳамаи кишварҳост. То ду даҳа пеш омӯзиши забони форсӣ дар Покистон аз нимаи давраи дабиристон оғоз ва то давраи донишгоҳ идома дошт.

Бар ъиловаи шоъирону нависандагони форсии покистонӣ, дар ҳол ҳозир, шумори зиёде аз сиёсатдонон ва сиёсатмадорон ва ҳунармандони овозхон дар Покистон вуҷуд доранд, ки ба забони форсӣ суҳбат мекунанд.

Қозӣ Ҳусейн Аҳмад, собиқ раҳбари Ҷамоъати исломии Покистон, Мавлоно Фазлурраҳмон, раҳбари Ҷамъияти исломии Покистон, Ҷовид Ҳошимӣ, муъовини ҳизби Муслим Лиг дар Покистон ва ҳамчунин Афросиёби Хатак, раҳбари Ъавомӣ нешнл портӣ, ва хонум Бегум Насим Валӣ ва шумори зиёде аз сиёсатдонон, шоъирон ва рӯзноманигорон дар Покистон бахубӣ метавонанд ба забони форсӣ такаллум намоянд.

Ба ҳамин тартиб, овозхонони ғазалсарои машҳури покистонӣ ҳастанд, ки даҳҳо оҳанги форсӣ иҷро кардаанд: шаҳаншоҳи ғазал Меҳдӣ Ҳасан, Ғулом Алӣ, Иқбол Бону, хонум Фарида Сайидӣ, Нусрат Фатҳъалӣ Хон, Ғулом Фарид Собирӣ, Миён Ъазиз, хонум Парвин, хонум Моҳҷабин Қизилбош ва даҳҳо овозхони дигарро метавон ёдовар шуд.

Ъаллома Иқболи Лоҳурӣ, ки шуҳрати шоъири Машриқ дорад, дар як шеъри форсии худ чунин мегӯяд:

Чун чироғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!
Ҳалқа гирди ман занед, эй рӯшанони обу гил,
Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо!

*Ъабдулҳаййи Саҳар хабарнигоре покистонӣ аст. Ин мақола бори нахуст ба торихи 20 урдибиҳишти 1390 дар сойти Би-би-сии Форсӣ мунташир шудааст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*