Ҳамдӣ Малик*: Ман дар Бағдод ба дунё омадам. Дар хонаводае, ки муттаҳам ба доштани усули эронӣ мешуд ва дар даврае, ки дулорҳои нафтии Ироқ ба кумаки ҷунуни қудрати Саддом Ҳусейн омада буд, то ӯро дучори таваҳҳум кунад.
Саддом ҳамчун дигар диктотурҳои ҷаҳон ба ин бовар расида буд, ки метавонад ба василаи зару зӯр равобит байни инсонҳо ва миллатҳои мухталифро бар асоси зоиқаи худ танзим кунад.
Ҳузури пурранги забон ва фарҳанги форсӣ дар Ироқ Саддомро то ҳадди ҷунун хашмгин мекард. Аз ин ҷиҳат ба сарофати (фикри) коре уфтод, то ба заъми (гумони) худаш як бор барои ҳамеша хоки Ироқро аз ҳузури ҳар гуна эронии маҷус ё оташпараст – онгуна, ки меномидшон, – пок кунад.
Садҳо ҳазор инсони бегуноҳ пас аз мусодираи амволшон, бепаноҳу саргардон, бидуни дар ихтиёр доштани кӯчактарин имконот дар марзи Эрон ва Ироқ раҳо шуданд, то ба сӯи сарнивишти номаълум қадам бигзоранд.
Ман он замон танҳо ду сол доштам. Бисёре аз ин хонаводаҳо, аз ҷумла хонаводаи ман, ҳатто як калима форсӣ намедонистанд, аммо кинаи Саддом онҳоро қурбони ин ҷиноят кард.
Дастгоҳҳои амниятии махуфи Саддом солҳо дар гӯшаву канори Ироқ ҷустуҷӯ карданд, то ҳар он киро аз асли эронӣ меёфтанд, ё ба ҷӯхаҳои эъдом биспоранд ё дар марзҳои Эрон ба дастон сарнавишт.
Бад-ин гуна Саддом тавонист ба хаёли хеш забон ва фарҳанги форсиро дар Ироқ решакан кунад. Онон, ки ин забонро медонистанд, аммо аз дасти маъмурони Саддом дар амон монда буданд, низ ҷуръат дам баровардан ба ин забонро надоштанд, то мабодо хона ва кошонаи хеш бар бод дода, саргардони биёбонҳо шаванд.
Зоҳиран ҳеҷ асаре аз забони форсӣ ё фарҳанги эронӣ дар Ироқ намонд ва Саддом ғарра аз ин пирӯзии ъазим бар мардум Ироқ миннат мегузошт, ки онҳоро аз шарри сутуни панҷуми Эрон, душмани қасамхӯрдаи Ироқ, раҳонидааст.
Солҳо гузашт ва оқибат Саддом, фармондеҳи Алқодисия, сар аз гӯдоле даровард ва ҳазорон ироқии табъидшуда ба Эрон, аз ҷумла ман, ба ватани худ бозгаштанд. Аммо бо як фарқи асосӣ. Ин бор форсиро ба равонӣ ва ҳатто гоҳе ҳамчун забони модарӣ медонистанд.
Бисёре аз сиёсатмадорони имрӯзӣ дар Ироқ аз он ҷиҳат форсӣ медонанд, чунки аз бераҳмиҳои Саддом ба Эрон паноҳ бурда буданд.
Имрӯза бисёре аз мардумон Наҷаф, Карбало ва Козимин, ки ҷад дар ҷад форсӣ медонистанд, вале аз тарси Саддом ба он сухан намегуфтанд, бо зоирони эронӣ дар Ироқ бар сари қимати коло чона мезананд ва гоҳе хушу беш ва гоҳе мушоҷара мекунанд.
Форсизабонҳо дар давраи Саддом Ҳусейн шароити сахтеро дар Ироқ таҳаммул карданд ё маҷбур ба муҳоҷират аз ин кишвар шуданд.
Забони форсӣ аз дер боз ҳузури маҳсус дар Ироқ доштааст. Дар давраҳои мухталифи торихӣ метавон радди пойи забон форсиро дар сарзамине, ки имрӯза Ироқ хонда мешавад, ёфт.
Барои мисол, дар давраи Сафавӣ ва бо расмӣ шудани мазҳаби шиъа дар Эрон ва густариши ин мазҳаб дар миёни эрониён корвонҳои зоирони эронӣ барои зиёрати амокини муқаддаси шиъиён ба Ироқ, ки дар он замон иёлате вобаста ба имперотурии Усмонӣ буд, сарозер шуданд.
Бисёре аз зоирони эронӣ, ки ба зиёрати имомони шиъа дар Ироқ мерафтанд, дар ҳамон диёр сукно (сукунат) мегузиданд ва дигар ба Эрон боз намегаштанд. Вуҷуди маконҳои муқаддас, ки бисёр мавриди алоқаи эрониёни шиъамазҳаб буд ва ҳамчунин бозори ҳамеша гарми ин шаҳрҳо, ки равнақашонро аз рафту омади зоирон мегирифтанд, беҳтарин ангеза барои ин гурӯҳ аз мардум буд, то ин шаҳрҳоро барои зиндагӣ интихоб кунанд. Ингуна буд, ки ин хонаводаҳои эронӣ забон ва фарҳанги форсиро бо худ ба Ироқ, бахусус шаҳрҳои Наҷаф, Карбало ва Козимин бурданд.
Дар давраи кашмакашҳо ва ҷангҳои миёни ду давлати Усмонӣ ва Сафавӣ шаҳрҳои муқаддас дар Ироқ, ва ҳатто Бағдод, барои муддате ба дасти Сафавиён уфтод, то ҳузури забони форсӣ беш аз пеш дар Ироқ малмус шавад.
Аз сӯи дигар, бо фурӯпоши ҳукумати Сафавӣ дар қарни ҳиҷдаҳуми мелодӣ бисёре аз уламои шиъа аз Исфаҳон ба Карбало ва сипас Наҷаф муҳоҷират карданд. Равнақ гирифтани ҳавзаи ъилмияи Наҷаф ва сарозер шудани туллоби эронӣ ба Ироқ боъис шуд, ки ҳузури забони форсӣ боз ҳам пуррангтар шавад.
Ин туллоби улуми динӣ, ки бисёре аз онҳо ба дараҷоти боло дар ҳавзаи Наҷаф расиданд, бисёр мавриди эҳтироми мардум буданд. Ҳузури ин туллоби эронӣ бо сиқли (гаронии) боло ва таъсири зиёд бар ҷомеъаи Ироқ то ба имрӯз низ идома дорад, ба тавре, ки оятуллоҳ Алии Систонӣ, ки мутаваллиди Машҳад аст, ҳамакнун ба унвони марҷаъи аъло дар Ироқ шинохта мешавад.
Ба далели дар ақаллият будани форсизабонон дар ин шаҳрҳо ва ҳамчунин ба далели муқаддас будани забони ъарабӣ ба унвони забони Қуръон ва аҳаммияти ин забон дар таҳсилоти ҳавзавӣ, форсӣ ҳеҷгоҳ ба забони аввали ин манотиқ табдил нашуд, вале ҳузури вожагон ва истилоҳоти фаровони форсӣ дар лаҳҷаи ироқӣ баёнгари таъсири чандсадсолаи забон форсӣ дар ин манотиқ аст.
Албатта, далоили ҳузури забон форсӣ ба инҷо хатм намешавад. Бисёре аз мардуми манотиқи марзии Эрон дар давраи Қоҷория низ барои тиҷорат ва зиёрат ба Ироқ мерафтанд ва бо мардуми Ироқ муровада мекарданд.
Ин мардумон, ки бештар аз тоифаҳои курди «филӣ» буданд ва ба гӯише наздик ба лурӣ сухан мегуфтанд, ба далели масофати наздики Элом ва Кирмоншоҳ ба Бағдод дар муқоиса бо Теҳрон барои пайдо кардани кор ба пойтахти Ироқ муҳоҷират мекарданд ва дар онҷо машғули кор мешуданд.
Бо таъсиси давлати ҷадид дар Ироқ дар соли 1921 ва ҳамчунин бо ҷиддӣ шудани қонуни шиноснома, рафтк омади эрониён дар Ироқ шакл ва шамоили дигаре ба худ гирифт ва андаке маҳдудтар шуд, аммо ҳузури туллоби улуми динӣ дар ҳавзаи Наҷаф ҳамчунон идома дошт.
Бо рӯи кор омадани ҳизби Баъс ва ба хусус бо ба қудрат расидани Саддом Ҳусейн, азияту озори атбоъи Эрон ба анҳои (наҳваҳои) мухталиф шурӯъ шуд.
Бисёре аз хонаводаҳо ба иттиҳоми доштани фарҳанги эронӣ аз Ироқ ихроҷ шуданд. Дар ин даврон суҳбат кардан ба забони форсӣ табдил ба тобу шуд ва бисёре аз хонаводаҳои форсизабон, ки аз мавҷҳои табъид дар амон монда буданд, ҳувияти асли худро пинҳон мекарданд, то маҷбур ба табъид ва оварагӣ нашаванд.
Пас аз суқути Саддом бисёре аз ин хонаводаҳо ба ватани худ бозгаштаанд ва дубора бо худ сибғае (ранге) аз фарҳанг ва забони форсиро ба Ироқ бурдаанд. Онон, ки дар давраи Саддом ҷуръати такаллум ба забони форсӣ надоштанд, акнун дар шаҳрҳои зиёратӣ аз ин маҳорати худ барои таъомул бо зоирони эронӣ истифода мекунанд.
Ҳамчунин, қалъ ва қамъи мухолифони ҳукумат дар давраи Саддом боъис шуд, то бисёре аз онҳо, ки курд ва бахусус аз аъроби шиъа буданд, ба Эрон паноҳ биёваранд. Бисёре аз онҳо пас аз солҳо сукунат дар Эрон акнун ба Ироқ бозгаштаанд ва пустҳои калидии ин кишварро ба даст гирифтаанд. Ҷалоли Толибонӣ, раиси ҷумҳури Ироқ, ва Ъаммори Ҳаким, раиси маҷлиси аълои исломии Ироқ, аз шохистарин чеҳраҳои сиёсии Ироқанд, ки ба забони форсӣ такаллум мекунанд.
Аз сӯи дигар, бисёре аз ҷавонони таҳсилкардаи курд дар манотиқи курднишини Ироқ бо ба даст овардани худмухтории нисбӣ дар солҳои ахир ва раҳоӣ аз саркӯби ҳукумати Саддом фурсати онро ёфтаанд, то бештар бо забон ва фарҳанги худ ошно шаванд.
Ин ошноӣ бо забон ва фарҳанг ва решаҳои миллати курд боъиси ба вуҷуд омадани ъалоқа ба забони форсӣ ба унвони забоне ҳамхонавода ва наздик ба забони курдӣ дар миёни ин қишр шудааст. Аз ин рӯст, ки имрӯза бисёре аз курдҳо дар Ироқ ва бахусус ақшори таҳсилкарда, ин тавоноӣ ва донишро доранд, ки бо забони форсӣ таъомул кунанд.
*Ҳамдӣ Малик, коршиноси масоили Ироқ аст. Ин мақола бори нахуст дар сойти Би-би-сии Форсӣ ба торихи 23 урдибиҳишти 1390 мунташир шудааст.
Бифирист