‘Эҳтимолужӣ’ ва табдили вожагон дар забони порсӣ

qader_rostam300Қодири Рустам*: Солҳои таҳсили мо дар донишкадаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар байни донишҷӯён, саҳеҳтараш дар фулклури донишҷӯёни ин донишкада ҳазлу шӯхиҳои марбут ба решаи калимаҳо даҳон ба даҳон мегашт. Азбаски он солҳо мегуфтанд, муъаллим Бухоризода ба таълифи луғати решашиносӣ (этимологӣ)-и забони форсии тоҷикӣ машғуланд, аксари ин решаёбиҳоро аз қавли устод нақл мекарданд.

Ин решаёбиҳо бештар ба шабоҳати зоҳирии калимаҳои форсӣ бо вожаҳои забонҳои мухталиф (ва асосан русӣ) асос ёфта буд. Чунончи мегуфтанд, устод Бухоризода муътақид ҳастанд, ки асли вожаи «петух»-и русӣ тоҷикист, ки аз калимаи «бетухм»-и забони мо иқтибос шуда, чанд садояш тағйир ёфтааст.

Ё муъаллим Бухоризода собит кардаанд, ки «хоккей» аз вожаи тоҷикии «хокӣ» баромада, ба забонҳои урупоӣ ворид шуда ва аз ин забонҳо ба ҳамаи забонҳои дигари олам паҳн шудааст. Азбаски ин бозиро тоҷикон дар рӯйи замин анҷом медоданд, онро «хокӣ» ном гузоштаанд, дар Урупою Омрико, агарчи ин бозӣ шаклан тағйир ёфт ва акнун дар рӯйи ях бозӣ мекунанд, вале ба ин сабаб, ки урупоиён асли маънои калимаро намедонанд, ин номро тағйир надоданд.

Ва чун дар ин «ҷусторҳои ъилмӣ» шабоҳати зоҳирӣ ъаён аст, донишҷӯён ба ҳазл ин ъилмашонро низ ба вазну қофияи этимология (этимулужӣ) «эҳтимология» ном гузошта буданд.

Ва аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки воқеъан дар забони мо тағйири сохту шакли бархе калимаҳо ба фаҳмиши тахминӣ ва эҳтимолии маънои онҳо иртиботи мустақим дорад. Чанд вожа дар забони модарии мо ҳаст, ки бархе садсолаҳо ва бархе даҳсолаҳо ба гунаи ғалат нивишта ва гуфта мешаванд ва сабаби ин ғалатҳои ъом ҳамон шарҳи эҳтимолии маънои онҳост, гарчи мафҳумашон тағйир наёфтааст.

Шояд, аввалини чунин вожаҳо «каждум» буда бошад, ки имрӯза дар тамоми густараи ҷуғрофиёии забони форсӣ ба ҳамин шакл истеъмол мешавад. Барои ба ин шакл даромадани ин калима ду ъомил муассир будааст: аввал, фаҳм ва шарҳи эҳтимолии вожа, ки гумон кардаанд сабаби пайдоишаш он аст, ки ин ҳашара думи каҷ (каж) дорад ва дигар алифбои форсӣ, ки асос бар алифбои ъарабӣ дорад (мегӯянд, асли ин алифбо ъарабӣ нест, вале чун мо онро аз ъарабҳо иқтибос кардем, ҳар ойина «алифбои ъарабӣ» ғалат нест); дар алифбои ъарабӣ, бахусус дар қарнҳои аввал «г» («коф»-и форсӣ) нивишта намешуд ва онро баъзан бо «ҷим» ва гоҳе бо «коф»-и ъарабӣ («к») менивиштанд. «Ж» ҳам аз ҷумлаи ҳарфҳои хосси форсӣ аст, ки низ дар қадим бо «з» нивишта мешуд ва ин вожаро, ки аслан «газдум» буд, чиро ки ақраб бо думаш мегазад, ба шакли «каздум» менавиштанд. Дар садаҳои баъдӣ гумон карданд, ки ба сабаби кажии думи ин ҳашара вай бояд «каждум» бошад, ки ба ъиллати истифода нашудани «ж» маҷбур шудаанд ба гунаи «каздум» бинивисандаш.

Газдум будани каждум аз ин байти Носири Хусрав ба таври рӯшан маълум мешавад, ки бо истифода аз асли вожа мазмуни зуҳдӣ халқ карда ва гуфтааст:

Матоз бар думи дунё, ки газдумаш бигзад-т,
Зи газдумаш ба ҳазар бош, к-аш газандадам аст. (1)

Дигар ъиборати рехтаи машҳури «гурги борондида» аст, ба маънои одами пуртаҷриба, гарму сарди рӯзгор чашида, ҳилагар ва маккор. Устод Баҳманёр таваҷҷуҳамро ба ин нукта ҷалб кард, ки «гурги борондида» дуруст нест ва хилофи мантиқ аст, зеро гург боке аз барфу борон надорад ва ҳамеша дар ҳар гуна ҳаво аз пайи сайд мегардад ва пайдо кардани гурги бороннадида худ амри муҳол аст. Асли ин ъиборат «гурги болондида» аст. «Болон» дом аст ва «гурги болондида» гургест, ки ба дом уфтода, бо истифода аз зиракию маккорӣ, ки зодаи ъақл аст, аз дом раҳо шудааст. Ва чун «кӯр ъасояшро як бор гум мекунад», куниши чунин гург ҳам хеле боэҳтиёт ва зиракона аст ва ба даст овардану шикори он кори сода нест. Ва маҷозан одамони таҷрубаи рӯзгордидаро «гурги болондида» меноманд. Азбаски вожаи «болон» ба маънои «дом» ва «тала» вожаи нодир аст, гузаштагон гумон бурдаанд, ин ъиборат «гурги борондида» бояд бошад ва ъиборат ба ҳамин шакли иштибоҳӣ ба ҳадде машҳур шудааст, ки устоде чун Соиб гуфтааст:

Тар нагардад аз зари қалбе, ки дар кораш кунанд,
Юсуфи бетолиъи мо гурги борондида аст.

Дар ин байти Саййидо низ ба «борондидагии гург» ишора шудааст:

Гургӣ, валек қатраи борон надидаӣ,
Нашнидааст гӯши ту овозаи сагон.

Ин ду вожаи машҳур аст, ки бар асоси фаҳми иштибоҳии маънои аслии онҳо тағйири шакл дода ва дар тамоми густараи ҷуғрофиёии забони форсӣ шакли ғалаташон машҳур шудааст. Аммо дар баробари ин, чандин калимаи дигаре дорем, ки дар доираи маҳдудтаре ва ба ҳамин сабаб тағйири шакл додаанд.

Намунаи аввал вожаи «чорхишт» аст, ки устод Ъайнӣ дар «Ёддоштҳо» аз он истифода карда ва низ аз ин асар ба фарҳанги тафсирии ӯ мунтақил шудааст. Ва инак он ҷумла ва шарҳи ин калима:

«Дар чуқурии ҳавзмонанд пайваста ба девораи суфаи ҳавз як охури калони хиштипухтагӣ буд, ки дарунаш бо гаҷ сафед кардагӣ менамуд. Чуқурии ин охур тахминан яку ним метр, баландиаш ҳам яку ним метр, дарозиаш дуним метр ва бараш ду метр меомад. Дар зери он охур як сӯрохи обгурез буда, ба даҳани сӯрох аз берун як новачаи чӯбин шинондагӣ буд. Дар зери он новача як ёми сафолин, ки тахминан даҳ сатил об мебурд, гузошта шуда буд (ин охур охури ангурзеркунӣ буд, ки «испор» ва дар баъзе ҷоҳо «чорхишт» меномиданд)»

Шарҳи «Луғати нимтафсирӣ..» низ монанди шарҳи болост: «Чорхишт – охурест аз хишти пухта сохташуда, ки дар даруни вай ангурро пахш карда, шираашро мегиранд».

Аммо шакли асл ва саҳеҳи ин калима «чархушт» аст, ки дар байти мансуб ба Рӯдакӣ ё Носири Хусрав омадааст:

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

На вазни шеър ва на қофияҳои дигари он, ки ба тартиб «кушт», «фаромушт», «ангушт» ва «мушт» аст, ҷойе барои «чорхишт» намегузоранд.

Дар «Фарҳанги форсӣ»-и Муъин дар шарҳи ин вожа омадааст: «Чархушт – чархуст. Суғдӣ: crxwst, қиёс, паҳлавӣ karxos) 1. Чархе, ки бо он оби ангур гиранд. 2. Ҳавзе, ки дар он ангур бирезанд, то шираи он барояд. 3. Олате, ки дар он ангур резанд ва бо мангана шираи онро гиранд.»

Ҷумла ва шарҳи Ъайнӣ наздик ба шарҳи дуюми Фарҳанги Муъин аст. Ва пайдост, ки дар қарни XIX дар баъзе ҷойҳо (эҳтимолан бархе маҳалҳои музофоти Бухоро) ба сабаби он ки ин «охур» ё «ҳавз» аз хишт ва ба шакли мураббаъ сохта мешуда, онро муштақ аз ду вожаи «чор» ва «хишт» пиндоштаанд ва вожаро ба ҳамин шакл истеъмол мекардаанд.

Дигар, калимаи «паҳлӯдарӣ» аст, ки дар забони адабии муъосири форсии мовароуннаҳрӣ (тоҷикӣ) истифодаи фаровон дорад. Ин вожа ба шакли «палдарӣ» дар деҳоти водии Зарафшон истеъмол мешавад ва маънои «чаҳорчӯбаи дар» ва низ «яке аз чӯбҳои канори дар»-ро дорад. Ва аҳли қалам ва адабро гумон бар ин будааст, ки «пал» дар ин вожа кӯтоҳшудаи «паҳлӯ» аст ва онро ба гунаи «адабии» «паҳлӯдарӣ» веросторӣ кардаанд. Аз ҷумла, устод Ъайнӣ дар қиссаи «Марги судхӯр». Ва марҳум Ҷумъа Одина низ дар румони «Гузашти айём» менависад: «Асад, ки то ҳол ба паҳлӯдарӣ такя карда, хомӯш ба гапи падару модараш гӯш мекард, оҳиста аз хона баромад».

Аммо вуҷуди чанд калимаи дигар дар шеъри клосик ва гӯишҳои водии Зарафшон гувоҳ аст, ки шакли дурусти калимаи мазкур ҳамон «палдарӣ»-и равон дар муҳовараи мардум аст. Нусхаҳои «Луғати фурс»-и мансуб ба Асадии Тӯсӣ вожаеро ба шаклҳои «баландин» ва «паландин», ки бархе «буландин» ва «пуландин» хондаанд, сабт карда, онро «перомуни дар бошад» шарҳ додаанд ва ба шоҳид байти Шокири Бухориро овардаанд:

Бувад афрошта дарҳои симин,
Ҷавоҳирҳо нишонда бар паландин.

Ин вожа ба шакли «паланд» ва ба ҳамин маънои «чорчӯбаи дар» ҳанӯз ҳам дар деҳаҳои болоии Фалғар (ноҳияи Ъайнӣ) ва Масчоҳ мавриди истифода аст. Ҳамчунин, дар деҳоти Фалғару Панҷекат таркиби «дару пал(л)а» мустаъмал аст, ки муродифи хонаю дар аст. «Паланд» чунонки дар «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ» (2), таълифи Муҳаммад Ҳасандӯст омадааст, вожаи дахил аз суғдист ва вожаи суғдӣ худ муштақ аз решаи форсии бостон: pati-anta мураккаб аз pati- (пешванд) ва -anta (сутун, тири ъамудӣ) мебошад. Пас метавон ба ин натиҷа расид, ки «пал» дар таркиби «дару пала» ва дар «палдарӣ» низ аз ҳамин реша аст ва ба гунаи «паҳлӯдарӣ» навиштани он натиҷаи шарҳи эҳтимолии маънои асли калима мебошад.

Фарҳангҳои қадими форсӣ («Луғати фурс» ва «Сиҳоҳ–ул-фурс») зайли мадхали «фағёз» чанд маънои ин вожаро шарҳ додаанд ва фарҳанги охир байте аз Абулъаббос, шоъири ҳамъасри Рӯдакиро низ ба шоҳид овардааст:

Чу ъақаб бахшидӣ, газит бибахш,
Ҳам бидеҳ шеъри бандаро фағёз.

«Фарҳанги форсӣ»-и Муъин, ки ин калимаро ба ду гунаи «фағёз» ва «бағёз» оварда, онро чунин шарҳ додааст: 1. Пули андаке, ки илова бар уҷрати устод ба шогирд диҳанд; шогирдона 2. Баҳои ширинӣ, ки дар вақти ҷомаи нав пӯшидан бахш кунанд; пули ширинӣ. 3. Мужда, навид.

Ин вожа ба гунаи «пағоза» дар рустоҳои дараи Киштуди Панҷекат мавриди истеъмол аст ва ба ҳамин маънии дувуми фарҳанги Муъин кор фармуда мешавад. Дар замони баччагии мо дар Панҷрӯд, агар яке аз ҷӯраҳо ва ҳамсолон либоси нав мепӯшид, дигарон «пағозаашро бидеҳ» мегуфтанд ва ӯ худ ва ё волидонаш ба бачаҳо қанд ё конфет медоданд ва ё ваъдаашро, ки албатта, бештари авқот иҷро намешуд. Зоҳиран, ин расм ҳоло аз миён рафта ва ин калима ҳам ба мулки фаромӯшӣ меравад.

Калимаеро шабеҳ ба «пағоз»-у «фағёза» дар нивиштаи нивисанда Сорбон дидам: «Дар меҳмонхонаҳо ёру ҷӯраҳо гаштак медоданд, бурутгирон ва бахтиёзаи тӯй медоданд.»

Чун маънои калимаро аз устод Сорбон пурсидам, гуфтанд «бахтиёза» маросимест, ки пеш аз баргузории сур баргузор мекунанд ва наздикону ҳамсоягонро зиёфат медиҳанд. Бидуни тардид, ин вожа низ аз ҳамон «фағёза»-и қадим берун омада ва чун моҳиятан каме ҳам бошад, тағйир ёфтааст ва худи вожаи асл номафҳум шудааст, мардуми Амондара (зодгоҳи устод Сорбон) онро бо калимаи барояшон ошнои «бахт», ки бо маросими шодию хурсандии сур ва ъарӯсии фарзандон пайванди қавӣ дорад, муртабит кардаанд ва орзу кардаанд, ки бахти фарзандонашон биёзад, яъне тамоми ъумр хурсанду хушвақт бошанд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки аз калимаи куҳани форсӣ вожаи нав эҷод шудааст.

Бояд гуфт, дар рӯзгори мо низ, ки зоҳиран мардум ҳама босавод шудаанд ва ҷойе барои «эҳтимология» боқӣ намонда, ҳанӯз равияи тағйири шакли калимаҳо бар асоси шарҳи зоҳиран ъилмии онҳо идома дорад. Баъзан вожаи «рӯзгор»-ро ба гунаи «рӯзғор» мебинему мешунавем. Боре дар кӯча мерафтам, зане дасти духтарчааш ба даст пештар аз ман мерафт. Духтарак нивиштаи сардари фурӯшгоҳеро хонд: Молҳои рӯзгор. Модараш филфавр шарҳ дод, ки нодуруст нивиштаанд, дурусташ «рӯзғор» аст, рӯзғор ҳамин зиндагист ва азбаски мисли ғор ҳама чизро фурӯ мебарад, «рӯзғор» гуфтаанд. Зоҳиран, онҳое ки «рӯзғор» менивисанд (хушбахтона, дар ин солҳои охир ба назар нарасид) низ «рӯзгор»-ро мисли он хонум фаҳмидаанд.

Бо ъиборати «сару кор доштан» низ ҳамин вазъ рух дода. Бархе қаламбадастон, ки ба маънои он андешидаанд, тибқи «мантиқ» ба ин натиҷа расидаанд, ки шакли дурусти он «сари кор доштан» бояд бошад. Ман худ қаблан чунин меандешидам ва боре чанд аз ин таркиб ба шакли ғалат истифода кардаам. Аз ман ҷавонтарҳо низ эҳтимолан чунин андешидаанд. Аз ҷумла, хабарнигори родиюи «Озодӣ» Сарвинози Руҳуллоҳ, ки ҷумлаи зайл маҳсули қалами ӯст: «Толеъшиносон ва аспсаворон мегӯянд зодагони соли асп ва ҳатто онҳое, ки ба асп сари кор доранд, ғолибан худро хушбахт мешуморанд» (3)

Мутаассифона, устод Баҳриддин Камолиддинов низ муртакиби ин хато шудаанд. Эшон дар китоби судманди «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» (ки бояд аз ҷумлаи китобҳои рӯимизии аҳли қалам бошад), ба ин назар ҳастанд, ки «сару кор» нодуруст аст ва гунаи дурусти ин таркиб «сари кор» аст. Эшон «сару кор»-ро аз назари сохт ҳамсони «сари ёрӣ» «сари сулҳ», «сари пархош» ва «сари ошноӣ», ки дар абёт ва ҷумлаҳои шуъарою нивисандагон ба кор рафта, донистаанд. Муъаллим «сару кор» дар абёти зайли Мавлоно ва Муҳаммад Иқболро низ ғалате медонанд, ки зимни иқтибос дар рӯзномаҳо рух додааст:

Чу(н) сару кори ту бо кӯдак фитод,
Пас забони кӯдакӣ бояд кушод.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Эшон афзудаанд: «Дар ин байтҳо ҳам калимаи сар ба маънои мақсаду маром, ният омадааст ва бояд «Чу сари кори ту бо кӯдак фитод»; «Ба он миллат сари коре надорад…» нивишта ва хонда шавад» (4)

Ва аммо назари муъаллим худ сахт иштибоҳ аст. Таркиби «сару кор» дар адабиёти клосики мо ҳама ҷо ба ҳамин гуна омадааст. Ва фарҳангҳои тафсирӣ низ ин воқеъиятро мунъакис кардаанд. Аз ҷумла, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», чопи соли 1969, овардааанд «сару кор – алоқа, муносибат». Ва ба шоҳид байти шоъири қарни 10-ум Ъумораро забт кардаанд:

Маҷлису маркабу шамшер чӣ донад ҳаме он-к
Сару кораш ҳама бо гову замин асту гуроз.

«Сару кор доштан (ё будан, фитодан)» – алоқа доштан, муносибат доштан; дахл доштан». Дар ин ҷо низ муаллифони ин фарҳанги муътабар байте аз Хусрави Деҳлавӣ, байти мазкури Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва ҷумлае аз Савдоро мисол овардаанд, ки албатта ҳама ба гунаи «сару кор» аст. Дуруст аст, ки дар «Торихи Систон» дар рубоъии Сонеъи Балхӣ – шоъири қарни 10-ум ин таркиб ба гунаи дигар омада:

Ҳамвора сарӣ кори ту бо некон бод,
Ту мири шаҳиду душманат Мокон бод.

Ва устод Маликушшуъарои Баҳор «ё»-и «сарӣ»-ро ъаломати изофа (яъне «сари ту») донистааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки қасидаи «Модари май»-и Рӯдакӣ низ дар танҳо нусхаи бозмондаи ин торихнома бо ғалатҳои зиёд китобат шудааст ва «сарӣ ту» низ ғалат ва дур аз завқи шоъирист, эҳтимол меравад дар асл ин ҷо низ «сару кор» буда бошад.

Ҳар ойина, имрӯз низ дар Эрону Афғонистон ва бештари касон дар Тоҷикистон ин таркибро ба гунаи дурусти «сару кор» менивисанд ва дуруст мекунанд. Ва дар ин маврид савоб ин аст, ки шогирдон ба фармудаи устод ъамал накунанд ва «сару кор»-ро «сари кор» нанивисанд.

Чунонки дида мешавад, тағйири шакли калима бар асоси тахмину эҳтимол низ бо роҳҳои гуногун сурат мегирад, қисме аз калимаҳоро худи мардум тағйир медиҳанд ва он ба ғалати ъом бадал мешаваду мутадовил мегардад, қисме дигарро донишмандон ва дар заминаи мантиқи ъилмии зоҳиран наздик ба ҳақиқат анҷом медиҳанд. Вале наздик ба ҳақиқат будан ъайни ҳақиқат нест, чунонки тафовути байни «эҳтимология» ва «этимология» низ фақат як ҳарф аст, аммо ин як ҳарф фосилаи бузурге дар миёни ин ду вожа ё истилоҳ эҷод мекунад.

Маъхазҳо:

  1. Девони Носири Хусрав, Теҳрон. Муассисаи интишороти «Нигоҳ», 1375, с. 141
  2. «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ», таълифи Муҳаммади Ҳасандӯст, ҷилди аввал, Теҳрон, 1383, саҳ. 283
  3. орнамои Родиюи «Озодӣ», 02.01.2014
  4. Баҳриддин Камолиддинов. Сухан аз баҳри дигарон гӯянд. Душанбе. Нашриёти «Дунёи дониш», 2015, 271-276

*Қодири Рустам нивисанда ба пажӯҳишгар аз Тоҷикистон аст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*