Чолишҳои забони форсӣ дар Осиёи Миёна ва Афғонистон

farsi-farsnewsҚудратуллоҳи Беҳбудинажод*: Забони форсӣ бо ин ки забони муштараки бисёре аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарби Осиёст, аммо дар ъайни ҳол, талошҳои мухталифе барои маҳдудсозӣ ва муқобила бо он анҷом мешавад.

Забони форсӣ дар байни бисёре аз мардуми Узбакистон, бавижа дар шаҳрҳои ҳавзаи тамаддунии Эрони қадим, монанди Самарқанду Бухоро, ки қалби Хуросони Бузург ва забони форсӣ мебошанд, аз ҷойгоҳи торихӣ, фарҳангӣ ва ъилмии вежае бархӯрдор аст. Бархе аз манотиқи устонҳои ҳамҷавори Узбакистон бо Тоҷикистон, монанди Сурхондарё ва Қашқадарё, низ ба забони форсӣ суҳбат мекунанд, вале султаи 70-солаи Шӯравӣ то ҳудуди зиёде ба ҳувияти ин забон садамоти фаровоне ворид кард.

Дар давраи диктотурии Истолин бар Осиёи Миёна, ӯ сиёсати кунтрули ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро аз тариқи сохтани ихтилофот ва кашмакашҳо байни миллиятҳои Осиёи Марказӣ, монанди ихтилофоти арзӣ ва тағйири марзҳо, пеш бурд. Дар ин росто, ӯ шаҳрҳои бузурги тоҷикии Самарқанду Бухороро, ки маҳди забони форсӣ буданд ва шоъирони бузурге, чун Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ, аз он ҷо баромада буданд, ба Узбакистон замима намуд.

Дар бораи ъилали муқобила бо забони форсӣ

Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ин шаҳрҳо дар кунтрули Узбакистон боқӣ монд ва ин кишвар дар ростои сиёсатҳои понтуркисм ва фишорҳои ворида аз Туркия ба он, забони форсиро дар ин кишвар мамнӯъ кардааст. Дар Афғонистон, дигар кишвари форсизабон, ҳам талошҳои мушобеҳе ба наҳви дигаре аз ҷониби паштунҳо ва ҳайъати ҳокимаи онҳо дар ростои измиҳлол (нопадидӣ) ва дар сурати имкон нобудии ин забон анҷом мешавад.

Чолишҳои забони форсӣ аз дидгоҳи коршиносони Афғонистон иборатанд аз:

Якум: талош мешавад, то забонҳои инглисӣ ва пашту забонҳои ъилмии донишгоҳҳо ва забони расмии Афғонистон шаванд. Ҳатто муҷозотҳое монанди нуҳ моҳ маҳрумият барои истифодакунанда аз вожагоне монанди донишгоҳ ва донишҷӯ, ба ин баҳона, ки инҳо «вожагони эронӣ» ҳастанд, эъмол мешавад.

Дувум: интиқод аз мусодираи тамоми торих ва фарҳанги ҳавзаи тамаддунии гузашта тавассути Эрони имрӯзӣ ва шарик накардани соири ақвом ва миллиятҳои форсизабон дар ин густараи фарҳангӣ.

Севум: далели охир, ки зикр мекунанд, парокандагии форсизабонон аз якдигар ва адами инсиҷоми (ҳамбастагии) онон мебошад.

Аммо решаҳои форсиситезӣ дар Афғонистон дар куҷост?

Бояд гуфт, ки душманӣ бо Эрон дар сатҳи густардае дар Афғонистон тазриқ ва бузургнамоӣ мешавад. Пай бурдан ба ъиллат ва чироии бахши ъумдае аз ин хусуматҳо ҳам комилан рӯшан ва сода аст. Талош мешавад ҳувият ва забони паштун ҳувияти ғолиби саросари кишвар шавад ва дар ин масир бо монеъи бузурге ба номи забони форсӣ (ё дарӣ) мувоҷеҳ ҳастанд.

Пас, дар натиҷа ин забон бояд аз байн биравад, то битавонанд ҳувияти ҷаълӣ ва мавриди назари худро пиёда кунанд, бино бар ин, талош мекунанд дар дараҷаи аввал иртиботи забонии Афғонистон бо Эрон қатъ шавад, то битавонанд роҳаттар ба аҳдофи худ бирасанд.

Ба ҳамин ъиллат саъй мекунанд бо задани барчаспи “эронӣ” ба афрод — аъам аз донишҷӯ, устод ё сиёсатмадоре, ки ба Эрон ъалоқаманд аст — онҳоро дар ҷомеъа мунзавӣ сохта ва бад-ин тартиб онҳоро аз Эрон дур кунанд. Аз тарафе дигар, аксарияти мутлақи расонаҳои пурмухотаби Афғонистон мустақил нестанд ва тавассути давлатҳои хос роҳандозӣ шудаанд.

Ағлаби хабарнигорони ин расонаҳо аз ақвоми хос ҳастанд ва саъй дар пойин нигоҳ доштани ҷомеъаи ҳазора ва бавижа тоҷикҳо доранд. Бояд гуфт, ки ҳазораҳо ва тоҷикҳо ба таври табиъӣ ва бидуни ниёз ба сармоягузории давлат ва ҳукумати Эрон, на муттаҳидони табиъии Эрон, балки бародарони воқеъӣ ва табиъии эрониён ҳастанд.

Покистон ва кишварҳои ъарабӣ, чун Ъарабистони Саъудӣ, расман ва ъаланан аз Толибон ва паштунҳо ҳимоят мекунанд. Туркия низ ҳимояти вижае аз узбакҳо мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Иттиҳодияи Урупо низ, ки аксарияти расонаҳои Афғонистонро пуштибонӣ мекунанд, аз он ҷое ки бо Эрон хусумати сиёсӣ доранд ва аз он ҷое ҳам, ки ҳарос доранд, то мардуми Афғонистон беш аз пеш ба Эрон наздик шаванд, сармоягузории ҳангуфте мекунанд, то ин амр сурат нагирад.

Ъодитарин чиз, пахши филм ва сериёлҳои ҳиндӣ ва туркӣ аз телевизиюнҳои Афғонистон аст! Аммо ҳатто пахши як филм ва сериёли эронӣ дар телевизиюнҳои Афғонистон басуръат бо вокуниши бархе расонаҳо ва сарони қавми паштун рӯбарӯ мешавад. Калимоти ҳиндӣ, инглисӣ ва туркӣ, ба сурати беравия дар ҳоли истифода дар Афғонистон ҳастанд, ҳеҷ кас ҳам ҳеҷ нигаронӣ надорад, аммо ба маҳзи корбурди чанд калимаи форсии навин – масалан донишгоҳ ва донишҷӯ, — ҳаҷмае сангин алайҳи гӯяндаи он ба кор гирифта мешавад ва муттаҳам ба хиёнат ва ё ҷосусӣ барои Эрон мегардад.

Аз сӯи дигар, сиёсати ҳукумати Эрон дар қиболи Афғонистон рӯшан ва қобили дарк аст. Эрон талош мекунад, то метавонад, аз шиддати ҳассосиятҳо дар Афғонистон бикоҳад ва худро зиёд дар маърази дид қарор надиҳад ва мӯҷиби ҳамбастагӣ ва иттиҳоди кишварҳои мухолифаш — аз Туркия ва Узбакистон то Покистон ва кишварҳои ъарабӣ ва то Омрико ва Урупо – нашавад.

Давлати Эрон талош карда, то беш аз пеш бо давлати марказии Афғонистон робита дошта бошад ва барои ҳамин муносиботи бисёр хубе бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии собиқ, барқарор кард. Ҳукумати Эрон ҳамчунин дар кашмакашҳои дохилии Афғонистон ё интихобот ва ғайра ҳаргиз кумаки чашмгире ба ҷаноҳи тоҷик ва ҳазора намекунад. Агар ҷоддаи Ҳиротро мустасно кунем, сохти чанд китобхона ва масҷид ва ғайра бузургтарин корҳои Эрон ҳастанд.

Хостаи Эрон дар Афғонистон “сабот” аст

Эрон то акнун тамоми машғала ва ҳавоссаш ба самти марзҳои ғарбияш ва кишварҳои Ъироқу Сурия ва Лубнон ва… маътуф аст ва дар мақтаъи кунунӣ муҳиммтарин хосташ дар Афғонистон сабот аст ва аз он ҷое, ки медонад ҳамаи кишварҳои мухолифаш хостори ибқои (боқӣ мондани) ҳукумат дар дасти паштунҳо ҳастанд, Эрон ҳам барои ҳамон ҳадаф, яъне оромиши Афғонистон, бо паштунҳо ҳамкорӣ мекунад ва кумаки хоссе дар ихтиёри тоҷикҳо ва ҳазораҳо қарор намедиҳад. Агар ҳам кумаке дар ихтиёри онҳо қарор диҳад, ба мизоне нахоҳад буд, ки сохтори шаклгирифташуда ва тавозуни барқароршударо барҳам занад.

Бино бар ин, решаи хусуматҳои ишорашуда бисёр рӯшан аст. Хушбахтона, иттифоқи хубе дар даруни ҷомеъаи Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст. Афғонистониҳо баъд аз даҳаҳо ҷанг, вайронӣ ва оворагӣ, акнун беш аз ҳамеша дар тӯли торихи муъосир шаҳрнишин шудаанд, мадорис ва донишгоҳҳо зиёд шудааст. Баҳсҳо дигар маҳдуд ба ҷанги ақвом нест. Мавзӯъоти муҳиммтаре мисли ҳувият ва кистию чистӣ вориди баҳсҳо шудааст.

Тоҷикҳо ва ҳазораҳо дорои нуфуз ва ҷойгоҳе шудаанд — ба лутфи сарнагун кардани Толибон ва эҷоди ҳукумате муташаккил аз гурӯҳҳои мухталиф ва муборизони бузурги ин ду қавм — ки ҳаргиз дар торихи муъосир набудаанд. Инак, ҷомеъаи ҷавони Афғонистон ба дунболи ҳувият ва гузаштаву ояндаи худ аст.

Ҳувияти муштараки тоҷикҳо ва ҳазораҳо бо Эрон

Эрон муътақид ба давоми ҳаракати насли ҷадиди Афғонистон аст. Як тоҷик ва ҳазора муҳол аст дунболи ҳувияти худ ва гузаштаи худ биравад ва ба решаҳои ҳувиятии худ дар Эрон нарасад. Ин ҳамон ҳароси аслии эътилофи кишварҳои болост. Онҳо барои муқобила бо ин амр, ба мубориза бо «нуфузи Эрон» рӯй овардаанд.

Эрон ҳам ҳеҷ кори хоссе ва чашмгире намекунад, зеро муътақид аст, ки ҳаракати насли тозаи Афғонистон бисёр бодавом ва қудратманд аст. Бино бар ин, Эрон ба сармоягузорӣ ва талоши беш аз ин ниёз надорад.

Дар бораи нигоҳи мутафовити расонаҳои Афғонистон

Ба хотири таҳаввулоти дарунии худи ҷомеъаи Афғонистон, расонаҳои афғонистонӣ ҳам баста ба ин ки ба кудом кишвар вобаста ҳастанд ва аз кудом хабарнигорҳо истифода мекунанд, нигоҳҳои мутафовите доранд. Масалан, баъзе аз онҳо башиддат дар ҳоли талош барои густариши ҳувияти аслии мардуми Афғонистон ва забони форсӣ ва… ҳастанд, аммо ҳамзамон ба хотири нигарониҳои зикршуда дар боло, ҳозир ба пахши ҳеҷ филм ва сериёли эронӣ ва гоҳ ҳатто мусиқии эронӣ, ки дар хориҷ аз Эрон ҳам тавлид шуда, ҳам ба таври густарда нестанд.

Дар поён бояд хотирнишон кард, ки зарурати ташкили Анҷумани забони форсӣ байни се кишвари форсизабон илзомӣ аст, то зимни тақвияти беҳтари забони форсӣ, мӯҷиби тақвияти бештари се миллат низ бишавад.

Истифода аз вожагоне, ки дар як қисмат аз онҳо вуҷуд дорад, метавонад дар ду қисмати дигар мавриди истифода қарор бигирад ва ҷойгузини вожаҳои ъарабӣ ва инглисӣ ва ғайра дар забони форсӣ шавад ва бар ғинои он бияфзояд.

Қудратуллоҳи Беҳбудинажод донишҷӯи дуктурои мутолеъоти байналмилалии Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъли Неҳру аст.

Ин матлаб бори аввал дар торнамои хабаргузории Farsnews мунташир шудааст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*