Бозтоби гузаштаи Эрон дар сурудаҳои Хайём ва Ҳофиз

Ҷовиди Ашконӣ: Аз бароиши Пешдодён то Каёнён, аз ффрошуди (бомдоди) Ҳахоманишиён то фурӯшуди (шомгоҳи) Соcониён, офтоби заррини Эроншаҳр ончунон дурахшиши дерпо ва пойдоре дошт, ки ҷангҳо ва тозишҳои вайронгаре солҳои дароз натавонист гавҳари даруниашро дар гузари замон бизудояд ва аз миён бардорад. Ин гавҳарҳо, корнишони кистии шаҳрёрон, кишварбудон (шоҳон), паҳлавонон, диловарон, мӯбадон, деҳгонон ва дигар бошандагоне буд, ки тавонистанд ёдгорҳо, бармондҳо ва ёднигоштҳои худро дар дили кӯҳҳо, сангнибиштаҳо, тандисҳо, даштҳо ва донгҳо(сиккаҳо) барнамоёнаанд, то фурӯғи рухшони он, чироғи роҳи бошандагони фардои эрониён бошад.

Бархе аз авомили уфти донишомӯзон дар дарси забон ва адабиёти форсӣ

Аббоси Салими Онгил: Сустии донишомӯзон дар нивиштан ва гуфтан (дарси забон ва адабиёти форсӣ) иллатҳое чандгонае дорад. Медонем, ки омӯзишупарвариш ниҳоди варшикаста аст: аз сурат ва муҳтавои китобҳои дарсӣ то шеваи ироаи он ва аз камсаводии муаллиф ва муаллим то умре, ки дар мадрасаҳо гум мешавад. Дар ин балбашу, ҳазфи дарси забон ва адабиёти форсӣ аз кункур ҳам бетаъсир набудааст. Ин куниш монеътарошӣ дар роҳи посдошти забони форсист…