Гушоиши омӯзгоҳе дигар барои порсиомӯзӣ дар Арманистон

Порсӣ Анҷуман: Ҳамзамон бо ҷашни Меҳргон, Толори Ҳофиз  ва омӯзгоҳ (клос)-и забони порсӣ дар омӯзишгоҳи шумораи 61-и Иревон бо ҳамкории сафоратхонаи Эрон дар Арманистон бозсозӣ ва навсозӣ шуд.

 Сафири Эрон дар Арманистон, бо сипосгузорӣ аз давлати Арманистон барои фароҳам овардани бистари ёдгирии забони порсӣ дар омӯзишгоҳҳои ин кишвар, аз фарнишинон(мудирон)-и омӯзишгоҳ барои баҳрагирӣ аз ин бистар ва роҳандозии омӯзиши забони порсӣ ва ҳамчунин аз кӯшишҳои омӯзгорон барои омӯзиши порсӣ сипосгузорӣ кард.

 Маҳдии Субҳонӣ бозсозӣ ва навсозии Толори Ҳофиз ва омӯзгоҳи забони порсӣ дар ин омӯзишгоҳро нишоне аз дӯстии мардуми ду кишвар донист ва гуфт, ки порсӣ забони дилдодагӣ, дӯстӣ ва меҳру оштиҷӯист ва порсиомӯзони арманӣ пайвандгоҳҳои дӯстии эрониён ва арманиён ва сармояҳои ду кишваранд.

 Лусина Григуриён, фарнишини омӯзишгоҳ, низ гуфт, ки порсиомӯзони ин омӯзишгоҳ пайванддиҳандаи ду кишвар дар  оянда хоҳанд буд ва аз дониш ва тавоноии худ дар пешбурди дӯстии Эрон ва Арманистон баҳра хоҳанд ҷуст.

 Ӯ ҳамчунин афзоиши порсиомӯзони ин омӯзишгоҳро нишонае аз дилбастагии донишомӯзони арманӣ ба ёдгирии забони порсӣ донист.

 Гуфтанист, ҳаминак забони порсӣ дар 18 омӯзишгоҳи Арманистон аз пояҳои панҷум то нуҳум омӯзиш дода мешавад.

 Ойини гушоиши омӯзгоҳро дар тужи боло бибинед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*