Порсӣ Анҷуман: «Фарҳангҳои форсӣ ба форсӣ ва форсӣ ба забонҳои дигар ва фарҳангҳои мавзӯӣ ва гӯишҳои маҳаллӣ ва фарҳанги гунаҳо» гирдовардаи устоди зиндаёд Муҳаммади Дабирсёқист.
Феҳристи ин нибег чунин аст:
Сароғоз
Бахши нахуст: Фарҳангҳои форсӣ ба форсӣ (дар се шохаи Эрон, шабҳиқорраи Ҳинд ва Осиёи Кӯчак);
Бахши дувум: Фарҳангҳои вижаи вожагонии маснавиҳо ва бархе китобҳои манзум ва мансур;
Бахши севум: Фарҳангҳои форсӣ ба забонҳои дигар (форсӣ-арабӣ, форсӣ-туркӣ, форсӣ-фаронса, форсӣ-инглисӣ, форсӣ-олмонӣ, форсӣ-лотинӣ, форсӣ-русӣ, форсӣ-арманӣ, форсӣ-итолиёӣ, форсӣ-испанӣ, форсӣ-чинӣ, форсӣ-жопунӣ);
Бахши чаҳорум: Фарҳангҳои забонҳо ва гӯишҳои маҳаллӣ;
Бахши панҷум: Фарҳангҳои мавзӯъӣ;
Бахши шашум: Фарҳанги гунаҳо (пизишкӣ, хӯрок ва хӯрокпазӣ, ҷомаҳо, ҷавоҳирномаҳо (кониҳо), саноъоти адабӣ ва як вожаномаи ибтикорӣ).
Феҳристи алифбоии номии ҳар як аз фарҳангҳои бахшҳои шашгона.
Феҳристи алифбоии ҳамаи фарҳангҳо.
Устод Дабирсиёқӣ дар пешгуфтор чунин нивиштаанд:
«Ончи хонандагони гиромӣ пеши рӯй доранд … беҳтарин намудори қаламрави забони форсӣ аз каронаҳои дарёи Чин то савоҳили дарёи Рум аст ва муҳимтар аз он баёнкунандаи кӯшишҳо ва вобастагиҳои мардумони ин сарзаминҳои густурда ба забони форсӣ ва аҳаммият додан ба ганҷинаи адаб ва шеъри форсӣ ва таваҷҷуҳ ба сарзамини аслии ин ганҷҳо, яъне Эрон, аст. … Пас, хонандагони азиз сивои огоҳӣ бар муҳтаво ва мушаххасоти шумории фарҳанг дар ин китоб аз чанд нуктаи муҳимм низ огоҳ мешаванд: яке қаламрави забони форсӣ ва паҳноӣ ва давоми он аст, аз дербоз то ба имрӯз ба нерӯи маънавияти забон; дувум, инояти сокинони он қаламравҳо ба забони форсӣ ва арзиши воло доштан ва коргушо буданаш дар ҳамаи савийяҳои зиндагӣ аз завқӣ ва фикрӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ғайра; Ва саранҷом таваҷҷуҳ ёфтан ё таваҷҷуҳ додани насли ҳозир, ба вижа авлиёи умури фарҳангӣ, ба ҳақиқат ва воқеияти ин қаламрави васеъи дуртар аз сарнайзаи порсӣ рафта ва дарки боистагии нигаҳдошти он ба шеваҳои муассир ва маъқул ва адои дайни виҷдонии худ нисбат бад-он ва ҳақшиносӣ нисбат ба густаришдиҳандагони ин сармояи бузург аз хешу бегона.»
«Фарҳангҳои форсӣ ба форсӣ»-и Дабирсиёқиро аз «ин ҷой» бор гиред.
Бифирист