Ҷовиди Ашконӣ: Аз бароиши Пешдодён то Каёнён, аз ффрошуди (бомдоди) Ҳахоманишиён то фурӯшуди (шомгоҳи) Соcониён, офтоби заррини Эроншаҳр ончунон дурахшиши дерпо ва пойдоре дошт, ки ҷангҳо ва тозишҳои вайронгаре солҳои дароз натавонист гавҳари даруниашро дар гузари замон бизудояд ва аз миён бардорад. Ин гавҳарҳо, корнишони кистии шаҳрёрон[1], кишварбудон (шоҳон), паҳлавонон, диловарон, мӯбадон, деҳгонон ва дигар бошандагоне буд, ки тавонистанд ёдгорҳо, бармондҳо ва ёднигоштҳои худро дар дили кӯҳҳо, сангнибиштаҳо, тандисҳо, даштҳо ва донгҳо(сиккаҳо) барнамоёнаанд[2], то фурӯғи рухшони он, чироғи роҳи бошандагони фардои эрониён бошад. Ин корнишонҳо ва ёдгорҳо – ҷудо аз шабехунҳои фарҳангӣ – чунон суҳиши (ҳисси) оромбахше дар равони мардумони Эроншаҳр гузоштаанд, ки ҳаройина метавон онҳоро дар ной ва навои сурояндагон ва чомапардозон чунон бахти нек ва мурвои хуҷаста дид. Бад-инсон, гузашти ҳазораҳо натавониста меҳри ниёгонро зи дилҳо бизудояд.
Пурсиш ин аст: Вижагии ин гавҳари ноб чӣ буд, ки бо гузашти рӯзгор, натанҳо аз фурӯғаш коста нашуд, ки ҳар бор дурахшандатар ва чашмгиртар низ шуд? Оё ин дурахшандагӣ дар миёнаи нивисандагон, сурояндагон, деҳгонон ва андешандагон, он гуна жарфмандона мондагорид, ки душомадҳо ва бадомадҳои ногувори торихӣ натавониста онҳоро бихомӯшонад? Чиро нивисандагон, сурояндагон ва зиндагиноманивисон, ҳар як ба шеваи худ, тавонистанд номи шаҳрёрон, паҳлавонон ва Эронсозонро дар девонҳо, нибегҳо, сангҳо ва палмаҳо барнигоранд ва онро барои пасиниён ба ёдгор гузоранд[3]? Магар дар синаи мардумони ин хок чӣ гавҳари гаронбаҳое ниҳуфта буд?
Эй хок агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қиматӣ, ки дар синаи туст[4]
Ин ҷустор мекӯшад бозтоби устураи Эронсозон, шаҳрёрон ва ялонро дар сурудаҳои Хайём ва Ҳофиз баррасад. Ёдовар шавем, ки “Шоҳнома”-и сухансурои Тӯс дар ин ҷустор гунҷонда нашуд. Зерок “Шоҳнома” худ ба танҳоӣ ҳамаи гавҳарҳои фарҳанги Эронро дар худ дорад ва ин ҷойи хушбахтӣ аст. Ногуфта пайдост, ки дигар чомапардозон ва сухансуроён аз пешгоҳи донои Тӯс баҳра бурда ва мебаранд.
Номҳо
Бидуни шак номҳо ва фарномҳои баромада аз як сарзамини куҳане чун Эрон, реша дар торих ва дар садаҳои бисёр куҳантар, реша дар боварҳо ва афсонаҳои кишварбудон, фармонравоён, паҳлавонон, эзадон, деҳгонон ва касоне, ки он кишварро сохтандӣ ва аз обу хоки он посдорӣ кардандӣ, дорад. Ин номҳо дар гузари рӯзгор, чунон ҷовидонони номиро дар синаҳо монд ва намоди кистӣ(ҳувийят)-и он сарзамин гашт. Ба номҳои зер бингаред:
Ҳурмузд, Бағ, Сипантамину, Амшоспандон[5], Баҳман, Урдибиҳишт (эзадони моҳҳои сол), Оноҳид, Ҳушанг, Ҷамшед, Деҳок (Заҳҳок), Фаридун, Гаршосб, Исфандёр, Кайковус, Кайхусрав, Тиштар, Меҳр, Сурӯш, Симурғ, Фурӯҳар, Наврӯз, Киюмарс, Манучеҳр, Ҳушидар, Баҳром, Таҳмурас, Рахши Рустам, Шабдиз, Эзадон, Киёниён, Кайқубод, Кайгуштосб, Кайлуҳросб, Виштосп, Нӯзар, Ҳомун, Кӯҳ, Фарр, Замин, Албурз…[6] ва даҳҳо номи дигар.
Хостгоҳи бисёре аз ин номҳо дар Яштҳо гуфта шуд. Нибеги “Дебочае бар фалсафаи торих” дар бораи «Ҷамшед» чунин гӯяд:
«Ҷамшед … ба маънии ҷами дурахшон аст. Ҷам дар забони авестоӣ Яима (Yima) писари Вивангҳон [Vivaŋhan] номида мешавад ва даврони зиндагии ӯ дар солиёни пештар ва куҳантар аз Зардтушт дониста шудааст. Ин ном дар сурудаҳои Ҳинди бостон низ ба гунаи Ям (Yama) писари«Вивасват» (Vivasvat) омадааст. Аз инҷо бармеояд, ки нигораи Ҷам пеш аз он ки эрониён аз ҳиндиён ҷудо шаванд дар сарзамини ягонаашон парварда шуда ва ёдгори он дар ҳар ду шоха ба ҷой мондааст. Валек Ҷам дар сурудаҳои Видо фармонфармои ҷаҳони мурдагон хонда шудааст. Нигораи вай нимчахудои афсонаист. Дар Авестои ҷавонтар Ҷам аз худоён нест, балки монанди дигар паҳлавонони заминӣ, бо он ки ҳолае афсонаӣ гирдогирди вайро фаро гирифта, бар рӯйи ҳам, як марди торихист. … Оё ин марди дар оғоз нигоргар як марди заминӣ буда ва сипас ҳолае аз афсонаҳо гирдогирди он рӯида ё аз оғоз пиндорае асотирӣ ва ё номи яке аз худоёни ориёӣ буда ва сипас дар Авестои ҷавонтар чеҳраи заминӣ ёфтааст?» [7].
Бар ин бунёд, метавон гуфт бешинаи ин номҳо, пеш аз он ки ба майдони устура ва торих по ниҳанд, нахуст дар Яштҳо, Ясно, Вандидод[8] ва Бундҳишн[9] нигошта ва сипас ба дигар бунхонҳо монанди Худойномаг, Шоҳнома ва дигарҳо роҳ ёфтаанд. Бо нигар бар Яштҳои куҳан, ки ба садаҳои нуҳум ва даҳуми пеш аз зодани Масеҳ бармегардад, номи Гуштосп ва дарбориёни ӯ дар Готоҳо ва ҳатто аз ниёи ӯ ба номи Кай (Куй, Кауа (Kava) дар Авесто) ва номҳои онон дар Яштҳои куҳантар монанди Фарвардиняшт ва Обоняшт сухан рафтааст[10]. Бад-инсон, решаи шоҳон ва паҳлавононро аз куҳантарин рӯзгор дар паҳнаи Эроншаҳр метавон дид. Дар гузоришҳои динии Мазда Яснони торих мардумон ба се давра бахшбандӣ шудааст: нахуст, давраи мардуми зерноми «парадота» [paradāta] «пара» ба чами «пеш» ва «дот», яъне «дод ва қонун». Давраи дувум, ба номи кешбонон (= омӯзандагони кеш) «Пиуериткаиша» [paoiryotkaêša] ва давраи севум, ба номи «Набоназдяшт» (Nabānazdišta) ё ниёи наздик аст, ки «Ҳушанг аз гурӯҳи дастаи нахуст дар Авесто бо пожноми «паразота» омадааст[11].
Агар бихоҳем симои торихи меҳанӣ (миллӣ), ки аз бунхонҳои куҳан ба Худойнома ва Шоҳнома[12] роҳ ёфтаро дар фародиди худ ниҳем, дастикам бо чаҳор давраи бунёдӣ рӯбарӯ хоҳем шуд, ки дар конуни(маркази) ҳар кадом як дудмони шоҳӣ фармонравоӣ мекунад: (1) Пешдодиён, ки нахуст шоҳоне буданд, ки ба фармонравоӣ бар ҷаҳон пардохтанд ва ниҳодҳои мардумгониро пай афканданд; (2) Киёниён, ки подшоҳони эронии ростин буданд, ки ҳамвора бо ҳамсояи худ, турониён, дар кашокаши пойдор ва ҷанг ба сар мебурданд, (3) Ашкониён, ки сомонаи кадагхудоӣ(феудолӣ) дошта ва бар паҳнаи торики торихи Эрон фармонравоӣ карданд; (4) Соcониён, ки ба номи бозгардондани якпорчагии сарзамини Эрон ва поягузори ниҳодҳои шаҳрмадорик(сиёси), ҳозмоне ва дине нирӯманд фаронамуда шудаанд[13].
Бо ин пешогоҳӣ, акнун бибинем Хайём ва Ҳофиз чи андоза тавонистаанд симои меҳании сарзамини Эронро дар сурудаҳои худ бозтоб диҳанд.
Хайём
Бар пояи нивиштаи Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола”, ҳамчунин бар пояи пижӯҳиши Рузенфелд ва Юшкувич[14] ва Ҷалолуддин Ҳумоӣ дар “Тарабхона”[15], Хайём зодаи 426-и хуршедӣ (1041 м.), даргузашти 19 озар 510-и хуршедӣ (1131м.) дар 83-солагӣ дар Нишопур аст[16]. Гуфта мешавад Нишопур бахше аз сотропи портии Ҳахоманишиён буд ва Шопури Якум онро бисохт ва ҷойгаҳи оташкадаи Озари Бурзин низ онҷост. Ин шаҳр бо вижагии сипоҳороӣ(савқулҷайшӣ) дар баробари ҳамсоягони ховарии Соcонӣ, аз шаҳрҳое буд, ки дар он донг(сикка) мезаданд ва бар сари Роҳи абрешим ҷой дошт[17]. Бад-ин сон, шаҳри Нишопур аз даврони куҳан дорои оташгоҳ буд ва бар сари Роҳи абрешим сангнибиштаи Дорюш дар сотропи (Парсав), зебоии бемонанде бад-он мебахшид[18].
Дар фарҳанги Эрон, донишмандон ва саромадони бисёре дурахшиданд, ки бархе аз онҳо «ҳамачиздон» буданд. Агар бихоҳем дар торихи андешаварзон даҳ танро ном барем, бидуни шак, Хайём яке аз он даҳ тан хоҳад буд[19]. Сухани нағз ин аст, ки ҳар донишманд, нивисанда ё суроянда фаровардаи овардгоҳи замонҳоест, ки дар он зода, болида ва баромади андешаи замони худ шудааст. Дар рӯзгори Салҷуқӣ[ҳо] се гироиши андешаварзӣ чира буд: нахуст андешаи заминӣ ва осмонии Салҷуқҳо, ки аз фаросӯ ба Нишопур даромаданд, дувум андешаи менуагон(лоҳутӣ) ва инҷаҳонии(носутӣ)-и исмоилиҳо дар бахшҳое аз Эрон, севум андешаҳои Эроншаҳрии Хоҷа Низомулмулк дар баробари юриши Ғазнавиён ва Салҷуқиҳо…. Аз сӯи дигар, Хайём бисёр аз Фирдавсӣ ҳаноиш пазируфтааст. Фирдавсӣ аз хирад ва дониш дар шоҳкораш баҳра гирифта ва паҳлавонон (қаҳрамонон)-и Шоҳнома пайваста бо сарнивишт дар пайкоранд; гоҳ пирӯз ва гоҳ ноком. Ва Хайём низ чунин меандешид. Бад-ин гуна метавон Фирдавсиро яке аз омӯзгорони Хайём донист[20].
Сарчашмаи андеша: гузаштаи Эрон
Пас аз шомгоҳ(ғуруб)-и шаҳрёрии Соcониён, то рӯзгори Хайём, шояд андак сарояндагонеро битавон ёфт, ки бепарво ва сарбаста дар бораи тозиши тозиён лаб ба хурдагирӣ ва пурсишгарӣ зада бошанд. Хайём сарбаста дар бораи ниҳишта(мавзӯъ)ҳои гуногун дар чорона(рубоӣ)ҳои худ аз он сухан гуфтааст. Ӯ ба хубӣ аз андешаҳои пайкоргароне чун Рӯзбеҳи Пурдодвеҳ, Беҳофарид, Бумуслим, Бобак ва дигарҳо, ки дар бозгардондани шукӯҳи гузаштаи Эрон сахт кӯшиданд, огоҳӣ дошта ва аз шикасту нокомии онҳо андӯҳгин будааст. Хайём бо оҳанги афсӯсангезе аз подшоҳони пешин ёд мекунад. Шояд ин афсӯсу андӯҳ аз хондани Шоҳномаи Фирдавсӣ дар ӯ пайдо шуда бошад, ки пайваста дар таронаҳои хеш фарру шукӯҳ ва бузургии поймолшудаи ононро гӯшзад менамояд[21].
Хайём ба кохҳои барҷоймонда, вале вайроншудае, ки рӯбоҳ дар онҳо лона карда ва ҷуғд дар онҳо ошён намуда меандешад. Лабхандҳои хашмолуд ӯ ба гардиши рӯзгор(коинот), гуфтаҳои пайдо ва пинҳоне, ки ба Эрони гузашта менамояд, пайдост, ки аз таҳи дил аз роҳзанони тозӣ ва андешаҳои пасти онон безор аст ва ҳамдилии ӯ ба сӯи Эроне меравад, ки дар даҳани ин аждаҳои ҳафтодсар фурӯ шудааст ва бо танҷиш (ташаннуҷ) дасту по мезанад[22]. Ҳидоят мегӯяд омоҷи Хайём аз ёдоварии шукӯҳи гузаштаи Соcонӣ, нишонаи санҷиши нопойдорӣ ва кӯчакшумории шаҳригарӣ(тамаддун)ҳо ва зиндагии мардум набудааст ва танҳо як фартури ирмонӣ (маҷозӣ) ва гӯшазанӣ(киноя) беш нест, вале бо шӯре, ки аз он сухан мегӯяд ҷойи шакке ба ҷо намегузорад. Барои намуна овои фохтае, ки шаби маҳтоб рӯйи вайронаи Тисфун ку-ку мегӯяд мӯро ба тани хонанда рост мекунад[23]:
Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлу,
Бар даргаҳи ӯ шаҳон ниҳодандӣ рӯ.
дидам, ки бари кунгирааш фохтае
Биншаста ҳамегуфт, ки: ку-ку, ку-ку?
Хайём чун Фирдавсӣ намояндаи хиради огоҳ Эрон аст. Ӯ ҳамвора бар гузаштаи пршкуа Эрон афсӯс мехӯрд ва фармонравоён астурае ва торихӣ Эронро ёдовар мешавад, ки саранҷом, ҳеч кас мондни нест то хирадмандонро ба андешш фарохонд[24].
Ҷамшед
Хайём дар бораи Ҷамшед гӯяд:
Он қаср, ки Ҷамшед дар ӯ ҷом гирифт,
Оҳу бача кард ва рӯ ба ором гирифт
Баҳром, ки гӯр мегирифтӣ ҳама умр,
Дидӣ, ки чи гуна гӯр Баҳром гирифт?
Дар Ясно, банди 8, номи Ҷамшед гуфта омад[25]. Дар фаргарди дувум, Вайдевдод, Аҳуромаздо бо Ҷам дар Эронвиҷ гуфтугӯ мекунад:
«Он гоҳ Аҳуромаздо ба Ҷам гуфт: Эй Ҷами вивунгҳони зебо! Ба ҷаҳони ҳастуманд замистонҳои бад хоҳад расид…[26]»
Дар «Зомёд Яшт» аз кардаи 31 то 38 аз Ҷамшед сухан мегӯяд:
«…, ки дер замоне аз они Ҷамшеди хубрама буд, чунонки бар ҳафт кишвар шаҳрёрӣ кард ва бар девону мардумон [дурванд] ва ҷодувон ва париён ва кавиҳои ситамкор ва карапҳо чира шуд[27]» .
Бар ин бунёд, бидуни шак, фартури Ҷамшед дар чоронаҳои Хайём нишон медиҳад, ки ин суроянда ба бунхонҳои гуногун чун Худойномаҳо ва Шоҳнома [ҳо] дастрасӣ дошта ва низ ба дигар бунхонҳо, ки дар онҳо аз Ҷамшед ва дигар чеҳраҳо фаровон сухан рафта, ҳатто аз Баҳроми Гӯр, ки як чеҳраи торихӣ[28] аст. Баҳроми Гӯр дар Шоҳнома ин гуна шиносонда шуда: «Чу бар тахт биншаст Баҳроми Гӯр/Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонд ҳур[29]». Пас, Хайём ин номҳоро нек медониста, ки ин гуна дастовардҳояшонро дар чоронаи худ, чунон намод барнамоёнад ва бозтобонад:
Кайқубод
Хайём дар бораи «Кайқубод» гӯяд:
Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр дамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону асли ин умр, ки ҳаст,
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
«Дар Авесто Кайқубод ба дисаи Kavi Kavāta омада, дар паҳлавӣ «Кувод» аст[30]. Дар Фарвардиняшт, банди 132, чунин гуфта омадааст: «Фурӯҳари покдин Кайқубодро меситоем…» [31], пас аз он дар Зомёдяшт: «[фарае], ки ба «Кайқубод» пайваст;, ки аз они « Кайапива», «Ковус», « Кайораш», «Кайпашин», «Кайбиёраш» ва «Кайсиёваш» буд…» [32].
Фузун бар он, номи Кайқубод дар Бундаҳиш (афзуда бар бахши чаҳордаҳум) банди 33 ва 35 омадааст: «Ба дигар замон омад ба Кайқубоди ниёи каён, бад-он орост шаҳрёрии Эронро, бархӯяш пайваст шаҳрёриро ба тухмаи каён, басе кард бад-он, варҷовандии суддор барои офаридагон». «Дар замонаи дигар омад ба Киёраш бародарон аз хонадони Қубод, [ки] буданд бад-он [фарр] дорои ҳама гуна чолокӣ ва нерумандӣ ва парҳезмандӣ ва шигифткирдортарин Кай аз эшон, он меҳтар бародар, Ковус, гирифт шаҳрёрии ҳафт кишварро, буд басе варҷованд [ва] фарра» [33].
Низ, «Кайқубод» [ Кай Кувоз – Кавӣ Кавот] поягузори дудмони «Каёниён[34]» дониста шуд. Вай подшоҳи некӯманиш буд, ки подшоҳи ӯ мояи растгории мардумон шумурда мешуд. Кишварро ободон кард, шаҳрҳо бисохт[35].
Шоҳномаи Фирдавсӣ гӯяд:
Зи тухми Фаридун манам Кайқубод
Падар бар падар ном дорам ба ёд.
Ба шоҳӣ нишаст аз бараш Кайқубод,
Ҳамон тоҷи гавҳар ба сар барниҳод. [36]
Кайковус
Хайём дар бораи «Кайковус» гӯяд:
мурғе дидам нишаста бар бораи Тӯс,
Дар пеш ниҳода каллаи Кайковус,
Бо калла ҳамегуфт, ки афсӯс, афсӯс,
Ку бонги ҷарасҳову куҷо нолаи кӯс?!
Кайковус дувумин подшоҳи киёнист. Ба гуфтаи Бундаҳишн ва бисёре аз торихнигорон ӯ писари Абева наваи Кайқубод аст. Дар китоби нуҳуми Динкард, фаргарди 21, бандҳои 12-4, дар бораи вай омадааст: «Чи гуна Кайковус дар рӯйи ҳафт кишвар подшоҳӣ намуд, чи гуна девҳо ва мардумонро фармонбардори худ кард, чи гуна ӯ дар болои кӯҳи Албурз ҳафт кох барпо кард, яке заррин ва ду симин ва ду пӯлодин ва ду обгин ва чи гуна гурӯҳи девҳои Мозандаронро аз вайрон кардани ҷаҳон боздошт…»[37].
З-ин рӯ, бо устуворӣ метавон гуфт, ки Хайём дилбастагии жарфе ба гузаштаи Эрон доштааст.
Ҳофиз
Девони Ҳофиз дар хонаи бисёре аз эрониҳо ёфт мешавад. Бархе аз мардум ончунон ба Девони Ҳофиз дилбастаанд, ки натанҳо пешгӯии ояндаи худро дар он ҷуста, ки бахти худро ҳам бо он месанҷанд. Дилбастаги мардум ба Ҳофиз метавонад гӯёи бозтоби дилбастагии Ҳофиз ба шукӯҳи гузаштаи Эрон бошад, ки ошкор ва пинҳон номҳои устураиро дар сурудаи худ овардааст. Агар чунин бошад, рози чунин рӯйкарде чист? Шояд пас аз Шоҳнома ҳеч нивиштаи порсии дигаре ин гуна «ҷони Эрон»-ро дар худ натобондааст. Гарчи дар девони Ҳофиз номи Эрон наомада, ба ангезаи фармонфармои Элхонони муғул, вале номи Форс се бор ва номи Шероз ёздаҳ бор омадааст[38]. Ва хоҳем дид, ки номи шаҳрёрон, устурасозон ва номоварон то чи андоза дар он бозтоб ёфтааст.
Бар ин поя, метавон Ҳофиз ва Хайёмро фарзандони ростини Фирдавсӣ шумурд. Агар Фирдавсӣ саргузашти торих, фарҳанг ва устураи куҳани Эронро месурояд то ёди он давронро зинда нигаҳ дорад, Ҳофиз «равони фурӯхуфта»-и Эронро фаромехонад, гарчи аз рӯзгори Фирдавсӣ то Ҳофиз 400 сол гузаштааст, бо инҳама, аз нигоҳи Ҳофиз, номи Эрон ҳамон сарзамин ва ҳамбудгоҳи ҷуғрофиёист, вале ончи дар сараш меҷӯшид, бозтоби ҳамон фарҳанг ва торих ва устураест, ки дар Шоҳнома аз забони Фирдавсӣ гуфта шудааст[39].
Аз онҷое, ки Ҳофиз бошандаи Шероз, устони Форс аст, бегумон номи шаҳрҳои перомун ва шаҳрҳои бузурги устонҳои дигарро нек медониста. Ҳангоме, ки номҳои Ҷамшед ё Ҷам, Рустам, Фаридун, шаҳрёрон, оташкада, муғон, меҳр, Зартушт, Сиёваш, Кайхисрав, Афросиёб ва …-ро дар сурудаи худ меоварад, чи оҳанге дар сар доштааст? Оё мехоста аз шукӯҳи барбодрафтаи гузашта сухан ронад? Оё худ ба вайронаҳои Тахти Ҷамшед, Оташкадаи Форс, Нахши Рустам, Ғори Шопур (Бишобур) ниёишгоҳи Оноҳито, худойхонаи Зартушт ва дигар ҷоҳои устони худ рафта, он шукӯҳ ва бузургиро дар баробари чашми худ гузаронда? Ва ҳатто агар надида, ба Шоҳнома ва дигар нибегҳои ҳамрӯзгори худ, чун Ҷаҳонгушои Ҷувайнӣ ва Ҷомеъ-ут-таворих, дастрасӣ дошта, ки номи шоҳон ва паҳлавонон ва устураҳоро дар девони худ бозтоб медод[40].
Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,
В-ончи худ дошт, зи бегона таманно мекард.
Омоҷи Ҳофиз аз «в-ончи худ дошт…» ба чи бармегардад? Оё ба фарҳанги варҷованди ин сарзамин, кистӣ (ҳувийят) ва доштаҳояш бармегардад? Ҷам кист ва ҷоми Ҷам аз они кӣ буд? Пас Ҳофиз ба сони хиради мардумон, ин номҳоро медониста ва онҳоро огоҳона ва ҳушмандона дар сурудаи худ овардааст. Ҳофиз достони Ҷамшедро ингуна бозгӯ мекунад:
Дил дар ҷаҳон мабанду ба мастӣ савол кун,
Аз файзи Ҷому қиссаи Ҷамшеди комгор.
Ва ё дарбораи ҷоми Ҷам:
Каманди сайди баҳромӣ бификан ҷоми Ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро, на Баҳром асту на гӯраш.
Дар бораи Ҷамшед дар боло ба кӯтоҳӣ сухан рафт. Гумон бар ин аст, ки ҳам Хайём ва ҳам Ҳофиз дар бораи Ҷоми ҷаҳоннамой, ки Фирдавсӣ дар Шоҳнома (достони Бежан ва Манижа) гузориш карда, огоҳӣ доштанд. Ва он достон дар бораи зиндонӣ шудани Бежан аз сӯи Афросиёб дар чоҳ ва чигунагии ҷустуҷӯи Гев, падари Бежан ва ёрӣ хостан аз Ҷоми гетинамои Кайхусрав (Ҳусарванга) барои ёфтан ва раҳоии фарзанди худ аст[41]. Фирдавсӣ гӯяд:
Чу Наврӯзи хуррам фароз омадаш,
Бад-он Ҷоми фаррух ниёз омадаш.
Чу Хусрав рухи Гев пажмурда дид,
Дилашро ба дард андар озурда дид.
Биёмад, бипӯшид румиқабой,
Бад-он то барад пеши яздон саной.
Хиромон аз онҷо биёмад ба гоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Пас он ҷом бар каф ниҳоду бидид,
Дар ӯ ҳафт кишвар ҳаме бингарид.
Зи кору нишони сипеҳри баланд,
Ҳама кард пайдо, чию чуну чанд.
Зи моҳӣ ба ҷом андарун то бара,
Нигорида пайкар бад-ӯ яксара.
Чи Кайвон, чи Ҳурмуз, чи Баҳрому шер,
Чи меҳру чи моҳу чи Ноҳиду тир.
Ба ҳар ҳафт кишвар ҳаме бингарид,
Ки ояд зи Бежан нишоне падид.
Сӯи кишвари гургсорон расид,
Ба фармони яздон мар ӯро бидид.
Бад-он чоҳ баста ба банди гарон,
Зи сахтӣ ҳаме марг ҷаст андар он[42].
Шигифт он ки Ҳофиз достони ёдшударо бо гӯш ва неш (= гувожагуна) зингун овардааст:
Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил,
Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?
Равшан аст «чоҳ» ёдовари зиндонӣ шудани Бежан, «шамъи Чигил» гувожа (киноя) аз Манижа ва саранҷом, «Рустам»-ро, ки раҳонандаи Бежан аст, дар сурудаи худ ба зебоӣ овардааст. Бежан, паҳлавони номдори пури Гев, дилбохтаи Манижа, духти Афросиёб, гирифтори ӯ дар банд, ки саранҷом Рустам, паҳлавони паҳлавонон, ӯро бо шигирдҳои вижа мераҳонад. З-ин рӯ, Ҳофиз аз достони «Бежан ва Манижа»-и Шоҳномаи Фирдавсӣ нек огоҳӣ дошт ва дар сурудаи худ овардааст[43].
Бад-ин сон, метавон дарёфт ин номҳо огоҳона баргузида шудаанд, на бахтакӣ(тасодуфӣ). Ва гӯёи он аст, ки достонҳои мардумӣ дар миёни мардум равогманд буда ва Ҳофиз тавониста онҳоро бозтоб диҳад.
Дар бораи вожаи «Чигил», Деҳхудо гӯяд: «Ном шаҳрест аз Туркистон, ки мардум онҷо ба ғоят хушрӯ мебошанд, … мардуми он шаҳр ба зебоӣ маъруф будаанд ва бад-ин муносибат шоирон дар ашъори худ хубрӯёнро бад-ин шаҳр нисбат дода ё ба мардуми ин шаҳр ташбеҳ кардаанд» [44].
Пири муғон
Ҳофиз аз «пири муғон» ва «майи муғон» дар девони худ бисёр ёд кардааст:
Мушкили хеш бари пири муғон бурдам дӯш,
К-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муаммо мекард.
низ
Он рӯз бар дилам дари маънӣ гушуда шуд,
К-аз сокинони даргаҳи пири муғон шудам.
«Пири муғон»-и Ҳофиз чакидае аз торих аст, ки аз миёни анбӯҳи андешаҳо ва боварҳо ва донистаҳои мардумӣ, аз ҳар гуна ва ранг, сар бароварда ва ба сони гавҳар равшангарӣ ва ангори мардумӣ, будиши ҳамешагии худро ҳарҷо барменамоёнад. Чиро «пир» аст? Чун аз пиллаҳо ва садаҳо фуруд омадааст. Чаро ин «пир» бо «муғон» пайванд дорад? Зерок «муғ» вобаста ба Эрони маздоист. Арҷмандии Ҳофиз ба «пири муғон» нишон аз як «инсони ормонӣ» аст; ончи ки одамӣ орзу мекунад ва бад-он даст намеёбад. Оё Ҳофиз бо чунин вижагибахшӣ хостааст аз фарзонагии Эрони бостон сухан бигӯяд? «Пири муғон» афзоре дар даст дорад, ки жарфои ҷаҳони ҳастиро дарменигарад[45]» .
Дар бораи меҳр
Бар дилам гарди ситамҳост Худоё маписанд,
Ки мукаддар шавад оинаи «меҳройинам».
«Гароиши Ҳофиз ба кеши розомези Меҳр чандон пинҳон намонд ва бо вуҷуди дар парда сухан гуфтан, бар сари забонҳо уфтод. Аз ин рӯй, ҳангоме ки душманон (мухолифон)-и Ҳофиз ӯро ба ҳамин ангеза меозоранд ва ситам раво медоранд, ба Худованд гилоя мекунад ва ба ӯ паноҳ мебарад ва сурудаи болоро месурояд»[46].
Ҳофиз ва дигар сурояндагон дар бораи «Меҳр» бисёр сухан гуфтаанд. «Меҳр» дар Авесто ва сангнибиштаҳои подшоҳони Ҳахоманишӣ «Мисра» (Miθra) ва дар санскрит Mitra омадааст ва дар паҳлавӣ Mihr шуда ва имрӯза бидон «меҳр» гӯем, ки нишони Эзади паймону дӯстӣ ва хуршед аст. Номи ҳафтумин моҳи сол ва шонздаҳумин рӯз низ «Меҳррӯз» ном дорад. Масъуди Саъди Салмон ҳамаи ин маъниҳоро дар сурудаи зер овардааст:
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзо, эй нигори меҳрчеҳри меҳрбон[47].
Дар бахшҳои гуногуни Шоҳнома дар бораи «Меҳр» низ сухан рафтааст:
Худованд Кайвону гардонсипеҳр,
Фурӯзандаи моҳу Ноҳиду Меҳр.
Чи Озаргушасбу чи Хурдодмеҳр
Фурӯзон чу Ноҳиду Баҳрому Меҳр.
Дар сангнибиштаи подшоҳони Ҳахоманишӣ панҷ бор номи «Мисра» омадааст, аз он миён дар сангнибиштаи Ардашери дувуми Ҳахоманишӣ (404-359), ки дар вайронаҳои Шуш бар ҷой монда:
«Ин айвонро (Ападона Apadāna) Дорюши Якум, аз ниёгони ман, бисохт ва сипас дар замони Ардашери Якум, падарбузурги ман, дучори оташсӯзӣ шуд. Ман ба хости Аҳуромаздо ва Оноҳито (Ноҳид) ва Мисра дубора ин айвонро сохтам, ки Аҳуромаздо Оноҳито ва Мисра аз ҳамаи душманон маро нигоҳбон бошад ва ончи ман бисохтам хароб насозанд ва осеб нарасонанд[48]» .
Аз Ардашери севум низ ду сангнибишта бар ҷой монда, яке дар Тахти Ҷамшед ва дигаре дар Шуш. Дар сангнибиштаи Ардашери сеюм номи «Мисра» ҳам ба кор рафтааст: «Писари Ардашершоҳ гӯяд: Ардашер писари Дорюш, Дорюш писари Ардашер, Ардашер писари Хашоёршошоҳ, Хашоёршошоҳ писари Дорюш, Дорюш писари Виштосп, Виштосп писари Иршоми Ҳахоманишӣ; Ин кох(қаср)-ро ман ба поён расонидам… Ман ба ёрии Аҳурмаздо хонаи пасинро ҳам … ин … анҷом шуд. Ардашершоҳ аз нав гӯяд: Аҳуро маздо ва Мисра ончиро, ки кардаам, аз ҳар бадӣ бипоянд[49]» .
Дар Яштҳо, Меҳряшт[50], бар рӯйи ҳам сиюпанҷ карда, ба густурдагӣ дар бораи вижагиҳои «Меҳр» ё «Митро» сухан гуфта шуд. «Митро гузашта аз онки худованди паймонҳо, қарордодҳо ва додгарӣ буд ва эзади кишту хӯрок ва масъули таъйиди машрӯъияти шоҳон аз тариқи хаворно, рафта-рафта ба сарварии оташ низ шӯҳрат пайдо кард ва кам-кам бо шуоъи нури хуршед ва сипас нури хуршед ва дар ниҳоят [ба] худи хуршед пайванд дода шуд[51]» .
Номи «Ҷамшед» дар девони Ҳофиз
Чунонки пештар гуфта шуд, дар девони Ҳофиз борҳо ва борҳо аз Ҷамшед, Ҷам ва Ҷоми Ҷам сухан рафтааст. Шояд пас аз Фирдавсӣ, Ҳофиз бештар аз ҳама аз ин ном баҳра ҷустааст. Чанд намуна аз Девони Ҳофиз[52]:
Сурудаи (ғазали) шумораи 48:
Ҳар он ки рози ду олам зи хатти соғар хонд,
Румузи Ҷоми Ҷам аз нақши хоки раҳ донист.
Сурудаи шумораи 80:
Соқӣ, биёр бодаву бо мӯҳтасиб бигӯ
Инкори мо макун, ки чунин ҷом Ҷам надошт.
Сурудаи шумораи 136:
Солҳо дил талаби Ҷоми Ҷам аз мо мекард
В-ончи худ дошт зи бегона таманно мекард.
Сурудаи шумораи 176:
Суруди маҷлиси Ҷамшед гуфтаанд ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд.
Сурудаи шумораи 241:
Дил дар ҷаҳон мабанду ба мастӣ савол кун,
Аз файзи Ҷому қиссаи Ҷамшеди комгор.
Сурудаи шумораи 272:
Каманди сайди баҳромӣ бияфкан, Ҷоми Ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро, на Баҳром асту на гӯраш.
Сурудаи шумораи 343:
Кай бувад дар замона вафо? Ҷоми май биёр
То ман ҳикояти Ҷаму Ковуси кай кунам.
Сурудаи шумораи 405:
Эй ҷуръанӯши маҷлиси Ҷам сина пок дор,
К-ойинаест Ҷоми Ҷаҳонбин, ки оҳ аз ӯ.
Сурудаи шумораи 423:
Бидеҳ ҷоми маю аз Ҷам макун ёд,
Ки медонад, ки Ҷам кӣ буду Кай кӣ.
Сурудаи шумораи 441:
Гавҳари Ҷоми Ҷам аз кони ҷаҳони дигар аст,
Ту таманно зи гили кӯзагарон медорӣ.
Сурудаи шумораи 477:
Ҷамшед ҷуз ҳикояти Ҷом аз ҷаҳон набурд,
Зинҳор! Дил мабанд бар асбоби дунявӣ.
Соқинома:
Биё соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом,
Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём.
Фузун бар номҳои устураии Эрон, Ҳофиз аз «Меҳр», «Зартушт», «муғ», «Афросиёб», «Сиёваш», «Таҳамтан/Рустам», «Сиёмак», «Хусраву Ширин», «Фаридун», «Ковус», «Кайхусрав», «Кисро», «Парвиз», «Қубод», «Симурғ», «Баҳман», «Салм» ва дигар номҳо дар девони худ ёд карда, ки дилбастагии жарфи ӯ ба гузаштаи Эронро барменамоёнад. Чанд намуна:
Суруди [53] (ғазали) шумораи 41 дар бораи Кисро:
Сипеҳри баршуда парвезанист хунафшон,
Ки резааш сари Кисрову тоҷи Парвиз аст.
Суруди шумораи 101 дар бораи Ҷамшед, Баҳман, Қубод:
Қадаҳ ба шарти адаб гир з-он ки таркибаш
Зи косаи сари Ҷамшеду Баҳман асту Қубод.
Суруди 101 дар бораи Ковус, Кай, Тахти Ҷам:
Кӣ огаҳ аст, ки Ковусу Кай куҷо рафтанд?
Кӣ воқиф аст, ки чун рафт Тахти Ҷам барбод?
Суруди шумораи 105 дар бораи Сиёваш:
Шоҳи туркон сухани муддаиён мешунавад,
Шарме аз мазламаи хуни Сиёвушаш бод.
Суруди шумораи 120 дар бораи Ҷамшед, Кайхусрав:
Бифишон ҷуръае бар хоку ҳоли аҳли дил бишнав,
Ки аз Ҷамшеду Кайхусрав фаровон достон дорад.
Суруди шумораи 176 дар бораи Хусраву Ширин:
Саҳарам давлати бедор ба болин омад
Гуфт бархез, ки он Хусрави ширин омад.
Суруди шумораи 219 дар бораи Зардушт:
Ба боғ тоза кун оини дини зардуштӣ,
Кунун, ки лола барафрӯхт оташи Намруд.
Суруди шумораи 345 дар бораи Таҳамтан:
Шоҳи туркон чу писандиду ба чоҳам андохт,
Дастгир ар нашавад лутфи Таҳамтан чи кунам?
Суруди шумораи 351 дар бораи Ҷам ва Ковус:
Кай бувад дар замона вафо? Ҷоми май биёр,
То ман ҳикояти Ҷаму Ковуси Кай кунам.
Суруди шумораи 390 дар бораи Пашанг:
Шавкати пури Пашангу теғи оламгири ӯ,
Дар ҳама “Шаҳнома”-ҳо шуд достони анҷуман.
Суруди шумораи 406 дар бораи Сиёмак:
Шакли ҳилоли ҳар сари маҳ медиҳад нишон
Аз афсари Сиёмаку тарки кулоҳ з-ӯ.
Суруди шумораи 410 дар бораи кулоҳи хусравӣ:
Офтоби фатҳро ҳар дам тулӯъе медиҳад,
Аз кулоҳи хусравӣ рухсори маҳсимои ту.
Суруди шумораи 433 дар бораи Кайхусрав ва Афросиёб:
Гӯйи хубӣ бурдӣ аз хубони халлух, шод бош,
Ҷоми Кайхусрав талаб к-Афросиёб андохтӣ.
Суруди шумораи 458 дар бораи Ҷамшед, Фаридун:
Тоҷи шоҳи талабӣ, гавҳари зотӣ бинамой
В-ар худ аз тухмаи Ҷамшеду Фаридун бошӣ.
Ҳамин номҳоро дар Соқинома[54] ҳам мебинем:
Биё соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом,
Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём.
Бидеҳ то бигӯям, ба овози най,
Ки Ҷамшед кай буду Ковус кай.
Бидеҳ соқӣ он май, к-аз ӯ Ҷоми Ҷам,
Занад лофи биноӣ андар адам.
Ба ман деҳ, ки гардам ба таъйиди ҷом,
Чу Ҷам, огаҳ аз сирри олам тамом.
Ҳамон манзил аст ин ҷаҳони хароб,
Ки дидаст айвони Афросиёб.
Ҳамон марҳала-ст ин биёбони дур,
Ки гум шуд дар ӯ лашкари Салму Тур.
Бидеҳ соқӣ он май, ки аксаш зи ҷом,
Ба Кайхусраву Ҷам фиристад паём.
Чи хуш гуфт Ҷамшеди ботоҷу ганҷ,
Ки як ҷав наярзад саройи сипанҷ.
Биё соқӣ, он оташи тобнок,
Ки Зардушт меҷӯядаш зери хок.
муғаннӣ куҷоӣ? Ба гулбонги рӯд
Ба ёд овар он хусравонӣ суруд.
Ба иқболи дорои дайҳиму тахт
Беҳин меваи хусравонӣ дарахт.
Фалакро гуҳар дар садаф чун ту нест,
Фаридуну Ҷамро халаф чун ту нест.
Ба ҷойи Сикандар, бимон солҳо,
Ба донодилӣ кашф кун ҳолҳо.
Муғаннӣ навое ба гулбонги рӯд,
Бигӯю бизан хусравонӣ суруд.
Равони бузургон зи худ шод кун,
Зи Парвизу аз Борбад ёд кун.
Дигар ринди муғ оташе мезанад,
Надонам чароғи кӣ бармеканад.
Аз онҷое, ки замони басанда барои вошикофии номҳои гуфташуда нест, як номро, ки дар девони Ҳофиз пурранг аст, мебаррасем:
Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ,
Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.
Мурғони боғ қофиясанҷанду базлагӯй,
То хоҷа май хӯрад ба ғазалҳои паҳлавӣ.
Сарчашмаи «гулбонги паҳлавӣ» ва «ғазалҳои паҳлавӣ» чист ва куҷост? Ба гоҳе, ки Борбад ва Накисо бо навоҳои паҳлавӣ ва таронаҳои хусравонӣ дар девори кохи хусравон хезобаҳои шӯр ва шодиро ба гӯши мардум мерасонданд, ба гоҳе, ки забони паҳлавӣ, ки саросар андарз ва дониш буд ва достонҳои ширини подшоҳони гузашта дар Худойнома[ҳо] бозтоб меёфт, ба гоҳе ки забони паҳлавӣ дар дарахти Осурик ва Ёдгори зрирон ва … ба шевоӣ нигошта ва дарахти тановари фарҳангро пурбор мекард, оё пас аз фурӯпошии Соcониён ин забон, гӯишҳо, нибегҳо ва наскҳои ойинӣ ба «забони гумшуда» даромада буд[55], ки Ҳофиз аз забони «паҳлавӣ» сухан мегӯяд?
Вале пайванди «булбул[56]» бо «гулбонги паҳлавӣ» дар чист? Исломии Надушан гӯяд, булбул бар шохи сарв навиди омадани баҳор ва дарахти ҳамеша сабз аст. Ҳофиз мекӯшад булбулро бар шохи сарв нишонд ва дар ин ҷойгоҳи баланд, ин ангораро дар мардум бармеангезад, ки чун ин мурғ мебояд бонги баланде сар диҳад ва огоҳии бузургеро ба мардум бирасонад. Фирдавсӣ ҳам борҳо аз тазарв ва шохи сарв ёд кардааст. Гулбонг дар маънои бонги расо ва ширин нишонгари чунин чамест[57].
Ҳамӯ гӯяд: вале чиро ба «паҳлавӣ» ? Чиро «булбул» ба забони «паҳлавӣ», ки як забони фаромӯшшуда аст, сухан мегӯяд? Ба ду ангеза: як- фаҳлавиёт; Яъне сурудаҳои таронаҳои эронӣ ва низ номи оҳанге ба ҳамин ном. Ду-пожноми дигари булбул «зандвоф» аст, ки ҳирбадони зартуштӣ дар ниёиши худ сурудаҳои зандӣ мехонданд. Ҳамонгуна, ки «сарв» дарахти Эрон аст, «булбул» низ мурғи эронии пуровоза аст. Пеш аз Ҳофиз, ду тан дар инбора нивиштаанд. Фирдавсӣ дар дебочаи Рустам ва Исфандёр:
Нигаҳ кун саҳаргоҳ то бишнавӣ,
Зи булбул сухан гуфтани «паҳлавӣ»
Ва Хайём:
Булбул ба забони «паҳлавӣ» бо гули зард,
Фарёд ҳамезанад, ки мебояд хурд[58].
Забони паҳлавӣ забони пеш аз ислом буд. Фирдавсӣ достони «Рустам ва Исфандёр»-ро аз забони «деҳқони зардуштӣ» чунин бозмегӯяд:
Зи «булбул» шунидам яке достон,
Ки бархонад аз гуфтаи бостон.
Ҳаменолад аз марги Исфандёр,
Надорад ба ҷуз нола з-ӯ ёдгор[59].
Бонги «булбул» бо забони «паҳлавӣ» дар сурудаи Фирдавсӣ, Хайём ва Ҳофиз чи басо чанд чиз бошад: якум- тародод ва фарҳанги куҳани ин сарзамин, мусиқое аз сӯи ҳирбадони зартуштӣ дар ниёишгоҳҳо. Дувум-«гӯшаи паҳлавӣ» дар радаи мусиқии эронӣ, гӯшае аз Ҳумоюн ва Бедод, севум- овози хусравона ва хусравонӣ ва шоҳона.
Фирдавсӣ номи «паҳлавӣ»-ро дар ҷойи дигар дар “Шоҳнома” ба чами «хусравонӣ, хусравӣ» низ ба кор бурдааст, чун:
Бинеҳ бар сарт афсари хусравӣ,
Нигориш ҳама гавҳари паҳлавӣ.
Дар ҳамон достони «Рустам ва Исфандёр» метавон дарёфт номи «булбул» ба кор рафта дар суруда ба чи бармегардад.
Ба полиз булбул бинолад ҳаме,
Гул аз нолаи ӯ биболад ҳаме.
Шаби тира булбул нахусбад ҳаме,
Гул аз боду борон бихандад ҳаме.
«Булбул» бозтобандаи овои сухани «паҳлавӣ» аст, бонги овоз гӯйӣ мардумон, ки дергоҳест забоншон зи ёдҳо рафта, вале номашон дар синаҳо ва минаҳо мондааст. Фирдавсӣ, Хайём ва Ҳофиз намояндаи хирад огоҳанд ва онҳоро барои пасиниён ба ёдгор барангоштаанд.
Шояд чакидаи суханро ба гунаи дигар, дар сурудаи зер тавон ёфтан:
Эй сарзамини кӯдакии ман…
Эй хоки ёдгор, эй лавҳи ҷовдонаи айём…
Эй кохи зарнигор, эй боми лоҷуварди торих
Фонуси ёди туст, ки дар хобҳои ман…
Эй зодгоҳи Меҳр, эй ҷилвагоҳи оташи Зардушт
Шаб гарчи дар муқобили ман истодааст,
Чашмонам аз баландии толеъ ба сӯи туст…
В-аз пушти қуллаҳои меҳолудаи замин
Дар осмони субҳи ту пайдост ахтарам.
Эй мулки беғуруб, эй марзу буми пири ҷавонбахт,
Эй ошёнаи куҳнаи Симурғ,
Як рӯзи ногаҳон
Чун чашми ман зи панҷара уфтад бар осмон
Мебинам офтоби туро дар баробарам[60].
Пайнивишт:
[1] Пурё, Арсалон. Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон. Ба кӯшиши Бузургмеҳри Луқмон. Китоби сада. (1396) Теҳрон. Рӯяи 126;
[2] Дар бораи ковишҳо ва пижӯҳишҳои густурдаи бостоншиносӣ дар сартосари Эрон бингаред ба нибеги арзишманди бостоншиноси Эрони бостон аз Луӣ Вандан Берг (Berghe, Louis Vanden), баргардон: Исои Беҳном. Ношир: Муассисаи Донишгоҳи Теҳрон. Теҳрон, 1390 аз рӯяи 3 то 146 ва беҳристи нибегҳо рӯяи 137 ва низ бостоншиносӣ пеш аз торих рӯяи 193 бад-ин сӯ ва нигораҳои пайвасти он.
[3] Ҳамон. Барои намуна бингаред ба феҳристе аз бармондҳои ёфташуда дар рӯяҳои 194 то 196 ва пулма(лавҳа )ҳои пайваст дар он нибег;
[4] Ҳидоят, Содиқ. Таронаҳои Хайём. Теҳрон, интишороти Ҷовидон, 2536, рӯяи 69;
[5] Дар бораи «Амшоспандон», афзун бар «Яштҳо» (Пурдовуд) бингаред ба “Торихи асотири Эрон”-и Жола Омӯзгор. Интишороти Самт. Теҳрон, 1374 рӯяи 15 бад-он сӯ. Низ ҷустори судманди «Эронико онлойн» зери номи AMƎŠA SPƎNTA ба ин нишонӣ;
[6] Номҳои боло баргирифта аз феҳристи «Яштҳо»-и 1 ва 2 нигоштаи Иброҳими Пурдовуд аст. Теҳрон, интишороти Асотир. 1394 (пӯшинаи якум рӯяи 8 то 11 ва пӯшинаи дуюм аз 15 то 20, ки ҳар як ба густурдагӣ дар ҳамон нибег бозгӯӣ шуд.
[7] Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон, рӯяҳои 198-199;
[8] Ҳамон. Барои андарёфти жарф дар ин бора, бингаред ба рӯяҳои 175 то 190;
[9] Баҳор, Меҳрдод. Бандаҳишн. Интишороти Тӯс. Теҳрон. 1390. Бахши чаҳорум, низ рӯяҳои 111 ва 112;
[10] Сафо, Забеҳуллоҳ. Ҳамосасуроӣ дар Эрон. Теҳрон. Интишороти Фирдавс. 1390, рӯяи 390;
[11] Ҳамон. Рӯяи 391 ва 393;
[12] Бингаред ба ҷустори «Чиро дар Шоҳнома аз подшоҳони Мод ва Ҳахоманишӣ зикре нест?», Эҳсони Ёршотир, Эронномаг, соли севум, замистони 1363;
[13] Ёршотир, Эҳсон. Торихи Эронпижӯҳиши Донишгоҳи Кембриҷ. Баргардони: Ҳасани Анӯша. Теҳрон, Амиркабир, 1387, рӯяи 478;
[14] Резенфелд, Юшкувич. Умар Хайём ва зиндагию осор. Баргардони Боқири Музаффарзода. Теҳрон, Интишороти Илмӣ ва фарҳангӣ. 1383. Рӯяи 9 бад-он сӯ, ки дорои пижӯҳиши густурда перомуни зодрӯз ва маргрӯзи Хайём аст.
[15] Ҳумоӣ, Ҷалолуддин. Рубоиёти Хайём (тарабхона). Теҳрон. Нашри Ҳумо, 1367, рӯяи 147 ба ин сӯ;
[16] Пижӯҳиши Донишгоҳи Кембриҷ. Р. Н. Фрой. Пӯшинаи чаҳорум. Баргардони Ҳасани Анӯша. Теҳрон. Интишороти Амиркабир, 1387. Рӯяи 558;
[17] Баёнӣ, Ширин. Хайём кист, Теҳрон. Нашри Яздон, 1389. Рӯяҳои 23 то 25;
[18] Фозилипур, Тӯбо. Хайём кист. Эронномаг, соли 5 шумораи 1, баҳори 1399/2020, рӯяи 58 ва 59;
[19] Ширин Баёнӣ, баргирифта аз Доиратулмаъорифи бузурги исломӣ. (дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Иттилоот, 26/4/1402);
[20] Ҳамон.
[21] Ҳидоят, Содиқ. Таронаҳои Хайём. Теҳрон, интишороти Ҷовидон, 2536, рӯяи 31 ва 32.
[22] Ҳамон. Рӯяи 32.
[23] Ҳамон, 32.
[24] Фозилипур, Тӯбо, рӯяи 63
[25] Пурдовуд, Иброҳим. Яштҳо. Пӯшинаи якум. Теҳрон. Асотир, 1394 рӯяи 180. Ҳамчунин дар бораи «Ҷамшед» бингаред ба Авшедарӣ, Ҷамшед, Донишномаи Мазда Ясно. Теҳрон. Нашри Рӯзгор. Рӯяи 235
[26] Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон, рӯяи 178;
[27] Дӯстхоҳ, Ҷалил. Авесто куҳантарин сурудаҳои эрониён. Теҳрон. Марворид, 1391, пӯшинаи якум, рӯяи 489- 490 (Зомёд Яшт);
[28] Кристенсен, Артур Эмонуэл. Эрон дар замони Соcониён. Теҳрон. Садои муосир, 1393, рӯяи 200;
[29] Дар бораи подшоҳии Баҳроми Гӯр ё Баҳроми Панҷум бингаред ба Шоҳномаи Фирдавсӣ «Подшоҳии Баҳроми Гӯр». Теҳрон. Амиркабир. 1369, рӯяи 400;
[30] Пурдовуд, Яштҳо, пӯшинаи дуюм, рӯяи 224;
[31] Пурдовуд, Яштҳо. Пӯшинаи дуюм, кардаи 29 банди 132 рӯяи 103, низ бингаред ба Мену Хирад фаргарди 27 бандҳои 45-48 ва банди 33-и дебочаи Динкарди ҳафтум;
[32] Дӯстхоҳ, пӯшинаи якум, кардаи даҳум банди 71 рӯяи 498;
[33] Баҳор, Меҳрдод. Пижӯҳише дар асотири Эрон. Теҳрон. Нашри Огаҳ. 1391, рӯяҳои 208 ва 209;
[34] Барои аздои густардатар дар бораи «Каёниён» бингаред ба Эронико ба ин нишонӣ;
[35] Кристенсен, Артур. Каёниён. Теҳрон, интишороти Илмӣ ва фарҳангӣ. 1393, рӯяҳои 106 ва 159;
[36] Беҳфар, Меҳрӣ. Шоҳнома Фирдавсӣ. Дафтари севум. Теҳрон. Нашри Нав, 1401. Рӯяҳои 294 ва 305;
[37] Пурдовуд, Яштҳо, пӯшинаи дувум, рӯяи 227 ва 230;
[38] Надушан, Муҳаммадалӣ. Моҷарои поённопазири Ҳофиз, Теҳрон. Интишороти Яздон, 374, рӯяи 278;
[39] Ҳамонҷо, 279-278;
[40] Ҳамон, 270;
[41] Муин, Муҳаммад. Фарҳанги эълом. Теҳрон. Амиркабир. рӯяи 422;
[42] Шоҳнома. Теҳрон, чопи Амиркабир, 1369, «Подшоҳии Кайхусрав» рӯяи 221;
[43] Дар бораи достони Бежан ва Манижаи Шоҳномаи Фирдавсӣ, бингаред ба Маҳдии Қариб, достони Бежан ва Манижа. Теҳрон. Пижӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеоти фарҳангӣ. 1376, рӯяи 62 бад-он сӯ. Низ, нибеги Бежан ва Манижа, Носири Муҷаррад. Теҳрон. Интишороти Муҷаррад. 1376. (бозгуфти так-таки сурудаи Фирдавсӣ) ва Девони ғазалиёт Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ. Хатиби Раҳбар. Интишороти Сафии Алишоҳ. Теҳрон, 1370, рӯяи 641;
[44] Деҳхудо (лавҳи фишурда). Ношир: муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон. Муассисаи Висторо;
[45] Исломии Надушан, 284;
[46] Инқитоъ, Носир. Ҳофиз ва кеши меҳр. Ширкати Китоб, 1387, рӯяи 53;
[47] Пурдовуд. Яштҳо. Пӯшинаи якум 329;
[48] Пурдовуд, 396 ва 397;
[49] Пирниё, Ҳасан. Торихи Эрони бостон. Теҳрон, интишороти Нигоҳ, 1391, пӯшинаи дувум. Рӯяи 1317;
[50] Ниг. Дӯстхоҳ 353, аз рӯяи 350 то 388;
[51] Пуршариъатӣ, Парвона. Меҳрпарастӣ ва сохторҳои иҷтимоӣ ва ормони айёрӣ дар ҳамосаи “Самаки айёр». Эроннома, соли 29 шумораи 2, тобистони 1393/2014, рӯяи 90;
[52] Барои аздои бештар бингаред ба: Нотили Хонларӣ, Парвиз. Девони ғазалиёти Ҳофиз, Теҳрон, чопхонаи Нил (интишороти Хоразмӣ), 1362, пӯшинаи нахуст;
[53] Ҳамаи ин сурудаҳо (ғазалҳо) аз Девони ғазалиёти Ҳофизи Хатиби Раҳбар гирифта шуд.
[54] Баргирифта аз Куллиёти Девони Ҳофиз, ба кӯшиши Солеҳа Солеҳпур (ду забона: форси англисӣ баргардонHenry Wilberforce) 1382. Теҳрон/ Машҳад нашр бута. Рӯйаи 491
[55] Зарринкӯб, Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон. Ҷовидон. 2536 «Забони гумшуда» рӯяи 93 то 95;
[56] Дар бораи вожаи «булбул» бингаред ба: Нотиқ, Ҳумо. Дар базми Ҳофизи хушхон. Интишороти Ховарон. Порис, 1383. Рӯяи 61;
[57] Исломии Надушан, Муҳаммадалӣ. Тааммул дар Ҳофиз, баррасии ҳафтодуҳафт ғазал дар иртибот бо ториху фарҳанги Эрон. 1382, Теҳрон. Интишороти Яздон. Рӯяи 363;
[58] Ҳамон, рӯяи 362;
[59] Исломии Надушан, Пешгуфта, Моҷарои поённопазири Ҳофиз. Рӯяи 247;
[60] Нодирпур, Нодир. Маҷмӯаи ашъор. Интишороти Нигоҳ, 1399. Рӯяи 762.
Бифирист