Ҳаким Майсарӣ: Бигӯям тозӣ, арна ПОРСӢ нағз

Порсӣ Анҷуман: Ба кӯрии чашми туронгароён (ва эронситезон), ки Варорӯдро ҷузъе аз Турон (ва ҷудо аз Эрон) медонанд, Ҳаким Майсарии Суғдӣ, аз ҳамзамонони Рӯдакӣ, мегӯяд, ки забонаш ПОРСӢ ва меҳанаш, яъне Варорӯд, ЭРОН аст!

Ҳамон гуна, ки худи Одаммушшуъаро Рӯдакӣ низ яке аз амирони бузурги Сомониро дар қасидаи “Модари май”-аш “мафхари ЭРОН” хондааст. Ибни Надим ҳам аз Варазрӯдон ба унвони “Абар Эроншаҳр” ном бурдааст.

Албатта, дар манобеъи куҳантар монанди Авесто, сангнибиштаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ ва бархе аз осори паҳлавӣ, ки ба мо расидаанд, Суғд аз муҳимтарин сарзаминҳои Эроншаҳр хонда шудааст.

Дар Авесто аз 16 сарзамини Эронвеҷ ном мебарад, ки нахустини он пас аз номи худи Эронвеҷ Суғд зикр шудааст. Баъд аз он батартиб Марву Балх ва дигар сарзаминҳои эронӣ меояд. Ин суннат дар осори паҳлавӣ ҳам идома ёфта ва дар асари кӯчаке ба номи “Шаҳристониҳои Эроншаҳр“, ки ба забони порсии миёна нивишта шуда ва дар бораи сарзаминҳои Эроншаҳр иттилоъ медиҳад, баршумурдани сарзаминҳои эрониро аз “Суғди ҳафтошён” шурӯъ мекунад.

Ёддошти зерро Ъобиди Шакурзода, пажӯҳишгари фарҳангу адаби порсӣ, ба торихи 12 уктубри 2016 дар гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук мунташир кард, ки барои бисёре тозагӣ дошт ва аз ҳар лиҳоз дорои аҳаммият аст.

Ёддошти ишон аз ин қарор аст:

***

Эй муддаъиён, ПОРСӢ бигӯед ва чун пешиниён ба ПОРСӢ биболед!

Ҳаким Майсарии Суғдӣ, аз муъосирони устод Рӯдакӣ ва табиби номдоре дар диёри Суғд, соли 935м ба дунё омад. Гуфтем, аслан пизишк будааст, аммо дар сурудани шеър низ маҳорати тамом доштааст.

Бино бар сарчашмаҳо, таснифи асари машҳури хеш “Донишнома”-ро дар зарфи се сол, дар 47-солагӣ ба поён расонда, ки он фарогири 4500 байт аст ва куҳантарин донишномаи пизишкӣ ба назми порсӣ маҳсуб мешавад.

Ин ”Донишнома” аз лиҳози сабки нигориш, мазмунҳои ахлоқӣ ва нукоти ҳакимонааш дархури таваҷҷуҳ аст. Аммо бузургтарин вижагии ин асар он аст, ки Ҳакими Майсарии Суғдӣ бо таъкид изҳор медорад, ки “Донишнома”-ро на ба ъарабӣ, балки ба забони модарияш – ПОРСӢ – сурудааст. Фарзанди арҷманди Суғд – Ҳаким Майсарӣ дар баробари тозӣ аз забони поки ПОРСИИ хеш, ва аз сарзамини номдораш ЭРОН, бо ифтихори тамом сухан мегӯяд:

Бигӯям тозӣ, арна ПОРСӢ нағз,
Зи ҳар дар ман бигӯям мояву мағз!
Ва пас гуфтам: Замини мост ЭРОН!
Ки беш аз мардумонаш ПОРСИДОН!
В-агар тозӣ кунам, некӯ набошад,
Ки ҳар касро аз ӯ нерӯ набошад!
Дарӣ гӯям-ш, то ҳар кас бидонад,
Ва ҳар кас бар забонаш – бар биронад!
Кунун пири хирадмандаш бихонад,
Ҳама роҳи пизишкӣ з-ӯ бидонад!

Ин ҳама ифтихору сарбуландии миллӣ [дар он даврон] албатта аз баракати давлати Сомониён дар рӯҳу шарёни ъумум туғён кардааст. Ҳазрати Рӯдакӣ худ мафхари Эрон буд, ки бо илҳом аз ғурури миллии Сомониёни покзод бо пайки ғайбии ПОРСӢ рою хираду донишу ҳикмати мо эронитаборонро буландтар аз авҷи Сурайё иртифоъ дод ва аз танини меҳрафрӯзи ӯ Дақиқиҳо, Шайхурраисҳо, Фирдавсиҳо, Манучеҳриҳо, Майсариҳо… бо тараннуми сухани буланд ПОРСИро оламгир карданд. Дар қиболи боду бӯрону обу оташҳои гардиши айём рози бақои мо тоҷикон (эрониён) ҳамчун қавми пешоҳангу мутамаддини ъолам дар сарвату ғановати ПОРСИи модарии мост.

Фойли пидиээфи ‘Донишнома’-и Ҳаким Майсариро ‘инҷо’ дарёфт кунед.

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*