Аҳрум ё аҳром: корбурди кудом дуруст аст?

Ъакс аз торнамои https://www.natilosland.ir/post-31.htmlИсфандиёри Одина: Дар матлабе, ки ба торихи 15 уктубри 2019м бо ъунвони “Чаро муҳоҷирон хостори узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёянд?” дар торнамои родиюи “Озодӣ” мунташир шуда, ин расона ба ҷои вожаи “аҳрум” вожаи “аҳром”-ро ба кор бурда, ки ғалат аст.

Дар ин гузориш аз ҷумла омадааст: “Таҳлилгари қирғиз мегӯяд, Русия ҳанӯз ҳам муҳоҷиратро ба ҳайси як қарта ва ё аҳроми фишор алайҳи Қирғизистон истифода мекунад ва барои ҳалли ин ё он хостааш шароитро барои муҳоҷирон “гоҳе душвор ва гоҳе ҳам сабуктар” мекунад.

Нивисандагони ин матлаб зоҳиран хабар надоранд, ки “аҳром” ва “аҳрум” ду вожаи мухталиф ҳастанд. Аҳрум милае чӯбӣ ё оҳанист мисли ъасо, ки ба кумаки он шайъи сангинеро аз ҷояш ҳаракат медиҳанд. Аҳрумро зери он шайъи сангин мебаранд ва зери аҳрум масалан санге мегузоранд ва фишор меоваранд, то баосонӣ он шайъи сангин аз ҷо биҷунбад. Аҳрум бо ҳо-и ҳавваз нивишта мешавад (اهرم) ва вожае порсӣ аст.

Дарояи “аҳрум“-ро дар Луғатномаи Деҳхудо инҷо метавонед бибинед: “اهرم

Аммо “аҳром” вожае ъарабӣ аст ва ҷамъи вожаи “ҳарам” аст ва ба маънои а) ҳарамсаро ё хонаи подшоҳон ва аъёну ашроф ва ё б) ҷои муқаддас ва зиёратгоҳ ва оромгоҳ ва ё хонаи каъба аст.

Дарояи “аҳром“-ро дар Луғатномаи Деҳхудо инҷо метавонед бибинед: “احرام

Дарояи “ҳарам“-ро дар Луғатномаи Деҳхудо инҷо метавонед бибинед: “حرم

Дар бофтори ин гузориш манзур ҳамон “аҳрум” аст, аҳруми фишор яъне ҳамон чӯбдаст ё милаест, ки ба кумаки он шайъ ё ҷисми сангин ё вазнинро ба ҳаракат дармеоваранд.

Аз иштибоҳоти дигари ин ҷумла ин аст, ки мегӯяд “муҳоҷиратРО… истифода мекунад”. Истифода кардан ба маънои фоида бурдан ё баҳра бурдан аст ва “аз чизе” истифода мекунанд (ё аз он баҳра, фоида ё суде мебаранд), на ин ки “чизеро” истифода кунанд.

Иштибоҳи дигар “ҳалли ин ё он хостааш” аст. Хостаро “ҳал” намекунанд, балки ба даст меоваранд ё ба он даст меёбанд. Таваҷҷуҳ ба ин нукот бисёр муҳим аст.

Албатта дар ин гузориш иштибоҳоти дигаре ҳам ба чашм мерасад, вале инҷо ба ҳамин маворид иктифо мекунем, чун ин иштибоҳот дар расонаҳои марбут ба Тоҷикистон ривоҷи густардае дорад.

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*