Акбари Турсон*: Дар байни фикру мулоҳизаҳое, ки зимни мутолеъа ва муҳокимаи Лоиҳаи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, махсусан як пешниҳод боъиси андеша ва нигарониҳои мост, ки ба номи забони давлатиямон дахл (рабт) дорад. Як гурӯҳ одамон (мутаассифона, миёни онҳо зиёиён низ ҳастанд) бидуни ягон таҳлилу тааммули ҳамаҷиҳата ва ҷиддии ъилмӣ мехоҳанд, ки онро забони ‘тоҷикӣ’ гуфта ‘форсӣ’-ро аз қавсайн бароварда партоем. Ниҳоят, иҷлосияи XIX-уми Шӯрои Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳодро қабул кард ва дар матни Қонуни Асосӣ аз номи забони мо калимаи ‘форсӣ’-ро берун андохт.
Аз бас ки ман ъузви Кумисиюни Шӯрои Ъолӣ дар мавриди таҳияи Қонуни забон будаму дар ҳамаи марҳалаҳои муҳокима ва қабули (тасвиби) ин қонун иштирок (ширкат) доштам, мехоҳам ба асли масъала, андаке бошад ҳам, рӯшанӣ андохта, бад-ин тариқ таҳиягарони Лоиҳаи Қонуни Асосиро бовар кунонам, ки аз пазируфтани таклифи мазкур худдорӣ кунанд.
Чаҳор далели ҷиддӣ ҳаст, ки моро водор месозад пешниҳодро дар бораи тағйири номи расмии забони давлатиямон қотеъона рад кунем. Якум, далели ҳуқуқӣ: дар моддаи аввали Қонуни забон, ки онро ҳамин Шӯрои Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул кардааст, сабт шуда, ки забони давлатии мо забони тоҷикӣ (форсӣ) аст. Агар мо дар Қонуни Асосӣ номи забонамонро ба дигар шакл нивисем, пас бадеҳист, ки миёни ин ду қонун ихтилофи назар ба вуҷуд меояд. Дар он сурат Шӯрои Ъолиро лозим меояд, ки Қонуни забонро бори дигар баррасӣ намуда, ба он тибқи Қонуни Асосӣ тағйирот дароварад. Вале ин кор аз бисёр ҷиҳат, чунончи ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати ахлоқӣ, салоҳ нахоҳад буд, чунки Қонуни забон низ дар натиҷаи муҳокимаи дуру дарози ъумумихалқӣ қабул карда шуда буд — он ҳам замоне, ки мардум ба қиёми миллӣ пардохта буд ва боз дар вазъу шароите, ки барои дар муҳокима ширкат варзидани доираи аз имрӯза дида васеътари аҳолии ҷумҳурӣ мусоъидат мекард.
Дувум, далели торихӣ: то худи соли 1924, яъне то расман таъсис шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи забонамон ҳамоно форсӣ буд. Акнун ки ҷумҳуриямон расман соҳибистиқлол шудааст, албатта, ъайни муддаъо мебуд, ки бо назардошти ҳамин ҳақиқати торихӣ ва низ гароишҳои ваҳдатҷӯёнаи ҳозира (кунунӣ) миёни ақвоми эронӣ билохира номи аслии забонамонро қонунан барқарор мекардем. Дар охирҳои солҳои ҳаштодум бошад, барои ъамалӣ кардани ин ниёзи миллиямон шароити мусоъиди иҷтимоъию сиёсӣ ва идеулужик набуд.
Аз ин рӯ, мо, таҳиягарони Қонуни забон, роҳи муросои сиёсиро пеш гирифта, бо ризояти роҳбарияти ҳамонвақтаи Тоҷикистон “форсӣ”-ро дар қавсайн оварда, ба қавле ҳақро ба ҳақдор расонидем; хусусан ки мутародифан зикри номҳои “тоҷикӣ” ва “форсӣ” содатарин ва барҷастатарин ъамали лингвистист (забоншиносист), ки зимни он шарти “на сих сӯзад, на кабоб” феълан риъоят мешавад; ин ъайнан мисоли он аст, ки дар мавриди сабти рӯзу моҳи Инқилоби Уктубр ба кор мебаранд: 7-уми ноябр / 25-уми октябр. Зимнан, дар вақташ маҳз ҳамин далели ъомиёна буд, ки Котиби дувуми КМ ҲК Тоҷикистон П. К. Лучинскийро қонеъ кунонда, ӯро барои қабули формулаи “забони тоҷикӣ /форсӣ/” водор сохт.
Севум, далели сиёсӣ: вақте солҳои 20-30-юм паси ҳам ҷумҳуриҳои миллӣ ташкил шуданд, ҳукумати булшевикӣ ба хотири таъмини пойдории сиёсии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ин ҷумҳуриҳоро то тавонист аз ҳамсояҳои хориҷияшон бо пардаи оҳанин ҷудо кард. Сиёсати пешгирифтаи ҳокимони кумунистӣ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ҷумҳуриҳоеро дар мадди назар дошт, ки халқҳояшон бо ҳамсоягони девор-дар-миёнашон ҳамзабон буданд, мисоли Тоҷикистон, [Ҷумҳурии] Озарбойҷон ё Мулдовӣ. Ва аввалин тадбире, ки дар роҳи ба ъамал баровардани ҳамин сиёсати истеъморӣ андешида шуд, ъиваз кардани номи аслии забон ва алифбои суннатии халқҳои мазкур буд.
Дар натиҷа, дар харитаи (нақшаи) лингвистии (забоншиносии) ҷаҳон забонҳои комилан “нав”, амсоли тоҷикӣ, озарбойҷонӣ ва мулдовиёӣ пайдо шуданд. Ва азбаски ин кор фармоиши сирф сиёсӣ буду базӯрӣ иҷро шуд, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин тадбире, ки давлатҳои тозаистиқлоли [Ҷумҳурии] Озарбойҷон ва Мулдовӣ дар худшиносии миллияшон андешиданд, аз нав барқарор намудани номи аслии забони мардумони бумияшон буд. (Ҳоло дар [Ҷумҳурии] Озарбойҷон забони давлатӣ туркӣ ва дар Мулдовӣ румониёӣ ном гирифтааст).
Дар Тоҷикистони мо бошад, зарурати барқарор кардани номи аслии забон дар худи ъаҳди Переструйко (Бозсозӣ) дарк шуда буд. Вале он вақт (солҳои 1988-1989) на роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ ва на ҷомеъаи идеулужизадаамон барои пазируфтани чунин дигаргунии куллӣ омода набуданд. Бино бар ин, моро лозим омад, ки як навъ “миёнроҳи тилоӣ”-ро пайдо кунем: бо назардошти он ки истилоҳи навбаромади “забони тоҷикӣ” дар давоми бештар аз 60 сол дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои (асноди) ҳизбию давлатӣ ба кор рафта, дар мағз андар мағзи зеҳну шуъури мардум реша давонидааст, тасмим гирифтем, ки онро комилан ъиваз накарда, номи аслии забонамон (форсӣ)-ро фақат дар даруни қавс ъилова кунему бас. Зимнан, роҳи пешгирифтаи моро аҳли ъилму фарҳанг ва сиёсати ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳам маъқул карданд.
Чаҳорум, далели фарҳангӣ: дар қавсайн форсӣ номидани забони модарии тоҷикон фақат ба хотири собит намудани торихан ҳамреша будани забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ нест, ки имрӯз забонҳои расмии давлатҳои ҷудогона ва мустақил (Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон) ба шумор мераванд. Ин забонҳо дар сатҳи забони адабӣ (яъне, агар лаҳҷа ва гӯишҳои маҳаллиро ба назар нагирем) дарвоқеъ ҳам як забони воҳид мебошанд ё худ бо истифода аз ташбеҳи шоъири маъруфи Афғонистон Моили Ҳиравӣ гӯям, онҳо мисоли СЕ ПИЁЛА ЧОЕ ҲАСТАНД, КИ АЗ ЯК ЧОЙНИК (ҚУРӢ) РЕХТААНД…
Соли 1989, вақте мо [тарҳи] Қонуни забонро таҳия мекардем, аз як тараф, миёни мову эрониён рафту омад ва вохӯриҳо ба андозаи ҳозира набошад, аз тарафи дигар, баъзе ъолимтарошони тоҷикмаоб бо иғвою дастгирии роҳбарони ъилмияшон (кормандони муассисаҳои шарқшиносии Маскаву Ленингрод) аз пайи ҷустуҷӯи фарқу ихтилофҳои луғавии ин ду забони воҳид буданд (то ҷое ки гап наёбанд, “эрониҳо ба ҷои “лекин” бештар “вале”-ро ба кор мебаранд”, гуфта, инро ҳамчун “фарқияти воқеъии” забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ қаламдод мекарданд!). Аз ин рӯ, ба мо лозим меомад, ки ягонагии забонҳоямонро ъилман ва ъамалан исбот кунем. Хушбахтона, имрӯз ба чунин кор ниёзе намондааст: тоҷикон гурӯҳ-гурӯҳ ба Эрон рафта омаданд, эрониёни бисёре низ ба Тоҷикистон омада, дар маъракаҳои гуногунамон иштирок карданд ва акнун ҳамагон мебинанд, ки миёни мову онҳо ҳангоми гуфтугӯ ва мулоқот ягон душвории махсус пеш намеояд.
Бояд низ афзуд, ки дар дунёи муъосир мисоли чунин ҳамзабонӣ бисёр аст. Мисоли аз ҳама барҷаста ҳамзабонии инглисиҳо, омрикоиҳо, устролиёиҳо ва дигар халқҳост, ки бо вуҷуди давлати соҳибистиқлол доштану дар қитъаҳои мухталифи замин сокин буданашон як забони воҳид – забони инглисиро забони расмии худ хондаанд. Ва касе аз аҳли ъилм, фарҳанг ё сиёсати он кишварҳо нагуфтаасту намегӯяд, ки забони инглисиро дар Иёлоти Муттаҳида “забони омрикоӣ”, дар Конодо “забони конодоӣ” ва ё дар Устролиё “забони устролиёӣ” эълон намоем! Ва ҳол он ки забони инглисии Бритониёи Кабир, забони инглисии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва забони инглисии Устролиё аз ҷиҳати луғоту таъбирот ҳатто дар сатҳи забони адабӣ ҳам бо ҳам хеле фарқ мекунанд!
Агар мо, тоҷикон, аз ин ҳама далелу бурҳони қотеъонаи торихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ъамалӣ худношиносона сарфи назар намуда, аз истифодаи расмии истилоҳи “форсӣ” худамон даст кашем, он гоҳ ин хиёнати маънавие мебуд нобахшиданӣ! Охир, дар ин сурат мо ба дасти худамон кореро ба интиҳои мантиқияш хоҳем расонид, ки ҳадафи сиёсати истеъмории ҳукуматдорони шӯравӣ буду дар давоми беш аз 70 сол ъамалӣ кардан натавонистанд! Дарвоқеъ, як андеша кунеду бинед: мо номи забонамонро кӯтаҳандешона “тоҷикӣ” гуфта, табар бар решаи торихиямон мезанем, чунки “ихтиёран” аз мероси бузурги гузаштагонамон даст мекашем ва дар ин ҳол ҳамаи онҳое, ки тоҷиконро аз мероси муштараки форсизабонони дунё ба тариқи маснӯъӣ ҷудошуда ва истилоҳи торихии “форсу тоҷик”-ро қасдан ба назар нагирифта, шеъри… адабиёти форсӣ” мегуфтанд ва менивиштанд, пеш аз ҳама ба … забонамон (забони тоҷикӣ) дастак карда буданд (ин ҷумла аз матни хирашудаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” саҳван хонда шуд – С. А.).
Чун сухан аз мероси гузаштагонамон рафт, бояд низ ёдовар шавам, ки манзурам фақат нивиштаҳои форсизабонони Эрону Афғонистон нест, ки имрӯз ҳамагон ҳамчун мероси муштараки халқҳои эронитабор шинохтаанд; сухан аз осори адибону олимону файласуфоне низ мераванд, ки аз садаи XI то нимаи аввали садаи XIX дар Ҳиндустону Покистони кунунӣ ъумр ба сар бурда, ба забони форсӣ (тоҷикӣ) ҷилд-ҷилд китоб нивиштаанд. Ва низ бояд ъилова кард, ки он ҷо забони форсӣ (тоҷикӣ) дар давоми беш аз 300 сол (қарнҳои ХУ1-ХУШ) забони расмии давлатӣ буд.
Дар омади гап гӯям, маҳз дар Ҳиндустони давраи мазкури торихӣ муҳимтарин луғатномаҳои забони форсӣ (тоҷикӣ) интишор ёфтаанд. Ва, чунон ки аз таҳлили ин фарҳангҳо бармеояд, забони форсии Ҳинд забоне буд аз ҷиҳати луғоту таъбироташ наздиктар ба шеваи гуфтори тоҷикони Мовароуннаҳр.
Пас суоле пеш меояд, ки бароямон посух гуфтан ба он чандон осон нест, яъне агар мо, тоҷикон, форсизабон набошем, чиро ва ба кадом сабабу далоил ин ҳама мероси “дигарон”-ро аз они худ кардаем?!
Албатта, чунин сӯитафоҳумҳоро ба осонӣ бартараф кардан мумкин мебуд, агар мо забонамонро минбаъд “форсӣ” гуфта, “тоҷикӣ”-ро дар қавсайн меовардем, яъне моддаи 2-юми Қонуни Асосиро ин тур фурмулбандӣ мекардем: “Забони давлатии Тоҷикистон забони форсӣ (тоҷикӣ) аст”. Вале, бо камоли таассуф эҳсос мекунам, ки ҷомеъаи мо ба пазируфтани чунин фурмул ҳанӯз омода нест. Бино бар ин, ман пешниҳод мекунам, ки номи забони давлатиямон ба ҳамон шакле, ки дар Қонуни забон сабт шудааст, қабул шавад.
________________
*Ин мақолаи окодемисиян Акбари Турсон ба торихи 9 септомбри 1994м дар шумораҳои 35 ва 36-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо номи “ЗАБОНИ ТОҶИКӢ Ё ФОРСӢ? ҲАР ДУ!” мунташир шудааст. Нусхаи онлойнии ин мақоларо Субҳони Аъзамзод, пажӯҳишгари фарҳангу адаб, дар ихтиёри мо гузоштааст.
***
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.
Бифирист