Устоди Донишгоҳи Колифурниё: Забони порсӣ куҳантарин забони зиндаи ҷаҳон аст

Думенику Инҷениту
Думенику Инҷениту

* Забони форсӣ қадимитарин забони роиҷ дар ҷаҳон аст ва қидмати он албатта аз тамоми забонҳои дунё бештар аст.

* Эрониён нахустин мардумоне буданд, ки ба таъбири Ҳегел тавонистанд мафҳуми давлат-миллатро пеш аз шаклгирии торихии ин мафҳум дар Урупо ва ҷаҳон дар сарзамини худ сомондеҳӣ кунанд, ва ба ҳамон таъбир, тавонистанд ба худогоҳии миллӣ бирасанд. Ин яъне ин ки эрониён ҳамвора нисбат ба миллат буданашон воқиф будаанд.

* Эрониён ҳар бор, ки давлатҳои миллияшон тавассути хориҷиҳо суқут кард, барои ҷилавгирӣ аз суқути миллат буданашон аз забони форсӣ ҳамеша бо қудрати болое истифода карданд ва иҷозаи суқути худогоҳии миллияшонро надоданд. Шояд тилисми забони форсӣ ҳамин худогоҳии миллии эрониён аст.

* Ба ҳамон андоза ки Эрон мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифт, Ҳинд низ мавриди тохтутози хориҷӣ буд. Бо ин ҳол, то пеш аз истеъмори Инглистон танҳо забоне, ки тавониста буд мардуми Ҳиндро ҳавли як давлати миллӣ ҷамъ кунад, забони форсӣ буд.

* Забони имперотурии Ъусмонӣ то пеш аз таъсиси давлати Туркия форсӣ буд ва туркони ъусмонӣ дар мукотибот ва суханрониҳо ва ашъорашон ба забони форсӣ такя доштанд!

* Забони форсиро ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад ба ъунвони як забони қавмӣ пазируфт, балки як забони торихӣ аст, ки боъиси эҷоди ҳамбстагӣ дар бисёре аз мардуми мутамаддини Осиёи Миёна ва Ховари Миёна шуд ва мероси бузурги фалсафӣ, адабӣ ва динии торихӣ ба вуҷуд овард.

* Забонҳои қавмӣ дар Эрон хеле шабеҳ ба забонҳои қавмиятӣ дар Ҳинд ва Урупо нестанд ва забонҳое ҳастанд, ки мардум миёни худашон барои барқарории иртибототи дарунқавмӣ истифода мекарданд ва ҳаргиз мунҷар ба шаклдиҳӣ ба осори бузург ва муҳимми адабӣ нашуданд.

* Эрониён бештар ба дунболи тавлиди осоре ба забони миллии Эрон буданд, ки мехостанд дар сартосари Эрон дида шавад ва ба андарзномаҳо, сиёсатномаҳо, шариъатномаҳо, девонҳои ашъор, мутуни фалсафӣ, кутуби динӣ ва кутуби ъилмиро ба як забони миллӣ мунташир карданд… Ин иттифоқ дар миёни ақвоми масеҳии урупоӣ ва ақвоми ҳиндӣ ба ъиллати набуди худогоҳии миллӣ науфтод… Ба ҳамин ҷиҳат ҳанӯз ҳам осори адабии клосики забони форсӣ дар пешхонҳои муҳимми адабии дунё ҷойгоҳи бисёр болое доранд.

***

Забони форсӣ ганҷинае аз мазомини гаронсанг аз андешаҳои ноби инсонӣ ва ахлоқист, ки роҳҳои инсонӣ зистан, на ба масобаи як забон, балки ба фарохури як ойини фарбеҳ ва мутанаффизу хушоҳанг, бар ҷоми ҷони мардумони бисёре дар паҳнаи Машриқ чунон бодаи маърифат рехта, ки шодобии андешаҳояш ба рағми захмҳои торихӣ ҳамчунон бар созҳои забонӣ ва маърифатии бисёре захма мезанад. Забоне, ки ҳам андешаҳоро бо худ ҳамл мекард ва ҳам василаи худогоҳии торихии эрониён буд ва ҳам пуштвонаи диндорӣ ва забони ъилм буд ва меросе барои посдорӣ аз Эрон! Ҳар ойина, ки забони форсӣ дучори рихвате (сустие) аз берун шуд, ҳамчун сарвҳои боғҳои кавирияш, дубора қомат афроштааст.

Пруфесур Думенику Инҷениту, устоди риштаи эроншиносӣ дар Донишгоҳи Колифурниё, ки нигориши осоре бисёр ба инглисӣ дар робита бо Ҳофиз ва забони форсӣ дар корнома дорад, дар гуфтугӯ бо ИЛНО (Хабаргузории кори Эрон) аз аҳаммият, рамзм бақо ва чироии тадовум ва печидагиҳои забони форсӣ сухан ба миён меоварад. Ӯ бар ин бовар аст, ки забони форсӣ мероси муштараки эрониён барои ҳифзи худогоҳии миллӣ аст ва тадовуми забони форсӣ то кунун ба далели таҷаллии худогоҳии миллии эрониён дар ин забон будааст.

Ъиллати бақои торихии забони форсиро дар чи медонед? Оё забони форсӣ тилисме барои шикаста нашудан дорад?

Забони форсӣ дар канори забони исландӣ қадимитарин забони роиҷ дар ҷаҳон аст ва қидмати забони форсӣ албатта аз тамомии забонҳои дунё бештар аст.

Далоили бисёр зиёде барои қидмат доштани забони форсӣ вуҷуд дорад, вале намешавад тамомии ин далоилро дар як тайфи торихӣ ё равоншинохтӣ, забоншинохтӣ, динӣ ва сиёсӣ дастабандӣ кард. Ҳамонтур ки медонед, эрониён нахустин мардумоне буданд, ки ба таъбирт Ҳегел тавонистанд мафҳуми давлат-миллатро пеш аз шаклгирии торихии ин мафҳум дар Урупо ва ҷаҳон дар сарзамини худ сомондеҳӣ кунанд, ва ба ҳамон таъбир, тавонистанд ба худогоҳии миллӣ бирасанд. Ин яъне ин ки эрониён ҳамвора нисбат ба миллат буданашон воқиф буданд.

Барои шаклгирии як миллат низ, ъилова бар вуҷуди дастгоҳи сиёсии миллии ҳоким, бояд забони миллӣ ва низоми боварҳои динӣ (ва ақидктӣ) дар даруни як марзро барои худ таъйин кунанд. Эрониҳо бо истифода аз забони форсӣ тавонистанд як пайванди фарҳангӣ ва сиёсӣ дар чорчӯби сарзаминҳои паҳновари худашон эҷод кунанд. Эрониён ҳар бор ки давлатҳои миллияшон тавассути хориҷиҳо суқут кард, барои ҷилавгирӣ аз суқути миллат буданашон аз забони форсӣ ҳамеша бо қудрати болое истифода карданд ва иҷозаи суқути худогоҳии миллияшонро надоданд. Шояд тилисми забони форсӣ ҳамин худогоҳии миллии эрониён аст.

Дар Руми бостон ҳам давлати миллӣ вуҷуд дошт ва дар Чин ва Ҳинд низ давлатҳои пурқудрати миллӣ ба вуҷуд омаданд, аммо ҳаргиз забони миллӣ дар ин кишварҳо барқарор намонд. Чи далеле барои ин ҷонсахтии забонӣ вуҷуд дорад, ки дар миёни миллатҳои дигар камтар ба чашм меояд?

Ҳамин тур аст, дар Рум давлати миллӣ вуҷуд дошт, аммо ҳаргиз мабнои машрӯъ надошт. Бисёре аз ин ақвом масеҳӣ шуда буданд, аммо давлати мустақар дар Рум ҳозир ба пазириши ин тағйир набуд! Шояд дар посух бигӯед, ки бархе аз имперотурҳои Рум ҳам масеҳӣ шуданд, аммо ин батанҳоӣ барои ин ақвом кифоят намекард ва давлати имперотурӣ як давлати секулор буд, ки ҳеҷ боваре ба калисо надошт!

Ба ин далел, пас аз фурӯпошии имперотурии Рум забонҳои қавмӣ дар сарзаминҳои мухталифи урупоӣ ҷойгузини забони миллии пешин (лотин) шуд. Бисёре аз ин забонҳо акнун забони миллӣ ҳастанд ва мардуми сарзаминҳояшон дигар на шаҳрвандони калисои Вотикон ҳастанд ва на шаҳрвандони имперотурии Рум! Худогоҳии миллӣ доранд ва давлат-миллатҳои худашонро таҳаққуқ бахшидаанд, ҳарчанд решаҳои хешовандии забонӣ дар ин забонҳо бисёр дида мешавад ва ҳамаи онҳо реша дар забони лотин доранд.

Дар робита бо Чин, вусъати бисёр зиёди ин кишвар яке аз далоиле буд, ки ҳаргиз забони мондорин натавонист ба забони миллӣ бадал шавад. Ин як забони мукотиботӣ буд ва саводомӯзӣ барои мардуми пршумори Чин дар сарзаминҳои васеъашон муяссар нашуд. Ҳарчанд давлати Чин беш аз чаҳор даҳа аст, ки бо истондордсозии забони чинӣ тавониста як забони миллии воҳид, ки алифбои мушаххасе дорад (чинии нав)-ро дар сартосари ин сарзамин ъамалиётӣ кунад.

Дар робита бо Ҳинд мешавад муқоисаи ҷолибе нисбат ба Эрон дошт! Ба ҳамон андоза ки Эрон мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифт, Ҳинд низ мавриди тохтутози хориҷӣ буд. Бо ин ҳол, то пеш аз истеъмори Инглистон, танҳо забоне, ки тавониста буд мардуми Ҳиндро ҳавли як давлати миллӣ ҷамъ кунад, забони форсӣ буд ва нуктаи ҷолибтар дар ин робита ин буд, ки забони форсиро туркон ба Ҳинд бурданд, дар ҳоле ки забони худашонро доштанд!

Ин иттифоқ дар робита бо ъусмонӣ ҳам уфтод ва забони имперотурии Ъусмонӣ то пеш аз таъсиси давлати Туркия форсӣ буд ва туркони ъусмонӣ дар мукотибот ва суханрониҳо ва ашъорашон ба забони форсӣ такя доштанд! Ин нишон медиҳад, ки забони форсиро ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад ба ъунвони як забони қавмӣ пазируфт, балки як забони торихӣ аст, ки боъиси эҷоди ҳамбастагӣ дар миёни бисёре аз мардумони мутамаддини Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна шуд ва мероси бузурги фалсафӣ, адабӣ ва динию торихӣ ба вуҷуд овард.

Дар Эрон забонҳои қавмии бисёр зиёде вуҷуд доранд, вале дар ъайни ҳол меҳварияти забонии забони форсӣ то кунун ҳифз шудааст. Ъиллати ин тамоюз дар забонҳои қавмӣ миёни эрониён бо Ҳинд ва урупо дар чист, ки забонҳои қавмии эрониён на танҳо боъиси тазъифи забони форсӣ нашудаанд, балки боъиси тақвияти он шуданд ва ба бақои худашон ҳам тадовум бахшиданд?

Забонҳои қавмӣ дар Эрон хеле шабеҳ ба забонҳои қавмиятӣ дар Ҳинд ва Урупо нестанд ва забонҳое ҳастанд, ки мардум миёни худашон барои барқарории иртибототи дарунқавмӣ истифода мекарданд ва ҳаргиз мунҷар ба шаклдиҳӣ ба осори бузургу муҳимми адабӣ нашуданд. Балки эрониён бештар ба дунболи тавлиди осоре ба забони миллии Эрон буданд, ки мехостанд дар сартосари Эрон дида шавад ва ба андарзномаҳо, сиёсатномаҳо, шариъатномаҳо, девонҳои ашъор, мутуни фалсафӣ, кутуби динӣ ва кутуби ъилмиро ба як забони миллӣ мунташир карданд, ки то ба имрӯз мавриди истифодаи тамоми эрониён ва пажӯҳишгарони торих ва тамаддуни Эрон аст.

Ин иттифоқ дар миёни ақвоми масеҳии урупоӣ ва ақвоми ҳиндӣ, ба ъиллати набуди худогоҳии миллӣ, науфтод ва забонҳои бисёр зиёде дар ин сарзаминҳо шакл гирифт, ки бештар даргири мавзӯъоти дарунии худашон буданд. Ба ҳамин ҷиҳат ҳанӯз ҳам осори адабии клосики забони форсӣ дар пешхонҳои муҳимми адабии дунё ҷойгоҳи бисёр болое доранд.

Баргирифта аз: Хабаргузории ИЛНО

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*